«НАҲАНГИ ҶУМҲУРӢ» (Ин аст лақаби ифтихории вазир Абдумалик Абдуллоҷонов. Чаро?)

Ба вазири маҳсулоти ғаллагии ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов одамони худӣ дар мадди аввал меистанд, албатта, он одамони худӣ, ки аз онҳо ақаллан як пайса фоида бошад, аз ҷониби ин тоифа ба тарафи Абдуллоҷонов параха паридан гирад, парахаи манфиатбахш.

Мисоли оҳарии ин даъвои мо Раҳмон Савлатов ном шахсест, ки ӯ дар сояи давлати Абдуллоҷонов муддате мудири анбори ғаллаи муассисаи истеҳсоли орди шаҳри Турсунзода буд. Ҳамин ки он ҷо кораш омад накард, вазир ба ӯ комбинати орди Орҷоникидзеободро пешкаш намуд. Гумоштаи вазоратпаноҳӣ дар ин корхона низ дурустакак реша надавонд, пас бо маншури хоса ба иттиҳодияи истеҳсолии «Ғалла»-и Душанбе дар умури сардори осиёи аввал маъмур шуд ва ба ҳавосу авом манзур…

Далели дигар он аст, ки одами худии вазир Абдулло Субҳонов дар иттиҳодияи «Ғалла»-и Душанбе, Мирзо Маҳмадёров ва Тоҷиддин Маҳмадов дар комбинати орди Орҷоникидзеобод мудирони анбор мебошанд.

Аммо директори генералии иттиҳодияи истеҳсолии «Ғалла» Аҳрор Умаров дар бадали 6 соли фаъолияташ дар ин муассиса ба пирӯзиҳои хеле баланди кор муваффақ шуд, ба ин гурӯх дохил нест. Гувоҳи возеҳи ин гуфтаҳо онанд, ки иттиҳодия 5 соли охир пай дар ҳам ба парчамҳои нусрати кор ноил гардида, коргарон аз ҳавасмандии моддию маънавӣ бархурдор шуданд. Роҳбари муассиса маҳз дар ҳамин давра ба унвони иқтисоддони Шоистаи ҷумҳурӣ шарафёб гашт. Ба аксари ин пешниҳодот худи вазири муҳтарам лутфан имзои муборак гузошта, натиҷаҳои аълою хуби кору талошҳои Умаровро тасдиқ кардааст. Интихобкунандагон аз ҷумлаи теъдоди зиёди довталабон маҳз Аҳрор Умаровро вакили халқ дар Шӯрои Олӣ интихоб карданд. Вале чаро вазир аз ин пирӯзиҳо қонеъ нест ва ҳама ибтикори А. Умаровро нодида мегирад?

Гап ин аст, ки иттиҳодияи «Ғалла» ҳама бурду бохт, шикасту рехти корхонаро муҳосиба карда, ба хулосае омад, ки як воҳиди мустақили идорӣ бошад. Ин ба табъи вазир нафорид. Биноан, А. Абдуллоҷонов бо тамоми аркони пуриқтидори вазорати худ бар зидди А. Умаров ҷанги оштинопазир эълон намуда, дар ин амали нопоки хеш як теъдод кормандони рӯзномаҳои «Вечерний Душанбе» ва ахиран ходимони «Коммунист Таджикистана»-ро низ бо роҳи фиребу дағосозӣ ва найрангу гӯлбозӣ ба тарафи худ ҷалб кардааст. Дар оқибати ин қаллобии ӯ рӯзномаи «Вечерний Душанбе» якчанд мақолаи буҳтономез чоп намуд.

А. Умаров рӯзномаи «Вечерний Душанбе»-ро ба маҳкама кашид ва мухбири рӯзномаи «Вечерний Душанбе» – Е. Севернаяро барои иғвогариҳо ба маблағи 2500 сӯм ҷурмона андохт. Муҳаррики пасипардагии ин ҳама дасисабозиҳо А. Абдуллоҷонов аз ҳукми суд сабақе наёмӯхта, баръакс оташи хусуматаш нисбати А. Умаров рӯз аз рӯз афрӯхтан гирифт. Ва чанде пеш дар коллегияи сайёри вазорат, ки дар маҷлисгоҳи иттиҳодия барпо шуд (дар он аз коргарони иттиҳодия дида, шарикони вазир бештар буданд), А. Умаровро аз иҷрои вазифа маъзул кард. Ва мувофиқи ваъдаю савганд «фурсати мувофиқ» фаро расиду ҷалолатмаоб вазир дастёру ҳозирбоши худ Савлатовро дар вазифаи директори генералӣ муваққатан мунассаб намуд.

Чун 3 сол муқаддам дар назди вазорат кооперативи «Меҳнат» таъсис шуд, Абдуллоҷонов дарҳол шарики найрангбозиҳои худ ҳанноти гузаро – М. Кулангиевро раиси он таъйин намуд.

26 майи соли 1989 идораи нотариалии шаҳри Москва Шартномаи ташкили Муассисаи якҷояи «Суғдиён»-ро (бо ҳамкории корчаллонҳои кишвари Швейсария) ба қайд мегирад, ки таъсисгари он кооперативи «Меҳнат» аст. Вазир ба вазифаи директори генералии «Суғдиён» холабачааш Ф. Мирпоччоевро пешбарӣ карда, мансаби президенти онро хоксорона худаш ишғол мекунад. Қаблан ҳаминро бояд зикр кунем, ки баробари як идда ташкилот, ҳамчунин иттиҳодияи «номдор»-и ҷумҳурӣ «Тоҷиквнешторг» ба «Суғдиён» ҳаққи саҳомӣ доштааст. Яъне вазири мо бо ҷаноби Гайтсгории ҳаққимардумхӯр, ки ҳоло дар мулки Исроил кайфу сафо дорад, ҳамтабақ ва эҳтимол дар шайтонӣ ҳамсабақ ҳам будааст. Ҳамин ки вазир дар давраҳо нишинад, аз хусуси усули нави пунбакорӣ (ин усули исроилӣ будааст) газофгӯӣ мекунад, ки инро вазорат дар сарзамини Ашт бар дӯш гирифтааст.

Зимнан Абдуллоҷонов танҳо дар кишоварзӣ не, балки дар дигар бобат низ ихтироъҳои булаҷибе дорад, ки тавассути ҳамкосаҳои хеш анҷом додааст. Масалан, мувофиқи ҳидояти корманди масъули «Суғдиён» М. Кулангиев ва бо ҳуҷҷати пулсупории №56 аз таърихи 27.04.1990 ба заводи пахтатозакунии Октябри вилояти Қӯрғонтеппа маблағи 100.000 сӯм фиристода, бар ивази он мошини наппа-нави «ГАЗ-31-02» харида шудааст. Ин мошин аз тарафи муассисаи «Суғдиён» ба президенти ҳамин муассиса А. Абдуллоҷонов туҳфа шудааст. Онро як наҳанги музофотӣ ба даст оварда, аммо аз истифодааш кебидааст. Ҳеҷ боке не, наҳанги ҷумҳурӣ кайф карда, савор мешавад. Мегӯянд, ки «ГАЗ-31»-ро вазир рӯзҳои ҷашну сур истифода мекунад (Дар рӯзҳои муқаррарӣ бошад, «ГАЗ-24»-и сафедак дорад). Воқеан пуштибони вазир кӣ бошад, ки дар чунин айёме, ки деҳқонони тоҷик базӯр бурдаи ноне меёбанд, аммо вазираш давр меронад?

Аммо ба мошини «ГАЗ-31»-и А. Абдуллоҷонов якбора 2 нафар ронанда – О. Ҷумъаев ва К. Баҳронов хизмат мерасонанд, ки аз муассисаи «Суғдиён» маош мегиранд.

Ин рӯзгори шоҳаншоҳӣ ҳама аз ҳисоби ҷамъият аст. Вале ин ҷо ҳар кӣ ангушти ҳайрат мегазад, ки чунин шахсони масъул ба ин қадар разилӣ ва пастию фурӯмоягӣ ҳам роҳ додаанд. Омӯзиши дақиқи асноди муҳосиба возеҳ месозанд, ки вазир А. Абдуллоҷонов ва надимони ӯ – В. Тишенко, М. Кулангиев, У. Рӯзиев, И. Иброҳимов, ҷонишини сардори раёсати авиатсияи шаҳрвандии ҷумҳурӣ Ю.И. Герасимов ба сафарҳои хидматӣ рафта, ба шӯъбаи муҳосибаи муассисаи «Суғдиён» ксеро-нусхаи ҳуҷҷатҳои сафарро супурдаанд ва ба як сафари хидматӣ аз ду идора харҷи роҳ гирифтаанд. Ба виҷдони шахси соҳибмансаб, коммунист ва масъуле нигаред, ки худро фарзанди халқ ҳисоб менамояд ва фарди аз ин найрангҳо бехабар бовар ҳам карданаш мумкин аст.

Дар рӯзҳои 7, 8 ва 9 сентябри соли гузашта як теъдод меҳмонон бо даъвати муассисаи «Суғдиён» ба Душанбе омаданд, ки дар ҳамон рӯзҳо тӯйи арӯсии духтари А. Абдуллоҷонов баргузор шудааст. Маълум мешавад, ки ӯ ба ин тӯй ҳам харҷи роҳи меҳмонони олиқадрро «саховатмандона» ба гардани «Суғдиён» бор кардааст.

Тавре ки маълум аст, «Суғдиён» ташкилоти серсоҳа буда, барои идора кардани фаъолияти пурқиматаш масъулини он 4 адад компютерҳои навъи СВМ овардаанд. Шуъбаи таъминоти молию техникии вазорат барои ин сомони гаронбаҳо 320.000 сӯми нақдинаро дода, 2 дона компютерро ба М. Кулангиев ва якдонагӣ ба А. Абдуллоҷонову Ф. Мирпоччоев туҳфа кардаанд. Яъне, худашон қарор бароварда, аз моли ҷомеа худашонро сарфароз кардаанд. Фаромӯш накунед, ки нархи давлатии ҳар як донаи он 80.000 сӯмакак аст…

Боре А. Абдуллоҷонов аз як нафар таҳвилдори комбинати орди Орҷоникидзеобод барои иҷрои вазифаи муҳиме 100.000 сӯм талаб мекунад. Тавре ки таҳвилдор иқрор аст, баъди анҷоми кори муҳимаш ба А. Абдуллоҷонов 60.000 сӯм пули нақд ва ба маблағи 26.000 сӯм магнитофону радиоҳои японӣ пешкаш кардааст. Ҳоло ин таҳвилдор маҳбус аст ва таҳти таҳқиқ қарор дорад. Бо амри прокурор ин сомони хориҷӣ аз даргоҳи вазир забт гардида, ба шуъбаи марбутаи маъмурӣ интиқол ва маҳфуз шудааст. Вале он боиси таҳайюр бошад, ки А. Абдуллоҷонов бо ин ҳама табаҳкориҳо мансаби вазоратро ба кадом рӯю виҷдон «устокорона» назорат мекарда бошад?

Миш-миш ҳаст, ки вазири валинеъмат ҳар сол 15-20 адад мошинҳои сабукравро бо фармонҳои қотеъи худ ба афроди нолоиқ, вале танҳо ба худи вазир мувофиқ тақдим мекунад. Масалан, баъзе барменҳои муассисоти «Суғдиён», агар теъдоди фурӯши бӯзаашон ба якчанд ҳазор кӯза расад, ки он ҳеҷ мушкилие надорад, ба калиди «Жигули»-ҳои ялаққосӣ дастёб мешаванд. Вале коргарони муассисоти вазорат 10 сол заҳмат кашанд ҳам, соҳиби чорчарха шуданашон амри муҳол аст. Дар тақсимоти хонаҳо низ ин ҷо чунин беадолатиҳо бисёранд. Аммо вазир ба духтари дирӯзакак тӯйшуда ва домодтӯрааш (писари директори иттиҳодияи ғаллаи Қайроққум Абдуҷалил Ҳомидов) квартираи яксаду чанд метримураббаи ҳукуматиро бо «Жигули»-и ҷадид бахшоиш карда, худ ба ҳавлии дакаданг (дар ҳамсоягии собиқ раиси кооперативи «Пищевик» Р. Юлдошев) кӯч баст. А. Абдуллоҷонов ба муқаррабони худ ҳамин навъ муҳаббат ва лутфу марҳамат мекунад.

Ба ҳамин васила ҳуҷҷатҳои кооперативи «Меҳнат» ва «Суғдиён» ончунон печидааст, ки касе сарфаҳм намеравад. Шояд бо мақсади махсуси чигилбофӣ дар вазифаҳои сармуҳосибу хазинадори ин ду муассиса, яъне кори 4 нафарро хилофи қонун танҳо ба як худи А.К. Николаев супурдаанд. Эҳтимол ин печидагиҳо ба сиҳатии А.К. Николаев таъсири зишт расонида бошад, ки ӯ дар роҳи равон якбора афтодаасту ҷон ба ҷонофарин додааст. Аҷаб марги шубҳаноке…

Ҳамин ранг марги нобаҳангом насиби раиси кооперативи «Пищевик» (марбути вазорати маҳсулоти ғалла) Рустам Юлдошев шудааст. Рустами раҳматӣ дар кадом як тарабхона шаробфурӯш будааст. Сонӣ якбора раиси кооперативи калонтарин таъйин шуда, мехоҳад, ки дар шаҳри азим ному нишоне дошта бошад.

Боре ба ӯ ишора кардаанд, ки «магар шаробфурӯшиат» беташвиш набуд? Дар ҳамин вақт Рустами бечора гуфтааст, ки барои ин вазифа ба вазир ҳадяи хеле калон кардааст. Ин воқеа бори дигар исбот менамояд, ки алҳақ забони сурх сари сабз медиҳад барбод.

Ба ҳамин қарибӣ ронандаи (БКК) комбинати булкаю кондитерӣ (ин муассиса ҳам марбути вазорати маҳсулоти ғаллагист) Раҳматулло Раҳматов мошини худро аз сақич (бо арзиши даҳҳо ҳазор сӯм) пур карда, роҳи Ӯзбекистонро пеш мегирад. Сақич маҳсулоти ин комбинат буда, дар ҷумҳурии бародар харидори зиёд доштааст. Аммо дар роҳ мошинро тасодуфан кормандони милиса медоранд. Азбаски ҳуҷҷатҳои бор сохта будаанд, ронанда маҳсулоти дуздӣ ва мошинро ба ҳоли худ мегузораду фирор мекунад. Лекин ҳамон шаб пайки аҷал мерасад ва ронанда ҳам вафот мекунад. Бо ҳамин асрори ин борро бо худ ба гӯр мебарад. Оё барои як вазорат гарон намеафтад, ки кормандони сиҳату саломаташ пай дар ҳам тап-тап афтида мемиранд?

Мо тақсимоти вайрони хонаҳо, мошинфурӯшиҳо ва хусусан марги шубҳаноки ин 3 нафарро ба дӯши идораҳои маъмурӣ ҳавола мекунем, то зудтар ин масоилро возеҳ бисозанд.

Дар фарҷоми ин мақола боз як ҷинояти нобахшидании А. Абдуллоҷоновро зикр намуданием. Далелҳо собит месозанд, ки ӯ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ғаллаи навъи чорвохӯрро (зеро арзонбаҳост) барои зарурати сокинони Тоҷикистони маҳбубамон оварда, дар санадҳо нишон додааст, ки гӯё ин гандуми навъи аввали кишвари Канада мебошад. Ана, роҳбаре, ки ба ҳирси пул афтад, чӣ қадар шайтанатпешагӣ хоҳад кард!

…Чанд рӯз муқаддам вазорати маҳсулоти ғалла нақли макон карда, дар бинои собиқи Шӯрои Вазирон ҷойгузин шуд. Ривоят доранд, ки А. Абдуллоҷонов утоқи сарвазирро барои худ ғасб карда, дар курсии нарми баланду боҳашамати вай нишастааст. Яъне ҳоло вазир дафтари кори сарвазирро фатҳ карда, қасд дорад вазифаашро ҳам бигирад. Худо накунад, ки ин амалӣ гардад. Аузу биллоҳи мин-аш-шайтони раҷим…

 

26.07.1991.

НАҲАНГИ ҶУМҲУРӢ – 2

Чанде пеш фармони Раёсати Шӯрои Олии ҷумҳурӣ доир ба сафири Тоҷикистон дар кишвари Русия таъйин намудани собиқ Раиси Шӯрои Вазирон Абдумалик Абдуллоҷонов тавассути расонаҳои ахбори умум интишор ёфт. Бо ҳамин хабар маълум шуд, ки ин шахс дар мансаби олии ҳукумат тасодуфӣ буда, биноан дуру дароз тоб наовард ва ба ин зудӣ поин фуромад. Вале дар ҳамон фармон як ишорате ҳаст, ки ба он ҳар кас чандон аҳаммият надод, ҳол он ки вай маънидор буд. Мувофиқи он ишора рутбаи сафирии Абдуллоҷонов одӣ не, балки ба мансаби муовини аввали Раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон баробар гардид. Яъне, Абдуллоҷонов аз асп фуромада бошад ҳам, талвоса намудааст, ки пояш ақаллан аз узангу канда нагардад ва ҳар чӣ шаваду дар рикоби ҳукумат монад. Лекин ҳамин тавзеҳоти фармон ба назар хилофи мантиқ мерасад: аввалан, Абдуллоҷонов ба вазифаи сафирӣ таъйин шуд, яъне ӯ ба вазири корҳои хориҷаи ҷумҳурӣ итоат мекунад, сониян вазифаи вай ба мансаби муовини аввали Раиси Шӯрои Вазирон баробар аст, яъне дар айни вақт мансабаш аз салоҳияти вазири корҳои хориҷа баландтар гардид. Ин ҷо ҳамин зайл як норавшанӣ ба амал омадааст. Бале, Абдуллоҷонов аз он тоифаи мансабдороне нест, ки ба раҳо додани зимоми давлат зуд гардан мефуроварда бошад. На, ӯ бо вазифаи сафирӣ ва рутбаи муовини аввали Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноат накарда, чи тавре ки мегӯянд, кулӯха ба санг ва санга ба кулӯх заду рутбаи худро ба мансаби муовини аввали сарвазири Федератсияи Русия бардошт. Ба ин чӣ тавр муваффақ гардиданашро фақат Худо, вазири умури хориҷаи ҷумҳурӣ медонаду худаш ва бо ҳамин усули рутбагирӣ моҳонаашро ба 1100072 (оре, як миллиону сад ҳазору ҳафтоду ду) рубл расонд (асли маошаш бо фармони ғайриқонунии вазири умури хориҷаи ҷумҳурӣ хеле зиёд – 666710 рубл муайян гардида), ба он 25 фоизи рутбаи дипломатӣ, ҳарчанд ки пеш ягон рӯз Абдуллоҷонов дипломат набудааст, ки 166678 руб мешавад ва 40 фоизи собиқаи кор, ки 266684 рублро ташкил менамояд, илова гардида, ҷамъулҷамъ ба ҳамон маблағи яклухт дакка мехӯрад. Ҳоло саросема нашавед, маоши сафири мо бо 1100072 рубл иктифо намеёбад, балки мувофиқи рутбаи муовини сарвазири ФР ба он иловаҳои дахлдор зам шуда, ғайр аз ин дар ҳар як чоряки сол як маошӣ ва ҳангоми ба рухсатӣ баромадан ду маош мукофот мегирад, ки ҳамаи ин сӯмҳои рахаш нашикастаи шараққосӣ ба ҷаноби сафир бидуни таъхир дода мешаванд. Мана, акнун ҳисоб кардан даркор, ки фақат маоши сафирии Абдуллоҷонов чанд рублро ташкил менамояд, албатта, ба ин даромадҳои ҳармоҳаи вай аз бисёр ширкатҳо, муассисаҳои муштарак, кооперативҳо ва ғайра, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он ташкил намудааст, дохил намешаванд. Хуб аст, ки маоши сафирамонро ҳеҷ кас намедонад, вагарна ба фарёду шеванамон доир ба камбағалӣ ва буҳрони шадиди иқтисоди ҷумҳурӣ ҳеҷ кас бовар намекард. Аз дигар тараф, хайрият, ки давлатамон ба ҳамаи кишварҳои ба мо иртиботи дипломатӣ дошта, сафирҳоро таъйин карда намефиристонад. Агар дар ҳамаи мамлакатҳои ба мо дӯст сафирҳоямон фаъолият медоштанду онҳо соҳиби чунин мақому моҳвори чор кас медидагӣ мебуданд, пас дар гардани ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ тубраи гадоӣ овезон мешуду бас. Хайрият…

Доир ба иштиҳои бебаркаши Абдуллоҷонов ишора карданамон бесабаб набуд. Дар пеши назари мо ҳуҷҷате истодааст, ки воқеан ҳам аз иштиҳои ниҳоят калони вай қотеъона гувоҳӣ медиҳад.

Тавре ки возеҳ аст, дар умури давлатдорӣ сарфу харҷи сафарҳои расмии роҳбарони давлату ҳукумат аз тарафи давлат пардохта мешаванд.

Вале, агар арбоби давлату ҳукумат ба ин ё он кишвар ба таври ғайрирасмӣ ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои шахсӣ, ки ба манфиати хоси худаш равона шуда бошад, сафар намояд, пас дар ин ҳолат масрафи он чӣ тавр пардохта мешавад? Дар ин даврони иқтисоди бозаргонӣ, ки ҳар як қадам ба ҳисоб асту аз кишваре ба кишваре рафтан, масрафи хӯрок, хидамоти нақлиёт, истиқомати шоҳона дар бӯстонсароҳои давлатӣ, инчунин таъмин намудани амнияти чунин фард, агарчи ташрифоташ ғарирасмист, маблағи хеле зиёдеро талаб дорад. Дар сурате, ки чунин шахс зимни сафари ғайрирасмӣ кори хусусии хешро анҷом дода бошад, бояд худаш он сарфу харҷро адо намояд. Ин як мафҳуми одиест, ки ба ҳамагон мисли оина равшан мебошад. Пас аз қарздор шудан дар муҳлати муайян адо нагардидани қарз ва ба таъқиби афроди расмӣ ирсол шудани номаҳо, ки пардохтани қарзро таъкид менамоянд, ин худ боиси як шармсории сахтест.

Дар ҳуҷҷате, ки аз тарафи Раёсати умумии муҳофизати Федератсияи Русия дар санаи 28 феврали соли 1994 содир шудааст, қайд карда мешавад, ки аз моҳи ноябри соли гузашта боз ба рақамҳисоби ин ташкилот маблағи қарз дохил нагардидааст. Ин маблағҳо ба таври зайл мебошанд: барои хӯрок 6 миллиону 616 ҳазору 682 рубл, барои хизмати нақлиёти автомобилӣ 4 миллиону 163 ҳазор рубл, барои истиқомат дар бӯстонсарои давлатӣ 1 миллиону 400 ҳазор рубл. Дар санад собит гардида, ки ин масрафро зимни сафарҳои ғайрирасмӣ сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҷонов ба Федератсияи Русия анҷом дода, вале пули он ҳанӯз ҳам пардохта нашудааст. Абдуллоҷонов боз ҳам ба Русия сафари ғайрирасмӣ намуда, барои пеш бурдани корҳои шахсии худ одамони тасодуфии шубҳанокро аз ҳисоби давлати ҷумҳурии худамон «олиҳимматона» зиёфат дода, маблағи зиёди халқи заҳматкашро харҷ намудааст. Дар сурате, ки мардуми одӣ, хусусан солхӯрдагон, беморон баъзан панҷ-шаш сӯм ёфта наметавонад, ки ба автобус савор шуда ба духтурхона бираванд, аз дорухонаҳо даво бихаранд.

Барои ҷумҳурии бенавои мо, ки ҳар як сӯмро ба ҳисоб мегирад, ба корҳои шахсии як нафар роҳбараш (агарчи вай сарвазир бошад ҳам) зимни сафарҳои хусусии якчандрӯза беҳуда сарф гардидани зиёда аз бист миллион сӯми меҳнатӣ хеле вазнин аст. Фаромӯш набояд кард, ки маблағи харҷнамудаи Абдуллоҷонов аз ҳисоби пули  Русия аст ва он ба гардани ҷумҳурии мо ба ҳисоби тилло чун қарз қайд мегардад. Ин қадар бераҳмона талаю тороҷ шудани маблағи ҷамъиятӣ бояд роҳбарони поктинату фидокори имрӯзаи кишвар ва халқи ҷумҳуриро ба як андешаи амиқ талқин намуда, дар бораи чунин шахс хулосаашонро бароваранд. Дар ҳолате ки даҳҳо ва садҳо ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ ба ҷинояти Абдуллоҷонов барин мансабхоҳон, ҷоҳталабон, ҳарисон сарлучу пойлуч ва дар ба дару хок бар сар гаштаанд.

Мана, боз як мисоли оҳараш нарехта, ки Абдуллоҷонов дар вазифаи сафирӣ моликияти халқу ҷамъиятро бо ҳамон бераҳмӣ ва хиёнаткорӣ тороҷ менамояд. Қобили зикр кардан аст, ки давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба зиммаи Абдуллоҷонов ин дафъа ҳам вазифаи масъулеро супурда, умед доштанд, ки вай ба ватан содиқона хизмат менамояд. Ӯ ба ин боварии олӣ чунин ҷавоб гардондааст: ба қарибӣ сафир Абдуллоҷонов ким-кадом ҷаноби Лашутин Эдуард Ивановичро ходими дипломатии сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудааст. Албатта, дар ин таъйинот ягон қасду манфиати ҳарисонаи хусусӣ бояд ниҳон бошад, зеро ин дар табиати Абдуллоҷонов сиришта шудааст.

Сафоратхонаи Австрия дар Маскав ба ходими дипломатӣ таъйин гардидани ҷаноби Лашутин раддияи шадиди худро баён намуда, ба сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин номаи эътирозӣ ирсол намудааст.

«Сафоратхонаи Австрия дар Маскав ба сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона изҳор менамояд, ки мутобиқи боби 42 Конвенсияи дипломатии Вена ходими сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани ҷаноби Лашутин Эдуард Иванович қобили қабул нест. Зеро фаъолияти кории ӯ барои ба даст овардани сирф манфиатҳои шахсӣ равона шуда, инчунин ҷойи зисти доимиаш Австрия мебошад».

Асрори ин таъйиноти шубҳанок аз тарафи идораҳои дахлдор кашф гардидааст ва ба ин қарибӣ дар хусуси бо кӯшиш ва тарбияи Абдуллоҷонов якбора ба дипломати тоҷик табдил ёфтани ҳанноти арсаи байналхалқӣ, ҷаноби Лашутин маълумоти муфассал медиҳем. Зеро, барои ҳар як чунин таъйинот 130 ҳазор доллар зарурат дорад. Абдуллоҷонов бо ин таъйинот ба ҳукумати ҷумҳурӣ хиёнат кардааст, чунки давлати Австрия ба дипломати тоҷик таъйин шудани ҷаноби Лашутин мухолиф аст, зеро ин шахс шаҳрванди он мамлакат буда, ба вазифаи дипломатӣ сазовор набуданаш ба онҳо аён аст. Пас, 130 ҳазор доллари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бо хиёнати сафираш ба ҳаром баромада, бар боди фано рафтааст. Тасаввур кунед, ки ба ин пули калон ҳозир мо чӣ қадар ятимон, беваҳо, гурезагони иҷборӣ, ғарибон, нотавонон, бенавоён, солхӯрдагонро хӯрондаю пӯшонда метавонистем. Пас, агар мулоим карда гӯем, уболи ҳамин қадар одамон бояд Абдуллоҷоновро бигирад… Аз Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурӣ маълумот гирифтан зарур аст, ки бо ташаббуси ҷаноби Абдуллоҷонов боз чӣ қадар ҳамин қабил таъйиноти хиёнаткорона ба амал омада бошад?

Вақте ки дафтари аъмоли Абдуллоҷоновро варақ мезанем, аз ҳама аҷибаш он аст, ки ӯ доиман дар атрофи худ шахсони тасодуфии ҳаннот, ҳарис, фиребгар, қаллобро гирд меоварад.

Пас, худи Абдуллоҷонов кист?

Ӯ дар комбинати орд ба кор сар карда, маҳз ҳамон вақт қасд намудааст, ки бо ягон илоҷе ҳатман бояд ба мансаби баланд соҳиб гардад. Барои амалӣ намудани ин нақшаи хеш тадбирҷӯӣ мекунад, ки бояд аз оилаи бонуфузе хонадор шавад. Ба айёрӣ аз зани аввалаи осетиниаш алоқаҳояшро канда, ба духтари раиси идораи савдои ноҳияи Нов Мамадҷонова Отуной издивоҷ мекунад. Зеро Абдуллоҷонов нағз медонад, ки модари завҷаи ҷавонаш корманди собиқадори соҳаи савдо буда, дар ноҳияю вилоят эътибори калон дорад ва бо котиби идеологии КМ ҲК-и ҷумҳурӣ ҳам дугонаи наздик аст. Падари занаш вазифаи сардори шуъбаи КГБ-и ноҳияро ишғол менамояд ва аз ин ҷиҳат ҳам амният таъмин аст.

Абдуллоҷонов сардории комбинати орди Новро ба тасарруфи худ дароварда, фавран боҷааш Толибҷон Абдурозиқовро сармуҳандиси зери дасташ таъйин мекунад. Сонӣ чанд нафар хешони худро мудири анбор, дарбон, муҳосиб вазифадор намуда, ба ҷавлон медарояд, зеро майдонро холӣ мебинад. Дуздию ғоратгарии моликияти халқро ба авҷи аъло мерасонад. Азбаски дуздӣ аз ҳад гузашта буд, илоҷи рӯпӯшӣ намемонад. Сармуҳандиси комбинат Т. Абдурозиқов ба ҳабс гирифта мешавад. Вале ҳомиён Абдуллоҷоновро аз ҳабс нигоҳ медоранд. Ва хушдоманаш бо дасти қудратманди дугонаи дар КМ будааш ӯро ба курсии муовини вазири маҳсулоти ғалла мешинонад. Ҳомиёнаш ҳақиқатан ҳам абарқудрат будаанд, сармуҳандиси корхона барои талаю тороҷи моликияти халқ, албатта бо ёрии директор онро анҷом додааст, ба ҳабсхона мераваду айнан директори ҳамин корхона, ки ягон қонуншиканӣ бе иштироки вай анҷом намепазирад, ба мансаби калон соҳиб мегардад.

Мардуми ҳақталош доир ба ин беадолатӣ ба идораҳои марказ нома менависанд, ҳомиён мебинанд, ки қофия танг омадааст, эркатулфори худашонро ба берун аз ҷумҳурӣ ба кадом як курси 6-моҳа мефиристанду бо ҳамин ҷони худро халос менамоянд.

Пас аз чанд муддат Абдуллоҷонов муовини аввали вазири ғалла таъйин гардида, дарҳол ба боҷааш Т. Абдурозиқов дасти ёрӣ дароз мекунад ва ӯро аз ҳабсхона кашида мебарорад. Толибҷон аз ҳабсхона баромада, рост ба комбинати орди ноҳияи Колхозобод меояду боз ба ҳамон вазифаи сармуҳандисӣ муваффақ мешавад. Гӯё боҷааш ҷиноят накардаасту ба ҳабсхона ҳам нағалтида бошад, фақат бо мақсади бастани чашми ҳақталошон ба ин ноҳияи дур меорад.

Ин дам пуштбонони Абдуллоҷонов вазири хирадманд ва кордони маҳсулоти ғалла Прокопенкоро ба нафақа гусел менамоянд.

Азбаски Прокопенко солҳои тӯлонӣ дар ҷумҳурӣ бо номи нек кор карда, мутахассисони соҳаи худро нағз мешинохт, дар Кумитаи Марказӣ аз ӯ як даҳан мепурсанд, ки муҳри вазириро ба кадом шогирдаш сазовор медонад. Ононе, ки ин саволро пурсиданд, умедвор буданд, ки вазири куҳансол муовини аввал Абдуллоҷоновро ба ҷойи худ тавсия менамояд. Прокопенко раҳбари адолатпеша ва ҳақиқатпараст буда, забони тоҷикиро медонист ва аз афзалияту норасоии ҳар як ҳамкори хеш хабари комил дошт. Биноан, ӯ ба мансаби вазирӣ директори комбинати орди шаҳри Қайроққум А. Қурбоновро номзади сазовор ва лаёқатманд медонад.

Прокопенко ба ин пешниҳоди хеш далел меорад, ки маҳз ба шарофати қобилияти ташкилотчигию кордонии А. Қурбонов комбинати орди Қайроққум баъд аз зилзилаи сахт ба зудтарин фурсат барқарор гардида, аз собиқа хубтар кор мекардагӣ шудааст.

Вале номзади пешниҳоднамудаи Прокопенко вазир тасдиқ нагардида, балки ин мансаби баланд бо васиқа ба Абдуллоҷонов супорида шуд. Абдуллоҷонов дар рӯзҳои аввали соҳибмансаб шуданаш Қурбоновро ҳарифи хеле вазндори вазифаи вазирӣ ҳисобида бе ҳеҷ сабаб дарҳол аз мансаб озод намуд ва ба ҷойи вай дӯсташ Абдуҷалил Ҳомидовро директори генералии комбинати орди Қайроққум таъйин намуд. Ба А. Қурбонов бошад, дар ҷумҳурӣ тамоми дарҳо баста гаштанд ва ӯ маҷбур шуд, ки як муддат ба кишвари ҳамсоя фирорӣ гардад.

Абдуллоҷонов ба дастгирии ҳомиён курсии вазоратро тақвият бахшида, тавре ки дар боло зикр намудем, дар атрофаш ашхоси ҳамақидаашро гирд овардан гирифт.

Тишенко Владимир Матвеевичро, ки муовини раиси кумиҷроияи пойтахт буда, дар вақташ барои хиёнатҳои молиявӣ, мошину хонафурӯшӣ бо қарори КМ ҲК-и ҷумҳурӣ аз кор ронда шуда буд, муовини аввали худ таъйин намуд.

Муовини дигараш Шариф Исомовро бошад, дар бисёр даргоҳ сар зада, ӯро аввал мудири хоҷагӣ, сонӣ муовини якум намуд, ҳол он ки ӯ барои қонуншиканӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, чоплусӣ мардуд гардидааст.

Михаил Кулангиев ном қаллобро, ки дар яке аз ширкатҳои Вазорати ғалла бо дуздӣ машғул буд, гумоштаи наздиктарини худ кард. Минбаъд махсуми Кулангӣ дар аксари қонуншиканӣ ва дуздиҳои вазир шарик гашт.

Инъомҷон Тӯрабоев бо амри вазир директори иттиҳодияи маҳсулоти ғаллаи ноҳияи Колхозобод таъйин шуд. Соли 1991, пас аз ифшо гардидани дуздию хиёнаткориҳояш бо талаби идораҳои танобкаш аз вазифа сабукдӯш гардид. Муддате мудири шуъба, соли 1991 баъди содир кардани хиёнат як сол ҳам нагузашта муовини вазир таъйин шуд.

Директори комбинати орди Кофарниҳон Мансурҷон Қобилов ҳанноти гузарое буд. Миси кораш баромаду дуздиаш фош гардид ва аз ин корхона якчанд нафар шарикони Абдуллоҷонов ҳабс шуданд. Доир ба ин дар вақташ ҳатто аз минбари анҷумани умумииттифоқӣ бо воситаи телевизиони марказӣ ҳам гуфта буданд, ки дар ин муассиса даҳҳо ҳазор тонна маҳсулоти ғаллагиро ба яғмо бурдаанд. Абдуллоҷонов бо усули озмудаи худ амал намуда, Мансурҷонро оҷилан ба минтақаи дур бурд, директори комбинати ғаллаи ноҳияи Нов таъйин кард ва бо ҳамин ҷони ӯро наҷот дод. Маҳсули фаъолияти чандинмоҳаи гурӯҳи калони муфаттишон дар Вазорати дохила беному нишон шуд.

Партов Давлатов муҳри сарварии муассисаи ғаллақабулкунии шаҳри Турсунзодаро аз дасти Абдуллоҷонов қабул намуд. Чашмбандӣ, дуздию қонуншикании ин роҳбари худобехабар тавассути телевизиони ҷумҳурӣ намоиш дода шуд. Идораҳои таҳқиқу тафтиш ҳам тасдиқ намуданд, ки дар тӯли як соли фаъолияти ин шахси моли мардумхӯр садҳо тонна маҳсулоти ғалларо ба ҷиғилдони бетагаш фурӯ бурдааст. Дар ин хусус, иборат аз 946 саҳифа санади тафтиши КРУ-и Вазорати молия ва Вазорати дохила таҳия шуда буд.

Абдуллоҷонов ӯро ҳам зери қаноти худ гирифт ва бо мақсади рӯпӯш намудани хиёнатҳои содиркардаи Давлатов барои чашмбандӣ фавран вайро аз кор сабукдӯш намуда, дар комбинати орди Кофарниҳон ба вазифаи муваққатие таъйин кард. Ва дар ин миён санади тафтишоти КРУ ва протоколҳои Вазорати умури дохиларо маҳв намуд (нусхаи санади тафтишот дастраси мо гардидааст). Бо гузашти вақти начандон тӯлоние Абдуллоҷонов ба лаб кулӯх молид ва сари П. Давлатовро сила карда, ба вай мансаби директори генералии иттиҳодияи «Ғалла»-и Душанбешаҳрро бахшоиш намуд.

П. Давлатов ба тақвияту дастгирии Вазорати ғалла такя намуда, дар гирду атрофаш комилан хешу табор ва ҳамқавмону ҳамшаҳриёни худро ҷамъ овардааст. Масалан, сардори шуъбаи тақсимоти маҳсулот Раҳмат Шарифов, посбон-дарвозабон Қурбон Шарифов ва осиёбон Муъмин Шарифов бародарони ӯ: тарозубони рақами 1 Зайналобиддин Мирзоев, сардори осиёби рақами 2 Акбар Донаев, муовини сардори тепловозҳо Дониёр Донаев – умуман Донаевҳо 8 нафаранд: мудири анбор Шароф Қурбонов, бародари калониаш – дарвозабон Неъмат Саидов (ба номи бобояш), духтари ӯ муҳосиб Гуля Саидова, домодаш сардори элеватор Амир Худойдодов, тарозубони ғалладонаю сабӯс Ғаюр Пӯлодов, сардори шуъбаи нақлиёт Комил Азизов, посбон-назоратчии дуюми дарвоза Давлат Суннатов, мудири мағозаи бартерии дохили комбинат Саид Хушов, сардори шуъбаи кадрҳо Розия Кабудова ва дигарон ҳама аз ҷумлаи муқаррабони ӯ мебошанд.

Чи тавре ки қайд намудем, кулли ин шахсон аз ҳамдамони директори комбинат буда, барои онҳо тороҷ кардани орду ғаллаи халқ ҳеҷ мушкилоте надорад. Абдуллоҷонов дар давраи вазири ғаллаи ҷумҳурӣ буданаш ва шогирдони вай – роҳбарони ҳозираи ин вазорат шароит муҳайё намудаанд, ки дастаи Давлатов оромона тороҷгарӣ бикунанд. Яке маҳсулоти дуздиро бор мекунад, дигаре дарвозаро боз менамояд, сеюмӣ ҳуҷҷат тартиб медиҳад, чорумин ба ҳимояи онҳо мегузарад. Дар байни қариб 400 нафар роҳбарону кормандони ин даргоҳ пайдо кардани намояндагони дигар минтақаҳо амри маҳол аст. Барои ин дастаи «муттаҳиду муттафиқ» аз осиёбу анбору дарвоза бароварда обу лой кардани маҳсулот хеле осон буда, дуздию ғоратгарӣ ҳеҷ хавфе пеш намеорад. Ҳол он ки тибқи муқаррарот дар чунин муассисаҳо вобастаи якдигар шуда, кор кардани хешу таборон қатъиян манъ аст. Ба гуфти худи директор роҳбарони вазоратҳои ғалла, молия ва дигар ташкилоти танобкаш барои ӯ одамони худианд. Саркардагони ташкилоти ғайрирасмию бонуфузи ризқхӯр ҳам ашхоси худӣ буда, дар мавриди зарурат ҳимоя хоҳанд кард. Ҳама инро медонанд, мебинанду месӯзанд, вале илоҷ надоранд, чунки дуздон аз хурд то калон аҳлу тифоқанду дастҷамъона амал мекунанд.

Намояндагони навоҳию вилояти ғайр то забони амалдорони ин ҷоро наёбанд, молашонро гирифта наметавонанд. Ҳол он ки кооперативҳою муассисаҳои хурди ҳусусӣ, зери ниқоби «бартер» ҳазорҳо тонна орду гандумро ба арзиши аслӣ не, балки бо нархи арзони давлатӣ мегиранд. Зарари он аз буҷаи давлатӣ пӯшонида мешавад. Иттиҳодияи мазкур (дар асл комбинат) бо коркарди маҳсулоти тайёр он ҳам қисман машғул асту халос. Истеъмолкунандагон маҳсулоти онро бо нақлиёти худ мекашонанд, вале бо вуҷуди ин комбинат дар айни ҳол трактору мошинҳои бисёр, аз ҷумла 2 автобуси калон, 1 микроавтобус ва 6 мошини сабукрав нигоҳ медорад. Инчунин маош хӯрдани 5 нафар муовинони директор ҳам сарбории нолозим аст, ҳамаи инҳо гӯё, аз ҳисоби фоидаи комбинат (кадом фоида?) ташкил шудаанд. Аслан ин бастҳо дар вақташ бо инояту марҳамати вазир Абдуллоҷонов амалӣ гардидаанд, зеро ӯ ба фоидаи комбинат шарики доимист. Охир, ба ҳамагон маълум аст, ки Вазорати ғалла дар асл миллиардҳо сӯм зарар оварда, аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурии бечораи мо дода мешавад. Ба ҳамин иллатҳо чун пештара мардуми азияткашидаи мо ордро, ки як халтаи 50-килогияш 12 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад, ҳатто дар худи шаҳри Душанбе ба маблағи 20 ҳазор сӯм пайдо карда наметавонанд. Чӣ ҳоҷат, дар ин бобат зикр намудани ноҳияҳои дурдасти Помиру Рашт, Айнию Ҷиргатол, Сарихосору Ғозималик ва ғайра…

***

Баъди табаддулоти давлатии моҳи майи соли 1992 мухолифин бо сарварии Ш. Юсуф «Ситоди наҷоти Ватан» ташкил намуда, дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ҷанги бародаркушӣ оғоз карданд. Моҳи август Додситони кул, вакили халқ Н. Ҳувайдуллоевро ваҳшиёна кушта, баъди як моҳ бо ҳамин роҳи зӯроварӣ Президенти ҷумҳурӣ Р. Набиевро низ аз вазифа сабукдӯш намуданд.

Пас аз бартараф шудани Р. Набиев собиқ Раиси Шӯрои Олӣ А. Искандаров худро «президент»-и комилҳуқуқ эълон намуда, шариконашро ба сари қудрат овардан гирифт.

Маҳз дар ҳамин вақт, ки ташкили ғайриқонунии ҳукумати «муросои миллӣ» комилан возеҳ гардид, директори генералии ширкати «Ғалла» Абдуллоҷонов розӣ шуд, ки роҳбари ҳамин хел ҳукумати ғайриқонунӣ шавад ва минбаъд амалиёти зиддиқонунии ҷонибдорони худро ҳаматарафа дастгирӣ намуд ва тақвият додан гирифт. Зеро обу гили худи ӯ, тамоми фаъолияташ иборат аз қонуншиканӣ ва ба манфиати худу муқаррабонаш амал намуда, зараррасонӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ буд.

Моҳҳои сентябр ва октябри соли 1992 дар вилояти Қӯрғонтеппа бо чанголи хунини мухолифин ҷанги калонтарини бародаркушӣ идома ёфт ва муҳосираи иқтисодии шаҳри Кӯлоб ташкил карда шуд. Саросари ин вилоятро гуруснагӣ ва бемориҳои сирояткунанда фаро гирифт. Ҳамаи ин дар пеши назари ҳукумати марказӣ ва таҳти роҳбарии бевоситаи Абдуллоҷонов амалӣ гардид. Иҷрокунандаи вазифаи сарвазир ба ҷорӣ шудани чунин сиёсати ваҳшиёна нисбати аҳолии қариб якмиллионнафараи шаҳри Кӯлоб комилан розӣ буд. Бо роҳбарии маҳз Абдуллоҷонов қарори даҳшатноке қабул шуда буд, ки мувофиқи он ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа бояд несту нобуд карда мешуданд.

Бо ҳамин қасди манфур қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 395 аз таърихи 22.10.92 қабул гардид, ки онро Абдуллоҷонов имзо намудааст. Тибқи ин қарори сиёҳ ва хунолуда тамоми шахсоне, ки ба ҳимояи сохти конститутсионӣ, барқарории қонуният дар хоки ҷумҳурӣ бархоста буданд, бояд маҳв карда мешуданд. Ана, барои амалӣ намудани ин нақшаи пурнаҳс тибқи нишондоди ҳамон қарор дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кофарниҳон полк ва баталйони махсуси мусаллаҳи ба ном гвардияи халқӣ таъсис гардид.

Қайд кардан зарур аст, ки дар ин шаҳрҳо ҷойгузин гардидани қувваҳои мусаллаҳи мухолифин бесабаб набуд. Зеро ташкилоти маҳаллии қисмати зиёди вилоятҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ба муқобили қувваҳои зиддиконститутсионии мухолифин бархоста буданд. Неруҳои ватанпараст ният доштанд, ки бо ду хатти ҳаракат тавассути шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кофарниҳон ба пойтахти ҷумҳурӣ омада, сохти конститутсиониро барқарор намоянд. Ҳукумати ба ном «муросои миллӣ» бо роҳбарӣ ва қумондонии «президент» А. Искандаров ва қоиммақоми садри аъзам А. Абдуллоҷонов барои гирифтани пеши роҳи ватандӯстони ҳақиқӣ маҳз дар ҳамин шаҳрҳо лашкари худро ҷойгир карданд.

Гумоштагони ин роҳбарон низ ором нанишастанд. Барои иҷро намудани ҳамон қарори сиёҳ муовии аввали вазири дифои ҷумҳурӣ А. Самиев бо фармони рақами 77-и худ аз 11 ноябри соли 1992 бар иловаи он лашкар штаби ноҳияи Кофарниҳон (439 нафар), баталйони Қӯрғонтеппа (134 нафар), штаби «Южный» (121 нафар), штаби «Шоҳмансур» (861 нафар), баталйони КМ ДОСААФ (269 нафар)-ро таъсис дод.

Бо таъсиси ин гурӯҳҳои низомӣ Қонун «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ» дағалона вайрон карда шуда, ба онҳо шаҳрвандон бо даъват дохил нагардиданд, балки ин ташкилоти низомӣ бо дастаҳои мусаллаҳи мухолифини ҳамин шаҳру минтақаҳо пур карда мешуданд.

Самиев бо фармони рақами 78-и худ аз ҳамон таърих Ризвон Садиров, Фатҳуддин Давлатов, Абдуғаффор Худойдодов (мулло Абдуғаффор), Саидакбар Раҳмон ва Юрий Хубоншоевро ба қумондонии ташкилоти ҳарбии нуқоти зикршуда таъйин намуд. Ба ҳамин минвол амалиёти ин дастаҳо ва саркардаҳо аз тарафи ҳукумати Абдуллоҷонов гӯё қонунӣ гардонида шуд.

Анбури ҷонкоҳи муҳосираи иқтисодӣ аз тарафи қувваҳои сияҳкори мухолифин бар зидди аҳолии вилояти Хатлон кори даҳшатноки худро давом медод, ки дар фарҷоми ин хусусан сокинони ноҳияҳои Фархор, Восеъ ва Маскав заҷру азияти зиёде диданд. Ҳукумати давр аз он огоҳ бошад ҳам, барои рафъи он ҳеҷ чораҷӯӣ намекард. Аммо, баръакс ба дастаҳои мусаллаҳи мухолифин ҳамвора ёрии пулию молӣ мерасонд.

Масалан, бо дастури рақами 256-р-и Девони Вазирони ҷумҳурӣ, ки онро 5 ноябри соли 1992 Абдуллоҷонов имзо намудааст, ба зарурати дастаи мусаллаҳи мухолифини Кофарниҳон 50 миллион сӯм ҷудо карда шудааст. (Дар пеши мо ҳуҷҷате мавҷуд аст, ки каллабурони ин даста ҳатто чанд сӯмӣ тақсим гардидани ҳамон маблағро нишон медиҳад). Ба қурби ҳамонвақтаи пул ин маблағ хеле калон аст.

Абдуллоҷонов хуб медонист, ки ин даста мувофиқи қонун ба қайд гирифта нашудааст ва бар зидди тарафдорони ҳукумати конститутсионӣ амалиёт бурда, бо куштору ғоратгарӣ машғул аст, аммо бо вуҷуди ин маблағи калони халқро ба ин ғосибон ҳадя намуд.

Абдуллоҷонов баъд аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки дар ҷумҳурӣ ҳақиқат, адолат, қонуниятро ба пирӯзӣ расонд ва сохтори давлату ҳукумати конститутсиониро барқарор намуд, мувофиқи боварии олии халқу ҷамъият кор накард, аз роҳи қонуншикании собиқаи худ барнагашт.

Зимнан, ҳоло бояд ошкор бигӯем, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ вақти интихоби Абдуллоҷонов ба вазифаи Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ ба регламент риоя карда нашуд: дар интихоб ба чунин мансаби олӣ овоздиҳӣ ҳатман бояд ба таври пӯшида гузаронида мешуд, аммо ҳини интихоби ӯ бо пешниҳоди яке аз гумоштагонаш, ки дар маҷлисгоҳи иҷлосия садо дод, овоздиҳӣ ба таври кушода ҷараён ёфт. Вакилони ватанпараст ва фидокори кишвар, ки он вақт дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ бо иродаи халқи азияткашидаи тоҷик сарварии давлатро ба зимма гирифтанд, ба тозагӣ аз майдони ҷанг омада буданд ва мехостанд, ки қонуният, ҳақиқат, адолат ба пирӯзӣ расаду барои осоиши рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ ва ободонии минтақаҳои осебрасида, умуман халосии халқу Ватан аз нобудӣ зудтар чораҷӯӣ намоянд. Онҳо, ки худ ба халқи азиз ғайр аз хизмати содиқона дигар роҳеро намедонистанд, гумон доштанд, ки Абдуллоҷонов низ ҳамин тавр хизмат хоҳад кард. Вале Абдуллоҷонов дар зиндагӣ роҳи дигареро пазируфта буд, мизони ҳаёти вай дигар буд, роҳи ин шахс хиёнат, чашмбандӣ, каззобӣ, қаллобӣ, манфиатҷӯӣ буд.

Боз ҳам ба далелу рақамҳои дақиқ рӯ меоварем.

Дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба қароре омада буданд, ки роҳбарони олирутбаи ҷумҳурӣ ислоҳу ихтисор ва азнавсозии фаъолияти органҳои давлатиро аз боло шурӯъ менамоянд. Вале ин кор дар Шӯрои Вазирон ба иҷро нарасид. Баръакс Абдуллоҷонов дастгоҳи Шӯрои Вазиронро беасос хеле васеъ намуд: барои худ 8 муовин, 9 мушовири озод, 1 мушовири ғайриштатӣ, 20 шуъбаю раёсатҳои алоҳида ташкил намуд, ки ин идора ягон вақт ин қадар дабдаба надошт. Дар арзи чор моҳи аввали соли 1993 кормандони умури ҳукумат ба 3082 нафар зиёд шуданд. Сарфи маблағи хароҷоти маошу дигар зарурати онҳо 4 баробар афзуд, ки ин ба беқурбии пул вобаста нест. Барои ин кормандон пеш 1,5 фоизи буҷаи давлат сарф мешуда бошад, ҳоло 4 фоизи он харҷ мегардад.

Шояд вобаста ба талаботи замон аз ҳисоби ихтисори баъзе шуъбаҳо, ташкил кардани шуъбаҳои алоҳида зарур бошад. Вале маълум нест, ки барои чӣ Абдуллоҷонов дар паҳлуи шуъбаи ташкилӣ – инструкторӣ ва шуъбаҳои соҳавӣ боз як шуъбаи 12-нафараи дигаре оид ба омӯзиши кадрҳои роҳбарикунандаи органҳои давлатӣ таъсис намуд? Инчунин ҷорӣ кардани бахшҳои зиёди ёварон, ки аз вазирон ҳам зиёдтар маош мегиранд, чӣ зарурат дошт? Ӯ ба вазифаи мушовирон бисёр шахсони ба худаш наздик ва аз ҷумла холабачааш Ф. Мирпочоевро қабул намуд.

Мисоли дигар: аз соли 1991 бисёр вазоратҳо ба талвоса афтода, худро ба  ширкату ассосиатсияҳо табдил дода буданд. Баъд аз иҷлосияи шонздаҳум, ки дар саросари кишвар қонуният ҷорӣ гардид, акнун онҳо талаб намуданд, ки такроран вазорат шаванд. Иллати ин чист? Магар роҳбарони ин қабил вазоратҳо бар сар ягон андешаи бунёдкорӣ доранд? Не, ҳаргиз ба ақидаи мо чунин роҳбарон дар ин муддат тамоми имкониятҳои ширкату ассосиатсияҳоро ба манфиати худ истифода бурда, шираю шарбати онҳоро ҷабида гирифтанд. Акнун, ки чунин имконият маҳдуд гашт, худро ба доираи сохтори давлатӣ кашида, аз бесарусомониҳо бархурдор шуданианд. Ин ҷо ҳадафи мо вазоратҳои хизматрасонии маишӣ ва молҳои истеъмоли халқ аст, ки Шӯрои Вазирон чунин амалро дарҳол пазируфта, бе ягон таҳлили техникию иқтисодӣ оид ба ҳалли онҳо дар ҳаҷми як саҳифаи нопурра ба Раёсати Шӯрои Олӣ таклиф пешниҳод намудааст…

Вазъияти кунунии иқтисодии ҷумҳурӣ ба ҳар як кас маълум аст ва мо ба ҳадде расидаем, ки ба ҳама чизи рӯзгор эҳтиёҷманд шудаем. Дар чунин шароити мураккаб ҳам шахсоне хастанд, ки ба рӯзгори душвори мардуми худ сари мӯе аҳаммият надода, ҳамаи чизи дастрасгаштаро ба сирф манфиати худ аз ҳудуди давлати бенавою муҳтоҷ берун мебаранд. Танҳо дар зарфи нимсолаи аввали соли гузашта бештар аз 20 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, 46,8 ҳазор тонна собуни ҷомашӯӣ, 266,9 тонна фулузот ва маснуоти фулузотӣ, 182,2 ҳазор метри мураббаъ масолеҳи сохтмон, 100,2 ҳазор метри мураббаъ шишаи тиреза, 7473 адад воситаҳои нақлиёт, 100 адад компрессор, 127 адад дастгоҳи коркарди санг, 108 адад трансформатор ва дигар ашёю мавод берун аз қаламрави ҷумҳурӣ фурӯхта шудаанд. Ба ҳамаи инҳо дастгоҳи пурқудрати Абдуллоҷонов санади ризоят додааст. Инчунин дар ҳамин муддат бо иҷозатномаи Шӯрои Вазирон миқдори 5 ҳазор тонна маснуоти оҳану фулузии никелдор, 15 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва 7,5 ҳазор тонна бензин ба кишвари Афғонистон бурда шудааст. Авввалан, ба ҳар як шахси соҳиби фаҳму фаросат маълум аст, ки ҳамон вақт ва ҳоло низ ба худи ҷумҳурӣ сӯзишворию васоити техникӣ чун обу ҳаво зарур аст. Дар кишварамон ягон соҳае нест, ки ба он эҳтиёҷманд набошад, хосатан ниёзмандии соҳаи кишоварзӣ ба маводи сӯхт ба ҳамагон аён аст. Сониян, оё ягон кас кафолат дода метавонад, ки ҳамин сӯзишворие, ки ба кишвари Афғонистон бурда шудааст, ба дасти мухолифини ҷумҳурии мо нарасидааст. Биноан эҳтимол дорад, ки ҳамон сӯзишворӣ дар ҷанги ноҷавонмардона, ки мухолифин аз хоки Афғонистон истода, бар зидди ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо бурда истодааст, истифода гардидааст. Аз ин нуқтаи назар шахсоне, ки сӯзишвориро ба хоки Афғонистон бурда, дар ихтиёри мухолифини мо супурдаанд, душманони хунхори Ватанамон ҳисобида мешаванд.

***

Аламовар он аст, ки тоҷирони мо ҳар молеро, ки аз кишварамон мебаранд, онро бо нархи пасттарин ба савдо зада, зимни харидорӣ нархҳои баландтарини ҷаҳониро интихоб мекунанд, (албатта, аз рӯйи ҳуҷҷати пешниҳодкарда ҳамин тавр аст). Ба якчанд мисоли мушаххас муроҷиат менамоем:

дар шашмоҳаи аввали соли гузашта бо дастуру иҷозати Шӯрои Вазирон ширкати «Сомониён» (раисаш А. Мухтошев – яке аз собиқ муовинони собиқ Раиси Шӯрои Вазирон Абдуллоҷонов) миқдори 46.915 тонна алюминийро ба хориҷи ҷумҳурӣ бурда, бар ивазаш 536 ҳазор тонна ғалла овардааст. Мувофиқи ҳисобу китоби ин доду гирифт, ки бо усули табодул ба амал омадааст, нархи ҳар як тонна алюминий 320 ҳазор сӯмро ташкил намудааст. Ҳол он ки дар бозори ҷаҳонӣ нархи аз ҳама пасти як тонна алюминий 890 ҳазор сӯм ё худ 890-900 доллари америкоӣ аст. Пас, агар алюминийи ба бозор баровардаи мо лоақал ба ҳамин нарх ҳам фурӯхта мешуд, он гоҳ ҷумҳурӣ ба ҷои 15 миллиард сӯм 50 миллиард сӯм ба даст меовард.

Ба замми ин ширкати «Сомониён» ба ҷойи боинсофона баробар кардани ҳисобу китоб даъво бардоштааст, ки он ҳангоми хариди ғалла аз ширкатҳои хориҷӣ қарздор шудааст, яъне пули ҳамон алюминийи ба фурӯш бароварда хеле ҳам камӣ кардааст ва барои пардохти ин қарз боз 10 ҳазор тонна алюминий ва 20 ҳазор тонна пахта зарур будааст. Абдуллоҷонов ҷавобан ба ин даъво ғамхорӣ зоҳир намуда, ба ширкати «Сомониён», яъне ба муовинаш Мухтошев 10 ҳазор тонна алюминий ва 5 ҳазор тонна пахта ҷудо намудааст, то «қарз»-ро адо кунад. Чӣ метавон кардан, охир даст дастро мешӯяд…

Ин ҷо раиси ширкати «Сомониён» Мухтошев чашмбандию қаллобиро ба дараҷаи ифрот расондааст. Агар тиҷорати алюминий барояш ин қадар зарар биёрад, чаро ба он дудаста часпидааст? Ё худ агар савдои он ин қадар зараровар мешуд, магар дар баробари ташкилоти ҷумҳурӣ ба вилоятҳои дилхоҳи худӣ ҳам ҳуқуқи ба фурӯш баровардани онро медоданд?.. Ин ба чашми халқ хок пошидан аст, ҷиноят аст!

Акнун тарзи харида шудани ғалларо аз назар мегузаронем. Маълум аст, ки нархи як тонна ғалла дар бозори ҷаҳонӣ 80-90 доллар аст. Вале ширкати «Сомониён» фақат ғаллаи 120-140 долларро ҷустуҷӯ карда мехарад. Ин ҷо эҳтимол андешае пайдо шавад, ки таъмингарони мо ба халқамон ғамхории махсусе зоҳир карда, навъи беҳтарини ғалларо харидорӣ менамоянд. Таҳлилу мушоҳида нишон медиҳанд, ки асли гап тамоман дигар аст. Сифати 27,3 ҳазор тонна ғаллае, ки тибқи қарордоди рақами 812 (134-03) 92 тавассути ширкати «Каринл» бо нархи 120-132 долларӣ харидорӣ гардидааст, санҷида шуд. Возеҳ гашт, ки аз сабаби ниҳоят паст будани сифати он ҳангоми орд кардан нисбат ба меъёри муқаррарӣ 1515 тонна сабӯси иловагӣ ҳосил шудааст. Ба забони одӣ гӯем, тоҷирони хиёнаткори «Сомониён» ҳамин миқдор сабӯсро бо қимати гарон, яъне бо доллар харида ба халқи бечора пешкаш кардаанд, ки аз сабӯс нон пухта бихӯранд. Фақат аз ҳамин муомила ба халқу давлат 97,5 миллион сӯм зарар расонида шудааст. Лекин зери коса нимкоса мавҷуд асту ин нархи ғалла танҳо дар санад ба ҳамин миқдор мебошад ва дар асл куллан чизи дигар аст. Умуман ин тарзу усули «тиҷорат» аз тарафи Абдуллоҷонов ҳангоми вазири маҳсулоти ғалла буданаш «кашф» гардидааст ва ҳоло онро шогирдону муовинони ӯ «бомуваффақият» давом дода истодаанд. Чӣ кор кунем, ки пешонии халқи тоҷик шӯр будаасту Худо ҳамин қабил шахсони беинсофро ба сифати роҳбарон лоиқ донистааст.

Зимнан, дар вақташ рӯзномаҳои ҷумҳурӣ доир ба ин «кашфиёт»-и Абдуллоҷонов бисёр мақолаҳо навишта буданд. Вале он айём гӯши ҳақиқатшунаве набуд.

Мувофиқи маълумоти расмӣ аз се як ҳиссаи ғаллае, ки ҳар сол ба ҷумҳурӣ ворид мешавад, ба меъёри стандарти ҷаҳонӣ ҷавоб намедиҳад ва аз ин далвати мо миллионҳо сӯм зарар мебинад. Илова бар ин харидорон аз давлат ҳамвора дотатсия мепурсанд. Ин дотатсия дар бӯҷаи касоди кишвари мо соли гузашта 180 миллиард сӯмро ташкил намудааст.

Ташкилоте ҳастанд, ки ба ҷумҳурӣ бо нархи арзонтар ғалла оварда метавонанд. Масалан, ҷамъияти аксионерии «Кетнок» ҳозир аст, ки аз хориҷа 1 тонна ғалларо ба қимати 80 долларӣ ба ҷумҳурӣ биёрад. Вале Абдуллоҷонов ва шогирдони вай «аз хориҷа овардани ғалла бо як даст шавад» гӯён ба дигар муассисаҳо ва шахсон имкон намедиҳанд, ки ин кори шарофатмандонаро ҳаққу ҳалол анҷом диҳанд. Зеро дар ин ҳолат наҳангу наҳангчаҳо аз даромади муфт, аз луқмаи тайёр маҳрум мегарданд.

Воқеан хариди ғалла аз хориҷа шахсони мутасаддиро он қадар мафтун кардааст, ки ба ҷамъоварии ҳосили ғаллаи дохилӣ ва хариди он аз хоҷагиҳо ва аҳолӣ умуман эътибор намедиҳанд. Агар ин корро дуруст ба роҳ мемонданд, деҳқонони худамон ҳавасманд гардида, рӯзгорашон ободу осудатар мешуд.

Хараҷу мараҷ дар тиҷорати пахта ҳам хеле зиёд аст. Савдогарони мо ҳар як тоннаи пахтаи навъи якумро ба ҷойи 1200 долларӣ бо нархи 820 долларӣ (сад адад) фурӯхтаанд. Баръакс ҳар тоннаи шакари навъи 2 ва 3-ро гӯё ба қимати 300 долларӣ харидаанд. Ҳол он ки навъи якуми ин шакарро бо нархи 265-276 долларӣ дастрас кардан мумкин аст.

Кор ба ҷое расидааст, ки иддае ба маблағу маводи имдодӣ ҳам дасти ғорат дароз кардаанд. Баъзе давлатҳои хориҷӣ аҳволамонро дида, аз рӯйи раҳму шафқати инсонӣ ба мо қарзи имтиёзнок медиҳанд. Вале онро ҳар фарди дастрасо ба мақсади хоси худ истифода мебарад. Чунончи, ҳоло тақдири 50 миллион ЭКЮ, ки Бонки асъор ҷудо карда буду гӯё ба он ғалла харида шуда бошад, саҳеҳан маълум нест. Ҳамчунин 25 миллион долларе, ки президенти кунунии ИМА Билл Клинтон 5 миллион долларе, ки Президенти собиқи он кишвар Ҷорҷ Буш кӯмак кардаанд ва 5 миллиард сӯме, ки Ҷумҳурии Белорус ба кишвари мо қарз дода буд, бенишон гардидааст. Барои донистани сарнавишти ин маблағҳо таҳқиқу омӯзиши махсусе зарурат дорад. Ташкилоти салоҳиятдор бояд ба ин масъалаҳо дақиқан машғул гардида, ба халқ иттилоъ бидиҳанд, ки ин маблағҳо туъмаи кадом балохӯр гардидаанд ва ё ба кадом ҳадаф сарф шудаанд. Фақат дар ҳамин сурат боварии халқи ҷумҳурӣ ба роҳбарон, умуман ба ҳукумат зиёд мегардад.

Дар замони ҳукумати Абдуллоҷонов доир ба тақсимоти маводи имдодии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, кишвари Эрон бенизомиҳои бисёре ба амал омадааст. Миқдори хеле зиёди орд, биринҷ, консерв, чой, шири хушк, қанд, либосҳои мардонаю бачагона ва ғайра умуман гум шудаанд, ба куҷо сарф гаштани онҳоро касе намедонад…

Пас аз баррасии ҳолатҳои номатлуби зикргашта ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки роҳи тиҷорати хориҷии мо ба куллӣ зарарнок ва хиёнаткорона буда, ватанамонро ба кӯчаи бунбастае овардааст. Тиҷорати хориҷӣ ва дороии халқро Абдуллоҷонов барин ҳаннотон ва шогирдону муовинони вай ба манфиати худ ба кор бурдаанд. Ҳар чи зудтар гирифтани пеши роҳи чунин ғоратгарӣ ба нафъи халқи бечораи мо хоҳад буд.

Бо ин мақсад қабл аз ҳама одамони пок, содиқ ва фидокорону дилсӯз ба тиҷорати хориҷӣ ва умуман кори савдо бояд машғул бишаванд, Сониян, маҳсулоту ашёе, ки моликияти умумиҷамъиятианд, аз қабили тилло, дигар конҳо, маводу сангҳои қиматбаҳо, инчунин алюминий, пахта ва ғайра танҳо бояд ба воситаи вазорату идораҳои марбути сохтори давлатӣ ба бозор бароварда шаванд. Ин сарватҳои умумихалқиро аз чанголи ифлоси ширкату дигар ташкилоти хусусӣ, яъне аз тасарруфи ҳаннотону ғоратгарон раҳо дода, истифода бурдани онро ба ихтиёр ва салоҳияту назорати қатъии фақат шахси аввали кишвар вогузоштан зарур аст!

***

Аз вазъияти ногувор ва бесарусомониҳо истифода бурда, Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои саҳҳомию тиҷоратӣ маҳз бо дастгирии баъзе роҳбарони Шӯрои Вазирон ба ҳалли худсаронаи ҳар гуна масоилу амалиёти зарарноки бонкӣ машғул шудаанд. Қарорҳои қабулгашта оид ба сиёсати пулию кредитӣ ба инобат гирифта нашуда, баръакс дар байни бонкҳо як созишкорие ҷорӣ гардидааст. Чунончи, мутобиқи банди 3-юми қарори Шӯрои Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати пулию кредитӣ» дар соли 1992 ба болои қарзе, ки ба бонкҳои дигар дода мешавад, бояд 25 фоиз сарборӣ илова гардад. Бонки миллӣ ин меъёри муқарраркардаи мақоми олии қонунбарорро ҳаргиз ҳуқуқи кам кардан надошта, баръакс бо назардошти пастшавии қурби пул онро зиёд намуда метавонад. Вале ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки Бонки миллӣ ин муқарраротро вайрон намуда, ба Бонки саҳҳомию тиҷоратии «Тоҷикбонкбизнес» бо илова кардани фақат 5 фоиз ва ба Бонки тиҷоратии «Монтажспетсбанк» бо илова кардани 15 фоиз қарз додааст. Ё худ ба ҳамон «Тоҷикбонкбизнес», ки танҳо ҳуқуқи то 400 миллион сӯм қарз гирифтан дошт, маблағи 3 миллиард сӯм қарз дода шудааст, дар ҳоле ки баъзе бонкҳо аз нарасидани пул пайваста таҳти ташвиш қарор доранд. Зеро раиси Бонки миллӣ Қ. Қавмиддинов дар айни замон раиси Бонки тиҷоратии «Тоҷикбонкбизнес» буда, аз ин муомила ба нафъи худ ҳарисона фоида меситонад.

Беадолатӣ ҳангоми тақсимоти захираҳои кредитӣ байни вилоятҳо низ ба назар мерасад. Масалан, агар Бонки миллӣ ба вилоятҳои дигар аз тариқи бонкҳои ҷумҳуриявӣ кредит ҷудо кунад, барои вилояти Суғд ин кор аз тариқи раёсати вилоятии Бонки миллӣ мустақиман сурат мегирад. Табиист, ки чунин муносибати ғайриобективӣ оқибати хуб надорад.

Инчунин зимни амалиёти арзии бонкӣ ба бисёр худсариҳо роҳ дода шудаанд. Барои исботи ин фикр мисол меорем: мутобиқи қарори Шӯрои Вазирон таҳти рақами 266 ба заводи алюминийи тоҷик иҷозат дода шуда буд, ки миқдори 12 ҳазор тонна маҳсулоти худро дар хориҷа фурӯхта, даромади арзии онро ба фонди асъори ҷумҳурӣ гузаронад. Ба иртиботи ин ба Бонки миллӣ супориш дода шуда буд, ки ба заводи мазкур 2 миллиард сӯм қарзи имтиёзнок диҳад. Вале Бонки миллӣ бар хилофи ин амал карда, мустақиман 2 миллион долларро харида, онро дар бонки америкоӣ ба ҳисоби «Тоҷикбонкбизнес» мегузаронад. Ба мақсади «қонунӣ» гардонидани ин амалиёт директори заводи алюминий Синани ба Абдуллоҷонов муроҷиат менамояд, ки барои ба Бонки миллӣ фурӯхтани 2 миллион доллар иҷозат диҳад. Раиси Шӯрои Вазирон мебоист лоақал ба хотири эҳтиром кардани қарори худ ин пешниҳодро рад менамуд, вале баръакс иҷозатнома худи ҳамон рӯзи муроҷиат кардан аз тарафи Абдуллоҷонов ба имзо расидааст.

Хилофкориҳо дар бахши андози давлатӣ низ хеле зиёд ба чашм мерасанд. Масалан, вақте раиси корхонаи хурди «Наво» Х. Ғаффоров, ки бо ташаббуси худ кори хайр, яъне сохтмони хонаи бачагонро дар шаҳри Душанбе пеш гирифта буд, ба Сарраёсати андозҳои давлатии ҷумҳурӣ дар хусуси аз андоз озод кардани муассисааш муроҷиат менамояд. Сардори Сарраёсати андозҳо А. Орифов ҷавобан менависад, ки ин кор танҳо ба салоҳияти Раёсати Шӯрои Олӣ марбут аст.

Ё худ муроҷиати Вазорати тандурустӣ ба Вазорати молия ва Сарраёсати андозҳо, сипас мактуби муовини Раиси Шӯрои Олӣ Қ. Қоимдодов ба Шӯрои Вазирон дар хусуси аз андоз озод кардани устохонаи табобатӣ-истеҳсолии касалиҳои рӯҳии рақами 1 натиҷае набахшиданд. Нисбати хоҳиши Федератсияи варзишии таэквондо низ ҳамин даъво мувофиқ меояд.

Акнун мебинем, ки кадом корхонаю муассисотро аз пардохти андоз озод кардан мумкин будааст. Бо ҳидояти муовини Раиси Шӯрои Вазирон А. Самадов (ҳоло Раиси Шӯрои Вазирон) аз 17 марти соли 1993 муассисаи фаръии муштараки «Эдланд» аз тамоми андозҳо ба муҳлати номаълум озод карда шудааст. Ва бо қарори рақами 7-уми Шӯрои Вазирон (онро Абдуллоҷонов имзо намудааст) аз 24 декабри соли 1992 ҷамъияти саҳҳомиии «Экотад» аз пардохти андозҳои фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ озод гардидааст.

Ба роҳбарони Шӯрои Вазирон агар ёру ошноҳояшон муроҷиат намоянд, пас онҳо ба «накӯкорӣ» ҳозиру омодаанд. Масалан, баъзан барои табобати шахси бекасу кӯй арзи хориҷӣ зарур шавад, бо ҳазору як сабаб рад мекунанду вале чун ба хориҷа рафтани аъзои оилаи М. Икромови «камбағал» лозим гардид, тамоми гиреҳҳо кушода шуданд: ҳамсари мири собиқи пойтахт ба ҳайси мураббӣ ва духтараш ба сифати довар аз ҳисоби кисаи харобу хазони давлат фиристода шуданд. Ҳол он ки онҳо ҳатто мухлисони варзиш ҳам нестанд.

Вақте ки аз тарафи Шӯрои Вазирон қарори барқароркунии хоҷагии халқи харобгаштаи вилояти Хатлон қабул гардид. Абдуллоҷонов муҳосираи иқтисодии собиқ вилояти Кӯлобро ба хотир оварда будааст. Чи тавре ки дар боло зикр шуд, ҳамон вақт ҳукумати «Муросои миллӣ» бо сарварии Абдуллоҷонов ва «президент» А. Искандаров ба муқобили халқи сарзамини Кӯлоб ин муҳосираи ваҳшиёнаро ташкил намуда буданд. Акнун Абдуллоҷонов гӯё хостааст, ки бо мақсади адо кардани ҷуброни ҳамон ваҳшонияти худ нисбати сокинони қариб якмиллионнафараи собиқ вилояти Кӯлоб дар ободонии ин минтақа «саҳм» гузорад. Тамошобинони телевизиони тоҷик нағз огоҳанд, ки Абдуллоҷонов бо мақсади таблиғу ташвиқ намудани шахсияти худ як чорабинии бодабдабае ташкил кард. Худаш бо наздиктарин мушовирон тавассути чархбол саросари ин сарзаминро давр зада, тамоми вазирону раисону саркардагони ҷумҳуриро бо дафтару девон ва ҷамеи муҳофизон ҳидоят фармуд, ки сафари вайро дар рӯйи замин такрор намоянд. Садҳо хабарнигорон ҳар як қадами Абдуллоҷоновро барои абадият дар саҳифаи таърих сабт карданд. Ҳар шаб Раиси Шӯрои Вазирон тавассути телевизион бо табассуми ба худаш хос доир ба «гулгулшукуфонӣ»-и ин минтақа кӯҳ-кӯҳ ваъда медоду ваъда медод. Аммо ин вазъияти буҳронии ҷумҳуриро дидаю дониста чунин ваъда додан як чашмбандию худнамоии навбатӣ буду халос. Агар сӯзишвории тамоми чархболу автобусҳо, «Волга»-ю «Рафик»-ҳои вақти худнамоии Абдуллоҷонов аз тарафи ҳамрикобони вай сарфшударо ҷамъ мекарданд, эҳтимол дорад, ки ба фаъолияти яксолаи чандин хоҷагиҳои ин минтақа кифоят менамуд. Умуман дурӯғгӯӣ, фиребгарӣ, қаллобӣ одати деринаи Абдуллоҷонов мебошад. Мисоли ин даъво: моҳи марти соли 1993 Абдуллоҷонов аз хоҷагиҳои навоҳии Турсунзода лутфан дидан намуд. Зимни мулоқоту суҳбатҳо роҳбари ноҳия мавриди муносибе ёфта, аз сарвари ҳукумат хоҳиш кард, ки барои барқарор кардани хоҷагии халқи ноҳия ба маблағи 300 миллион сӯм ёрӣ расонад.

– Ҳиммататонро паст накунед, – ҷавоб дод Абдуллоҷонов ба роҳбари ноҳия, – маблағи яклухтро пурсон шавед, 500 миллион гӯед. Ҳеҷ гап не, дарҳол ёфта медиҳем.

Ин ваъда ҳамин тавр хушку холӣ монд ва ҳоло ҳам Абдуллоҷонов онро ёфта медиҳад, чи тавре ки халқ мегӯяд, аз қоқи нав…

Ҳамин тавр маҳз Абдуллоҷонов барин вазирону сарвазирон бо дурӯғу қаллобӣ ҷумҳуриро бераҳмона тороҷ намуда, ба қашшоқӣ овардаанд. Мана, як намуна аз «фаъолияти» шарикони Абдуллоҷонов. Ба вазири сохтмони ҷумҳурӣ барои харидани 16 адад мошини сабукрави «Газ-31», ки хеле пуразиш ва бодабдаба аст, ягон монеа вуҷуд надорад. Вале барои барқарор кардани хатти барқи ноҳияи Қубодиён, ки порсол аз селоба хароб гардида буд, на маблағ меёбанду на масолеҳ ва на васоити техникӣ.

***

Сарвазири собиқ на танҳо дар масоили ободонӣ ва барқарории хоҷагии халқи харобгашта худро «кашшоф» ҳисоб мекард, зимнан чи гуна «кашшоф» будани ӯро дар боло дидем, балки дар уқдакушоии гиреҳҳои фарҳангу маданият низ худро сохтакорона ташаббускор ва собитқадам нишон медод. Барои ин ҳадафу минбари телевизионии «Останкино»-ро истифода бурд, то ҳамагон бидонанд, ки Абдуллоҷонов чи хел тарафдори забони русист. Вай ба воситаи ин телевизион шарм надошта, изҳор намуд, ки Шӯрои Вазирони Тоҷикистон (яъне Абдуллоҷонов) доир ба боз ҳам боло бардоштани мақоми забони русӣ ҳама корҳоро анҷом додааст, фақат онро муҳокима намудани Шӯрои Олии ҷумҳурӣ лозим асту бас.

Дар асл ҳақиқат он аст, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар хилофи таҳдиду фишори равшанфикрони давр доир ба забон чунин қонуне қабул кард, ки он аз тарафи умум ҳамчун ҳуҷҷати соф башардӯстона кайҳо эътироф гардидааст. Дар ин санад ба ҷуз як ишорае, ки доир ба мақоми давлатии забони тоҷикӣ рафтааст, дар ҳама мавридҳои дигар ба забонҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ ҳуқуқи баробар дода мешавад. Забони русӣ бошад, ҳамчун воситаи муоширати байни миллатҳо эътироф гардида, то кунун мавқеи пешинаи худро на дар идораву корхонаҳо ва на дар коргузорию дафтардории давлатӣ тағйир надодааст.

Вале Абдуллоҷонов ин ҳақиқати кулро дидаю дониста, дастовардҳои Шӯрои Олии ҷумҳуриро ба шахсияти худаш нисбат медиҳад ва барои обрӯю эътибори арзону хасакии худ ҳазорон бор ҳозиру омода аст, ки суннатҳои муқаддаси миллии моро қурбон намояд.

Яке аз масоили мушкилтарин ва ҳалталаб ба тартиб овардани савдои хориҷӣ мебошад. Тайи ду соли охир ҳам сохторҳои давлатӣ ва ҳам тиҷоратӣ ҳар қадар, ки тавонистанд, маводи заруриро аз ҷумҳурӣ берун бароварданд. Мувофиқи маълумоти роҳи оҳан ҳар рӯз аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба маблағи 700-800 миллион сӯм борҳои гуногун содир мешаванд. Аммо дар суратҳисоби Бонки миллӣ ва хазинаи Вазорати молия ҳатто аз ҳазор як ҳиссаи он ҳам ворид нагаштааст. Пас саволе ба миён меояд, ки ин маблағҳо куҷо шуданд, чаро ба ивази онҳо ба ҷумҳурӣ маҳсулот ворид намегардад?

Ҳукумат дар ин ҷода қарори махсуси рақами 317-ро қабул намуд. Акнун умедворие буд, ки назорати давлатӣ аз болои содироти маҳсулот ҷорӣ мегардад, пеши роҳи дуздону ғоратгарон боздошта мешавад, дар суратҳисоби Бонки миллӣ ва Вазорати молия маблағҳои зарурӣ гирд оварда мешаванду ба ҷойи қарзҳои давлатӣ аз ҳисоби пули ба даст оварда метавонем талаботро бо сӯзишворӣ ва дигар маводи ниёзи мардум таъмин намоем. Мутаассифона, тибқи мушоҳидаи вазъият ин қарори ҳукумат амалӣ нагашт. Баръакс агар пеш литсензияро барои берун аз марзи ҷумҳурӣ баровардани маҳсулот худи Шӯрои Вазирон имзо мегузошт, акнун 8 ташкилоти истеҳсолӣ ҳам ба ин кор машғул мешаванд. Оё аз рӯйи инсоф аст, ки масалан, заводи алюминийи тоҷик тамоми маҳсулоти алюминийро бо ихтиёри худаш содир менамояд. Бар замми ин ба ҳукумат муроҷиат кардааст, ки ҳатто маҳсулотеро, ки аз алюминийи аз нав коркарда истеҳсол мешавад, бо салоҳдиди худаш берун аз марзи кишвар барораду даста-даста доллар кунад. Дар сурате, ки имрӯз бозори дохилӣ хароб аст, мардум, хусусан гурезаҳои бар Ватан баргашта ҳатто ба қошуқ, косаи алюминий, чойники обҷӯшонӣ ва дигар маводи рӯзгор муҳтоҷанд, чунин муносибатро низ ба ҷуз аз хиёнат ба манфиатҳои миллӣ дигар навъ шарҳ дода намешавад.

Мувофиқи қарори номбаршуда бояд баъди 14-уми октябри соли гузашта пахта, алюминий ва дигар маҳсулот аз муассисаю ташкилоти тиҷоратӣ, ки ихтиёран онро ба давлат насупоридаанд, мусодира карда мешуд. Болои он бо супориши махсуси ҳукумат даҳҳо ҳазор тонна пахта ба воситаи корхонаҳои хурд ва саҳҳомӣ баъди қабул кардани қарори рақами 317 аз ҷумҳурӣ бароварда шуд. Пас аз қабул шудани қарори рақами 317, ки мувофиқи он фурӯши пахта ба воситаи корхонаҳои хурд, саҳҳомӣ, ҳолдингӣ манъ шуда буд, бо қарори ҳукумати Абдуллоҷонов барои баровардани 53 ҳазор тонна пахта иҷозат дода шуд. Аз ҷумла, ба «Нафтрасон» – 22 ҳазор тонна, кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон – 10 ҳазор тонна, ассотсиатсияи «Ранҷбар» – 2 ҳазор тонна, совхози ба номи Кирови ноҳияи Вахш – 1,2 ҳазор тонна, ҷамъияти аксионерии «Тоҷиксимо» – 1 ҳазор тонна, корхонаи саҳҳомии «Кӯшон» – 1,5 ҳазор тонна, фирмаи «Веста» – 5 ҳазор тонна ва ғайра. Пас саволе ба миён меояд, ки ҳамаи ин назарфиребӣ бо кадом мақсад буд ва манфиати киро ҳифз мекард?

Аз натиҷаи судбахш надодани қарори рақами 317-и собиқ ҳукумати Абдуллоҷонов боз он ҳолат гувоҳӣ медиҳад, ки мувофиқи маълумоти кумитаи давлатии омор фақат дар 9 моҳи соли гузашта дар савдои хориҷӣ таносуби мусбӣ бояд ба фоидаи давлат ҷой медошт. Яъне содирот нисбати воридот 15 миллиард сӯм зиёд нишон дода шудааст. Бо мамлакатҳои хориҷии берун аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ин таносуб 80 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Пас бояд пурсон шавем, ки ин қадар арзи хориҷӣ дар кадом суратҳисобҳо ҷойгир шудааст. Ин дар ҳолате ки имрӯз мувофиқи мактуби ширкати «Сомониён» онҳо аз ширкатҳои хориҷӣ барои харидани ғалла 36 миллион доллари амрикоӣ қарздоранд, Вазорати маҳсулоти ғалла низ қариб 20 миллион доллар қарздор мебошад.

Бо айби собиқ ҳукумати Абдуллоҷонов шартномаҳои байнидавлатии ҷумҳурии мо оид ба содирот ба кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ниҳоят бад иҷро шуда истодаанд. Ба роҳбарони ин давлатҳо ҳазорон ташаккури халқи миннатдори тоҷик, ки онҳо тамоман аз мо рӯ нагардонидаанд. Масалан, соли 1993 ба ҷойи 50 ҳазор тонна нахи пахтаи дар шартнома нишондодашуда мо ба Русия 7,5 ҳазор тонна пахта фиристодем. Иллати ин паймоншиканӣ дар он аст, ки ҷумҳурӣ бо давлатҳои собиқ ИҶШС муомилаи табодули амвол дорад, яъне ба молашон бояд мол диҳем. Аммо ба гуноҳи он ки Абдуллоҷонов ва шарикони ӯ ба табларзаи доллар гирифторанд, ба мамолики Шветсия, Голландия, Англия, Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Гонконг, Тайланд даҳҳо ҳазор тонна нахи пахтаю алюминий фиристода, долларҳоро дар ҷайб задаанд. Масалан, фақат дар давраи як соли мавҷудияти ҳукумати Абдуллоҷонов, яъне аз ноябри соли 1992 то ноябри соли 1993 ба Швейтсария – 8,2 ҳазор тонна, Голландия – 712,2 тонна, Кореяи Ҷанубӣ – 60 тонна нахи пахта фурӯхта шудааст. Ба Давлати Исломии Афғонистон бошад, дар ҳамин давра 420 тонна алюминий содир гардидааст.

Масоили муҳимтарини рӯз бо сӯзишворӣ таъмин кардани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мебошад. Мувофиқи қарори ҳукумат барои ба анҷом расонидани ҷамъоварии ҳосили соли 1993 ва гузаронидани кишти тирамоҳӣ ба ташкилоти «Нафтрасон» 10 миллиард рубл аз қарзи Русия, 24 ҳазор тонна пахта, 10 ҳазор тонна алюминий ҷудо шуд ва мебоист масъалаи бо сӯзишворӣ таъмин кардани ҷумҳурӣ ҳалли худро меёфт. Ба ҳамагон маълум аст, ки ташкилоти номбурда аз уҳдаи иҷрои вазифааш баромада натавонист, ҳол он ки роҳбари «Нафтрасон» ба Сарвари давлат якчанд маротиба ваъда дода буд, ки дар кори таъмин намудани хоҷагии халқ бо маводи сӯхт ягон норасоӣ нахоҳад шуд. Зарари бевоситаи ҷумҳурӣ аз нарасидани сӯзишворӣ дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ 38,7 миллиард сӯм, дар соҳаҳои истеҳсолоти худи кишоварзӣ 237 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Амалан коркунони соҳаи кишоварзӣ кишти тирамоҳиро гузаронида натавонистанд. Ба ҷойи 206 ҳазор гектар то 1 декабри соли гузашта ҳамааш шуда дар 30 ҳазор гектар ғаллаи тирамоҳӣ кишта шуд. Инро фақат диверсияи иқтисодӣ бар зидди халқу давлати ҷумҳурӣ гуфтан мумкин аст. Барои ба халқи азияткашидаи тоҷик бар замми оқибатҳои даҳшатноки ҷанги бародаркуш ва носозгориҳои табиат боз чунин зарари калони моддӣ, ки дар натиҷаи ин коршикании иқтисодӣ расонида шудааст, ҷинояткорон бояд ҷавоб диҳанд! Ин ҷо мо даҳҳо миллиард сӯмина маҳсулоти дар хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ истеҳсолкардаи мардумро, ки бо сабаби набудани сӯзишворӣ, бо қиматии хароҷоти нақлиёт ба бозор оварда натавонистанд, зарари шаҳрвандони мо бо ваҷҳи болоравии нарх дар бозор ва оқибатҳои холатҳои рӯйдодаро зикр менамоем, ки ин худ аз худ аён аст.

Ин коршикании даҳшатноки иқтисодӣ, ки дар натиҷаи амалиёти қаблан ба нақша гирифтаи Абдуллоҷонов ва шарики хиёнатпешаи ӯ – раиси ширкати «Нафтрасон» Станислав Худойназаров амалӣ гардид, ба хоҷагии халқ зарари хеле калон расонд. Раиси ҳукумат ва сардори «Нафтрасон» амалиёти якҷояи нафратовар менамуданд ва раиси ҳукумат барои аз мансаб рондани ин ҷинояткор имкон намедод. С. Худойназаров баробари сардори «Нафтрасон» будан дар ширкати «Лукоэл»-и нафти Русия кор мекард.

Аҷибаш он аст, ки бо ҳилагарию найрангбозии Абдуллоҷонов ин гумоштааш ба як шахс маводи нафтиро ҳам мефурӯхту ҳам аз он мехарид.

Яъне С. Худойназаров ҳамчун намояндаи ширкати «Лукоэл» сӯзишвориро мефурӯхт ва боз худи ӯ ҳамчун раиси «Нафтрасон» ин маводи нафтиро аз худи вай харидорӣ мекард. Ин ҳуққабозиро танҳо ҳамин ду нафар  – устоду шогирди шайтанатпеша медоданду халос.

Ҳоло С. Худойназаров баъди сабукдӯш шудан ҳамчун намояндаи ширкати «Лукоэл» ба шаҳри Чорҷӯйи кишвари Туркманистон омада, лӯлаи маводи нафтии тарафи Тоҷикистонро бастааст. Абдуллоҷонов мисли худаш чунин шахси кӯрнамак ва ҳаққимардумхӯрро парвариш карда будааст.

…Абдуллоҷонов хешро чун шахсияти абарқудрати сиёсӣ ҳисобида, як гурӯҳ маддоҳони худро дошт, ки дар байни онҳо рӯзноманигорон буданд. Онҳо сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ сохта, ҳоло ҳам ба арсаи роҳбарӣ баргаштани Абдуллоҷоновро мунтазиранд…

Мувофиқи маълумоти Кумитаи Шӯрои Олӣ оиди иқтисод ва буҷа тайи ду соли охир аз ҳисоби нодуруст муайян кардани подоши гумрукӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ зиёда аз 60 миллиард сӯм ворид нашудааст. Гап дар бораи он меравад, ки дар ин давра аз пахта ва алюминийи ба мамолики хориҷаи дур содиршуда андози гумрукӣ аз рӯйи таносуби 1 сӯму 68 тин ҳисоб кардани як доллар ситонида шудааст. Ташкилоти гумрукӣ масъаларо чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯё Бонки миллӣ таносуби пули моро нисбати доллар муайян накардааст ва оид ба ин масъала ягон қарори дахлдор қабул нашудааст. Пас худ аз худ саволе ба миён меояд, ки оё собиқ ҳукумати Абдуллоҷонов намедонад, ки 1 доллар 1 сӯму 68 тин не, балки аз 2000 сӯм ҳам гузаштааст? Албатта, нағз медонад, лекин сирри дуздон хубтар пӯшида бод, гуфтаанд… Зиёда аз 60 миллиард сӯми ба фоидаи буҷа рӯёнида нашуда ба ҷайби он ташкилоту нафароне рафтааст, ки аз ҳудуди ҷумҳурӣ пахтаю алюминийро ба хориҷаи дур баровардаанд.

Чаро аз тарафи мақомоти олии ҳукумат ба ин масъала баҳои зарурӣ дода нашудааст?

Масъалаи қарзҳои давлатии ҷумҳурӣ имрӯз ҳам басо ташвишовар аст. Маблағи умумии қарз ҳоло 170 миллиард сӯм мебошад, ки 138,5 миллиардаш ба ҳисоби Федератсияи Русия рост меояд. Маблағи умумии қарзҳои хориҷӣ (берун аз ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) 136 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Мутаассифона бояд зикр намуд, ки на миқдору шароити гирифтани қарзҳои хориҷӣ, на самтҳои амиқи истифодаи самараноки онҳоро ҳукумат бо Шӯрои Олӣ маслиҳат накардааст.

Шартномаҳои гирифтани қарз ҳам тасдиқ нашудаанд. Механизми муфиди хизматрасонии қарзи хориҷӣ танзим нашудааст. Истифодаи маблағҳои номбурда дар ҳаёти иқтисодии мамлакат сабабгори тағйироти куллӣ нагардид.

Ҳукумати Абдуллоҷонов тарзу усули дар сари вақт баргардондани қарзҳоро муайян накард. Худо накунад, ки фардо мо ба фарзандон аз худ бори гарони қарзҳоро мерос гузорему зиндагонии онҳоро сангинтар гардонем.

Роҷеъ ба сиёсати минтақавии Шӯрои Вазирон, ки онро Абдуллоҷонов вақти ҳукуматдориаш ташкил кард, чанд сухан баён намуданӣ ҳастем. Чи тавре ки шоир фармудааст, модар яктост, Тоҷикистон яктост. Ҳар як пора хоки Тоҷикистон барои мо азиз аст ва он ашхосе, ки дар байни минтақаҳои ватан ҷудоӣ андохтанӣ мешаванд, хоинони миллат ҳисоб меёбанд. Аммо боиси таассуф аст, ки муддате чанд на ҳамаи вилояту ноҳияҳо қарорҳои ҳукумати марказиро пурра иҷро менамуданд. Масъалаи тақсимоти маблағҳои буҷаи ҷумҳурӣ, қарзҳои аз хориҷа гирифташуда дар байни вилояту ноҳияҳо таҳлили чуқурро талаб мекунад. Мо дар якчанд баромадҳои вазири молия ҳам ҳалли ин масъаларо надидем. Ба замми ҳамаи ин вилояту ноҳияҳои алоҳида мехоҳанд худро минтақаи озод эълон намоянд. Дар сурати риояи адолати иҷтимоӣ ба ин касе монеъ нахоҳад шуд. Ва агар ҳукуматдории марказӣ ва якпорчагии мамлакатро ҳифз намоем, пас бояд тамоми қарору қонунҳои умумиҷумҳуриро эътироф бикунем.

Мутаассифона, амалан ҳолати баръаксро мебинем. Ин ҷо якчанд мисоли аниқ оварданием. Дар Тоҷикистон ҳоло се шабакаи то як дараҷа мустақили барқ амал мекунад: Шимол, Ҷануб ва ВАБК. То имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ тарафи ягонаи қувваи барқ вуҷуд дорад. Соли ҷорӣ мо аз дигар ҷумҳуриҳо барои таъминоти шабакаи барқи «Шимол» зиёда аз 2 миллиард кв. қувваи барқ мехарем, ки нархи ҳар як кв-таш 75 сӯм будаю 150 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Аммо ин маблағ ба болои маҳсулоти истеҳсолкардаи худи вилояти Суғд нею балки ба тарифи истифодаи барқ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ тақсим карда мешавад. Ин дар он сурате, ки иҷлосияи намояндагони мардумии вилоят оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ эълон намудани ҳудуди вилоят қарори дахлдор қабул кардааст. Оё ин аз рӯйи инсоф аст, ки хароҷоти барқи дар вилоят истифодашуда ба болои тарифҳои тамоми ҷумҳурӣ бор шаванду мардумони водиҳои Ғарму Кӯлоб, Ҳисору Бадахшон, ки аксаран на бо айби худашон, ба кишоварзӣ сарукор доранд, иловатан ҷуброни ноҳияҳои саноатиро ба дӯши худ гиранд.

Дар оқибати кор ҳамаи ин ба манфиати идораю муассисаҳои калони саноатӣ ва ширкату ташкилоти саҳҳомӣ рафта, ба халқи одии ин минтақа фоидае намеорад. Мардуми одии меҳнаткаши вилояти Суғд ҳам мисли сокинони дигар вилояту минтақаҳои ҷумҳуриамон рӯзгори қашшоқона доранд. Ин рафтори саркардагон дар фарҷом сарватмандонро сарватмандтару қашшоқонро боз ҳам қашшоқтар менамояд.

Мисоли дигар: аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ то охири сентябри соли сипарӣ шуда зиёда аз 3 миллиард сӯм ворид гардидааст. Хизмати гумрукии вилояти Суғд, ки ба ҳисоби он қариб 70 фоизи содироти моли ҷумҳурӣ рост меояд, ҳамагӣ 150 миллион сӯм пардохтааст. Оё чунин муносибат нисбати иҷрои қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ равост?

Ба ин мантиқ ташкил кардани иттиҳодияи «Ранҷбар»-ро дар ноҳияи Восеъ низ мисол оварданием, ки мувофиқи қарори ҳукумат бо имзои Абдуллоҷонов тамоми маҳсулоти истеҳсолкардаи колхозу совхозҳои ноҳия ба ихтиёри он вогузор гардидааст. Агар бо ин роҳ рафтан гирем, оқибати ягонагии ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ чӣ мешуда бошад? Ва агар кор ҳамин тавр идома биёбад, пас дигар ноҳияву мавзеъҳо низ фардо худро минтақаи озод эълон мекунанд. Баъди ин ҳукумату давлатдории марказӣ ба кӣ лозим аст?

Мутаассифона, имрӯз дар ҷумҳурии мо қонун дар бораи ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ вуҷуд надорад, низомномаҳои ҳуқуқии танзим намудани муносибати онҳо ба буҷаи давлатӣ, органҳои идораи марказӣ ва маҳаллӣ мураттаб нашудаанд. Куҷо адолату инсоф, ки замину об аз они давлат, тайёр кардани мутахассисон ва ҳифзи иҷтимоии мардум ба зиммаи давлат бошаду маҳсулоти истеҳсолкардаро хонҳову мирохӯрони навбаромад ихтиёрдорӣ намоянд. Дар ягон давлати дунё чунин ҳолатро пайдо кардан мумкин нест.

Собиқ раиси кумиҷроияи вилояти Суғд А. Ҳомидов худро яке аз ҳамин қабил хонҳо эълон намуда буд.

Ӯ хеши Абдуллоҷонов буда, чи тавре ки дар боло зикр намудем, дар вақташ маҳз бо ташаббуси Абдуллоҷонов директори комбинати орди Қайроққум, сонӣ директори генералии иттиҳодияи истеҳсолии «Темурмалик» таъйин гардид. Вақте ки дар ҳукумати «Муросои миллӣ» Абдуллоҷонов сарвазир шуд, боз ҳам маҳз бо ташаббус ва дастгирии вай Ҳомидов вазифаи раиси кумиҷроияи вилояти Суғдро ишғол намуд. Дар ин мансаб ӯ худро ҳокими мутлақ пиндошта, дар айни замон вазифаи сердаромади аввалааш – директори генералии «Темурмалик»-ро хам таҳти тасарруфи худ нигоҳ дошт.

Собиқ раиси кумиҷроияи вилояти Суғд А. Ҳомидов хусусан аз лиҳози ҳуқуқ худро ҳамчун роҳбари камсавод нишон дода, фаъолияти кумиҷроияҳои навоҳӣ, шаҳрҳо ва вилоятро нисбати ҳукумати марказӣ ба ҷудоиандозӣ равона намудааст. Ба ин даъво қарорҳои кумиҷроияи вилоят таҳти рақамҳои 156 (14.05.92) ва 173 (21.09.92) гувоҳ шуда метавонанд, ки хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои давлати марказӣ мебошанд. Бо ин қарорҳо ба кумиҷроияҳо мустақилияти ғайриқонунӣ дода буд.

Ҳомидов бо қарори рақами 193 (31.10.92)-и кумиҷроияи вилоят дар ҳудуди вилоят полки тирандози мотордор ташкил намуда, бо ҳамин Қонуни асосии ҷумҳуриро хеле дағалона вайрон кард. Дар масъалаи мусаллаҳ намудани ин полк дастёронаш, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати умури дохилаи вилоят Т. Иброҳимов ва собиқ сардори кумитаи амнияти миллии вилоят Э. Қурбонов бисёр давутоз намуданд.

Вақте ки дар масъалаи таъсиси ғайриқонунии полк Додситони кулли ҷумҳурӣ эътироз баён намуд, ин хони абарқудрат ба он ҳеҷ эътиборе надод. Ҳол он ки тибқи муқаррарот чунин эътироз дар бадали на бештар аз даҳ рӯз бояд дар кумиҷроия мавриди муҳокима қарор биёбад.

Ҳомидов ҳамеша дар хусуси ҷудо намудани вилояти Суғд аз ҳайати ҷумҳурӣ муҳокима ронда, маҳз бо ҳамин қасд фармон дод, ки кӯпруки болои дарёи Яғноб дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд тарконида шавад. Собиқ комиссари ҳарбии вилояти Суғд Мамадҷонов ин фармони Ҳомидовро пазируфта, тахриби кӯпруки мазкурро ташкил намуд. Ин вайронкорӣ 18 августи соли 1993 соати 01-у 30 дақиқа ба амал омад ва ба ҷумҳурӣ зарари ниҳоят калони маънавию моддӣ расонд.

Ҳомидов низ дар ҳаннотию қаллобӣ бо Абдуллоҷонов ҳамсанг будааст. Ӯ ҳамчун раиси иттиҳодияи «Темурмалик» бо муовини ширкати «Лахш»-и ноҳияи Ҷиргатол Мунзин дар бораи доду гирифти маҳсулот шартнома бастааст. Мувофиқи ин шартнома ширкати «Лахш» ба иттиҳодия пахтаи (!) навъи 1 медиҳаду иттиҳодия ба ширкати «Лахш» орди навъи 1 ва биринҷу нахӯду ғайра. Мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол куҷою пахтаи навъи аввал (умуман пахта) куҷо?!

Мутаассифона, як теъдод масъулини нопоки заводи пахтатозакунии шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ҳам бо ҳаннотии муассисаи муштараки «Сано» шарику ҳамтабақ гашта, 66773 кило пахтаи бо хуни дил парваридаи деҳқонони ин сарзамини ҷабрдидаро фурӯхтаанд. Ба ҳама маълум аст, ки бар асари ҷангҳои бемаънӣ водии мазкур хеле харобу валангор гардидааст. Оё ин ҳамаро дидаю дониста чунин амал намудани ҳаннотон болои сӯхта намакоб нест? Аҷибаш он аст, ки нахи пахтаро бисёр фиристода, дар ҳуҷҷатҳо кам нишон додаанд. Масалан, боре 49 той нахи пахтаро, ки вазнаш 10350 кг мешавад, ба ихтиёри ММ «Сано» равон карда, фақат 1 тойи он (1453 кг)-ро дар ҳуҷҷат қайд намудаанд. Миқдори боқимондаи пахтаи ин сарзамини сӯхтаю валангоршуда ба фоидаи кӣ қайд шуда бошад? Ба ин роҳбарони кумиҷроияи вилояти Қӯрғонтеппа чӣ хоҳанд гуфт?

Мувофиқи маълумот муассисаи муштараки «Сано», ки ин ҳама аз тобеоти Ҳомидов мебошад, дар соли 1993 ба миқдори 36530 тонна нахи пахтаро ба хориҷа содир намудааст. Аз фурӯши ин маҳсулот 41 миллиону 477 ҳазор доллари амрикоӣ, инчунин 216 миллиону 411 ҳазор рубл ба куҷо рафта бошад?

Умуман дар солҳои 1991-1993 барои фурӯхтани пахта ба иттиҳодияи «Темурмалик» литсензияҳо дода шуда бошанд ҳам, тамоми амалиёт тавассути муассисаи муштараки «Сано» ҷараён ёфтааст. То 1 феврали соли 1994 бо воситаи ММ «Сано» ба 8 қарордоди кишварҳои хориҷа 6135,3 тонна нахи пахта содир шудааст, ки 24702644523 рубл ё худ 75161105 ҳазор доллари амрикоиро ташкил менамояд. Моли бар ивази он гирифташуда аз маблағи 43160307,7 доллари амрикоӣ ҳам камтар мебошад.

Ҷаноби Ҳомидов бо мақсади тафриқаандозӣ дар байни халқи тоҷик ва ташкил намудани давлати алоҳида дар қаламрави ҷумҳурӣ хилофи қонун дағалона амал карда, як қисми хонаҳои иттиҳодияи «Темурмалик»-ро ба анбори аслиҳа ва муҳимоти низомӣ табдил дода буд. Ҳамин тавр ҳини тафтишот аз ин анборҳо 15 ҳазор адад автомат, 3 миллион дона тир ва мошинҳои зиреҳпӯш пайдо шуданд.

Маҳз бо ҳамин қасди зишт маблағи 14,7 миллиард сӯм, ки бо қарори Шӯрои Вазирон ба Вазорати мудофиа ҷудо шуда буд, бо амри Абдуллоҷонов ба вилояти Ленинобод роҳ ёфтаасту ба он ҳам автомату гранатамётҳо, тиру мошинҳои зиреҳпӯш, чархболу дигар муҳимоти ҷангӣ харида шудааст. Як қисми ин олоти ҷангӣ куҳна ва бидуни санади харид ҳастанд ва теъдоди зиёди онҳо ҳоло бо амри Ҳомидов пинҳон карда шудаанд. Ин аслиҳа ба сари сокинони вилояти Ленинобод ҳам хатар дошт.

27 майи соли 1993 Ҳомидов ҳамаи раисони кумиҷроияҳои шаҳрҳо ва навоҳии вилоятро расман даъват намуда, изҳор дошт, ки ягон нафар намояндагони ташкилоти марказии ҷумҳуриро барои тафтиш роҳ надиҳанд, умуман ба ташкилоти марказӣ итоат накунанд. Ба ҳамин минвол Ҳомидов ба қонуншикании шадиде иқдом варзид, ки шаҳодати итоат накардани вай ба ҳукумати ҷумҳурӣ, таҳдид ба якпорчагии кишвар ва ташкили давлати дигар дар дохили давлат мебошад.

Алғараз, гумоштаи Абдуллоҷонов дар қонуншиканӣ ва ҷиноят аз устоди худ монданӣ надошт ва ба ӯ такя менамуд.

***

Акнун доир ба масъалаи кадрҳо таваққуф менамоем. Маълум аст, ки масоили ҷойгузин намудани қадрҳои роҳбарикунанда тағйироти куллиро тақозо дорад. Баъзан даъвоҳои бебунёде ба гӯш мерасанд, ки дар мақомоти давлатӣ ва умури идораи вазорату корхонаҳои калон гӯё аз ҳама зиёд намояндагони вилояти Хатлон ҷой гирифтаанд. Ҷумҳурии мо он қадар калон нест ва ҳама чиз дар пеши назари халқ аён аст. Тибқи мушоҳидаҳо дар мақомоти идораи давлатӣ намояндагони тамоми навоҳию вилоёти калонтарин масруфият доранд. Аз 62 вазифаи мақомоти ҷумҳурӣ 48-тояшро намояндагони вилояти Суғд ишғол мекунанд. Аз намояндагони ин вилоят 13 нафар вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ, аз намояндагони вилояти Хатлон 9 нафар, аз вилояти мухтори Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 нафар адои вазифа карда истодаанд. Ба ғайр аз ин раисони Сарраёсати андоз, кумитаи гумрук, додгоҳи олӣ, ҳаками давлатии ҷумҳурӣ, якчанд нафар раисони кумитаҳои Шӯрои Олӣ аз ҷумлаи фарзандони вилояти Суғд мебошад. Инчунин 4 нафар муовинони Раиси Шӯрои Вазирон, зиёда аз 60 фоизи мудирони шуъбаҳои Шӯрои Вазирон, қисми зиёди муовинони вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ ва ҳиссаи намояндагони ин вилоят рост меоянд. Аз 48 корхонаҳои калонтарини саноатии дар Тоҷикистон амалкунанда роҳбарони 41-тои онҳо фарзандони барӯманди вилояти Ленинобод мебошанд.

Мо ин рақамҳоро барои он зикр намудем, ки баъзе бадхоҳон байни минтақаҳо тафриқа наандозанд. Халқи тоҷик аслан аз мутахассисини вилояти Ленинобод, ки сармояи тиллоии миллат буда, дар ҳамаи вилояту минтақаҳо софдилона меҳнат мекунанду қобилият, хирад ва маҳорати худро барои гулгулшукуфонии Ватан сарф менамоянд, аз таҳти дил сипосгузор аст.

Аммо воқеоти мудҳиши солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба мо сабақи ҷиддии ибратбахше доданд. Маълум гардид, ки аз пайи Абдуллоҷонов Ҳомидов ва дигар ҷудоиандозони миллат рафтан ҳар як касро ба вартаи ҷиноят ҳавола мекунад…

Вақте ки ин сатрҳо рӯйи коғаз меомаданд, аз шаҳри Маскав хабар расид, ки Абдуллоҷонов аз «фаъолияти пурсамар»-и семоҳаи сафирӣ хастаҳол гардида, ба рухсатии семоҳа, яъне 90-рӯза баромадааст. Яъне ба як рӯзи кораш расо як рӯз рухсатӣ гирифтааст. Вай аз майдони ҳавоии Шереметево рост ба ҷониби кишвари Исроил парвоз намуда, бо намояндагони доимии муассисаҳояш дар ин кишвар ҷаноби Гайтсгори, Довуд Наматиев ва Михаил Кулангиев мулоқот намуд. (Ин ҳамон ҳанноти гузаро Кулангиев (махсуми Кулангӣ) аст, ки солҳои тӯлонӣ таҳти итоати Абдуллоҷонов ҳини дар Вазорати ғалла кор карданаш бо дастгирии «хӯҷаин» бисёр молу маноли халқро ғорат карда, ҳамчун ҷинояткор ҳабс гардида буд. Вале баъди он ки «хӯҷаин» Сарвазир шуд, дарҳол Кулангиевро аз ҳабсхона озод карда, ба ватани бобоиаш гусел намуд, то дубора ҳабс нагардад.

Муносибати Абдуллоҷонов бо собиқ раиси идораи «Тоҷиквнешторг», ғоратгари гузарои молу сарвати халқи тоҷик Гайтсгори низ аз қадим маълум аст. Д. Наматиев бошад, дар вақти вазирии Абдуллоҷонов муовинаш буда, пулҳои дуздии шараққосиро ба назди «хӯҷаин» бо дипломат меовард.

Абдуллоҷонов дар Исроил муддати зиёд таваққуф накард, вай аз дахлу мафоди ширкату корхонаҳояш мамнун шуда, ба кишвари Амрико парвоз намуд ва аз он ҷо ба ишратгоҳи бузургтарин сармоядорони ҷаҳон – Майами раҳсипор гашт, ки дар давраи рухсатӣ дами беғам занад. Боз мегӯем, ки ҷумҳуриамон камбағалу бенавост, халқамон ба як пора нон зор аст, охир сафирамон рухсатии навбатиашро дар Майами мегузаронаду…

***

Ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шудани лоиҳаи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳбаландии бузурги мардумони кишварро бедор кардааст. Ҳар як фарди ҷумҳурӣ ин номаи тақдири худро, ки аз тарафи як гурӯҳ шахсони соҳибмаърифату муътабар таҳти ҳидояти Сардори давлат мураттаб дода шудааст, бо ҷавҳари хираду таҷрибаи хеш боз ҳам такмилу тасҳеҳ менамояд.

Дар чунин давраи ҳассос тоифае ҳаст, ки дар байни халқ як силсила ҳамлаю кушторҳои ваҳшиёна ташкил намуда, одамонро мушавваш ва бесаранҷом карданӣ мешавад. Медонем, ки гург хунхориҳои худро ҳамеша дар ҷомаи меш амалӣ месозад. Мо тарзу усулҳои қотилонро медонем. Дар вақташ яке аз қотилони манфури додситони кулли ҷумҳурӣ Н. Ҳувайдуллоев узви ташкилоти террористии «Ихвон-ал-муслимин» Нуруллобеков маҳз бо ҳидояти Абдуллоҷонов мошини ВАЗ-2107 рақами давлатиаш 25-59 ДББ-ро, ки ба Вазорати маҳсулоти ғалла тааллуқ дошт, соҳибӣ мекунад. Ин қотил ду рӯз пеш аз ҷинояти охирини худ савори ҳамин мошин ба коргоҳи Абдуллоҷонов омада, аз ин пуштибонаш барои он ваҳшоният фотеҳа гирифтааст.

Вақте ки Абдуллоҷонов вазири маҳсулоти ғалла буд, вазифаи директории заводи нони рақами 2-и шаҳри Душанберо ба Рустам Юлдошев ном бармен фурӯхт. Рустам ба ивази ин ба Абдуллоҷонов аз деҳкадаи Калинини пойтахт, аз назди хонаи худ ҳавлии дакадангеро бо таҷҳизоташ харида дод. Онҳо дӯсти наздики маҳрамонаи оилавӣ шуданд. Баъдтар Абдуллоҷонов ба Рустами ҷавон нобоварӣ ва бухлу кинаварӣ пайдо намуд. Рӯзе гӯё авбошон Рустамро бо корд заданд, гумон доштанд, ки вай мурд. Зинда монду аснои муолиҷа гуфтааст, ки ин амали Абдуллоҷонов аст. Сонӣ чанде нагузашту ҷасади Рустамро аз байни ахлоттӯда пайдо намуданд…

Ҳамон вақтҳо тафтишоти салоҳиятдор хиёнату ҷинояти сахти мутасаддиёни ширкатҳои «Труд» ва «Суғдиён»-ро (марбути Вазорати ғалла) фош намуд. Сармуҳосибу хазинадори ҳамин муассисаҳо А. Николаев, ки худаш танҳо хилофи қонун чор вазифаро иҷро мекард, тасодуфан ҷон ба ҷаббор супурд…

Ронандаи комбинати булкаю кондитерии Вазорати ғалла Рамазон Содиқов ҳамон рӯзҳо бо мошини пур аз сақичи дуздӣ ба даст афтод. Ин воқеа рӯзи истироҳат бо дасти шогирдони Абдуллоҷонов рӯй дода буд, муассиса пинҳонӣ сақич истеҳсол менамуд. Вақте ки ронанда дар ин бора ба хӯҷаинони бор муроҷиат карда, аз онҳо кӯмак хост, онҳо бо мақсади фош нашудани асрори дуздиашон ронандаро ба дарахт овехтанд. Бо ҳамин моли дуздиро ба гардани ронандаи марҳум заданд… Он вақт касе аз пайи ин воқеа ҳам нашуд. Ҳол он ки ин кушторҳо дар муддати кӯтоҳ ва ҳамагӣ дар муассисоти тобеи Вазорати ғалла рӯй додаанд.

Умуман, бо ҷинояти Абдуллоҷонову шариконаш бисёр касон нобуд шудаанд. Ҳар шахсе, ки барои амалиёти онҳо номатлуб мегардид, ба таври фоҷиавӣ нобуд мешуд. Ба ин маънӣ дастаи Абдуллоҷонов дар ин қабил амалиёти ваҳшиёна таҷрибаи калон пайдо кардааст. Талвосаи асосии Абдуллоҷонов, Ҳомидову шарикони онҳо ҳамеша ва бо ҳар усул ноорому муташанниҷ сохтани вазъияти ҷумҳурӣ ва таҳти таҳдиду фишор нигоҳ доштани сокинони он мебошад.

Зеро ҳини нооромӣ онҳо бо дуздӣ, хиёнат, ҷиноят бемалол машғул шудан мегиранду хавфи фош гаштан ҳам барояшон камтар хоҳад буд. Ба кишвари Афғонистон ба ихтиёри мухолифин фиристодани сӯзишворӣ ва ташкили силсилаи ҷиноятҳо дар дохили мамлакат низ бо ҳамин мақсади мурдор ва нопок ба амал омадааст. Ҳадаф ин аст, ки халқ гурги дар ҷомаи меш бударо бишиносад ва муайян намояд, ки имрӯз дӯсташ кадом асту душманонаш кист?!

Бахтиёр МУРТАЗО,

журналист, Нависандаи халқии Тоҷикистон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube