03.11.2025. Соат ба вақти Душанбе 12:10 дақиқа. Абдулло Муҳаммади Чархӣ, хонандаи доимии газета, аз н. Рӯдакӣ меҳмони редаксия шуда, мавриди пажуҳишаш атрофи нашри тозаи “Шоҳнома” – безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, шоҳасаре, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ҳамчун туҳфа тақсим шудааст, далели нав пешниҳод намуд:
-Дар шумораи СССР№44, аз 30 октябри соли 2025, мақолаи камина бо сарлавҳаи “Ман иштибоҳ кардам ё иштибоҳ рафта?” оиди камбудиҳои ҷойдошта, яъне ба ибораи маъмули мардумӣ каллакан карда, чоп кардани “Шоҳнома” – и Абулқосим Фирдавсӣ ба табъ расид. Баъди ба идораи ҳафтанома бурда супоридани мақолаи мазкур, ба хона баргаштаю ҳама кор, аз ҷумла, хобу хӯру истироҳатро 1 сӯй гузошта, дубора аз сари нав, сари мутолиаю таҳлили асар ба хотири муайян намудани миқдори байтҳои дар нусхаи нав аз мадди назар дур монда, нишастам. Маълум гардид, ки дар “Шоҳнома” 6609 байт намерасад. Қаблан гуфта будам, 3580 байт нест. Дақиқан 6609 байти устод Фирдавсӣ, бо сабабҳои номаълум, аз китоб берун мондааст.
