31.10.2025. Соат ба вақти Душанбе 09:00 дақиқа. Бо ибтикори Раиси Иттифоқи Композиторони Тоҷикистон-Амирбек Мусоев, чанд тан дар кабинети СССР ҷамъ шуд: Хайрандеш, Ҷумъахон Исмоилов-сароянда, Акрам Давлатов-корманди Тоҷикстандарт ва шахсияти бисёр фарҳангӣ ва шеъдӯст, худи Амирбек ва ман-Сайёфи Мизроб.
Миссияи имрӯзаи мо сари гӯри Сафар Айюбзодаи Маҳзун (07.01.1956-21.11.2020) рафтану 1 каф дуову хотири шоири фақидро шод кардан буд.
31.10.2025. Соат ба вақти Душанбе 09:53 дақиқа. Бо азоби алиме «пробкаҳоро убур карда», ба мазори воқеъ дар 9-километри пойтахт расидем, шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат.
Дар ин мазор моро 2 ҷигарбанди шоир интизор буданд. Яке Шеърдӯст писараш ва дигарӣ Сафар Айюбзода-набераи Маҳзун.
Сари оромгоҳи шоир маҳфиле унс доир кардем, ки банда, сардабири СССР ва яке аз дӯстони наздики шоири фақид, гардонандаи он будамо. Устод Айюбзода, баъди шуруъи ҷанги гражданӣ сахт азобу шиканҷаву азияти хешу бегонаро чашид ва бар худ тахаллуси Маҳзун баргузида, бо ин 3 байт тамомии дарду алами хешро ба маъраз гузошт:
Чу ман ёри ғамам, умре ба ғам дилдода мемирам,
Зи ғам хӯ кардаам бо бода, бо ғамбода мемирам!
Чӣ иллат буд, миллат ними худро, «мим»-и худро кушт,
Аз он тарсам, ки ин асрорро накшода мемирам!!
Ба мисли пода халқ асту ба ҳар сӯе биронандаш,
Ба ҳар сӯе равад, ночор бо ин пода мемирам!!!
Амирбеки Мусо, раиси Иттифоқи композиторон:
– Бузургии Сафар Айюбзодаи Маҳзун дар он аст, ки дар баробари шоири барҷаста будан, хеле оддӣ ва заминӣ буд. Дӯстони зиёд дошт. Мо бо устод беш аз 60 тарона-шлягер эҷод кардем, ки онҳоро беҳтарин санъаткорони давр, аз қабили Сурайё Қосимова, Ҷумъахон Сафаров, Малика Саидова, Файзигул Юсупова, Сафаргул Юсупова, Саъдӣ Буризод, Сангалӣ Мирзо, Усмоналӣ Раҳматов, Қурбони Абдулло ва даҳҳо тани дигар мехонданду мехонанд.
Устод бо ман ҳатто либреттои «Ҳангома дар ҷангал»-ро навишт. Шеъру таронаҳоро дар 1 шаб менигошт. Ҳамингуна эҷодаш саршор буд. Бо Убайдуллои Раҷаб бошад, суруду таронаҳои шӯх ва сиёсӣ менавишт, мисли:
Эй зан, ту Худо бигӯ, аз ин бад накунад,
Ман чи кор кунам, зиндагӣ омад накунад?
Хайрандеш-шоири халқии Тоҷикистон:
-Бинед, калиди тахаллуси Маҳзун баргузидани ӯ дар куҷо ниҳон аст: одам то марг шодиву нишотро мекашад, вале бо ҳузн ба ун дунё рахт мебандад. Маҳзун ҳузнашро бо худ бурд. Ва 1 пешгӯияш, ҳич аз хотирам намеравад, ки дар таърихи 21 ноябри соли 2020 навишт:
-Дуо кунед, ки то мурданам зинда монам…
Ман Фейсбукро дидам, ки расо баъди 10 дақиқа аз навишти ин ҷумла ҷон ба Ҳақ таслим кард…
Акрам Давлатов, ҳамдеҳаи шоир:
– Сафар Айюбзодаи Маҳзун нависандаи шинохта, шоири эътирофгашта, драмматурги муваффақ, рӯзноманигори беҳамто буд. Соли 2006, вақте аз 50-солагияш ҷашн мегирифтанд, дар бинои ИНТ, шоираи халқӣ устод Гулрухсор баромад карда гуфт:
-Шоирон ин миллат бисёр дорад. Аммо шоири хубу одами хуб хеле кам аст. Мутаассифона, додари азизам, Шумо, Сафар Айюбзодаи Маҳзун, ҳам ин ҳастеду ҳам онаш…
Ҷумъахон Исмоилзода корманди филармонияи давлатӣ:
-Хеле хуб мешуд, агар ҳаводорони шеъру санъат, ҳамин ибтикори моро дастгирӣ карда, новобаста ба солрӯзу маргрӯз, сари мазори шоирону санъаткорон рафта, чунин маҳфили унс баргузор кунад.
Дар охир Шеърдӯст – фарзанди шоир ҳозиринро хайра мақдам гуфтаву 1 ғазали ноби падарро қироат намуда, афзуд:
-Ман аз шумо-дӯстони падар, ки сарҷамъ шудаву қиссаву ҳикоёту хотироташонро гуфта, ёде аз шоир намудед, арзи сипос мекунам. Зеро дар ин замонае, ки мутаассуф, зиндаҳо бар аёдати зиндаҳо намеоянд, шумо сари гӯри Падари ман омадаву хотирашро шод ва шамъи ёдашро фурӯзон кардед. Ҷаҳони сипос…
