Тақлид моро мекушад

Бадтарин, золимтарин, ваҳшатноктарин чизи дунё тақлид аст. Ва пештоз аз ҳама мегӯям, ки тақлид аслан аз ҳоҷию муллоҳо сар зад. Чун ҳоҷӣ аз ҳаҷ меояд сару либоси аҷдодиро фаромӯш карда, худро зинда ба зинда кафанпӯш мекунад. Чун садсолаҳо гузашт ягон мулло, имом, хатиб оиди макруҳу гуноҳ будани исрофкорӣ дар тӯю худоиҳо ҳарфе нагуфтанд ва авом рафт сӯи чоҳи бехабарӣ, дур аз арзишҳои исломӣ.

Ҳоло ҳам мушоҳида мекунам, ки мардум ба таъкиду огоҳиҳо, пешниҳоду ҳатто супоришҳо боз ва боз ба тақлид даст мезананд. Пинҳонию номаълум сею ҳафт, дар хонаю тарабхонаҳо хатнасуру гавҳорабандон, зодрӯзу арусу домодталбон мегузаронанд, шаҳтоз мегиранд.

Чизи аз ҳама дардовар ин ба либоси арабу эрониву авғон тақлид кардани сокинони ҷумҳурист. Кӯчаҳо пури сатр, фавҷ-фавҷ наврсау ҷавон, миёнсолон сафедпушу эзорпушу баъзе зотҳояш шарм накарда шортикпӯшанд. Дар манаҳҳояшон ришҳои аҷоибу ғароиб мемонанд. Ҳол он ки аз зурии буи бади баъзеяш гузашта намешавад.

Аз ин рӯ бори дигар ба вакилони парлумон, ҳуқуқу қонундонҳо, олимону таърихдонон муроҷиат карда чунин мегӯям: оқибати тақлид нести миллат аст. Пас муҷозоту ҷаримаро нисбати тақлидкорон даҳчанду садчанд кардан зарур аст. Мард то ба сини шасту се нарасад риш намонад. Аминам, ки баъди ин мо боз ба асли хеш хоҳем баргашт ва ҷаҳониён моро на чун арабу ирониву авғон балки чун тоҷик, яъне ҳачун сари миллатҳои дигари дунё шиносанду эътироф кунанд.

Нурулло

Ҳасанов,

рӯзноманигор

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube