Кумитаи нафту газ бо  чӣ кор банд аст???

Салом СССР! Масъалаи коркарду истихроҷи нафту гази кишвари азизамон хеле муҳиму зарурӣ мебошад. Аз рӯйи шуниду тадқиқотҳо, кофтуковҳо захираи зеризаминии нафту гази ҷумҳурӣ чунон бисёр аст, ки то конҳо ва ба давлатҳои ҳамсоя рафта мерасад. Вале барои коркарду истеҳсоли ин ашёҳо танҳо Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон кор мебаранду халос! Дигар мутасаддиён ва роҳбарони ин соҳаҳо чӣ кор мекарда бошанд? Усулан  мутасаддиёни ҳар самту соҳаи кишвар кай вазифаҳои касбию ҷонии худро пурра иҷро мекарда бошанд?

Вақти он расидааст, ки бо ёрию мадади хориҷиён коркарду истеҳсоли газу нафти худамонро пурра  таъмин ва содироти онро ба ҷумҳуриҳо ва давлатҳои ҳамсоя ба роҳ монем! Мо метавонем!!!

Чаро нарху навои газ гарон шуд? Чаро бензину солярка камчину қимат гардид??? Масъулини соҳа чӣ мегуфта бошанд?

…Қубурҳои газ бо ранги зард дар кӯчаҳою корхона ва хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Ваҳдат ва дигар шаҳру ноҳияҳо нигоҳ дошта шудаанд ва боз интизоранд, ки соҳиби газ мешаванд ва нарху наво ба эътидол медарояд!

Теша Салоҳов,

ш. Ваҳдат

тел: 904461148

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube