Шогирд – парчамбардор

Лозим ба зикри хос аст, ки баъди Истиқлолият шумораи парчамбардорони мамлакат аз ҳисоби ҷавонону наврасони болаёқат фузун мегардад. Яке аз чунин ҷавонони аламбардори миллат Давлатов Шодмон мебошад. Мавсуф ба синну соли ҷавониаш нигоҳ накарда, дар чандин мусобиқаҳои варзишии дохилу хориҷ ширкати фаъолона намуда, борҳо ба баланд бардоштани парчам сабаб гаштааст. Ӯ зодаи ноҳияи Дӯстӣ аст ва банда то хатми синфи 9 роҳбари синфи ин ҷавони варзишгар будам. Дар мактаб ва корҳои ҷамъиятӣ аз худ фаъолмандӣ нишон медод. Аз ӯ дар оянда мо устодони мактаб умедҳои калон дорем. Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро!

Бигзор сафи чунин ҷавонони Ватанпарвар бештар гардад ва парчами мо дар арсаҳои ҷаҳони парфишонӣ намояд.

Бунёд Ҷоншоев, муаллиф ва хонандаи фаъоли газетаи мардумии СССР аз н. Дӯстӣ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube