МУҲОҶИРАТ: АЗ МАҶБУРӢ ТО ИХТИЁРӢ

18 декабр – Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират

Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,

Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб…

1 нуктаро бояд таъкид кард, ки дар 99,9% Тоҷикон ба хориҷа ба муҳоҷирати ихтиёрӣ мераванд, на маҷбурӣ. Аввалӣ аз дуввумӣ хеле фарқи бузург дорад! Ва мо сари он баҳс мекунем. Мо Метавонем!

Ҳиҷрат, муҳоҷират, мусофирӣ, ки дар луғати бобоии мо бо номи ҒАРИБӢ маъруфу машҳур аст, ҳатто пайғамбарони Худоро муяссар гардида. Ва дар аксари маврид пайғамбарон муҳоҷирати маҷбурӣ ва дар аксари ҳолат, бо роҳи фирор, гурез, кардаанд. Мисоли барҷастааш, фирори Мусо калимуллоҳ аз Фиръавн ва ҳиҷрат-гурези Муҳаммад (с) аз қавми Қурайш аст. Воқеан ҳам ҳиҷрати дуввумӣ, ҳатто ба календари исломӣ, тақвими мо таъсиргузор гардид…

Яъне муҳоҷират 1 амали маъмулиест, ки дар ҳама давру замонҳо будааст. Муҳоҷирати ихтиёрӣ, барои дарёфти рӯзии бештар ва зиндагонии фареҳ таҳия кардан, низ ҳама вақт вуҷуд дошт. Мисоли барҷастаи муҳоҷират барои дарёфти пулу молу манол…ҳиҷрати мардуми Аврупо ба Амрикост, ки онро сафар аз Олами Кӯҳна ба Олами Нав хондаанд.

Таври маълум, баъди кашфи Амрико аз сӯи Христофор Колумб дар Аврупо хабаре паҳн гардид, ки дар қитъаи нав, яъне Амрико, аз осмон зар мерезаду аз замин тилло мерӯяд. Ва ҳама кӯч баст сӯи ин қора. Дар Аврупо на дузд монду на ғар, на одамкушу на фитнагар. Инҳо дар Амрико он қадар хуни ноҳақи туземетс-ҳиндувони таҳҷоиро рехтанд, ки садсолаҳо дар номаи аъмолашон сиёҳкорӣ гардид. Англису немису фаронсавию ҳолландиву испаниҳо ба Африқову Ҳинд низ ҳамингуна муҳоҷир шуданд-барои дарёфти сарват ва ғуломсозии мардуми таҳҷоӣ…

Ҳамингуна муҳоҷират дар тамомии асру давраҳо буду ҳаст. Ҳоло ҳам давом дорад. Инак барои нафту газ бо усули неоколонизм абарқудратҳо ба қораи Араб мешоранд. Дур нест, ки маъхазҳои газу нафт аз дасти шайхони камхиради араб ба дасти аврупоиён гузарад. Зинда бошем мебинем. Мо Метавонем!

Вале ҳоло муҳоҷирони Тоҷикро гирем. Аксаран ин мардум барои зиндагонии фареҳ мераванд, ки ҳалолашон бод.

19.12.2023. Соат ба вақти ГЖК 10:03 дақиқа. Вақте ҳамин матлабро менавиштам, гуруснагӣ таъсиргузор шуду хостам наҳор кунам. Зеро саҳари сешанбе, таври маълум, кормандони СССР вақти «завтрак» надоранду аҷала ба кор меоянд, то шумораи навбатиро барои ту, хонандаи ин сутур таҳия созанд.

Хулласи калом, баъди оне, ки А. Собиру У. Шерхону Ҷ. Ҳусейн гуфтанд, то чошт сабр мекунему ҲАТТО Идибек Маҳмудҷонов иддао овард, «вақти ғизо надорам!», поин шудам ва дар ошхонаи ошёнаи 2 бо Қурбон Аҳмадзода, журналисти ҷавон, собиқ коргари «Минбари халқ» ва Радиои «Ватан» дучор омадам (ниг. ба акс). Қурбон қисса кард (бинед, махсус бар мавзуъи имрӯзаи мо), маоши кам дар ин 2 расона ва ваъдаҳои «кӯҳи тилло дар Россия» тавъам бо ташвиқу тарғиби ҳамдиёронаш ӯро ба Маскав кашид. 3 моҳ азоби ғурбат, азияти муҳоҷират ва фанди ҳамватанонро хӯрда, бо тани афгору сиҳҳати аздастдода, бозпас омад. Ӯ гуфт:

– Ҳар ситаме, ки ман дидаму ҳар Тоҷик дар Россия мебинад, аз ҳамватан аст. Дар аксари маврид русҳо, ки ин ҷо аз ишон менолем, басе бораҳмтар аз худи тоҷиконанд. Дар 3 моҳ 4 шаҳри Россияро гашта, 1 тоҷикеро надидам, ки дасти тоҷике гирад….

Хулласи калом, «саргузашти афсонавӣ» ва дарёфти «ганҷи Кӯҳи Қоф» бе натиҷа меанҷомаду Аҳмадзода ба Тоҷикистон меояд. Сардиву намӣ кори худро карданд ва ӯ бояд дар бемористони Шифобахш-Қараболо ҳамин ҳафта ҷарроҳӣ шавад. Амалиёти хеле гаронарзиши ивазсозии 1 органи табиӣ бар сунъӣ. Ба бахташ, ӯро Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ қабул кардаву нисфи пули органи сунъиро пардохт ва амалиётро ройгон кард. Дар Шифобахш ба ӯ кату ҳуҷраи алоҳида ваъда карданд. Ҳама ройгон. Ба хотири иззати касби журналистӣ!!! Худо шифои комилу вофиру оҷил диҳад, ҳамкасби ҷавони моро…

Ба ҳамин тартиб зиёд мешунавему мебинему медонем, ки Тоҷикон барои зиндагонии хубу беҳтар мераванду маъюбу маҷрӯҳ ва фиребхӯрда бармегарданд. Мутаассуф, дар ғурбат маҳз Тоҷик бар тоҷик ситам мекунад. Чаро Россияро мисол овардем? Зеро таври маълум аксарияти кулли муҳоҷирини мо маҳз ба ҳамин кишвар рахт мебанданд, то соҳиби тахт шаванд. Теъдодашон низ номаълум аст. Мақомоти Россия онҳоро 2 млн мегӯянд, масъулини мо ҳудуди 800-900 ҳазор то 1 миллион. Вале ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки агар онҳо 2 млн ҳам бошанд, муҳоҷирони ихтиёриянд!

19.12.2023. Соат ба вақти СССР 10:33 дақиқа. То ҳамин сонияе, ки ин сутурро менигорам, теъдоди муҳоҷирони иҷборӣ, ки аз хавфи ҷангу хатари кушта шудан ватанашонро тарк карда, фирорӣ шудаанд, аккурат, ба 114 млн нафар расид!!!

Шукри беҳад мар Худои покро, ки дар ин миён 1 тоҷик ҳам нест! Аксарияти кулли ин бечорагон маҳз бар асари бомбаборони «демократӣ»-и Аврупо ва Амрико бе хонаву дар шудаанд. Ҷангҳои дохилӣ низ, ки дар қораи Арабу қитъаи Африқо роҳандозӣ гардидаву боиси мигратсияи маҷбурӣ мешаванд, низ моли тахаййули Ғарбанд! Ба таҳқиқ имрӯз дар олами ислом ва қитъаи Африқо 1 ҷанги граждание нест, ки бе дахолати Иттиҳоди Аврупову Амрико сар назанад. Ва инро на танҳо ман мегӯям, ки худашон ҳам медонанд. Ин танҳо 3-4 фанати арабзадаро Абдуқодири Абдуқаҳҳору Саъдии Маҳдӣ ва Абдуллои Раҳнамову Сайёфи Мизроб мебинанду таъна мезананд. Даҳҳо, садҳо, ҳазорон грантхӯрҳои Аврупову Амрикоро, ки ба оҳистагӣ зери фундаменти давлатдорӣ об мегузоранд, мо то ҳанӯз надидаем. Ва ин боиси таассуф аст. Инҳо на камтар хатар аз унҳош доранд, бовар кун, хонанда!

Хатари бузургтаре, ки сари давлати мо ва куллияи давлатҳои Олами №3 овезон аст, ин Грин-Корти Амрикоӣ ва «Переселение»-и русӣ мебошад. Чаро? Зеро тибқи ана ҳамингуна барномаҳо абарқудратон гулҳои сари сабади ҷомеаи моро мерабоянд. Фарзи мисол, дар лоиҳаи «доброволное переселение» Маскав барои ҳар аризадиҳанда 20000 ва сари ҳар 1 узви оила 10000 рубли русӣ мепардозад. Яъне агар оилаи шумо мураттаб аз 5-6 нафар аст, мутаносибан ҳудуди 100 ҳазор рубл гирифта, дар Россия бо хонаву манзил низ таъмин мегардед. Тибқи ин ва дигар барномаҳо, дар 1 соат то 20 тоҷикистонӣ, дар соли 2023, шаҳрвандии ФР қабул кардаанд. Дар соли 2023 беш аз 87000 нафар, дар соли 2020 ҳудуди 63000, дар соли 2021 наздики 103 ҳазор ва дар соли 2022 бештар аз 173000 нафар шаҳрванди Россия шудаанд. Хотиррас мешавам, аксарияти куллашон мутахассисанд!

Аз соли 2001 то имрӯз, ки барномаи Green Card роҳандозӣ шуд, 17.946 шаҳрванди Тоҷикистон гражданини ИМА шудаанд ва ҳамаи инҳо мутахассис ва косибанд!

Чаро ин лоиҳаҳо хатарзоянд? Зеро зиёиён, донишмандон, мутахассисин, ки рафтанд, дигар мемонад кишвареву толпаи фанатҳо. Барои мисол дур намеравем. Афғонистонро бинед. Тӯли будани худ дар ин ҷо давлатҳои узви НАТО тамомии донишмандону косибону зиёиёнро КУЛЛАН ба кишварҳои хеш интиқол доданд! Ва ин аст, ки дар Афғонистон 1 қудрате нест, то зидди фашизми асримиёнагии паштунҳои кӯчманчӣ садо баланд кунад. Ҳини таҷовузи СССР ин кишвар ҳазорон-ҳазор Аҳмадшоҳи Масъуду Раббониву Фаҳиму Дустум дошту миллион донишманду ватанпараст. Имрӯз ҳама фирор кард. Аз Аврупо метавонанд даҳсолаҳо митингу тазоҳурот дар назди сафоратҳонаҳо кунанд, вале касе ба додашон намерасад. Зеро гӯши суханшунав дар дохили ватан намондааст. Мисле, ки эрониён миллион-миллион фирор карданду дар Амрикову Канадаву Аврупо сукунат ихтиёр кардаву 45 сол аст, тазоҳур мекунанду доди ватанхоҳӣ мезананд, вале ватан ҳамон аст, ки буд ва дар дасти охунд хоҳад монд…

Муҳоҷири ихтиёрӣ метавонад тавассути дилхоҳ хатсайр ба Ватан ояду дар тӯю сӯр ва маргу мотами пайвандон шарик гардад. Мурдаашро ҳам ба ватан меоранд. Вале войи онҳое, ки муҳоҷири маҷбуриянд…

Воқеан ҳам шунидам, 1 нафар, ки худро муҳоҷири маҷбурӣ «ҳукм кардааст» ва дар хориҷа «пинҳон» гаштааст, барои рӯшан нашудани ин фандаш, тӯйи фарзандонашро дар ҳамсоякишвар гузаронидааст. Гӯиё дар Тоҷикистон ӯро дошта, суд мекардаанд, ҳол он ки дар ин ҷо ӯро касе пайгард намекунаду нахоҳад кард… Вой бар чунинҳо, ки назди худу Худояшон дурӯғ мегӯянд.

Мо Метавонем!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube