Сарқонуни нав 31 сола шуд!!!

06.11.1994. Конститутсия ё худ Сарқонуни ҶТ қабул шуд, ки давлати моро расман мустақил, озод ва соҳибмаром эълон намуд. Ва аммо бубояд гуфт, ки Сарқонуни соли 1994 Конститутсияи нахустини давлату давлатдории Тоҷикон нест. То қабули ин Сарқонун РСС Тоҷикистон дар ҳайати давлати бузурги СССР 3 маротиба Конститутсияи худро қабул кардааст. Биоед муруре мекунем, ба ин ҳама Сарқонунҳо, ки тӯли 100 соли ахир хатти маш ва ҳуҷҷати давлатдории моро муайян мекарданд. Мо Метавонем!

Сарқонуни №4

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Аз ҳамон рӯз ин сана ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин ҳодисаи бузург оғози марҳалаи нави давлатдории миллӣ ва ҳуқуқбунёди тоҷикон гардид.

 Таърихи таҳия ва қабули Конститутсия

 Баъд аз пошхӯрии СССР дар соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави соҳибистиқлолӣ ворид шуд. Аммо ин давра хеле душвор омад: кишвар гирифтори низоъҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Барои барқарор намудани сулҳ, субот ва низоми қонунии давлат лозим буд, ки санади олии ҳуқуқӣ таҳия гардад, ки сарчашмаи ягонагии мардум ва роҳнамои рушди минбаъда бошад. Комиссияи махсус таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Конститутсияро таҳия кард. Пас аз муҳокимаи умумихалқӣ, лоиҳа ба раъйпурсӣ гузошта шуд ва аксари мардум онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз ҳамон вақт Конститутсияи Тоҷикистон қувваи амал пайдо кард.

 Моҳият ва сохтори Конститутсия

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Дар он масъалаҳои асосии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дарҷ шудаанд. Моддаи 1 мегӯяд: «Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Ин модда моҳияти асосии давлатро муайян намуда, самти умумии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро нишон медиҳад.

 Нақши Конститутсия дар ҷомеа

Конститутсия барои ҳар шаҳрванд сарчашмаи ҳуқуқ ва кафолати адолат мебошад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф намуда, давлатро уҳдадор мекунад, ки онҳоро ҳифз намояд. Аз ҷумла, дар моддаи 14 гуфта мешавад: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мустақиман амал мекунанд ва онҳоро давлат эътироф ва кафолат медиҳад». Бо ҳамин роҳ Конститутсия заминаи давлатдории ҳуқуқбунёдро асос гузошта, муайян мекунад, ки ҳокимият аз халқ аст, ва ҳамаи шохаҳои ҳокимият — қонунгузор, иҷроия ва судӣ — аз ҳам ҷудо амал мекунанд. Дар баробари ин, Конститутсия принсипи дунявиятро муқаррар намудааст, яъне дин аз давлат ҷудост ва ҳеҷ дин мақоми давлатӣ надорад. Ин принсип кафолати ҳамзистии осоиштаи шаҳрвандони гуногунмазҳаб ва гуногунандеш мебошад.

 Ислоҳот ва такомули Конститутсия

Ба Конститутсияи мо 3 маротиба — солҳои 1999, 2003 ва 2016  бо роҳи раъйпурсии оммавӣ  тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ҳадафи ин ислоҳот беҳтар кардани сохтори идоракунӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва мутобиқ сохтани қонун ба воқеияти нави иҷтимоиву иқтисодӣ буд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузурги давлати навбунёди тоҷикон аст. Он рамзи истиқлолият, адолат, ваҳдат ва худшиносии миллӣ мебошад. Маҳз дар асоси Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист сулҳ, субот ва пешрафти устуворро таъмин намояд.

 Конститутсияи РСС Тоҷикистон №1 (соли 1929)

24.02.1929, вақте ки Тоҷикистон расман ба дараҷаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Иттифоқӣ ( РСС Тоҷикистон) баромад, қабул шуд. Пеш аз он Тоҷикистон чун Ҷумҳурии Автономии Шуравии Сотсиалистӣ (РАССТ) дар ҳайати Ӯзбекистон буд.

 Конститутсияи РСС Тоҷикистон №2 (соли 1937)

24.02.1937 Сарқонуни нав қабул шуд. Ин Конститутсия мувофиқи Конститутсияи Иттиҳоди Шуравӣ (СССР соли 1936), ки бо номи “Конститутсияи Сталин” машҳур буд, таҳия гардид. Дар он ҳуқуқи баробарии шаҳрвандон, интихоби мақомоти ҳокимият ва ташкили шуроҳои маҳаллӣ зикр шуда буд, аммо амалан ҳокимият дар дасти ҳизби коммунист боқӣ монд.

 Конститутсияи РСС Тоҷикистон №3 (соли 1978)

14.04.1978. Ин Конститутсия бар асоси Конститутсияи нави СССР соли 1977 (“Конститутсияи Брежнев”) таҳия шуд. Дар он “ҳизби коммунист — қувваи роҳнамо” эълон шуда, нақши он дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодӣ пурзӯр гардид. Ҳамчунин ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон, мисли ҳаққи таҳсил, меҳнат, истироҳат ва хизматрасонии тиббӣ, васеътар сабт шуданд.

Фарқияти Сарқонуни Истиқлолият аз даврони шуравӣ

Самт Конститутсияи соли 1978 (Шуравӣ) Конститутсияи соли 1994 (Истиқлолият)
1 Мақоми давлат Тоҷикистон ҷузъи Иттиҳоди Шуравӣ буд (РСС Тоҷикистон). Давлат мустақил набуд. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аст.
2 Манбаи ҳокимият Ҳокимият дар дасти Ҳизби Коммунист қарор дошт. Халқ ба таври расмӣ манбаи ҳокимият шумурда мешуд, аммо амалан ҳизб ҳама қарорҳоро мебаровард. Манбаи ягонаи ҳокимият — халқ аст. Ҳамаи мақомоти давлатӣ аз иродаи мардум бармеоянд.
3 Низоми сиёсӣ Низоми якҳизбӣ (ҳизби коммунист) амал мекард. Ҳизб ягона қувваи сиёсӣ буд. Низоми бисёрҳизбӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамаи ҳизбҳо метавонанд озодона фаъолият кунанд.
4 Идеологияи давлат Давлат дорои идеологияи коммунистӣ буд. Ҳамаи соҳаҳо бояд аз рӯи принсипҳои марксизм-ленинизм амал мекарданд. Давлат моли халқ аст. Ҳеҷ гуна идеология ё дин мақоми давлатӣ надорад.

 

5 Сохтори иқтисодӣ Иқтисод пурра давлатии сотсиалистӣ буд — замин, фабрика, завод ва захираҳо моликияти давлатӣ буданд.  

Иқтисод озод ва бозорӣ аст. Моликияти давлатӣ, хусусӣ ва ҷамъиятӣ баробар эътироф мешаванд.

6 Ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон Ҳуқуқҳо бештар дар асоси “манфиати ҷамъият” маҳдуд мешуданд. Озодии сухан, дин ва андеша амалан вуҷуд надошт.  

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат кафолат дода мешаванд. Шахс ҳуқуқи сухан, дин, моликият ва иштирок дар сиёсат дорад.

7 Сохтори ҳокимият Системаи шӯроҳо (Советҳо) амал мекард. Президенти давлат вуҷуд надошт.  

Ҳокимият ба се шоха ҷудо шудааст: қонунгузор (Маҷлиси Олӣ), иҷроия (Ҳукумат, Президент) ва судӣ (Додгоҳҳо).

8 Дин ва давлат  

Давлат комилан дунявӣ буд,  дин маҳдуд карда мешуд; фаъолияти мазҳабӣ зери назорати шадид қарор дошт.

 

Давлат дунявӣ, вале озодии виҷдон ва диндорӣ пурра кафолат дода мешавад.

9 Мақоми забон ва рамзҳои миллӣ  

Забони давлатӣ — забони русӣ, рамзҳои миллӣ зери рамзҳои умумии СССР буданд.

 

Забони давлатӣ — забони тоҷикӣ, Тоҷикистон дорои парчам, нишон ва суруди миллӣ мебошад.

10 Соҳибистиқлолӣ дар сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон сиёсати хориҷии мустақил надошт — онро Маскав муайян мекард. Тоҷикистон сиёсати хориҷии мустақил дорад, узви СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

Хулоса

Конститутсияи соли 1978 — санади давлати сотсиалистии вобаста ба СССР буд, ки тамоми қудрат дар дасти Ҳизби Коммунист қарор дошт.

Конститутсияи соли 1994 — санади давлати истиқлоли миллӣ аст, ки дар он озодии инсон, демократия ва ҳуқуқбунёдӣ асоси давлатдорӣ мебошад.

Омирона Достиева,

махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube