Бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати «Файзи Истиқлол»- н. Вахш корҳои ободонӣ ва созандагӣ нумӯи тоза дорад.
Бо иродаи матини 1 зани бунёдкор Дастагул Мирзоева ҷамоат рӯз то рӯз намои тоза ва ба ҷашнҳои таърихӣ омодагӣ мегирад. Воқеан ҳар куҷо зан аст, он ҷо тозагию озодагист, ҳар куҷо зан роҳбар аст, он ҷо аз шукуфоӣ асар хоҳад буд.
Дастагул Мирзоева низ аз қабили занҳоест, ки мудом андешаи солиму созгор дар сар мепарварад ва роҳбарии ин ҷамоатро бовараш кардаанд.
Таъмири пули капиталии деҳаи « Инқилоб», « Яккатут», асфалтпӯш кардани қисмати роҳҳои деҳаи «Фидокор» ва ғайра тозакориҳоест, ки дар давоми фаъолияти кории ин бону рӯйи кор омадаанд. Аз даромадгоҳи дарвозаи ҷамоат то хурдтарин деҳаро асфалтпӯш карда истодаанд. Дар доираи нақшаи пешбинишуда дар давоми соли 2025 низ ин иқдомҳои созанда бо мароми хос ҷараён дорад. Мувофиқи нақшабандӣ дар ҳудуди ҷамоат масъулон тасмим доранд, ки 1 кӯдакистони замонавиро бо тамоми шароит сохта, ба истифода диҳанд.
Қ. Бохтарӣ,
н. Вахш
