Турсунзода: 323 иншоот тайёр!

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Турсунзода тасмим гирифт, 459 иншоотро таъмиру азнавсозӣ ва бунёд намояд.

Тавре Парвиз Акрамзода, раиси ш.Турсунзода дар суҳбат бо мухбири СССР гуфт, аз ин теъдод 12 иншооти саноатӣ, 83 иншоот дар соҳаи маориф, 34 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 31 объекти варзишӣ, 79 маркази хизматрасонӣ ва савдо мебошанд.

   – Инчунин, дар 64 мавзеъ таъмири роҳҳои автомобилгард, бунёди 8 сардхонаву 4 гармхона, таъмини оби нӯшокӣ дар 12 мавзеъ ва 122 иншооти гуногунтаъинот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 323 объект аллакай тайёр ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, – таъкид дошт Парвиз Акрамзода.

Вобаста ба таъмири роҳҳо дар шаҳри Турсунзода бояд гуфт, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 зиёда аз 20,6 км роҳҳои марказии шаҳру ҷамоатҳои деҳот, ба масофаи 9,4 км мумфарш ва 11,2 км корҳои бетонпушкунӣ ба анҷом расонда шудаанд.

 

О. Достиева, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube