Сафари мо ба мулки Терай, ноҳияи Шӯрообод ва ҳоло Шамсиддин Шоҳин ғайричашмдошт сурат гирифт. Бархе аз хонандагони газета, муаллифони фаъолу доимии мо соли аввал нест, ки аз ҳайати эҷодии газетаи СССР даъват мекунанд, ки меҳмони ин ноҳия ва хонаводаи онҳо шавем. Мо низ бо расидани фурсат даъвати онҳоро пазируфтем.
Роҳ мисли оина
24.10.2025. Соат бо вақти Кӯлоб 08:00 дақиқа. Пас аз меҳмонии шабона дар хонаи бародарам, хабарнигори мардумии СССР дар минтақаи Кӯлоб, ҷанговари башардӯст Алӣ Шарипов Беҳудуд ҳамроҳ ба истгоҳи мошинҳои таксии Кӯлоб – Ш.Шоҳин омадем. Бояд гуфт, ки акаи Алӣ аз мо хеле меҳмоннавозӣ кард, ки офаринаш бод!
Нархи роҳкиро аз Кӯлоб то маркази ноҳияи Ш.Шоҳин 20 сомонӣ сари ҳар кас будааст. Хеле интизор шудем то мусофир ҷамъ шавад – мардуми ин ноҳия одатан субҳи барвақт ба самти Кӯлобу Душанбе баромада, пас аз нисфирӯзӣ бар мегаштаанд ва пайдо кардани мошини мустақим аз Душанбе ба Ш.Шоҳин хеле мушкил аст. Дар Кӯлоб низ ҳамин тавр, пас аз 30 дақиқаи интизорӣ билохира нафаре пайдо шуду, мо пули 4 нафарро дода, роҳ пеш гирифтем сӯи мулки Терайи овозадор.
Охирин маротиба ман соли 2017 зимни сафар ба Бадахшон аз ин минтақа гузашта будам. Он замон роҳи Кӯлоб – Ш.Шоҳин дар ҳолати хеле бад қарор дошту ҳукумат сари таҷдиду тамдиди он андешаронӣ менамуд. Вале ҳоло ҳайратам афзуд – роҳ мисли оина ҷило медоду ҳаракат рӯи он кайфият дошт!
Сохтмони ин қисмати роҳ, ки минтақаи Кӯлобро бо ноҳияи Дарвоз мепайвандад, соли 2019 оғоз шуда, соли 2022 ба итмом расид. Масофаи роҳ 32,7 км-ро ташкил дода, агар гӯям, ки мо онро дар тӯли 20 дақиқа убур кардем, муболиға намешавад.
Гилаи раисӣ
24.10.2025. Соат бо вақти Ш.Шоҳин 09:02 дақиқа. Мо ба дӯстони худ занг зада, аз омаданамон хабар дода будем, вале нахуст сӯи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин роҳ пеш гирифтем.
Бинои ҳукумати ноҳия хеле зебо, барҳаво, ба таври муосир бо аксу лавҳаҳо оро дода шуда буд, ки зимни тамошои онҳо дар кӯтоҳтарин муддат бо таърихи 34 соли ноҳия ошно шудан имкон дошт. Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳар сол бо сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мерафтаанд – аксҳо дар қабулгоҳу толори бинои ҳукумат далели ин гуфтаҳост.
Дунболи пайдо намудани роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия бо худи раис Гулзода Зафар Шамсуддин вохӯрдем. Раис меҳмонеро гусел намуда, бо ман саломуалейки гарм намуданд ва пурсиданд: «Шумо ба ман кор доред?». Дарҳол худро муаррифӣ кардам. Якҷоя ба утоқи кориашон даромадем. Рӯи мизи раис газетаи «СССР»-ро дида хушҳол шудам.
– Ман тамомии шумораҳои газетаи «СССР»-ро мехонаму аз назар мегузаронам. Медонед ман боре надидаам, ки дар саҳифаҳои газета дар бораи рушду пешрафт ва ё ободкориҳои ноҳияи Ш.Шоҳин матлабе нашр гардад. Тамомии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳасту ноҳияи мо нест! Ҳатто чандин маротиба хостам бо сардабири газета низ дар тамос шуда, таъкид кунам, ки ноҳияи мо дурдаст бошад ҳам, мардум дар пайи ободианд ва месазад дар бораи ин ободкориҳо гуфту навишт, – изҳор дошт Зафар Гулзода зимни суҳбат.
– Бале, раиси муҳтарам, муттаасуф чунин аст, вале мо роҳро ба ноҳияи шумо ёфтаву минбаъд ҳатман зуд – зуд хоҳем омад. Ба ғайр аз ин қарсак аз 2 тараф аст, бачаҳо низ бояд бо мо мисли дигар шаҳру ноҳияҳо ҳамкориро зич ба роҳ монда, аз навгониҳо хабардор созанд, мо омодаи ҳамкорием, – гуфтем мо дар посух ба раис.
Воқеан аз ин гилаи раис хушам омад, зеро ин маънои онро дорад, ки раис дар ҳақиқат газета мехонаду аз матбуоти даврӣ огоҳ аст. Офарин!
216 иншооти ҷашнӣ
Суҳбати мо бо Зафар Гулзода бобати омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт. Гуфта шуд, ки бахшида ба ин ҷашни таърихӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бунёд, азнавсозӣ ва таҷдиди 216 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора 17 адад дар соҳаи маориф, 11 адад дар соҳаи тандурустӣ, 25 адад корхона ва коргоҳҳои саноатӣ, 3 адад дар соҳаи фарҳанг, 14 адад ба соҳаи кишоварзӣ, 12 адад дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 50 адад нуқтаи хизматрасонӣ ва 41 адад иншооти дигар рост меояд.
Инчунин, айни замон сохтмони варзишгоҳи марказӣ барои 6000 ҷойи нишаст, Маҷмааи модару кӯдак,1 муассисаи томактабӣ, сохтмони бинои мактаби №10 барои 740 ҷойи нишаст, сохтмони 29 синфхонаи иловагӣ дар 6 мактаби дигари ноҳия идома дорад.
– Бояд гуфт, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон дар ноҳия 15 адад иншооти хурду бузург, аз қабили 2 адад пул дар ҷамоатҳои деҳоти Лангардара ва Чагам, 2 адад кашидани хати оби нӯшокӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Шӯрообод ва Чагам барои 600 нафар истифодабарандагон, 2 км роҳ сангфарш намудани кӯчаҳои дохилии деҳаи Ёл, сохтмони 7 адад дидбонгоҳи наздисарҳадӣ, 1 адад мамнӯъгоҳ ва 1 адад дарвозаи даромадгоҳи мамнӯъгоҳ илова гардид, – таъкид дошт Зафар Гулзода.
Сарҳад амн аст!
Ҳама медонад, ки масофаи дарозтарини сарҳад бо кишвари ҳамсоя Афғонистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳз бо Тоҷикистон аст, ки дар умум 1374,2 км- ро ташкил медиҳад. Тавассути ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин наздики 150 км хати марз мегузарад ва ин 2 мамлакатро дарёи Панҷ аз ҳам ҷудо мекунад.
Тавре раиси н.Ш.Шоҳин таъкид дошт, вазъият дар марз зери назорати мақомоти қудратӣ буда, амн аст. Аммо рӯзи дигари сафари мо ба ин ноҳия, яъне 25 октябр дар расонаҳо дар бораи ба вуқуъ пайвастани низоъи марзӣ хабар хондем, ки баъдан маълум шуд, ин амалиёти афсарони тоҷик бар зидди қочоқбарон будааст, ки мехостанд сарҳади давлатиро убур намоянд.
Саҳми Саймумин Ятимов дар ободии ноҳия
Суҳбат бо раис хуш буд, вале чун гуфтанд Музаффар Мирзозода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон омадаву ният дорад бо кишоварзони ноҳия мулоқот намояд, мо суҳбатро дигар идома надодему гуфтем ба тамошои маркази ноҳия мебароем.
Маркази ноҳияро бори аввал мебинаму чарх мезанам, аксарияти роҳҳо ҳама мумфаршу сангфарш, биноҳои дуошёна афзудаанд, бинои шуъбаи маориф, Қасри фарҳанг, Маркази ҷавонону марказҳои муосири савдо бунёд ёфтаанд. Шафати шоҳроҳ дарахтони павлония шинонда шуда, тариқи оби қатрагӣ нигоҳубин карда мешаванд.
Мардум мегӯянд, ки аксарияти ин биноҳои баландошёна бо саҳму талоши Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ҶТ бунёд ёфтаанд, ки роҳбари Гуруҳи корӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ноҳия буда, баҳри ободии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хеле заҳмат кашидааст.
3 -мушкетёри шуроободӣ
Вақте аз бинои ҳукумати ноҳия баромадам, дидам ки маро 3 дилбохтаи қалам, пирони кор, ба қавле 3 мушкетёри матбуоти ноҳия – Қурбон Маҷнунов, Ҷумъа Назрӣ ва Шералӣ Икромов интизоранд. Бо 3 пири кор, ки муҳимтар аз ҳама СССР – дӯстдоранду ҳар шумораи газетаро хонда, пасон «подшивка» ҳам мекунанд, суҳбат кайфияти хосе дошт. Онҳо тамомии матлабҳои газетаи СССР-ро азёд дониставу бобати ину он матлаб баҳс мекарданд. Таърихи таъсисёбии ноҳияро низ аз дилхоҳ таърихшинос хубтар медонистанд.
Аз он ҷумла, Қурбон Маҷнунов, омӯзгор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, муаллиф ва мухлиси газетаи мардумӣ яке аз он нафаронест, ки дар таъсиси ноҳияи мазкур дар замони истиқлолият саҳм дорад.
Терай ё Шӯро обод?
Тавре Қурбон Маҷнунов мегӯяд, собиқ ноҳияи Шӯрообод бо Қарори Кумитаи иҷроияи марказии РСС Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 1930 ташкил ёфта, бо Укази Шурои Олии РСС Тоҷикистон 14 марти соли 1959 барҳам хӯрдааст. Агар то замони советӣ ин маконро даштҳои Терай ё мулки Терай – Терайзамин мегуфтанд, пас аз таъсисёбӣ онро Шӯрообод, яъне Шӯравӣ – обод ном карданд.
Ноҳия дубора бо Қарори сессияи ҷаласаи Шурои Олии РСС Тоҷикистон моҳи феврали соли 1991 аз нав таъсис ёфт. Дар таъсиси дубораи ноҳияи мазкур саҳми собиқ Котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб Султон Мирзошоев хеле бориз аст.
Мо аз шоҳиди зиндаи таъсисёбии Шӯрообод, аниқтараш боз 1 саҳмгузораш Қурбон Маҷнунов хоҳиш намудем барои хонандагони газетаи мардумӣ дар шакли алоҳида ин ёддошташро, ки хеле ҷолиб аст, иншо намояду мо нашр кунем. Муаллим, интизорем!
Ноҳия бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 марти соли 2016 ба Шамсиддин Шоҳин тағйири ном кард.
Меҳмондории кӯҳистонӣ
Новобаста аз он, ки кормандони ҳукумати ноҳия маро барои хӯроки нисфирӯзӣ даъват намуданд (Муҳаммадӣ ва Фаридун, ҷаҳони сипос, ҳатман дафъаи оянда), ман мӯсафедонро интихоб намуда, бо онҳо ба меҳмонии хонаи Қурбон Маҷнунов ба деҳаи Хоҷағалтон рафтам. Ахирӣ, ҷои зикр аст, ки барои омадани хабарнигори СССР гӯсфанд кушта буд!!! Суҳбат бо устодон Ҷумъа Назриву Шералӣ Икромов сари дастархони пурнозу неъмат дубора қӯр гирифт.
Ман аз самимияти ин хонадон, аз чаппотиҳои гарму нав аз танӯр кандаи кадбонуи оила (дар бораи лаззати чаппотиҳои шӯроободӣ акаи Алии Беҳудуд дар Кӯлоб бароям нақлҳо карда буд), себҳои ширину обдор – бренди ноҳия ва хӯрокҳои кӯҳистонӣ хеле лаззат бурдам. Муҳимтар аз ин ба самимияти ин мардум, ки мо мардуми пойтахтнишин онро кайҳо фаромӯш кардаем, ҷаҳоне лаззат бардоштам ва туҳфаҳое, ки бароям доданд, то ба редаксия газетаи СССР оварда расондам! Мо Метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова,
СССР,
Душанбе – Кӯлоб – Ш. Шоҳин – Душанбе
