ЛАБЛАБУИ ҚАНД

Чаро истеҳсоли шакари тоҷикиро ба роҳ намонем?

Шакар яке аз маҳсулоти асосии хӯрокии 99% хонаводаи тоҷик аст. Новобаста аз он, ки табибон пайваста дар бораи зарари он таъкид медоранд, аз он ҷумла суратгир ва масъули Ютуб канали СССР ТВ А.Собир, нону шакарчой ҳамоно хӯрок, дурусттараш наҳории асосии оилаҳои кишвар ба ҳисоб меравад.

 

Пролог

Муттаассуф, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакар истеҳсол намекунанд, ҳамаи шакаре, ки дар бозору мағозаҳо мебинед, воридотист. Гуфта мешавад, ки дар байни кишварҳои пасошуравӣ имрӯз танҳо дар 2 кишвар – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон истеҳсоли шакар ба роҳ монда нашудааст, ҳол он, ки дар замони советӣ дар ҳарду ин ҷумҳурӣ лаблабуи қанд ба маротиб зиёд кишт шудаву бидуни коркард (он замон шакарро асосан дар Украина, Белоруссия ва Россия коркард мекарданд), ҳамчун хӯроки чорво васеъ истифода мешуд…

 

Уррра! Лаблабуи қанд мекорем!

Дар бораи кишти лаблабуи қанд ва тадриҷан истеҳсоли шакари тоҷикӣ газетаи СССР солҳои зиёд менависаду мегӯяд. Хушбахтона, ин пешниҳоди мо билохира ба гӯше расиду ҳамакнун мутахассисони тоҷик ба таҳлили имконияти кишти он гузашта, бо ҳамтоёни руси худ сари кишти лаблабуи қанд ба ифоқа расиданд.

Тавре СССР хабар ёфт, масъалаи кишти лаблабуи қанд ва ба роҳ мондани истеҳсоли минбаъдаи шакар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафари ахири Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия ва гуфтугуяш бо Владимир Путин, президенти ФР баррасӣ шудааст.

Дар пайи дастури Сарварони Тоҷикистону Россия ҳоло вазоратҳои кишоварзии 2 кишвар минтақаҳои барои кишт мусоид ба ҳосилнокии лаблабуи қандро дар Тоҷикистон таҳлил доранд. Ин албатта ҳам хабари хуб ва ҳам қадами хуб аст!

 

Ҳатто замони ҶБВ шакар истеҳсол мешуд

Бояд гуфт, ки дар замони советӣ дар колхозу совхозҳои РСС Тоҷикистон лаблабуи қанд истеҳсол мекарданд, вале он асосан барои хӯроки чорво равона мегашт. Мегуфтанд, ки лаблабуи қанд гӯшт ва ширри говро бомазза мекунад. Истеҳсоли шакар аз лаблабуи қанд ба роҳ монда нашуда буд, зеро дар СССР ҳар ҷумҳурӣ кори худро мекард – Тоҷикистону Ӯзбекистон пахта мекоштанд, Қазоқистон – ғалла, Украинаву Белоруссия – қанду шакар истеҳсол менамуданд.

Истеҳсоли шакар аз лаблабуи қанд дар СССР аз солҳои 1930 вусъати нав гирифта, дар муддати кӯтоҳ тавонист ин кишварро ба мамлакати асосии содиркунандаи шакар дар ҷаҳон табдил намояд. Новобаста аз он, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1941 – 1945 ин соҳа ба мушкил рӯбарӯ омад, вале ҳатто дар солҳои вазнин дар СССР шакар истеҳсол мешуд!!!

Пас аз солҳои 1970 – уми асри гузашта дар СССР «сахарный бум» пеш омад, истеҳсоли шакар аз миллион тонна ҳам гузашт, ҳатто дар Ӯзбекистони советӣ ҳам корхонаи истеҳсоли қанду шакар кушоданд.

Дар 30 соли ахир бошад дар кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо дар Қазоқистону Туркманистон ва Қирғизистон шакар истеҳсол мешавад, вале содироти он хеле кам аст. Ба Тоҷикистон бошад имрӯз бештар шакари русӣ, озарӣ, ҳиндӣ ва покистонӣ ворид мегардад.

 

Шакар не, асал хӯред!

Мухбирон ва хонандагони газетаи мардумӣ борҳо ба масъулин суол дода буданд, ки чаро дар Тоҷикистон шакар истеҳсол намекунанд.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 сол қабл дар 1 суҳбаташ гуфта буд, ки сари ин масъала бо сармоягузорони хориҷӣ суҳбат идома дорад. Вале зимни нишасти матбуотӣ, соле қабл, шояд асабӣ буд ва ё шояд каме хушҳол, ки дар робита ба суоли мухбири СССР дар бораи ба роҳ мондани истеҳсоли шакари тоҷикӣ, Шералӣ Кабир ҳам ба пайравӣ аз суратгири касбии мо А. Собир, гуфта буд, ки шакар зарар дораду ба ҷойи шакар мардум асал хӯранд беҳтар аст! …Шояд вазир шӯхӣ кард.

(Сабти нишасти матбуотӣ бо суолу ҷавобҳо дар Ютуб канали СССР ТВ маҳфуз аст ва шумо метавонед онро тамошо кунед).

 

Лаблабуи қанд харидор надорад!

Раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ мегуянд, ки кишти лаблабуи қанд бар зарар буда, ҳосил харҷи рафтаро намепӯшонад. Алӣ Манозов, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аз ш.Ҳисор бар он назар аст, ки лаблабуи қандро бояд дар замини хеле калон – 10-20 гектар кишт кард, то он фоида биорад:

   – Бубинед, лаблабуи қандро дар замони советӣ ба таври оммавӣ мекоштанд, давлат ҳамаро муваззаф мекард. Колхозҳои калон дар ҳазорҳо га лаблабу мекоштанд, ҳосили хуб мегирифтанду маҳсулоти хушсифат барои истеҳсоли шакар мерафту бадсифат барои хӯроки зимистонаи чорво. Лаблабуро наметавон дар 50 сотиху 1-2 гектар кошт, зеро зарараш бештар мешавад. Ва муҳимтар аз ин лаблабуи қанд дар кишвари мо харидор надорад, вагарна деҳқони тоҷик ҳатман кишт мекард!!!

 

1 мини – завод басанда аст

Воқеан ҳам чаро бо доштани ҳазорҳо гектар замини кишоварзӣ, имконоти мусоиди экологиву иқлим, кишварзони тоҷик ба кишти лаблабуи қанд, лоақал барои хӯроки чорво, сар накунанд. Лаблабуи қанд, ки афзун гашт, албатта шакар ҳам истеҳсол хоҳад шуд. Барои истеҳсоли шакар бошад корхонаи азиму бузург бунёд кардан лозим нест, 1 мини – заводи муосир метавонад то ҷойе талаботи аҳолии мамлакатро қонеъ намояд ва барои коҳиши нархи он, ки ҳамасола бо 100 баҳона гарон мешавад, таъсир гузорад.

 

Эпилог

Ва дар поёни матлаб баъди гуфтаҳои Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар, 1 латифаи қадимаи Убайди Зкоконӣ  ба ёдам омад:

«Рӯзе ба Вазири аъзами сарватманди кишваре мегӯянд, ки мардум нороҳат асту даст ба тазоҳурот заданист. Мепурсад, ки чаро? Мегӯянд, муҳтарам вазир, онҳо нони хурдан надоранд, вазъашон хеле бад аст. Вазири аъзам дар посух мегӯяд:

«Нон надоранд, ош хӯранд!»…

 

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube