Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳри Ҳисор ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бунёду барқарорсозии 1809 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Аз ин иншоот 40 адад корхонаи истеҳсолию саноатӣ буда, 42 адад ба соҳаи кишоварзӣ, 78 адад ба соҳаи маориф, 50 адад ба соҳаи тандурустӣ, 662 адад ба хизматрасонӣ ва савдо, 21 адад ба соҳаи фарҳанг, 67 адад ба соҳаи варзиш ва 21 адад ба соҳаи сайёҳӣ ва дигар иншоот рост меояд. Дар ин бора раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тавре Ҷаббор Носирзода зикр намуд, то имрӯз аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 1127 адад, аз қабили корхонаю коргоҳи саноатӣ, иншооти соҳаҳои тандурустию маориф, биноҳои истиқоматӣ, иншооти хизматрасонӣ ва ғайра ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра 6 корхонаи нави саноатии хурду миёна ба фаъолият оғоз намуда, дар онҳо 170 сокини шаҳр бо ҷойи нави кор таъмин гардид.
Ҷ. Мақсуд, СССР
