ҲАМСОНҲО: АЗ АЛЕКСАНДРИ I ТО ЛЕНИНУ СТАЛИН, ГИТЛЕРУ ЕЛТСИН ВА НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ

Чанд моҳ қабл дар васоити ахбори давлатҳои пасошуравӣ, албатта бо эҷоди рӯғанрезони мамолики Ғарб, овозае домон густурд, ки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин тарки олам намудаву мамлакатро ҳамсони ӯ идора мекунад. Ин овозаю дарвоза боиси интихоби мавзуи навбатии мо шуд.

 ***

САР АЗ ИСОИ МАСЕҲ

Подшаҳон, президентҳо, котибони генералӣ ва амирон гоҳо дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ аз ҳад зиёд шалпар мешуданд ё ба мушкилӣ мувоҷеҳ мегаштанд. Ба онҳо дам гирифтан зарур меомад. Сарфи назар аз он ки, барои ҳукмронӣ шахси аввал мунтазам ҳозир буданаш даркор буд. Аз ин ваҷҳ, онҳо ба ҷалб – пайдои (ҳамшакл, дугоник, ҳамсон) «двойник»-ҳо андешиданд.

То кунун нафарони маъруфи зиёде дар олам, ба гуфтаи муҳаққиқон «нусхаҳои» худро доранд. Баъзе муҳаққиқони бар он боваранд, ки ҳатто Исои Масеҳ ҳамсони худро доштааст.

Саҳеҳ аст, ки тули таърих ҳокимони зиёде аз хизмати ҳамсонҳо-дугоникҳо сарфи назар намекарданд. Аз ҷумла, императорони рус, Ленин, Гитлер, Сталин, президентҳо ва сиёсатмадорони замони муосир низ дугоникҳои худро доранд.

Ба гуфтаи муаррихон дар салтанати Россия ҳамсонҳо аз давраи ҳукмронии Александри I пайдо шудаанд.

 

САБАБИ ПАЙДОИШИ ҲАМШАКЛҲО

Ҳокимон ба хизмати ҳамсонҳо вақте ниёзманд шуданд, ки нахустин суиқасдҳои расмӣ рӯ заданд. Одамони монандро на танҳо барои тоҷварон – подшаҳон, балки барои аҳли хонаводаи онҳо низ меҷустанд. Дар хусуси он ки, ба дугоникҳо чи миқдор маош (маблағ) медоданд, маълумоти аниқ пайдо нест. Танҳо ҳаминаш возеҳ аст, ки ҳамсонҳо дар таъмини пурраи давлат қарор доштанд. Аксар ҳолат қисмати чунин ашхос ба фоҷиа меанҷомид. Онҳо баробар бо ҳокимон сари худро ба бод медоданд. Танҳо нафаре чанд аз ҳамсонҳо умри дароз, аммо рӯзгори нохуш доштаанд.

 

ДУГОНИКҲОИ СТАЛИН

Иосиф Виссарионович Сталин (21.12.1879 – 5.3.1953) дар Съезди 2-юми умумироссиягии советҳо (8.11.1917) ба ҳайати аввалини Ҳукумати Советӣ дар вазифаи Комиссари халқӣ оид ба корҳои миллатҳо (1917-1922) интихоб гардид. Ҳамзамон, ӯ ба Комиссариати халқии назорати давлатӣ роҳбарӣ мекард (1919-1922), ки он соли 1920 ба Комиссариати халқии Инспексияи коргару деҳқон (ИКД) табдил ёфт.

Моҳи апрели соли 1922 Пленуми КМ Сталинро Котиби генералии КМ интихоб намуд ва ӯ дар ин вазифа 31 сол кор кард. Сталин 6-уми майи соли 1941 Раиси Совети Комиссарони Халқ СССР (аз соли 1946 – Раиси Совети Вазирони СССР), 30 июни соли 1941 Раиси Комитети давлатии мудофиа, 19-уми июл Комиссари халқии мудофиаи СССР, 8-уми август Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР таъин гардид…

***

Дар бораи ҳамсонҳои Иосиф Виссарионович Сталин то кунун ривоятҳои зиёде дар чархишанд. Журналисти рус Ирина Сергиевская дар китобаш «Қурбониҳои Кремл» аз панҷ тан ҳамшаклони доҳӣ ёдовар мешавад.

Пӯшида нест, ки дар давраи ҳукмронӣ ба ҷони Сталин борҳо суиқасд ташкил кардаанд. Солҳои 30-вуми асри ХХ даҳсолаи серсуиқасдтарин ба ҷони доҳӣ маҳсуб меёфт. Танҳо соли 1933 Сталин ду маротиба дар дами марг қарор дошт.

 

СИЛСИЛАИ СУИҚАСДҲО

Ба иқрори Андрей Артамонов, муаллифи китоби «Объектҳои махсуси Сталин. Экскурсия зери муҳри махфӣ» чунин зикр ёфтааст. Ҳини сафар ба кӯли Ритса, Лаврентий Берия аз доҳӣ хоҳиш мекунад, ки ба мошини дигар нишинад. Гӯё ӯ эҳсос намуда бошад, ки ягон ҳодисаи нохуш рух медиҳад.

Ҳини аз пули дарёи Лашупсе гузаштан, фарши он ногаҳон фурӯ рафта, мошин ба об меғалтад. Бо гузашти чанд рӯз Берия бори дигар гӯё доҳиро аз марг наҷот медиҳад. Берия Иосиф Сталинро дар киштӣ ба кунҷе тела дода, ӯро аз ҳадафи тир наҷот мебахшад. Маълум гардид, ки тирпарронӣ иштибоҳан аз тарафи сарҳадбонони худӣ сар задааст.

Ҳодисаи соли 1935 рухдода боис шуд, ки Сталин дар андешаи дарёфти ҳамшакли худ сари кор гирад. Аз ин хусус Андрей Судоплатов (писари разведкачии маъруфи советӣ Павел Судоплатов) дар китобаш «Ҳаёти махфии генерал Судоплатов» гуфтааст. Бо иқрори Судоплатови хурдӣ, тирамоҳи соли 1935 Сталин барои дидани модараш Екатерина Ҷугашвили ба Гурҷистон сафар мекунад.

Ҳамон маврид муҳофизон фитнаеро дар қатори коммунистони куҳансоли гурҷӣ бо ҷурми он ки гӯё Сталин ба кору идеяҳои Ленин хиёнат кардааст, ошкор намудаанд. Ба дасисакорон муяссар нашуд, ки Котиби генералиро нобуд созанд. Баъди ҳамин воқеа барои Сталин ҳамшаклашро дарёфтаанд.

 

ЕВСЕЙ ЛУБНИТСКИЙ

Ба ақидаи Мария Панкова ва муаллифони дигари китоби «100 асрори маъруфтарини таърих», маъмурони амниятии СССР ҳамсони Сталинро соли 1935 дар шаҳри Винитсаи Украина дармеёбанд. Евсей Лубнитский (ба гуфтаи дигар Лубитский), ки ба тарзи ғайриодӣ ба Сталин сахт монанд буд, бо пешаи муҳосибӣ осуда рӯз мегузаронд.

Ҳамон сол муҳосиби одиро ба бӯстонсарое, ки дар наздикии шаҳри Москва қарор дошт, меоранд ва дар ин макон омодасозии Лубнитский ба вазифаи пурмасъулият оғоз мегардад.

 

 ҲАМСОНСОЗИИ КОСМЕТОЛОГҲО

Хадамоти амниятӣ ба ин кори махфӣ ороишгарон, пардозгарон, сартарошҳо, дӯзандагон, руҳшиносонро ҷалб менамоянд. Бино бар гуфтаи муаллифони китобҳои болозикр, баъдан барои овоза нагаштан ин амалиёти сиррӣ ҳамаи онҳоро нобуд карданд…

Ба ҷуз ин, дар зарфи шаш моҳ ба Евсей Лубнитский суханронӣ, гаштугузор, шистухез ва имову ишораи Сталинро омӯзонданд. Аз гуфтаи ҳамсон, худи Сталин номзадии Лубнитскийро қаноатмандона пазируфтааст. Ба ин муносибат, онҳо ҳатто коняк ҳам нӯшидаанд.

Ҳамчун Сталин бори нахуст баромад кардани ӯ ба қавли масъулон бе камбуд сипарӣ мешавад. Ҳатто сардори НКВД Николай Ежов ба чанд маротиб ҳамшакли Сталинро пай намебарад, ки ҳамсон ба ҷойи доҳӣ дар баъзе ҷаласаҳо иштирок мекунад.

 

НАФРАТИ БЕАНДОЗА

Пас аз имтиҳон гузаштан Евсей Лубнитский дар маҷлисҳои дохилӣ, акнун вай дар чорабиниҳои ҷиддитар низ ширкат меварзид. Вай ҳатто дар долони Мавзолей, дар паҳлуи ҳамсафони Сталин – Каганович, Молотов, Маленков ва дигар ашхоси воломақом, қомат меафрошт.

Дар суҳбат бо газетаи «Монреал» Евсей Лубнитский изҳор медорад, ки он замон аллакай нафарони олимансаби КМ КПСС медонистанд, ки дар паҳлуяшон Сталини ҳақиқӣ нест ва ба ӯ бо нафрати беандоза менигаристанд. Лубнитский чунин муносибатро дар он медонист, ки аксар роҳбарони Ҳукумати Советӣ низ ҳамсони худро доштан мехостанд.

 

ҲАБС ВА БАДАРҒА

Соли 1952 ҳамсони Сталинро ба ҳабс мегиранд. Ин боздоштро сабаб гӯё «номувофақият бо вазифаи ишғолшуда»-и Лубнитский буда бошад. Ҳамон давра Сталин бар хилофи ҳамсони хеш пиртар шудаву тафовут байни онҳо хело рӯшан ба назар мерасид.

Евсей Лубнитский ба гуфтаи пирони кӯҳистон пок – покиза аз зиндагӣ дасту дил шуст, ки ӯро ҳамчун шоҳиди нодаркор мепаронанд, аммо тақдираш баландӣ кард… Ӯро ба зиндони Шарқи Дур интиқол доданд. Пас аз марги Сталин, Лубнитскийро ба Осиёи Миёна бадарға намуданд. Ҳини озод шуданаш аз маҳбас, аз Лубнитский забонхат гирифтанд, ки то охири умр аз ҳудуди Осиёи Миёна як қадам по берун намениҳад. Ҳамин хел, ҳамсони Сталини бузург дигар натавонист ба зодбум ва ба назди пайвандонаш баргардад.

Евсей Лубнитскийи таърихи соли 1981 дар Тоҷикистон аз дунё гузашта, дар оромгоҳҳои шаҳри Душанбе ба хок рафт.

 

СТАЛИН КАЙ ГУЗАШТ?

Ба гуфтаи донандагон, аз байни ҳамшаклони Сталин, танҳо Евсей Лубнитский умри зиёд дид. Моҳи марти соли 1953 дар Москва маросими ҷанозаи Сталин, мотам, маросими бахоксупории доҳӣ ва ғайра мегузашт. Дар он маврид, дар Москва боз як дугоники Сталин бо насаби Ҷалагония умр ба сар мебурд. Маҳз ӯро мувофиқи нақшаи тарҳрезишуда дар бари Ленин, дар Мавзолей дафн мекарданд. Баргузидагон барои маросими мотам дар Кремл сенарияи махсус омода намуда буданд. Хадамот қаблан тамоми наздикони доҳиро аз доираи назар дур карданд.

Мансабдоронеро, ки симои Сталинро аз наздик хуб медонистанд ё паронданд, ё бо айбҳои гуногуни сиёсӣ ба лагерҳо (маҳбас) интиқол доданд. Ҷасади Сталинро ҳатто баъди суханронии оташини Никита Сергеевич Хрушёв – баъди баровардани миси Сталин (масъалаи шахспарастӣ) дар Мавзолей чақа нашуданд. Ҳамин тавр, Сталини ҳақиқӣ то соли 1956 ҳанӯз дар ҳаёт буд. Ба берун кардани ҳамсони Сталин аз дахма (некрополь) намояндаҳои гвардияи куҳнаи Бюрои сиёсӣ хело вақт гурда (ҷуръат) накарданд…

 

ҲАМСОНИ ЕЛСИН

Алъон муҳаққиқони зиёди кишвари Россия бар он назаранд, ки ҳамсонҳои шахсони маъруфу номвар вақтҳои охир бедарак зиёд шудаанд. Публитсисти рус Юрий Мухин иқрор меояд, ки Борис Николаевич Елсин, президенти вақти Россия, воқеан на дар соли 2007, балки барвақттар, бар асари бемории сактаи дил (инфаркт), дар соли 1996 (11 сол қабл аз он) фавтидааст.

Ба қавли Юрий Мухин, Россияро то соли 1999 ҳамсони Елсин роҳбарӣ кардааст. Яке аз далелҳои исботи гуфтаҳои публитсист доштани 5 ангушт дар дасти чапи президент (ҳамсони) ӯст. Ҳол он ки Борис Николаевич Елсин дар дасти чап 3 ангушт дошт. Овозаест, ки баъдан ангуштони зиёдатии дугоникҳои Елсинро (мувофиқ кунондаанд) буридаанд…

 

ДУГОНИКИ НАЗАРБОЕВ

Агар дар раёсати президенти Россия гапи хонаро ба кӯча баровардан ангуштони Елсин шуда бошад, дар Қазоқистон боиси овоза шудани ҳамсон доштани Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гӯшҳо ва тарзи ороиши мӯи сар (причёска)-и онҷониб боис гаштааст.

Соли 2010 баъзе шаҳрвандони мушоҳидакор (тезчашм)-и қазоқ дар тарзи баёни президент нуқсонро ошкор намуданд. Ҳол он ки, Нурсултон Назарбоев шахси бедарак босавод буд…

Дар қаламрави Қазоқистон соли 2011 овозае паҳн шуд, ки гӯё Нурсултон Назарбоев бемор шудаву ба самти номаълум баҳри табобат рафта, ба ҷойи худ ҳамсонашро мондааст. Тезчашмони тағминакор базудӣ шакл (форма)-и гӯшҳои ҳамшакли президентро муайян карданд. Ба иқрори онҳо, шакли гӯшҳои президенти ҳамсон аз қазоқҳо бакуллӣ фарқ дорад. Назарбоеви ҳамсон мӯйи сарашро аз рост ба чап шона мезанад. Ҳол он ки сарвари давлати пешина баръакс причёска мекард…

 

 

Умари ШЕРХОН

8.12.2023

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube