МАКТАБИ НАВ ДАР ДЕҲАИ ТУТАКА

Сокини деҳаи Тутакаи ш.Ҳисор Асадулло Файзуллоев 85-сола азм карда, ки аз замини назди ҳавлигиаш 8 сотих барои сохтмони мактаби нави 2 ошёна ҷудо менамояд ва ҳамин тавр ҳам кард. Деҳаи Тутакаи боло, ки дар он зиёда аз 115 оила зиндагӣ мекунад, аз соли 1989 мактаб надорад. Фарзандони мардум аз ҳамин деҳаи Тутакаи боло дар 4 фасли сол то мактаби мактаби №66 Тутакаи поён масофаи 3 км роҳро пиёда тай намуда, ба мактаб мераванд, барои синфҳои поёнӣ 1-4 бошад ин рафтуомад бисёр мушкилӣ меорад.

Асадулло Файзуллоев мегӯяд, ки то моҳи августи соли ҷорӣ мактабро ба истифода хоҳанд дод. Бояд гуфт, ки ин марди саховатманд дар зодгоҳи худ бисёр ободиҳо кардааст. Аз ҷумла, сохтмони пули одамгузар ва таъмири роҳи дохилии деҳа то мактаби №66 аз қабили корҳои ба субут расондаи ин мард мебошад.

Ш. Қудрат,

ш. Ҳисор

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube