БОЗОРИ «КОРВОН» ЧАРО РӮЗИ ҶУМЪА БАСТА ШУД?

Ҳафтаи охир ба идораи газетаи СССР хонандагон ва сокинони зиёд занг зада, дар бораи чаро дар рӯзи ҷумъа баста шудани калонтарин бозори кишвар – «Бозори Корвон» суол карданд. Тибқи иттилои ба мо расида, ҳар душанбеи аввали ҳафта, дар бозор рӯзи поккорӣ ва беҳдоштӣ, яъне рӯзи санитарӣ гузаронда мешуд ва бозор дар ин рӯз таътил мекард. Ҳамакнун рӯзи санитарӣ рӯзи ҷумъа интихоб карда шуд.

Дар рӯзи ҷумъа истироҳат эълон намудани «Бозори Корвон» боиси сар задани овозаҳои гуногун дар байни мардум низ гашт. Бархе гуфтанд, ки рӯзи ҷумъа маҳз барои намози ҷумъа истироҳат эълон шудааст, яъне фароҳамсозии шароит барои намозгузорон. Қисмати дигаре бар он назаранд, ки ба хотири ҳоҷиюн – аксари соҳибкорону фурӯшандагони ин бозор ҳоҷиянд, роҳбарияти бозор тасмим гирифтааст, ки рӯзи ҷумъаро истироҳат эълон намояд. Гумону тахминҳо хеле зиёданд, аммо хушбахтона ин тавр нест!

Рӯзи санитарӣ аз рӯи нақша ва тартиб аст!

Ҳанифа Мавлонова, директори ҶДММ «Бозори Корвон» дар суҳбат бо мухбири СССР тамомии ин овоза ва тахминҳоро беасос хонда, таъкид дошт, ки рӯзи ҷумъа интихоб шудани рӯзи беҳдоштӣ ва поккорӣ дар бозор ҳеҷ робита ба намози ҷумъа, намозгузорон ва ҳоҷиҳо надорад.

Ҳамаи бозорҳои ш.Душанбе аз рӯи нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе фаъолияти хешро мебаранд ва кадом рӯз интихоб шудани истироҳат ё рӯзи санитариро низ раёсатҳои масъули шаҳрдорӣ нақшагузорӣ мекунанд. Агар пештар дар «Бозори Корвон» рӯзи душанбе рӯзи поккорӣ интихоб шуда бошад, ҳамакнун тибқи нақша ва тартиботи нав рӯзи ҷумъа интихоб гардид ва аз ин ҳангома сохтан лозим нест, – таъкид дошт Ҳанифа Мавлонова.

Воқеан аз рӯи нақша – чорабиниҳои МИҲД ш.Душанбе оид ба гузаронидани чорабиниҳои безараркунӣ ва эълон намудани рӯзҳои санитарӣ ба хотири риояи талаботи беҳдоштӣ дар бозорҳои пойтахт, ки дар он муовини раиси ш.Душанбе А.Абдураҳмонзода имзо гузоштааст, дар бозорҳои пойтахт рӯзҳои ҳафта бо навбат рӯзи поккорӣ эълон шудаанд ва навбати «Бозори Корвон» ва марказҳои гирду атрофи он ба рӯзи ҷумъа рост омадааст. Зимнан ягон асос барои ҳангомаву ҳаёҳуй нест! Мо Метавонем!!!

Ҷ. Мақсуд, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube