КӮМАКИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ВАРЗИШГОҲИ СССР

12.06.2024. Бо дастгирии бевоситаи Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бахшида ба 27-умин солгарди таҷлил аз Рӯзи Сулҳу Ваҳдат ва Осоиши Миллӣ, ба варзишгоҳи СССР мустақар дар ш. Кӯлоб, майдончаи сунъии навъи олӣ тӯҳфа карда шуд.

Хотиррас мешавем, варзишгоҳи СССР 11 сол муқаддам таҳти шиори «Кӯмаки дӯстони Президенти ҶТ ба мавзеъи селзадаи Кӯлоб-2010», тӯли 3 сол сохта ва ба истифода дода шуда буд. Дар ин амри хайр моро бевосита Қоҳир Расулзода собиқ раиси вилояти Суғд, Давлаталӣ Саидов-собиқ муовини Сарвазири кишвар ва Маҳмадсаид Убайдуллоев-собиқ раиси ш. Душанбе дастгирӣ кардаанд, ки сипоси фаровони мо расидаашон бод.

Зимнан дар варзишгоҳи СССР 80 тан аз кӯдакони маҳаллӣ бо футбол банданд ва дар тӯли ин солҳо 5 тан аз дастпарварони мо дар дастаи ҷавонону наврасони КФ Равшани Кӯлоб ва 10 тани дигар дар клубҳои мухталифи Лигаи Олӣ ва Лигаи 1 мебозанд. Сармураббии варзишгоҳи СССР Баҳодур Маҳмадов бошад, ҳоло аз муваффақтарин мураббиёни дубл дар Лигаи Олӣ маҳсуб меравад.

 

Ивази сабзаи сунъӣ

Тӯли 11 сол сабзаи сунъӣ ё худ газони варзишгоҳ 3 бор пурра иваз гардид, ки тақозои замон буд. Рӯиҳамрафта, газони бесифат зуд-зуд фарсуда мешуд ва соле 1-2 бор ба масале онро мо поргӣ мекардем.

Хушбахтона бо дастгирии Президенти ФФТ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Хуршед Мирзозода-ноиби аввали президенти ФФТ ва Шоҳрух Саидзода-президенти КФ Истиқлол, аз сабзаи сунъии варзишгоҳи марказии Ҳисор, ки ба талаботи АФК ва ФИФА посухгӯст ва бояд иваз мегардид, варзишгоҳи мо бо рӯпуши нави сунъӣ таъмин гардид.

Масъулин дар ҳаҷми майдончаи 26Х48 метра, баробар ба 1248 метри мукааб сабзаи сунъӣ бо зерпартобаш ба мо ҷудо карданд.

Корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳ ҳамакнун шуруъ шудааст ва тариқи ҳашари дастаҷамъона мо тасмим гирифтем то рӯзи 27 июни соли равон варзишгоҳро комилан барқарор карда, дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ нахустин бозиҳоро роҳандозӣ намоем. Мо Метавонем!

М. Мубориз,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube