ТУ РАФТИВУ МАРДӢ СИЯҲПӮШ ШУД

Аз сардабири СССР: Рӯзи ҷаноза, қатори фарзандони марҳум, Далер низ ҷомаи мотам ба бар, даҳани дар, бо сари хаму дили хунчакон ва чашмони ашкфишон рост меистод. Гӯиё ҷанозаи Падараш будӣ. Ба таҳқиқ низ Далери Абдулло ба марҳум Амиршо Миралиев муҳаббати фарзандӣ дошт, дар рӯзҳои хубу бад, неку сангин ва бештар аз ҳама соатҳои сахту вазнин, паҳлӯяш будӣ. Ва бе ғараз. Ин мо фикр мекунем, ки бо марде чун Миралиев дӯстӣ танҳо зи сари ҳирсу оз аст (воқеан ҳам яке аз чунин “дӯстон” рӯзи ҷаноза хоҳиш кард, ки “сурати маро бо раҳматӣ дорӣ, хуб, ҳамонро нашр накунӣ боз?!” – дар интихоби дӯст хато накунед соҳибмансабони имрӯз зинда…).

 Худ шоҳидам, ки борҳо чун сухан аз сари вазифае мерафт, Далер ишораам мекард, ки “Акаҷон, зинҳор гапи маро дар миён нагузоред! Муҳаббати ман ба Амиршо Миралиев 1 муҳаббати писар нисбат ба падар асту бас”. Факти дигар ин аст, ки агар Далер барои вазифа бо раҳматӣ муҳаббат мекард, кайҳо дилхоҳ вазифаро соҳиб мешуд. Ин муаммои дӯстии падариву писарии Далер Мерганову Амиршо Миралиевро танҳо худи ишон медонанд, ки ахирӣ бо ҳамон муҳаббат озими олами улвӣ гардид.

Зимнан, шахсан ман аз Далери Абдулло хоҳиш кардам, ки маҳз ӯ некролог дар бораи ин Шахсиятро нависад. Зеро арзандатарин ва ситудатарин килк дар ин маврид, қалами Мерганов Далер (Абдулло) асту бас. Мо метавонем!

 

 

06.12.2023. Ин шаб яке аз ҳамсафони содиқи Пешвои миллат, Ходими барҷастаи давлатӣ, инсони накӯкору нексиришт, қонунмеҳвару бениҳоят масъулиятшинос Амиршо Миралиев дар синни 77-солагӣ вафот кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти Амиршо Миралиев ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ намуда, зикр карданд, ки «ӯ дар тамоми давраи фаъолияти тӯлонии сиёсиву давлатии худ ба мардум ва давлати Тоҷикистон содиқона хизмат кард».

 

Содиқ, ҷасур ва соҳибмактаб

Зиёд дар суҳбати Амиршо Миралиев  нишастаам (хоса дар замони нафақахӯр будан).  Аз ин суҳбатҳо дарси одамгарӣ  омӯхтам, зеро дар шинохти инсонҳо таҷрибаноктар шудан саҳл  нест. Дар маҷмӯъ, ин суҳбатҳо Амиршо Миралиевро аз зовияҳои дигар бароям рӯнамоӣ кард.

Далели бебаҳс аст, ки садоқат, ҷасорат, мактаб, салобат ва одамияти ин шахсият камназиру омӯхтанӣ буд. Зеро дар тамоми ҳолатҳо, новобаста аз вазъият, ба мисли баъзеҳо андешаашро дигар накард, аз нотавонбинон заррае ҳарос надошт

Ӯ «одами эрка» надошт, касе аз «пушт»-и ӯ ба ягон кори бад даст намезад. Зеро дар тамоми вазифаҳое, ки кор кард, дар сурати даст задан ба аъмоли нопок касеро  хотир  намедид. Биноан, дар борааш гуфтаанд, ки:

 «1 гап дораду  1 нигоҳи қаҳроин. Сиёсатмадори пурҷазаба аст, ки аксаран ҷуръати ҳар майдачӯйдаро бо ӯ муҳокима кардан надоштанд».

Амиршо Миралиев ягона Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент маҳсуб мешавад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошуқуҳ ва дар маросими хоса барои идомаи фаъолият ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар гусел карданд. Истеъдоди баланди роҳбарӣ дошт. Ба ҳеҷ кас сухани қабеҳ намегуфт. Дар он ҷойҳое, аз ҷумла, вилоят Хатлон, кор кард, ки дар ҳоли таназзул қарор доштанд. Ӯ ин  маконҳоро бо дастгирии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  обод кард.

 

 Кордон ва Инсон

Мекӯшид дар ҳама ҳолат орому ботамкин бошад, ҳеҷ гоҳ ба эҳсосот дода намешуд, боиси ранҷиши дигарон намегашт. Аҷаб хислате дошт: ба мушкилиҳои мавҷуда нигоҳ накарда, дар ҳама ҳолат худро хурсанд вонамуд менамуду бо табассуми дилкаш муроҷиат мекард.

Онҳое, ки Ватану миллаташонро дӯст медоранд, ба арзишҳои умумибашарӣ эҳтиром мегузоранд, воқеан ҳам, соҳиби дили бузург ҳастанд. Аз худ гузаштан, манфиати давлату миллатро боло гузоштан, ба хотири ормонҳои инсонӣ кору зиндагӣ кардан аз оини ҷавонмардист. Ана, ҳамин гуна шахси сарсупурдаи Ватану миллат буд Амиршо Миралиев. Кордон, масъулиятшинос, ҳақпараст, соҳиби маърифати баланд, меҳрубон, ғамхор, сарсупурда ва ИНСОН бо ҳарфҳои бузург.

Ифтихормандам, ки яке аз ҳамсафони Пешвои миллат ҳастам, солҳои зиёд дар паҳлуи ин Абармард фаъолият доштаму дар ягон ҳолат  бетарафиро ихтиёр ва ба арзишҳои милливу давлатӣ муносибати дуюмдараҷа зоҳир накардаам,- мегуфт  номбурда.

Таъкид менамуд, ки «Ба насли наврас, онҳое, ки ваҳшонияти он давраро шояд афсона мепиндоранд, ҷавононе, ки аз набзи замон то андозае ноогоҳанд, таъкид бояд кард, ки  мо ҳақ надорем, ки он рӯзҳои сахту мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор фарзандони Ватан, бе падар мондани ҳазорон  кӯдак, бе фарзанду бе саробон мондани теъдоди бузурги занон, харобу валангор гардидани садҳо ҳазор бино, хонаҳои истиқоматӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо ва қабристонҳои ҳамватанони ғарибамонро дар кишвари ҳамсоя аз хотир фаромӯш намоем!».

 

Сталини тоҷик

Ба усули корбарӣ, принсипнокӣ, масъулиятшиносӣ, одамгариаш аксарият қоиланд. Ӯро ба  Сталин монанд донистаанд, ки аз хислатҳои зикршуда маншаъ мегирад.

Дар чорабиниҳои давлатӣ ва маъракаҳои пайвандону дӯстон гули сари сабад буд. Бо пайвандону дӯстон ва шогирдон ҳазлу шӯхӣ мекард, аз лутфи латифи дӯстон кӯдаквор мезавқид, Аз умқи дил механдид, беғаш. Дар чунин лаҳзаҳо боварии кас намеомад, ки ӯ ҳамон шахси ҷиддисимои серталаб – «Сталини тоҷик»  аст.

Дар  яке аз чунин маҳфилҳое, ки бо иштироки ҳамсинфонаш дар ноҳияи Данғара созмон дода буд, ширкат варзида, ба дурустии ин гуфта, бори дигар боварӣ ҳосил намудам. Амиршо Миралиев дар муносибат бо ошноҳо боэҳтиром буд. Дар ҳама маъракаҳои ёру дӯстон, қадрдонҳо  иштирок менамуд. Ба ибораи дигар,  ба ғаму шодии онҳо шарик буд.

Ба сифати корманди рӯзномаи парлумон шоҳиди ҳол будам, ки дар рӯзҳои қабули А. Миралиев теъдоди муроҷиаткунандагон дар қиёс бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагон хеле зиёд буд. Зеро мардум боварӣ доштанд, ки Миралиев мушкилоти онҳоро ҳатман ҳал мекунад ва воқеан ҳам чунин буд…

 

Аз кадри шӯравӣ то истиқлол

Кунун бисёриҳо, ҳатто нафарони пештар ба Амиршо Миралиев чандон таваҷҷуҳнадошта, эътироф менамоянд, ки суханаш қадр дошту андешаҳояш пазируфтанӣ. Таҷрибаи ғании кории ӯ дар сиёсат аз замони шӯравӣ то ин дам имконаш медод, ки ҳар қадамашро дониста монад ва ҳам назарашро санҷида гӯяд. Шояд дар машваратҳои ӯ иштибоҳе набудаву дар пешниҳодҳояш манфиат бештар аз дигарон буд, ки пазируфта мешуданд.

Аз зумраи ками  мансабдоронест, ки  таърифу худнамоиро дӯст намедошт. Ҳатто вақте  кормандони рӯзномаи «Садои мардум» китоби вакилонро таҳия мекарданд, Амиршо Миралиев нахост, ки дар бораи ӯ дар ин китоб чизе нависанд, дар ҳоле ки баъзе аз вакилон тақозо мекарданд, то таърифи  бештарашон  кунанд.

Соли 2016, бахшида ба 70 – солагиаш китоберо бо номи «Родмарде дар масири сиёсат» таҳия  намуда будам. Ин иқдом, ки бидуни мувофиқа амалӣ гардида буд,  дар шинохти мавсуф маро амиқтар бурд. Баробари нашри китоб зиёд нафарони маъруфу муътабари  кишвар гила карданд, ки чаро назари онҳоро дар китоб ҷой накардам. Эроде, ки асос дошту бори дигар эҳтиром ва мақому манзалати Амиршо Миралиевро ба маъраз мегузошт…

Ин нигарониҳо маро таҳрик бахшид, ки дар робита ба 75 – солагиаш китоби дуюм – «Тағйирнопазир»-ро мураттаб намоям. Таъкид менамоям, ки китобҳои мавриди назар  замоне чоп шуд, ки  на ман тамаъ доштаму на ӯ ба ин ниёз. Чун ҳарвақта қаҳрамони китоб аз нақл ва рӯи чоп овардани хотироташ худдорӣ кард.

Таъкид намуд, ки  «ман ҷонибдор ва ҳавасманди навиштани хотираҳо набудаму нестам, зеро аксари ин хотираҳо моҳияти худситоӣ касб намудаанд. Ба ин амал дар баъзе ҳолат нафароне даст мезананд, ки натиҷаҳои фаъолияташон хуб несту мехоҳанд «офтобро бо доман пӯшонанд». Агар хизмати ин ё он шахс, воқеан ҳам, арзанда бошад, бигзор дигарон дар борааш нависанд».

 

Шарафманд

Дар ҷомеаи мо  маъмул аст, ки шахсони дар гузашта соҳибмансаб баробари ба нафақа рафтан аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ мешаванд, шиква, афсӯс, бечоранолӣ, киноя, таъназанӣ ва ғайра шеваи зиндагиашон мешаванд. Қисмати дигар ба шуғлҳои дигар, ки аслан ба эшон рабт надорад, машғул мешаванд, ки аз лиҳози мақому манзалати қаблӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест.

Алорағми чунин нафарон рӯзгори Амиршо Миралиев баъди ба нафақа баромадан низ қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш буд. Ҳаргиз худро аз ҳаводиси ҷомеа дар канор намегирифт. Ӯ  шарафмандона даври пирӣ ронд. Вазифаи ҷамъиятӣ – раисии Ассотсиатсияи бонкҳои кишварро ба зимма дошт. Шукргузору қаноатпеша буд, аз касе шиква намекард. Аз он шод буд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам аз ҳоли собиқадорон, аз ҷумла ӯ, хабардоранд, ба чорабиниҳои давлатӣ даъват мекунанд, суҳбатҳои гарму самимӣ меороянд.

Барояш хушоянд буд, ки баробари ба чорабиние омадан дар атрофаш ихлосмандону шогирдон парвона мешаванд. Дар маросиму маъракаҳо ба пешвозу гуселаш зиёд нафарон бармехестанд, аз дастгириву поквиҷдониаш ёдовар мешуданд. Чанде дар суҳбати ӯ зиёдтар нишастам,  шахсият, афкор ва ҷаҳони ботинии Амиршо Миралиев аз зовияҳои нав бароям ҳувайдо мешуд.

Зиёд воқеъ афтодааст, ки чун огоҳ шуданд аз шогирдони номбурда ҳастам, аз бобати некиҳояш гуфтанд, садоқаташро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  васф карданд, аз ҷасораташ ёдовар шуданд, одамияту самимияташро камназир унвон карданд. Ҳамин ифтихор барои ману дигар  шогирдон ва пайвандони Амиршо Миралиев кофист!

Ёдаш ба хайр!

 

Далер АБДУЛЛО,   

муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”

махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube