Мастчоҳ – аз таъмири роҳҳо то расидан ба оби тоза

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳияи Мастчоҳ низ корҳои ободониву созандагӣ вусъати нав гирифта, шароити зисти мардум ба маротиб беҳтар мегардад.

Ҳафтаи пор дар маҳаллаи Пакшифи ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳия наздик ба 500 метр роҳ бо саҳмгузории сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки ин иқдоми неку созанда бо мақсади истиқболи сазовори ҷашнҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзин амалӣ карда шуд. Лозим ба таъкид аст, ки дар давоми ҳафтаи охир дар ҷамоати деҳоти Палдорак беш аз 4 километр роҳ дар деҳаҳои Табушну Сабағ ва Пакшиф бо ташаббус ва дастгирии мардуми маҳаллӣ мумфарш шуданд.

 Тавре дар суҳбат бо мухбири СССР Аъзам Ализода – раиси ноҳияи Мастчоҳ таъкид дошт, тибқи нақша давоми соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ беш аз 17 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллидошта мумфарш карда мешаванд.

Ҳамчунин бо ташаббуси сокинони маҳаллаи Деҳқонободи шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ корҳои кофтани чоҳи амудӣ барои таъмини мунтазами оби нӯшокӣ оғоз ёфт. Бо анҷоми он зиёда аз 50 хонаводаи кӯчаи Умари Хайёми маҳаллаи Деҳқонобод ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳраки Бӯстон бо оби тоза таъмин хоҳанд шуд.

 Бояд гуфт, сокинони маҳаллаи мазкур солҳои охир аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Аҳолии ин маҳал дар давоми 1 шабонарӯз ҳамагӣ 2 – 4 соат ба об дастрасӣ доштанду халос. Сабаби асосии норасоии об дар фасли тобистон кам шудани миқдори об ва маҳдуд будани иқтидори шабакаи обтаъминкунӣ дар маҳалла мебошад, ки боиси танқисии ҷиддии оби нӯшокӣ барои сокинон гардидааст. Сокинони кӯчаи Умари Хайёми маҳаллаи Деҳқонобод умедворанд, ки бо ба истифода додани чоҳи амудӣ на танҳо мушкили чандинсолаи онҳо пурра рафъ мегардад, балки сифати хизматрасонии обтаъминкунӣ дар маҳалла низ ба таври назаррас беҳтар мешавад.

Ҷ. Ҳусейнова, СССР,

Душанбе – Мастчоҳ – Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube