Шарафманд

(Дар Душанбе ҳамагӣ 1 нафар аз иштирокчиёни ҶБВ зинда мондааст, ки ин ҳафта ба синни мубораки 100 – солагӣ мерасад…)

Ҷанги Бузурги Ватанӣ давраи мудҳишу имтиҳонҳои сангину душвортарини собиқ халқҳои Шӯравӣ, инчунин халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Аз санаи ба охир расидани он давраи мудҳиш 80 сол гузашта, рӯзу солҳо моро аз ҳаводиси солҳои душвор ба дуриҳо мебарад. Имрӯз аз баландии ҳашт даҳсолаи гузашта роҳи тайкардаи бобоёну насли имрӯзаро ба ёд оварда, бо хотираву андешаҳо давраи душвори тақдирсоз ва хизмати софдилонаи падарону бобоҳоямонро бо некӣ ба ёд меорем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд: «Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст. Вале боигарии асосии он фарзандони ба ору номусаш мебошад».

 Ҳамин аст, ки фарзандони ба ору номуси кишвари мо дар ҶБВ фаъолона иштирок намуда, тавассути далерӣ, шуҷоату корнамоӣ шаъну шӯҳрати халқу ҷумҳуриамонро баланд бардоштаанд. Қаҳрамонӣ, далерӣ, шуҷоату корнамоиҳои фиристодагони Тоҷикистон дар майдонҳои ҳарб, ақибгоҳ, дар қалби халқи мо хотираи равшан гузошта, онро ҳеч гоҳ наметавон фаромӯш кард. Барои он, ки фиристодагони кишвари мо аз афсар то сарбоз ба савганди садоқаташон то ба охир содиқ монда, дар ҳифзи Ватан рисолати фарзандонаашонро софдилона ба ҷо овардаанд. Яке аз чунин фарзандони бо ору номуси меҳан, ки тавассути хизмати шоиставу софдилона дар ҳифзи СССР дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолона иштирок намуда, бо далериву шуҷоат ва қаҳрамониҳои беқиёс шаъну шарафи халқу кишварашро баланд бардоштааст Нағзибеков Бозор Шодмонович мебошанд.

Қаҳрамони 100-сола

Нағзибеков Бозор Шодмонович 15 ноябри соли 1925 дар деҳаи Деҳбастаи ноҳияи Шуғнони Куҳистони Бадахшон ба олами ҳастӣ чашм кушод. Давраи кӯдакиашро ба ёд оварда, амаки Бозор ба ёд меоранд: «Оилаи мо аз тоифаи оилаи камбағалу камбизоат буд. Худатон медонед, ки кӯҳистони Бадахшон мулки камзамин буда, солҳои аввали ҳокимияти нав сокинонаш зиндагии тоқатфарсо доштанд. Ҳамон солхо дар минтака ягона муассиса барои фарзандони мардуми камбизоат Хона-интернати Деҳбаста буд. Маҳз ҳамин ҳолат ва рӯзғори вазнин водор намуда буд, ки волидонам маро барои таҳсил ба хамин Хона-интернат супоранд. Бояд қайд кард, ки баъдан бисёр хатмкунандагони ин интернат шахсони маъруфу пешқадами вилоят ва Ватан гашта, ба халқу ҷумҳурӣ ва инкишофу шукуфоии сарзамини аҷдодӣ софдилона хизмат карданд. Дар қатори бисёр ҳамсабақон бо ифтихори бузург метавонам яке аз собиқ сарварони ҳизбию давлатӣ  Ғоибназар Паллаевро номбар намоям».

Ҳамин тавр, 7 соли таҳсил дар Хона-интернат ҳам сипарӣ гашту Бозори чавон озими шахри Сталинобод шуда, дар ОКТ №1 тахсил менамояд. Солҳои 1942-1943 дар Комбинати бофандагию сохтмонии шабакаи гармидиҳии шаҳр, бадтар чун муаллим ва корманди ташкилоти комсомолӣ дар ноҳияи Тавилдара фаъолият мекунад.

 Соли 1941 хабари шуми оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ вориди ҳар як хонадони Тоҷикистон мегардад. Соли 1944 Бозор Шодмоновичи ватандӯст дар қатори бисёр ҳамсолонаш роҳи хизмати ҳарбиро баҳри ҳифзи Ватан ихтиёр карда, барои адои хизмат ба шаҳри Сталинобод меояд. Баъди чанд муддати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, гузаштан аз ташхиси тиббӣ ва қабули савганди ҳарбӣ у барои омода шудан ба тартиботи ҷангӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддати шаҳри Оренбург сафарбар мешавад.

Нағзибеков Бозор ҳамчун сарбози боинтизом, далеру шуҷоъ ба мисли дигар ҷавонони низомӣ барои иҷрои вазифаҳои махсус то соли 1947 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР содиқонаву софдилона хизмат мекунад. Ӯ дар иҷрои бисёр амалиётҳои ҷангӣ фаъолона иштирок намуда тамоми вазифаҳои гузошташударо содиқона ва бо дарки масъулиятшиносӣ иҷро менамуд. Танҳо баъди пурра иҷро шудани вазифаҳои махсуси хизмати ҳарбӣ ӯ аз сафи артиш ба эҳтиёт рухсат мешавад.

Комсомоли №1 дар Ғарм

Солҳои баъдиҷангӣ дар мамлакати шӯроҳо солҳои душвори барқарорсозии хоҷагии халқи вайроншуда буда, ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ин роҳ сафарбар мешаванд. Бо дарназардошти донишу таҷрибаи бой Нағзибеков Бозор баъди ба Ватан баргаштан ба вазифаи Котиби якуми ташкилоти комсомолии вилояти Ғарм таъин шуда, дар барқарорсозии хоҷагии халқи минтақа ва тарбияи меҳнативу ватандӯстии ҷавонон саҳми арзанда мегузорад. Дар иҷрои вазифаҳои мушкилу душвор бошад таҷрибаи дар амалиётҳои ҳарбӣ андӯҳтааш ба кор меояд. Бисёр сокинони ин минтақа хизмати софдилонаи амаки Нағзибеков Бозорро то ба ҳол бо некӣ ба ёд меоранд.

Бо гузашти вақт донишу таҷрибаи Нағзибеков Бозор низ афзуда, мутобиқи талаботи замон бою такмил меёбад. Ҳамин буд, ки солҳои минбаъда ӯ фақат дар вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ фаъолият намуда, дар ривоҷу равнақи хоҷагии халқ ва рушду камолоти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми сазовор мегузорад.

Маврид ба зикр аст, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои ҳизбию давлатӣ амаки Нағзибеков Бозор таи ҳамаи солҳо фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ мебурданд. Дар вохӯрию сӯҳбатҳо бо ҷавонони донишҷӯю мактабхон, кормандони идораю ташкилотҳо, низомиён аз таҷрибаи солҳои адои хизмат ва ҳифзи Ватан мисолҳо оварда, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, адои софдилонаи хизмати ҳарбӣ, муҳофизати сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, меҳнати софдилона баҳри рушду камолоти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят менамуд.

Боиси ифтихор аст, ки барои иштироки фаъолона дар ҶБВ ва барои меҳнати софдилона дар хоҷагии халқи кишвар амаки Нағзибеков Бозор Шодмонович бо бисёр ордену медалҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ сарфароз гардонида шудааст.

Ҷанговари №1 дар Душанбе

Аз байн солҳо гузашт, чи қадар обҳо ҷорӣ шуданду чӣ қадар воқеаҳо руй доданд. Имрӯз амаки Нағзибеков Бозор Шодмонович ҳамчун ягона иштирокчӣ ва нишонаи зиндаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Душанбе мондааст. Мо шукр мегӯем, ки ишон 15 ноябри ҳамин сол ба синни мубораки 100-солагӣ мерасанд. Вале хизмату меҳнати софдилонаи ӯ барабас нарафтааст. Шодему итминон дорем, ки имрӯз анъанаҳои беҳтарини ингуна ватандӯстони асил аз тарафи фарзандону пайвандон, шогирдону ҷавонони ватандӯст идома хоҳанд ёфт.

Боз солҳову асрҳо мегузаранд. Дар ҳаёт бисёранд одамоне, ки баъди худ дар зиндагӣ барои фарзандону пайвандон ва барои кишварашон аз худ ягон меросе боқӣ намегузоранд. Таърих ва мардум ба шахсиятҳо аз руӣ хизматашон ба халқу Ватан ва рушди он баҳо дода,  ҳеч гоҳ хизмату саҳми мусбиашонро дар ташкилу инкишофи давлаташон  фаромӯш намекунад. Оё метавонем хизмату номҳои бисёр фарзандони фарзонаи халқу миллатамонро баҳри хизмат ба Ватан ва рушду ободонии сарзамини аҷдодон фаромӯш кунем? Ҳаргиз неъ! Аз ин лиҳоз боварӣ дорем, ки хизмату меҳнати софдилонаи амаки Нағзибеков Бозор Шодмонович низ аз хотири фарзандону ҳамватанонамон ҳеч гоҳ фаромӯш нашуда, хизмати шоиста, рӯзгори пурбаракат, ҳаёти ибратомӯз, шуҷоату мардонагӣ, дӯстию рафоқат ва дарси зиндагии ишонро ҷавонон минбаъд низ ҳамчун сабақи ватандӯстиву хештаншиносӣ хоҳанд омӯхт.

Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Синои пойтахт иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, амаки ватандӯст ва инсони беҳтарини шаҳру ноҳия Нағзибеков Бозор Шодмоновичро бо ҷашни пуршукуҳи садсолагиашон самимона табрику муборакбод намуда, орзӯ дорем, ки устодамон ҳамеша чун кӯҳҳои Помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор мемонанд! Саодати дорайн насибашон бод гуфта хоҳони онем, ки бахт ҳеч гоҳ кошонаашонро тарк насозад! Милоди накӯи умр муборакатон бод, Бозор Шодмоновичи азиз!

 Худойқулов Ҳайдар,

Навидова Ҷамила,

кормандони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube