Дар чанд шумораи охири газетаи СССР сокинони ноҳияи Ёвон дар бораи камбудиву проблемаҳои рузмарраи ноҳия шикоят карда буданд. Дар пайи арзу доди мардум мо тасмим гирифтем ин ҳафта ба ноҳияи Ёвон, ки яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатии мамлакат маҳсуб меёбад, сафар намуда, аз рушду пешрафт ва мушкилот дар соҳаи маориф, хосса вазъи муассисаҳои томактабии Ёвонзамин аз наздик ошно гардем.
Роҳҳои вайронаи байниноҳиявӣ
29.11.2023. Соат ба вақти Бохтар 08:10 дақиқа. Роҳ ба ноҳияи Ёвон тавассути ноҳияи А. Ҷомӣ дилгиркунанда буд – аз ноободиҳои роҳҳои маҳаллӣ нороҳат гаштем. Роҳҳои канда ва ҷо ҷое вайроншуда нақлиёти шахсиро ҳам аз кор мебарораду ҷамъиятиро ҳам. Дурӯғ намешавад, агар гӯям тонкро низ бекора месозад ин роҳ!!!
Ноҳияи Ёвон яке аз ноҳияҳои саноатӣ мебошад, ки ҳатто ба беруни кишвар ашёи хом содирот менамояд. Вале саволи матраҳ ин аст, ки чаро мақомоти маҳаллӣ роҳҳоро таъмир намекунанд? Ва дар умум таъмири роҳҳои байниноҳиявӣ бар дӯши кист? Дар ин бора дар шумораҳои минбаъда ҳатман хоҳем гуфт. Ҳоло вазъи муассисаҳои томактабии ин ноҳияро ба риштаи таҳлил хоҳем кашид.
Соат ба вақти Ёвон 10:20 дақиқа. Назди бинои МИҲД ноҳия моро муовини соҳавӣ Гулрухсор Гуреззода пешвоз гирифта, дар дафтараш регистратсия (қайд) кард. Баъди барӯйхатгирӣ гуфтанд, ки ба шуъбаи маорифи ноҳия равем.
«Онлайн – вазир» – баҳонаи нав
Имрӯзҳо дар миёни аксари роҳбарони ташкилоту идораҳо ва шуъбаву бахшҳо мӯд шудааст, ки баҳонаи онлайн намоянд. Агар раваду меҳмон ноҷо биёяд, баҳонаи тайёр. Дари кадом мансабдорро накубӣ, «онлайн – вазир» мешунавӣ! Яъне мебахшед, узр, сорӣ, простите, кечирамуз…бо вазири соҳа суҳбат-ҷаласаи онлайнӣ дорем!!!
Ҳамин ҳолат бо мо дар ин ноҳияи саноатӣ рух дод, ки ба гуфти сокинонаш рӯ бар тараққиёт аст. Назди биное, ки дар он шӯъбаи маориф ҷой дорад, омадему дар пайдо кардани утоқҳо роҳгум задем. Чун ин бино барои якчанд корхонаву ташкилот сохта шудааст, барои ёфтанаш ҳам душворӣ пеш омад.
Ниҳоятан дар ошёнаи 2- юм моро бо шӯъбаи маориф шинос карданд. Аммо чун баҳона «онлайн – вазир» буд, мо ҳам гуфтем, ҳеҷ гап неъ, мо интизор мешавем, то мудири маориф аз онлайн берун мешаваду бо мо хоҳиши сӯҳбати зинда, яъне ғайрионлайн мекунанд. Хестем, ки хобем!!!

«Коинот» барои таъмир сарпараст меҷӯяд!
Чун вақт кашол ёфт, хостем аз муасисаҳои томактабии №№1 ва13 дидан намоем. Воқеан фасли зимистон дар мекӯбад ва аз омодагӣ ба ин мавсим бархурдор шудан мехостем.
Ба кӯдакистони рақами 1 бо номи “Коинот” ворид шудем. Кӯдакистон ба маънои том аз боқимондаҳои даврони собиқи СССР буд. Аз Шаҳло Саидова, ки худро роҳбари ин муасиссаи томактабӣ хонд, дар бораи фаъолияти он пурсон шудем. Тавре худи мудири боғчаи мазкур зикр кард, фаъолияти кӯдакистон онҳоро умуман қаноатманд намекунад. Масъалаи надоштани маблағ боз ҳам мавзӯи меҳварии боғчаи онҳост. Мувофиқи меъёр дар боғча бояд 120 нафар тарбиятгирандагон ба таълим фаро гирифта шавад. Аммо рӯзе, ки мо меҳмони ин боғча шудему ҳолатро воқеъбинона мушоҳида намудем, дар гурӯҳҳо бар замми надоштани рахти хоб, боз кӯдакон аз меъёр зиёд қабул шудаанд.
Дар бобати таъмири кӯдакистон Шаҳло Саидова ҳамин нуктаро илова намуд, ки мо ҳамасола имкони пурра таъмири капиталиро надорему соле ҳамагӣ 1 гуруҳ аз таъмир бароварда мешавад, дар ҳоле, ки 5 гурӯҳи 30 нафара ин ҷо тарбият меёбанд.
– Дар умум агар бигирем, аз ҳама ҷиҳат боғчаи мо беҳбуд мехоҳад! Мо то ҳол ягон соҳибкореро пайдо накардем, ки ҳолатро пурра дарк созаду баҳри ояндаи насли наврас ғамхорӣ зоҳир кунад. Ҳар сол аз ҳисоби Ассотсиатсияи падару модарон танҳо 1 қисми онро таъмир менамоему халос. Боқимонда ҳамон гуна боқӣ мемонад. Имсол аз ҳисоби буҷети маҳал ва суратҳисоби махсуси боғча 18 ҳазор сомонӣ барои таъмиру хариди таҷҳизоти боғча ҷудо гардидааст, ки ба диди ҳар бинанда ин маблағ кофӣ нест, ки нест, – таъкид дошт Шаҳло Саидова.
«Офтобак» – и баъдиҷангӣ…
Озими кудакистони дигар, яъне №13, ки бо номи «Офтобак» амал мекунад, роҳ пеш гирифтем. Роҳбарии муассисаи томактабии рақами 13-ро Ҳокима Мусулмонова бар дӯш дорад. Мавсуф 10 сол мешавад, ки роҳбари ин боғча аст. Ва чуноне маълум шуд, дар ин кӯдакистон, дар 9 гурӯҳ 235 нафар кӯдак тарбияту таълим мегиранд. Боғча ғунҷоиши то 350 нафарро доштааст.
Боғчаи мазкур дар заминаи собиқ корхонаи кимиёвии ноҳия дар солҳои 1979 таъсис ёфтааст. Ва баъди бетартибиву ҷанги шаҳрвандӣ соли 1997 пурра бар зиммаи маориф вогузор шудаасту онро ҳамчун боғчаи бачагона таъсис додаанд. Имсол барои таъмири капиталии муассиса 120 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Симои берунаи боғча, ки шиносномаи боғча аст, таъмири капиталӣ 1 тараф, ҳатто косметикӣ надорад! Он маблағҳое, ки аз молия ва мақомоти маҳал ҷудо мегарданд, ба куҷо сарфу харҷ мешуда бошанд? Агар ба боғча назар кунӣ, ҳамон манзараҳои солҳои баъдиҷангӣ пеши рӯ меояд.
Мудиру муовин гурехтанд?
Баъди боздид аз боғчаҳо бозпас мегардем ба шуъбаи маорифи ноҳия. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Гулшан Бобизода якҷоя бо Гулрухсор Гурреззода бо мақсади шиносоӣ бо масъалаи омодагиҳои зимистонгузаронӣ дар муасисаҳои томактабӣ баромада будаанд! Аҷабоооо! Ана ёбеду гиред.
Нафаре, ки моро ба мудири маориф вобаста кардаву дар ҳалли масъала кӯмак кардан хост, бо мудири маориф ба қавле аз мо ” гурехтанд”.
Боғчаҳо ободанд, аммо….
Бобоев Саидбек, мутахассиси пешбар дар соҳаи маориф ҳамсӯҳбатамон гашт. Ӯ қайд кард, ки шумораи умумии муасисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Ёвон 8 ададро ташкил дода, муассисаҳо пурра барои зимистонгузаронӣ омодаанд.
Аммо ҳолати кунунии боғчаҳо чизи дигарро нишон медиҳад. Агар гап сари зимистонгузаронӣ равад, имсол барои таъмини ҳезум дар муассисаҳои томактабӣ мақомот дар ҳамкорӣ бо шуъбаи экология дарахтони хушкшударо бурида, барои таъмини муассисаҳо ҷудо кардаанд. Лекин барои ҳезуму ангишт ва дигар маводи сӯхт бояд аз мақомот маблағҳои зарурӣ ҷудо гардад, ки инро ҳатто мутахассиси пешбари шуъбаи маориф намедонад. Аксарият мудирони боғчаҳо аз ин ҳолат огаҳ нестанд.
– Дар боғчаи рақами 13 бояд 11 гурӯҳ фаъолият дошта бошад, аммо бинобар сабаби таъмирталаб будани толорҳо 2 гурӯҳи он имрӯз аз фаъолият бозмондааст, – гуфт Саидбек Бобоев.
Вобаста ба суоли хабарнигори рӯзномаи мардумии СССР дар мавриди қабули барзиёди кӯдакон дар гурӯҳҳо мутахассис ҳамин нуктаро ишора намуд, ки ин ба бемасъулиятии худи роҳбарони муассисаҳо вобаста аст. Чунки кӯдак дар боғча ба ҷойи хоб, машғулият, диққати махсус, хӯрок ва дигар шароит эҳтиёҷ пайдо мекунад. Ва агар ин эҳтиёҷот бароварда шавад, кӯдак тарбияи солим мегирад.
Ба гуфти мутахассис имсол 1218 тонна ангишт барои шуъбаи маорифи ноҳия ҷудо гардидааст. Агар фактҳо рост бошанд, пас ин зимистон фарзандони сокинони ноҳияи Ёвон дар кӯдакистонҳо хунук на-ме- хур-аааанд.
Фарогирии кӯдакон ба боғчаҳо, ки бояд 30% ташкил диҳад, ҳамагӣ 8,1 фоизи нишондодро нишон медиҳад. Ин кам аст ё зиёд, шояд дар МИҲД Ёвон беҳтар донанд…
Раиси маорифпарвар ку!?
Чанде пеш бархе аз фаъолони ноҳияи Ёвон ба газетаи СССР занг зада, дар бораи маорифпарвару фарҳангдӯст будани раиси ноҳияи мазкур Бахтиёр Шарифӣ таърифҳо карданд. Вале имрӯз он чизе, ки мо танҳо дар 2 муассисаи томактабии ноҳия дидем, далели баръакси маорифпарвару фарҳангдӯст будани раиси ноҳия аст. Шояд раис аз вазъи табоҳи боғчаҳо ҳанӯз ҳам хабар надорад? Шояд мудири шуъбаи маорифи ноҳия барояш воқеиятро хабар намедиҳад? Ва ё шояд дар умум Бахтиёр Шарифӣ бо гузашти 1 соли раисӣ то ба имрӯз аз вазъи муассисаҳои томактабӣ, ки на чандон дур аз идорааш воқеанд (мо низ намедонем вазъ дар деҳоти дурудасти Ёвон чигуна аст?) дидан накардааст?…
465 ҳазор сомонӣ барои таъмир
Аслиддин Ҷурахонов, сардори шӯъбаи хазинадории Раёсати молияи ноҳияи Ёвон зимни сӯҳбат 1 нуктаи ҷолиби дигарро бароямон кушод. Ӯ гуфт, ки соли равон барои зимистонгузаронӣ ба соҳаи маориф 1261 тонна ангишт ҷудо гардидааст. Аммо дар шӯъбаи маориф аз рақами 1218 ёдоварӣ карданд. 43 тонна ангиштсанг куҷо ғайб зада бошад? Чаро рақамҳо бозӣ мекунанд? Ба кӣ бовар кунем: молия ё маориф?
Молиячиён мегӯянд, ки мо махсусан барои хариди ҳезум маблағ ҷудо намекунем ва маблағи умумиро ба сметаи муассисаҳо мегузаронем. Боқимонда кори худи муассисаҳост, ки онҳоро барои хариди чӣ сарф мекунанд. Пас назоратро дар ин самт маорифчиён бояд пурзӯр намоянд!
Дар бораи таъмири муассисаҳо Аслиддин Ҷӯрахонов илова сохт, ки барои ин амали нек, имсол 465000 сомонӣ ҷудо гардидааст. Агар ҳамин рақамҳои ишорашуда бо ободиҳо ҳам тавъам гарданд, нуран ало нур мешуд.
Нуриддин Қосимзода,
СССР, Бохтар-Ёвон-Бохтар
