Рафиқе дорам, ки солҳост дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд ва ҳамсари олмонӣ дораду соҳиби 2 фарзанд аст. Гоҳ-гоҳе ба ватан меояду меравад ва ҳар замоне, ки омад, ҳатман зангам мезанаду ҳамроҳ суҳбатҳои тӯлонӣ мекунем. Дар яке аз сӯҳбатҳо, ки вақте гап сари ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ мерафт, қиссаи ҷолиберо аз ҳамсараш мисол овард. Гуфт:
– Ҳамсарам пайваста ба фарзандон аз қаҳрамонҳои қадимаашон:
ЗИГФРИД (Siegfried / Sigurd) – Қаҳрамони асосии «Песни Нибелунгҳо», кушандаи аждаҳо ва соҳиби ганҷи бузург.
ВОТАН (Wotan / Odin) – Худои асосии германӣ, худои ҳикмат, ҷанг ва марг.
БРУНҲИЛДА (Brünhilde) – Ҷанговари Валкирия ва дӯстдоштаи Зигфрид.
ФРЕЯ (Freya) – Худои ишқ ва зебоӣ.
ХАГЕН (Hagen) – Шахсияти манфӣ дар эпоси Нибелунгҳо, ки Зигфридро мекӯшад – ва даҳҳои дигар бо эҳсоси баланд ва боварии зиёд қисса мекард ва мекунад.
Рӯзе пурсидамаш, ки ин афсонаҳо чи зарурате доранд, ки пайваста қисса мекунед? Гуфт: дар мо одати аҷдодиест, ки фарзандонамонро дар РӮҲИЯИ гузаштаи пурифтихори миллиямон ба воя расонем, то онҳо ҳамеша худро далеру қудратманду ҳушманду тавоно ва бисёр ҳам муҳим дар ҷомеа эҳсос кунанд.
Баъдан рафиқам гуфт, ки дар яке аз омаданҳоям ба Ватан ШОҲНОМА-еро ҳамроҳ бурдам ва қаҳрамонҳояшро ба фарзандонам шинос кардам:
РУСТАМ – Қаҳрамони бузургтарини «Шоҳнома», паҳлавони Сиистону Эрон, писари ЗОЛИ ЗАР.
ЗОЛИ ЗАР – Падари Рустам, паҳлавони оқил ва бофарҳанг, ки аз ҷониби мурғи афсонавии Симурғ бузург шудааст.
СУҲРОБ – Писари Рустам, ки нохудогоҳона дар набард бо падараш кушта мешавад.
СИЁВУШ – Шоҳзодаи бегуноҳ, рамзи покӣ ва садоқат, ки ба таври фоҷиавӣ ба қатл мерасад.
КОВА – Паҳлавони пир ва фидокор, ки байрақи озодӣ (Дирафши Ковиёнӣ)-ро барафрӯхтааст.
ФАРИДУН – Подшоҳи одил ва бузург, ки Заҳҳокро мағлуб мекунад.
ЗАҲҲОК – Подшоҳи золим, ки аз ҳар 2 китфаш мор мерӯяд, рамзи бадӣ.
БЕЖАН ва МАНИЖА, МАНУЧЕҲР, НОҲИД, ЭРАҶ, ГУРДОФАРИД, ТАҲМИНА – ва даҳҳои дигар, ки достон ба достон хонда, барои кӯдаконам қисса мекардаму дар вуҷуди худам низ нохудогоҳ ифтихор ҳувайдо мешуд…
…Ин қиссаи овардаи ман, панд ба дилхоҳ Модару Падар аст, ки новобаста ба кӣ ё чикора шудани фарзандатон, онҳоро дар РӮҲИЯИ МИЛЛӢ калон кунед, то ҳамеша АЗ МИЛЛАТУ АЗ ТАЪРИХУ АЗ ЗАБОНИ ХУД ЁД ВА ИФТИХОР КУНАД!…
ЧОП ВА ТӮҲФА ГАРДИДАНИ ШОҲНОМАИ БЕЗАВОЛИ ҲАКИМИ ТӮС БА ҲАР 1 ХОНАДОН, АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МУБОРАК!
Тоҳир Назар,
журналист
