НАФАҚАХӮР НИШАСТАВУ ПУЛ НЕСТ…

 Аҳмадҷон Раҳимов, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи СССР аз ш.Душанбе бо идора тамос гирифта (тел: 935254442), гуфт, ки 1 пешниҳод ба бонкҳо, хосса бонки давлатии «Амонатбонк» дорад.

– Ҳамин ҳоло дар филиали бонки «Амонатбонк» нишастаам. Инҷо дар баробари ман боз даҳҳо нафар нафақахӯрон дар интизори нафақаанд, на банкомат пул дораду на хазинаҳо. Соат ба 16 наздик шуда истодаасту кормандони бонк намедонанд, ки соати чанд пул меояду мардум нафақаи худро мегиранд. Хуб мешуд кормандони филиалҳои ин бонк барои гирифтани нафақа вақту соати аниқро муайан намуда, дар ин бора эълон зананд. Аз саҳар омада, нишастани нафақахӯрон чӣ маъно дорад, вақте соат 16 шудаву аз пул хабаре нест?…

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube