МОДАРИ «ДИЛШОД – КРАСАВЧИК» ЗИНДОНӢ ШУД!

19.06.2024. Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҷида Саидмуродоваи 65 – соларо ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Бояд гуфт, ки Соҷида Саидмуродова модари Дилшод Саидмуродов аст, ки бо лақаби “Дилшод- красавчик» ё «СБ» машҳур буд…

Соҷида Саидмуродова ба қаллобӣ, сохтакории аснод, ғасби қитъаи замин ва монеагӣ ба тафтишот гунаҳкор дониста мешавад. Дар якҷоягӣ бо Соҷида Саидмуродова 2 корманди идораи бойгонӣ ва 1 масъули пешини корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул низ ҷазо гирифтанд. Гуфта мешавад, ки онҳо дар сохтакории аснод ба номбурда ёрӣ расондаанд.

Ин нафар модари ҳамон қотилест, ки 1 сол пеш бонкдори маъруфи Ориёнбонкро ба таври комилан берҳамона кушт. Гуфта мешавад, Дилшоди Красавчик бо марҳум Шуҳрат Исматуллоев чанд сол «дӯстӣ» мекарду дар асл нақшаи қатлашро мекашид. Танҳо тасаввур кунед, ки то кадом ҳадд одам бояд бадзот бошад, ки бо нафаре шабу рӯз шишту хезу табассум намудаву латифгуторӣ  карда, дар сар танҳо фикри кушти ин бегуноҳро дошта бошад…

 

Қатли Бонкдори №1

Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев 23.06.2023 дар шаҳри Душанбе аз назди хонааш рабуда шуд. Баъдтар Прокуратураи генералии кишвар хабар дод, ки Шуҳрат Исматуллоевро 1 гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабуда, дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.”

Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтанд. Баъдтар Генпрокуратураи кишвар навишт, ки дар умум 13 аъзои гуруҳи ҷиноятӣ, ки дар қазияи рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доштанд, дастгир шудаанд. Дилшод Саидмуродов, ки дар ин ҷиноят нақши калидӣ дошт, роҳари ин гурӯҳи ҷиноӣ маҳсуб меёфт, аз кишвар фирор кард…

 

Дилшод – «красавчик» кист?

Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович, санаи таваллудаш 04.06.1984, зода ва истиқоматкунандаи ш.Душанбе, к.А.Навоӣ, бинои 5/8, ҳуҷраи 1, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор, соҳиби 1 фарзанд. Номбурда соли 2001 МТМУ №8 н.И.Сомонии ш.Душанберо хатм намуда, ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россия дар ш.Санкт-Петербург дохил шуда, соли 2006 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Соли 2007 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ба сафи мақомоти корҳои дохилӣ дохил шудааст. Аз моҳи октябри соли 2007 то соли 2008 дар вазифаи ваколатдори оперативии шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамони РМЗҶМ (УБОП) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.

Солҳои 2008 вазифаи ишғолнамудаашро иваз намуда, аз РМЗҶМ ба РОҶ КВД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, дар вазифаи ваколатдори оперативӣ кор кард. Худи ҳамон сол боз аз РОҶ ба РАД (Внутреняя Безопасность) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, дар вазифаи нозир то соли 2010 кору фаъолият намуд.

Соли 2010 аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуда, 4 сол ба баъд, яъне дар соли 2014 дар мақомоти прокуратура ба кор даромада, 1 муддати кӯтоҳ дар вазифаи мутахассис – кибернетики Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, дар он ҷо низ аз сафи мақомот озод карда шудааст.

Баъди озод гардидан аз сафи мақомоти прокуратура дар соли 2016 ба сафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дохил шуда, 1 муддати кӯтоҳ дар он ҷо кору фаъолият намудааст, рутбаи ҳарбиаш капитани адлия мебошад.

Яъне ин шахс дар 3 вазорати калидии кишвар-ВКД, Генпрокуратура ва Агентии коррупсия кору фаъолият мекард!

 

Фирор, ҳабс ва ҳукми абад

Пас аз содир намудани ҷиноят дар ҳайати гурӯҳи мутташакили ҷиноӣ санаи 25.06.2023, соати 06:00 тавассути фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, аз толори СИП, бо хатсайри Душанбе – Москва ба Федератсияи Россия фирор намуд. Вале аз қонун ҷои гурез ҳатс магар???

Дилшод Саидмуродовро дастгир карда, ба Душанбе оварданд ва ҷазои сазоворе гирифт.

18.03.2024 Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 нафарро, ки дар дуздӣ ва куштори бонкдори номӣ даст доштанд, аз 1 то 27 сол равонаи зиндон кард. 5 нафар аз роҳбарони ин амалиёти ҷиноӣ:

Азизов Қамарулзамон;
Саидмуродов Дилшод (дилшод СБ);
Ахмедов Акбар;
Шоҳрух Хӯҷаев;
Сафаров Бахтовараз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳоба ҳабси якумра маҳкум шуданд.

О. Достиева

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube