РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: КИТОБ ХАР!

Дар баробари фаро расидани оғози соли нави хониш давраи тайёрии мактаббачагон ба таҳсил шуруъ мегардад. Сар карда аз хариди либосу лавозимоти хониш то китобу ҷузвдону дигар ашёҳо. Бо супориши редаксионӣ ин навбат тасмим гирифтем, ки аз нарху навои китобҳои   дарсӣ ва сару либоси мактабиву ярмаркаҳои бозорҳо дидан намоем. Чун имсол писарам ба синфи 1- ум меравад, мебояд ман ҳам ба ӯ либосу китоб ва дигар ашёи мактабӣ харидорӣ намоям. Азбаски фарзандам барои таҳсил литсейи давлатии “Ориёно” – и шаҳри Бохтарро интихоб кард, ман ҳам ба хоҳиши ӯ монеа шудан нахостам. Мо Метавонем!

 

Нархи китоб ва иҷораи он

15.08.2024. Соат ба вақти Бохтар 09:15 дақиқа. Ба мо гуфтанд, ки имрӯз ба синфҳои 1- ум китоб тақсим мекунанд. Бояд бигӯям, ки Абубакр аллакай китоби «Алифбо» дошт ва ба мо зарурати харидории он аз муассиса пеш наомад. Бинобар ин 5 китоби боқимондаро ба нархи 95 сомонӣ дастрас кардем, ки китобҳо ҳамаашон нав буда, писарам аввалин истифодабарандааш мебошад.

Китобҳои «Алифбо», «Забони модарӣ», «Табиатшиносӣ», «Математика», «Суруд ва мусиқӣ», инчунин дафтари кории «Машқи хат» ба синфҳои 1- ум тақсим мегардад. Лозим ба таъкид аст, ки имсол низ тибқи қарори Вазорат маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши аслӣ ва иҷоравии китобҳои дарсӣ ба макотиби таълимӣ ирсол гардидааст. Аз ин рӯ вобаста ба ин қарор мувофиқи банди 5- уми он тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ маблағи китобҳои дарсӣ барои хонандагони синфҳои 1- ум, пурра яъне яклухт пардохт карда мешавад.

Ҳамзамон тибқи банди 10-и тартиби номбурда раёсату шуъбаҳои маориф барои пардохти нақлиёт оид ба дастрас кардани китобҳо аз анбори вазорат ё раёсати маориф то шӯъбаи маорифи ноҳия, нигоҳдорӣ ва тақсимоти китобҳо, музди меҳнати мутасаддиёни соҳаи иҷрои китобҳои дарсӣ ва дигар эҳтиёҷоти вобаста ба китоби дарсӣ метавонанд 2% ба нархи муайяннамудаи вазорат арзиши иловагӣ муайян намоянд.

Мо ҳам пурра пули китобҳои дарсиро пардохт карда ба ярмарка – фурӯши либосу лавозимоти хониш баромадем.

 

Либос чанд пул?

Ба бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар меоем. Аксар волидон ҳам имрӯз барои харид бо фарзандашон дар бозор буданд. Чун фарзанд беҳтарин неъмат аст, яқин ки ҳамаи мо барояш мехоҳем беҳтарин либосро харидорӣ намоем. Новобаста ба нарху наво. Фарзандам сару либосро аз мактаб бо маблағи 280 сомонӣ – шиму костюм ва костюмчаи беостин харид. Ашёи хониш назар ба соли гузашта арзонтару дастрастар буданд. Аз касе, ки дар бораи нарху наво пурсон мешудем, розӣ буданд. Алалхусус нархи ашёи хониш аз қабили худкору дафтар ва қалам ҳам нисбатан арзонтар буд.  Аммо масъалаи сару либос, ки ҳамасола боиси норозигии аксарият падару модарон мегарданд, ҳоло ҳам барои қисмате аз волидон норозиро ба миён меорад. Бо 1 забон либоси хуби мактабӣ гаронтар аз пушокаи пастсифат аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Арзон бо иллату қимат бе миннат!».

 

Китобҳо гаронанд!?

Китобҳои дарсӣ барои хонандагон дар аксар муассисаҳои таълимии вилоят аллакай тақсим шудаанд. Ва дар баробари китобҳо боз либосҳои ягонаи мактабӣ пешниҳод мегардад.

Соли гузашта бо сабаби кӯҳнаву фарсуда будани китобҳои дарсӣ аксарият волидон шикоят аз он намуданд, ки бар замми корношоям будани китобҳо боз арзишашон қимат буд. Имсол чуноне мушоҳида мегардад, китобҳо наванду барои оилаҳое, ки аз 1 хонавода 4-5 нафар мактабхон доранд, гаронӣ меорад. Зеро маоши волидон барои ба иҷора гирифтани ҳамаи китобҳо басандагӣ намекунад.

Хайриддини Абдуллоҳ ном мактабхонеро пурсон шудем, ки сифат ва нархи китобҳо шуморо қонеъ мекунад? Дар ҷавоб мегӯяд, ки ман дар оила фарзанди ягона буда, падару модарам бароям ҳамаи китобҳоро дастрас кардаанд. Сифаташон хуб аст. Аммо пешниҳод дорам, ба оилаҳое, ки фарзандонашон аз 3-4 нафар зиёд аст имтиёзҳо пешниҳод гардад. Медонам, ки падару модари рафиқони ман барои ҳамаи китобҳоро харидан имкон надоранд.

Мадина Давлатова аз ноҳияи Кӯшониён дар сӯҳбат бо мухбири рӯзномаи мардумии СССР мегӯяд, ки ман модари серфарзанд ҳастам ва имсол аз мактаб либосу китоб дастрас кардам. Ва он нархҳое, ки ба ман пешкаш карданд, маро қонеъ намекунад. Китобҳо қиматанд! Аз нархномаи китобҳои аслӣ ва иҷоравии Вазорати маориф ва илм на ҳама волидон огаҳанд. Аз ин рӯ қисмате аз омӯзгорон шояд ба болои китобҳо маблағ ҳам зам мекунанд…?!

 

Либоси ягонаи мактабӣ маҷбурист?

Солҳост, ки муассисаҳои таълимӣ низоми либоси ягонаро ба роҳ монда, бо ин восита дар байни муҳассилин фарқият миёни бою камбағалро аз байн бардоштаанд. Чи иқдоми хубе. Аммо аз тарзи дӯхт ва сифати матоъ на ҳама розиянд. Чаро? Сехҳои дӯзандагие, ки имрӯз бо саршавии оғози таҳсил серкор мешаванд, матоъҳоеро интихоб мекунанд, ки сифати паст дошта, бо якчанд маротиба шустанашон сифаташонро гум мекунанд. Чуноне ки мо барои бори аввал бо маблағи 280 сомонӣ аз худи литсей сару либос дастрас кардем ва албатта сифати он матоъро фурӯшандаҳо барои бозоргузар шуданаш тавсиф мекунанд. Аммо волидоне, ки барои харидани сару либоси ягонаи мактабӣ омада буданд, мегӯянд харидани он маҷбурӣ нест. Яъне ин ҳамон падару модароне ҳастанд, ки фарзандони бузургашон дар ин муассиса таҳсил мекунанд. Лекин боз буданд волидоне, ки мегуфтанд аз нархи онҳо дида, аз бозор матоъ мехарему назди дузанда бурда, мувофиқ ба таъбу завқ медӯзем, арзонтар меафтад. Муҳим либосҳо якранг бошанд.

  

Нархҳои дастрас дарФаровон

Дар ин рӯз нархи ҷузвдонҳо ҳам назар ба соли гузашта арзонтару зеботар буд. Барои харидани 1 ҷузвдони мувофиқ ва калонтар шумо метавонед аз 90 то 110 сомонӣ сарф намоед. Муҳим нест, ки ҷузвдон пур аз бозичаҳои гуногун бошад, муҳим он ки китобҳо ва дигар ашёҳои хонишро дар худ ғунҷонад. Мо мушоҳида кардем, ки кӯдакону наврасон ҷузвдонҳои сернақшу нигор ва сербозичаро интихоб карда, волидонро маҷбур мекунанд, ки онҳоро харанд. Аммо падару модари ҳушманд медонанд, ки кадом намуди ҷузвдон барои фарзандашон мусоид аст.

Мо ҷузвдони 100 сомонӣ, ки таъби дили фарзандам буд, харидем.

Баъди ярмаркаро тарк кардан, ҳисобу китоб кардам, ки барои 1 кӯдаки мактабхон бо тамоми лавозимоти хониш камаш 1000 сомонӣ лозим будааст. Акнун ҳолати оилаҳои серфарзандро худатон хулоса бароред.

 

А, Б, Т- очаҷон пула те!

Мо аз забони модарон зиёд мешунавем, ки ҳоло мактаб сар нашуда, фарзандам пулбариро оғоз кардааст. Пули журнал, рӯзнома, моҳона, пули фалон, пули бисмадон гуфта, ҳар рӯз маблағ талаб мекунанд.  Намешавад, ки якбора ҳаҷми умумии пули таҳсилро дар маҷлиси падару модарони умумимактаби баррасӣ кунанду дигар ҳаррӯза пулбарӣ манъ карда шавад, мегӯяд Марҳабо Муродова, хонандаи доимии рӯзномаи мардумии СССР аз шаҳри Бохтар.

Ман модари танҳоям, мехоҳам кӯдакам аз чизе танқисӣ накашаду назди ҷӯраҳояш сархам набошад. Барои рафъи эҳтиёҷоти мактабии фарзандам бояд зиёд кор кунам. Агар ҳамин пешниҳоди ман дастгирӣ ёбад нуран ало нур мешуд, – таъкид медорад Марҳабо.

Ҳоло, ки фарзандаи ман нав ба мактаб меравад дар охири сол ҳисобот медиҳам, ки барои таҳсили яксолаи ӯ дар Литсейи давлатии Ориёно – и шаҳри Бохтар чи қадар маблағ сарф хоҳад шуд!  Айни ҳол бошад барои китобу сару либос ва лавозимоти таҳсил 1000 сомонӣ кифоя аст. Мо Метавонем!

Нуриддин Қосимзода, СССР

вилояти Хатлон

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube