Аз хурдану ошомидан ҷисми инсон сабзиш меёбад, лекин аз хондан ақл ва маънавиёт равнақ мекунад. Хондан инсонро ба мартабаҳои олии инсонӣ мерасонад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Хондан наҷот ёфтан аст”. Руҳи одами китобхону китобдӯст, солим аст. Каси китобхон тарбия мегирад, дар ҳамаи мушкилоти зиндагӣ сабр карда, андеша карда метавонад. Воқеан ҳам одами бесавод бетарбия мешавад, бетарбия бошад, дилхоҳ кори бадро бетарсона, андеша накарда, ба иҷро мерасонад.
Аз нишондоди омории Вазорати шуғли аҳолии кишвар хондам, ки дар ним соли 2025 анқариб 5 ҳазор оила талоқ шудааст. Ба андешаи ман аз ин ҷудошудаҳо зан ё мард босаводу китобхон мебуданд, ба ҷудошавӣ ва ятим мондани фарзандон роҳ намедоданд.
5 – 6 сол мешавад, ки бо дилсӯзӣ ва ибтикороти Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва дигар намуди озмунҳо, ки робита ба китобхонӣ доранд, роҳандозӣ шудаанд. То андозае “Фурӯғ…” ва дигар озмунҳо дар саросари кишвар асари хуб гузошта истодаанд. Илова ба ин камина 1 илова доштам: Агар вазорати фарҳанг ва маорифу илми кишвар қабул дошта бошанд, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод кунанд, ки дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ» 1 намунаи дигар ба номи “Забондонӣ” аз соли оянда илова шавад. Довталаби номинатсия аз 4 забон англисӣ, русӣ, хитоӣ ва арабӣ якеашро интихоб кунад, довталаби шоҳҷоизаи ин номина аз руйи ҳама забонҳо ҷавобгӯ бошад. Ба забондонии насламон бисёр хуб кумак мерасонад, Имрӯз дар муоширату муомилаи дунёӣ забондонӣ бисёр лозим аст.
А. Маҷидзода,
н. Фархор
