Дӯстӣ — рамзи пешрафт, шукуфоӣ, ваҳдати созанда

Рушди босубот дар даврони соҳибистиқлолӣ

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Дӯстӣ ҳамчун 1 гӯшаи дурдасти  кишвар симои худро комилан дигар кардааст. Пешрафтҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ шаҳодати равшани сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии мардуми заҳматкаши ноҳия мебошанд.

Имрӯз маркази ноҳияи Дӯстӣ ба 1 шаҳраки зебову муосир табдил ёфтааст. Кӯчаҳои тозаву рӯшан, гулгашту майдончаҳои сабз, биноҳои нав ва кӯдакистонҳои зеборо дида, ҳатто сокинони маҳаллӣ, ки 2-3 сол пеш ба хориҷа сафар кардаанд, боварашон намеояд, ки ба ватани худ омада бошанд.  Ин зебоӣ шаҳодат медиҳад, ки ноҳияи Дӯстӣ рӯ ба рушд ва пешрафт дорад.

Иҷрои нақшаҳои хоҷагидорӣ – аз масъулият ва меҳнатдӯстист

Мардуми ноҳияи Дӯстӣ ҳамеша бо заҳматкашӣ ва меҳнатдӯстии худ машҳур буданд. Имсол низ кишоварзони ноҳия тавонистанд нақшаи ҷамъоварии пахтаро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намоянд. Ҳосили фаровон ва иҷрои пурраи нақша шаҳодати он аст, ки соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия босуръат рушд мекунад.

  Ғайр аз ин, содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи деҳқонони ноҳия, аз қабили сабзавот, меваҷот ва маҳсулоти гуногуни полезӣ ба бозорҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он интиқол меёбад.

Ҷавонон — ифтихори ноҳия

Дар баробари пешрафти иқтисодӣ, ҷавонони ноҳияи Дӯстӣ низ бо рӯҳияи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар вилоят номвар шудаанд. Нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро шуда, даҳҳо ҷавони далеру шуҷоъ барои ҳифзи Ватан ва муҳофизати оромии мардум сафарбар гардиданд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки дар ноҳияи Дӯстӣ на танҳо меҳнати содиқона, балки ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ низ дар сатҳи аъло рушд ёфтааст.   

Сохтмон ва ободкорӣ — паёми зиндагии нав

Дар солҳои охир, корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар тамоми гӯшаҳои ноҳия вусъат ёфтаанд. Имрӯз деҳаҳо бо роҳҳои наву мумфарш пайваст шудаанд, ки ин рафтуомади сокинонро осон мекунад.

 Дар баробари ин, насби трансформаторҳои нав, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, фермаҳои чорводорӣ, сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмони мағозаҳо ва дигар иншооти иҷтимоиву маишӣ бо маром идома дорад.

Дар деҳаи Кӯҳдоман, ҷамоати шаҳраки Хуррамдиёр, сохтмони мактаби нав барои 320 хонанда оғоз ёфтааст. Ин мактаб бо тарҳи муосир, синфхонаҳои равшан ва ҳуҷраҳои фаннӣ сохта мешавад, ки барои таълими босифати кӯдакон имконияти хуб фароҳам меорад.

 Ҳамчунин дар деҳаи Нуробод, ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ идома дорад, ки пас аз ба истифода додан, мушкили норасоии ҷойи нишаст дар мактаб пурра бартараф мегардад.

  Тӯҳфаи муносиб ба истиқболи 35-солагии Истиқлол

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ садҳо иншооти нави иҷтимоиву фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда, қисми зиёди онҳо аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, кӯдакистонҳои замонавӣ, синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ ва иншооти фарҳангӣ бо маром сохта мешаванд. Ҳар 1 иншоот на танҳо симои ноҳияро зебо мегардонад, балки ба беҳтар шудани шароити зиндагии мардум низ мусоидат мекунад.

Мардум — нерӯи асосии рушд

Имрӯз дар тамоми деҳаҳои ноҳия эҳсоси ягонагӣ ва меҳнати созанда ба чашм мерасад. Мардум дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, дар тозаву зебо нигоҳ доштани муҳит саҳм мегузоранд ва бо итминон мегӯянд, ки ояндаи ноҳияи Дӯстӣ боз ҳам равшантар хоҳад буд.

Ҳамчунин, бо дастгирии роҳбарияти ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, лоиҳаҳои нави иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ пай дар пай амалӣ мешаванд, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон равона шудаанд.

Ноҳияи Дӯстӣ имрӯз дар сафи пеши ноҳияҳои ободу зебои ҷумҳурӣ қарор дорад. Пешрафт дар ҳамаи соҳаҳо  аз маориф то тандурустӣ, аз кишоварзӣ то сохтмон,  далели он аст, ки мардуми ноҳия бо меҳнати поквиҷдонона ба фардои дурахшон кор мекунанд. Ин ноҳия имрӯз рамзи ҳақиқии сулҳу субот, ваҳдат ва пешрафти даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон гардидааст. Мо Метавонем! 

Қосимзода Нуриддин,

аз н. Дӯстӣ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube