Баҳри ҳаққи худ бояд талош кард!

Маводи «Қаҳрамони бе билети ҳарбӣ», муаллифаш Ҳазратқул Бобохоновро (СССР аз 24.08.2023) №33 (778) хондам. Ба ин матлаб ҳанӯз ҳам аз тарафи масъулони ноҳияи Вахш ё Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб надодаанд, аммо банда посух медиҳам.

Хизматчӣ Алиҷон Шарифов (с.т 2003) 11 моҳ хизмати Ватан карда, дар рӯзҳои 14-16 сентябри соли 2022 дар ҷанги зидди душман – қирғизҳои бедодгар бо ҳамяроқонаш ҷангидаасту чанд кас низ фавтида, ӯ ва ҳамяроқаш Акаҷон ярадор мешаванд. Мебоист дар «Билети ҳарбӣ»-и ӯ амалиёту ҷароҳатҳо нишон ва дар таърихи касалиаш муфассал низ навишта мешуд. Аммо ин кор нашудааст. Айби кӣ?! Айби масъулони бемасъулияти командиру хизматчиёни қисми ҳарбӣ. Акнун дер шуда бошад ҳам, онҳо бояд ба Алиҷон Шарифов билети ҳарбиро бо қайдҳо навишта бидиҳанд. Қисмати ӯ чӣ мешавад?! Барои зиндагӣ кардан ба ӯ нафақа таъин кардан мебояду халос.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ» аз ҷумла, зикр шудааст, ки дар мавриди ба шаҳрванд осеби ҳарбӣ (ҷангӣ) ё хизматчии ҳарбии дар ҷанг набудан ҳам маъюбӣ ё бемор шавад ҳам) расидан ва қобилияти ғайримеҳнат (ё хизмат кардан) шаҳрванд ҳуқуқи нафақа гирифтанро дорад.  Мебояд А. Шарифов (ё пайвандону хешонаш) билети ҳарбиро аз комиссарияти ҳарбии ноҳияи Вахш ё аз қисми ҳарбии хизматкардааш талаб карда гиранд. Ҳамчунин таърихи касалиашро низ. Аз ҷойи зист низ маълумотнома ва нусхаи шиноснома лозим аст. Бо он ҳуҷҷатҳо ба духтури минтақавӣ оид ба пур карда додани варақаи шакли №88 муроҷиат намояд, ки он барои аз гурӯҳи маъюби осеби ҳарбӣ гирифтанаш ба идораи ХДТТИ (собиқ комиссияи ВТЭК) лозим аст. Сипас баъди гурӯҳи маъюбӣ додан, ӯ ба раёсати агентии суғута ва ҳифзи иҷтимоӣ (собиқ идораи сабес) муроҷиат намояд. Ба ҷои ту-Алиҷон Шарифов ин корро ягон кас намекунад!!!

Одина Ҷумъазод, 

Ш. Истаравшан

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube