КӮЛОБ: БАРҚИ ДАҲАНАРО ҚАТЪ КАРДАНД

Мирзоалӣ Рафиев, сокини маҳаллаи Даҳанаи ш.Кӯлоб ба идора занг зада (тел: 988821341), гуфт, ки масъулони Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб омада, бидуни огоҳӣ барқи онҳоро аз хатҳои баландшиддат қатъ карда рафтанд.

– Аслан ҳар моҳ бояд то санаи 25-уми моҳ пули истифодаи барқро аҳолӣ пардохт кунад. Вале назоратчиён имрӯз омада, «шумо то санаи 10 бояд пули истифодаи барқро пурра пардохт мекардед» – гуфта, барқи моро қатъ карда рафтанд. Магар ин тавр мумкин аст, ки бидуни огоҳӣ аз халқ напурсида, ки кӣ қарздор асту кӣ не, қувваи барқро барои 1 деҳа қатъ кунанд!?

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube