“МАНТУХОНА” НАШУД, БАЛО ШУД!

Салом СССР! Мо як гурӯҳ сокинони ш.Душанбе, н.Фирдавсӣ, кӯчаи Ҷомӣ 9, солҳои тӯлонӣ дар бинои 9 ошёна дар нишонии дар боло зикр гардида, зиндагонӣ мекунем. Дар таҳхона ва ошёнаи 1-уми бинои мазкур ошхонаи хӯроки миллӣ таъсис дода шудааст ва бинобар ҳамарӯза тайёр намудани хӯрокҳо ва нимтайёрҳои зиёд барои дигар ошхонаҳо, бӯйи ғализи хӯроку дуд ва маҳсулоти пӯсида паҳн гашта, фазои муҳити зистро тоқатфарсо мегардонад.

Ҳамзамон бар хилофи талаботи зидди сӯхторӣ аз баллонҳои газии калонҳаҷм истифода бурда мешавад, ки дар сурати таркиш ба ҳаёт ва саломатии сокинон хатар таҳдид менамояд. Ҳолати санитарӣ-эпидемии «Мантухона» низ дар сатҳи паст қарор дорад, ки ҳафтаҳо пастмондаи хӯрок ва партовҳои ин ошхона сари вақт бароварда намешавад.

Дар тӯли солҳои охир (2020-2023) чандин маротиба дар «Мантухона»-и мазкур сӯхтор ба амал омадааст ва мо сокинони ҳамин маҳаллаи номбурда ба Саридораи Хадамоти оташфишонӣ ва фонди манзилию коммуналӣ (домоуправления) муроҷиат намудаем, ки нисбати шахсони масъули ошхонаи мазкур чораҳои зарурӣ дида бароянд, вале мутаассифона то имрӯз ягон чораи зарурӣ андешида нашудааст.

Рӯзи 09.11.2020 шабона дар ошхонаи мазкур сӯхтор ба амал омад ва соҳиби мантухонаи мазкур Носир ном шахс бо 2 нафар кормандони ошхона ба назди сокинони бинои мазкур омада, ба боварии онҳо даромада, ваъда дода, аз сокинон забонхат гирифт, ки бинои мазкурро дар муҳлати 10 рӯз таъмир намуда, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф менамояд. Вале мутаассифона то имрӯз камбудиҳо бартараф карда нашудаанд.

Ҳар гоҳ, ки сӯхтор ба амал меояд, роҳбари «Мантухона» ба мо таҳдид менамояд «чизе аз дастатон меояд кунед, 1 ҷарима мекунанд тамом». Илтимос ба доди мо расед!

Сокинони бино: П.Авғонова, Ф.Назарова, А.Аминов, Н.Ёқубзода, О.К.Мусаева, А.Одинаева, Х.А.Саидов, М.Фозилова, О.Салимова, Боева Шаҳноз

Ҷамъ: 35 имзо.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube