Ҳокими Сафар, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи СССР ҳар боре, ки ба редаксия меҳмон мешавад, ҳатман масъалаи набудани клуби фарҳангӣ дар ҷамоати «30 солагии Истиқлолият»-и н. Файзободро бардошта, мегӯяд, ки рӯзҳои ид намедонад бо аҳли оилааш ба куҷо равад.
Дар замони советӣ клубҳо ҳамагӣ боз буданду ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат консерту спектакл ва ё кино намоиш дода мешуду мардум ба тамошо, ки сайругашт ҳам ба ҳисоб мерафт, оилавӣ мерафтанд. Бо мурури солҳо дари клубҳо баста, консерту кино ва спектакл аз деҳот рафтанд. Тадриҷан теъдоди клубу хонаҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳои оммавӣ коҳиш ёфта, баръакс шумораи масҷидҳо дар кишвар афзуд.
Имрӯз дар мамлакат чанд қасру хонаи фарҳанг, кинотеатр ва масҷиду қабристон ҳаст? Ин буд мавзуъе, ки ҳафтаи пор мо пайгираш будем. Бо мо бош, то туро ҳам бо ҳолу аҳвол ошно созем. Мо Метавонем!
66 қаср ва 670 хонаи фарҳанг
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар кишвар 66 Қасри фарҳанг, ки дорои толорҳои бузургу барҳаво ва ҷойҳои зиёди нишаст дошта, бо шароити муосир барои гузаронидани маҳфилу ҷамъомадҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ таъминанд, фаъолият доранд.
Тавре Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 22 июл гуфта буд, ҳамзамон дар мамлакат 670 хонаи фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.
Мавсуф зимни суҳбат таъкид дошт, ки соли равон барои давом додани сохтмони Қасри фарҳанги н.Нуробод – 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, сохтмони Қасри фарҳанги н.Шаҳринав – 1 миллиону 830 ҳазор сомонӣ, барои маркази фарҳангӣ дар деҳаи Палдораки н.Мастчоҳ – 2 миллион сомонӣ, барои сохтмони Қасри фарҳанг дар н.Ховалинг – 1 миллиону 830 ҳазор сомонӣ ва барои корҳои лоиҳакашии Қасри фарҳанг дар н.Ишкошим ва китобхона дар н.Қубодиён – 340 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Бубин, хонандаи гиромӣ, 66 қасри фарҳанг ва 670 хонаи фарҳангӣ! Яъне клуб дорем. Аз фаъолияти қасрҳои фарҳанг гоҳ – гоҳе тавассути эълони барномаҳои идонаи консертӣ огоҳӣ меёбем, вале дар бораи фаъолияти 670 хонаи фарҳангӣ иттилоъ қариб, ки нест…
Воқеан ҳам, агар рапорт диҳанд, мутмаинамон мекунанд, ки қариб ҳамарӯза ин клубҳо пур аз барномаҳои ҳунариянд. Вале ҳақиқати талх ин аст, ки мардум дар музофот ҳунармандонро қариб намебинанд. Фарзи мисол, кай ҳунармандони шоиста ва халқӣ меҳмони ину он қулуб шудаанд? Мардум менависад, ки ягон нафарро надидаанд. Ана ҳамин аст, ки дар тамомии деҳоти мо 1 авторитет вуҷуд дорад: МУЛЛО….
29 кинотеатр басанда аст?
Тавре ба мухбири мо дар киностудияи «Тоҷикфилм» хабар доданд, айни замон дар мамлакат 29 кинотеатр фаъолият доранд. Аз ин 1 адад дар Бадахшон, 6 адад дар Суғд, 12 адад дар Хатлон, 7 адад дар минтақаи Рашт ва 3 адад дар шаҳри Душанбе. Маълум аст, ки аксарияти ин кинотеатрҳо баста ва биноҳояшон ба таъмиру таҷдид ниёз доранд.
Ба арифметикаи одӣ меорем. Аҳолии кишвар аз 10 млн нафар беш аст. Дорем 29 кинотеатр.
Х=10000000:29
Х=344827
Яъне ба 344 ҳазор нафар сокини мамлакат ҳамагӣ 1 кинотеатр рост меояд!!!
Ин кам аст ё зиёд? Масъулин бояд посух бигӯянд.
Ба мо бошад гуфтанд, ки роҳбарияти киностудияи «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боз 2 кинотеатр – «Ситора» ва «Орлёнок», дар шаҳри Ваҳдат кинотеатри «Ҳилолӣ» ва дар ноҳияи Рӯдакӣ кинотеатри «Баҳор»-ро тибқи талаботи замон бо технологияи кинонамоишдиҳии муосир муҷаҳҳаз гардонда, барои намоиши филмҳои миллӣ омода намояд.
Дар ин муассиса мегӯянд, ки таъмиру тармими кинотеатрҳо бар дӯши мақомотҳои маҳалӣ аст, на киностудияи «Тоҷикфилм» …
Чанд чойхона дорем?
Муттаассуф, мо то рӯзи нашри ин матлаб натавонистем дар бораи шумораи муайяни чойхонаҳо дар кишвар маълумот ё омори аниқ пайдо намоем. Мушкили №1 дар ин самт он аст, ки аксари тарабхонаҳо бо номи чойхона ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд, вале мақсади мо чойхонаҳои хурди маҳалӣ аст, ки дар ҳар гузар ё деҳаву маҳалла фаъол буда, барои бархе нақши ҳамон клубҳои давраи гузаштаро ба ёд меорад.
Мардум, хоса пиронсолон ба ин гуна чойхонаҳо омада, сари 1 пиёла чой бо нону наботу нишолло ва қанди печак бо ҳам суҳбат мекунанд, гоҳо оши ҳарифона супориш дода, вақти худро бо гузаронидани бозиҳои шашкаву шоҳмот кам мекунанд.
Фарзи мисол, ҳамин чойхонаи Роҳат, ки аз миён бардоштанаш, тайи чанд соли ахир баҳсбарангез шудааст, то ҳанӯз ЧОЙХОНА ном дорад. Вале 1 «обед» ё «ужин» дар он барои 2 мӯсафед шояд нафақаи 3 моҳаашон гардад! Дар бораи Чойхонаи Тоқӣ маънидорона хамӯшӣ бармегузинем…
Пас, пурсида мешавад, аз ин чойхонаҳои фиребанда чӣ суд? Ба аҳолӣ, ба вежа мусафедкон, ки бояд ҷое нишаставу 4-то ғами дил бароранд, ана ҳамон чойхонаҳои даврони советӣ лозим, бо чойю қанд, нону ҳалвову мавизи дастрас!!!!
Дар ин раванд ман метавонам танҳо шаҳри Хуҷандро мисол орам, ки дар сохтмону таъсиси чойхонаҳои сирф мардумӣ дар мамлакат пешсаф аст. Соли гузашта ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР аз 3 чойхонаи маҳалии ин шаҳр, аз он ҷумла чойхонаи «Қӯшҳавз» ва «Сари баландӣ» дидан намуда, бо мусафедон 1 пиёла чой ҳам нӯшида буд.
Тавре ба мухбири мо дар маркази матбуоти раиси ш.Хуҷанд хабар доданд, айни замон дар шаҳр беш аз 10 чойхонаи сирф мардумӣ, бо нархи ба «пенсионер» дастрас, дар маҳаллаҳо фаъол ва дар хизмати мардуманд, ки офарини раиси ш. Хуҷанд бод!!!
4058 масҷиду иттиҳодияҳои динӣ
Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 328 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ ва 3 ҷамоатхона, дар умум 4058 иттиҳодияҳои динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.
Биёед боз рӯ орем ба арифметикаи одӣ. Аҳолӣ 10 млн. Масоҷиди марокизи динӣ (бо шумули калисоҳои ғайриисломӣ) 4058 дона.
Х=10000000:4058
Х= 2464
Яъне ба ҳар 200 нафар 1 масҷиду ибодатгоҳ рост меояд. Хонанда рақами аввалии кинотеатрҳо дар ёдат ҳаст? Оре, аккурат, 344 ҳазору 827 нафар!!! Ба қариб ним миллион нафар 1 кинотеатру ба ҳар 2 сад кас 1 ибодатгоҳ. Ва мо гуфтаи Бобои Ғулом дар давлати дунявӣ ба сар мебарем???
Тавре Абдураҳим Холиқзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ таъкид медорад, ҳамин ҳоло дар ҷумҳурӣ ба 2500 намозгузор 1 масҷид рост меояд ва дар ин замина, Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар зинаи аввал аст.
Воқеан ҳам ҳамин тавр ҳаст ва назар ба кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистону Туркманистон дар Тоҷикистон бештар аз ҳама масҷидҳо фаъоланд. Ва ин дар ҳолест, ки ҳар иду айём, ба вежа дар Рамазони муборак теъдоди хона-масоҷиди таровеҳхонӣ ба карат меафзояд. Яъне, озодиҳои инсон ва эҳтиром ба динро ба назар гирифта, Тоҷикистон барои шаҳрванд тамоми шароитро муҳайё сохтааст.
Бо ин гуна теъдоди масоҷид ва шароит барои тоату ибодат ман намефаҳмам, ки чаро созмонҳои гуногун, фарзи мисол, Амрикову Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар сол барои поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ айбдор месозанд!? Чӣ, магар инҳо мехоҳанд, мо чун толибони афғон дари макотибро баставу танҳо мадрасаву масоҷид бунёд кунем? «Очень интересно»-гуфти Бобои Ғуломи таърихиву тавсифӣ
3830 қабристон
Тавре ба мухбири СССР дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз дар қаламрави кишвар дар маҷмуъ 3830 қабристони амалкунанда мавҷуд мебошанд.
Аз ҷумла, дар ВМКБ – 527 адад, дар вилояти Хатлон – 1165 адад, дар вилояти Суғд – 854 адад, дар ноҳияҳои тобеи марказ – 1246 адад ва дар шаҳри Душанбе – 38 адад. Ободонӣ ва ба тартиб овардани қабристонҳо бар дӯши ҳукуматҳои маҳалӣ вогузор шудааст.
1 чиро бояд ҳатман таъкид кард. Дар бораи Кӯлоб зиёд менависанд, ки покизатарин шаҳри кишвар маҳз Кӯлоб аст. Инро ҳар меҳмон бо чашми сар мебинад. Вале 1 вежагии дигари Кӯлобро меҳмонон камтар мебинанд. Ин вежагӣ ободӣ, тартибу низом, покизагиву замонавӣ будани мазороти ин шаҳри бостонист! Кӯлоб дар тамомии Тоҷикистон ягона шаҳрест, ки ЯГОН мурдадор, азодор, мотамдор бо гӯру чӯби наздикаш ЯГОН мушкилие надорад!
Зеро 2 қабристони маҳаллӣ, аз 2 ҷониби шаҳр, яке гӯристони Морхона ва дигарӣ мазори Гулбоғ ҳамеша поку перостаанд ва муҳимтар аз ин дигар ниёз ба қабрканҳои мардумӣ нест. Дар ин ҷо таҳти рақами муайян мурдаи шуморо мехобонанд, сари гӯраш 1 ниҳол ва 1 тоблуи рақамӣ мегузоранд ва дар китоби махсус дарҷ месозанд. Ва агар шумо 100 сол пас ҳам оед, мурдаи худро меёбед, то 1 каф дуо сари гӯри азизатон кунед. Мурдаатон дар Кӯлоб бе соҳиб намемонад! Бояд аз Кӯлобшаҳр дигар шаҳру навоҳӣ ин амалкардро омӯзанд, ки ҳалолашон бод!!!
Ба куҷо рава (е)м?
Бубинед, дӯстони азиз, дар мамлакат имрӯз беш аз 4000 масҷид фаъол аст, ки ин теъдод назар ба омори хонаҳои фарҳангӣ 6 баробар, назар ба кинотеатрҳо 120 баробар ва назар ба қасрҳои фарҳанг 30 маротиба зиёдтар аст. Аз ин маълум мешавад, ки ба ҷуз рафтан ба масҷид мардум дигар роҳ надоранд. Алалхусус пас аз ба нафақа баромадан, роҳи дигаре ҷуз масҷид нест!
Ё масҷид ё қабристон…
Ихтиёр ҳам дигар ҳатто ба дасти худи мо нест. Мо Метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
