02.11. 2025. Соат ба вақти Душанбе 08:18 дақиқа. Ҳар рӯзи чоршанбе дар редаксияи мо маҷлиси пагоҳрузӣ, ё худ “пятиминутка” баргузор мешавад. Супоришҳо тақсим мешаванд: ба яке мавзӯи сиёсӣ, ба дигаре иқтисодӣ, ба севум — иҷтимоӣ. Ба ман бошад, бо табассуми маънидор сармуҳаррир чунин гуфтанд:
– А, ба ту, Қосимзода, супориш 1 каме “ғайриоддӣ” – Редаксия супориш дод “Ба автобус шин!”…
Редаксия супориш дода бошад, аз пайи супориш! Хонандаи гиромии рӯзномаи ҳамахони СССР! Пештозӣ мегӯям, ки бори охир соле пеш ба чунин нақлиёт савор шуда будам ва он ҳам супориши редаксионӣ буд. Имрӯз гирди шаҳрро бо автобус сайр хоҳам карду бароят аз дидаҳову шунидаҳо чизе мекорам! Бо мо бош, ки Мо метавонем!
Аввалин таваққуф — “Астанофка”-и саҳаргоҳӣ
Субҳи барвақт. Дар ҳавои тоза ва ороми шаҳри Бохтар, одамон ба кор мешитобанд. Касе дучархасавор, дигаре пиёда, сеюм бо мошини шахсӣ. Ман бошам, дар астанофка — интизори автобуси ҷамъиятӣ.
Автобус омад. Тозаву зебо, орому тез. Ростӣ, дер боз дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр нанишаста будам. Дар аввал ҳайрон мондам: салон тоза, ронанда хушмуомила, мусофирон ором. Нархи роҳкиро — ҳамагӣ 2 сомонӣ. Барои чунин хизмати арзанда масъулини соҳаи мусофиркашонӣ сазовори таҳсинанд! Мо дар автобус шиштем ва гирди шаҳр давр задем. Аз тирезаи автобус манзараҳои гуногуни шаҳр пеши чашм намоён мешуданд — кӯчаҳои серодам, биноҳои навбунёд, мактабҳо, боғҳо ва бозорҳои пурғавғо. Ҳар кӯча тарҳу намои худро дошт.
Талабот зиёд, восита кам
Аммо чунон ки мегӯянд, ҳар зебоӣ норасоие ҳам дорад. Мардум зиёд, талабгори автобус бешумор. Агар хизматрасонӣ боз ҳам муосир мешуд, мисли шаҳри Душанбе — бо кортҳои миллӣ, ҳама кор осон мегашт. Ҳоло ҳам пули нақд медиҳем, дар ҳоле ки қариб ҳар шаҳрванди кишвар корт дорад. Пас чаро ин имконият дар Бохтар амалӣ нашудааст?
Имрӯз ҷаҳон босуръат ба тарафи технология ва рақамисозӣ қадам мегузорад. Дар чунин шароит, гузаштан аз ҳисоббаробаркунии нақдӣ ба ғайринақдӣ на танҳо 1 навоварӣ, балки талаботи замон аст.
Агар мо низ аз нақдӣ ба ғайринақдӣ гузарем, зиндагии ҳаррӯзаамон осонтар мешавад. Масалан, дигар лозим нест, ки бо худ маблағи зиёди пул бардорем ё дар назди банкоматҳо навбат истем. 1 корти бонкӣ ё телефон кифоя аст — бо чанд ангуштзанӣ метавон пардохт анҷом дод, маблағ фиристод ё ҳатто билети нақлиёт харид. Атрофи ин масъала масъулини хизматрасонии нақлиётӣ бояд дуруст андеша кунанд. Мо Метавонем!
Бохтар — шаҳри рушд ва масъулият
Имрӯз Бохтар симои комилан нав гирифтааст. Хонаҳои баландошёна, кӯчаҳои васеъ, қаҳвахонаҳои муосир, садои ханда ва шодии мардум дар ҳар гӯшаи шаҳр шунида мешавад, ки нишон аз бовари халқ бар фардои дурахшон аст. Ҳама ин аз неъмати даврони соҳибистиқлолист. Вале бо вуҷуди пешрафт, мушкил низ ҳаст!
Пробка, роҳбандӣ, беинтизомии ронандагон ва набудани назорати ҷиддии БДА. Дар вақти савори автобус шудан, ронанда ба мо гуфт:
“Аз кори ронандагони мошинҳои сабкрави дигар азоб мекашем. Баъзеҳо ё роҳро мебанданд, ё ба кас роҳ намедиҳанд. Автобус воситаи нақлиёти калон аст, бо каме хатои ронанда ҷони чандин нафарро метавон дар хатар гузошт.”
Пробка…
Ҳақ бо ӯст. Дар назди бозори марказӣ роҳбандӣ ҳамеша дида мешавад. Сабаб чист? Аксаран маврид субҳгоҳон мошинҳои боркаш — Камазу дулан — субҳи барвақт аз марказ мегузаранд. Магар ин роҳ барои онҳо мувофиқ аст? Ва ин ҳам дар ҳоле, ки субҳгоҳон анбӯҳи одамон ва мошинҳои таксиву иҷора шаҳрро то соатҳои наздик ба 10 пуродаму сермошин мегардонанд.
Бештари тамбашавӣ дар назди бозори “Фаровон” ба назар мерасад. Дар он ҷо одамон бо шитоб меомаданду мерафтанд, ҳар кас дар фикри кори худ — яке сабзавот мехарид, дигаре либос, сеюмӣ бошад бо сумкаи пур ба автобус мешитофт. Садои фурӯшандаҳои пеши истгоҳҳо даъвати ронандагон ва ҳаяҷони мардум 1 фазои зиндаву шавқоварро эҷод мекард. Ин гуна манзараро дар филмҳо дида, дар рӯзгори ҳамарӯза ин саҳнаҳоро паси сар мегузоштаем. Автобус суст ҳаракат мекард ва фурсат буд, ки тамоми шаҳрро бо диққат тамошо кунем. Аз паси тиреза ҳар 1 гӯшаи шаҳр мисли саҳнаи 1 филми нав мегузашт.
Ин сафар, гарчанде кӯтоҳ буд, вале барои мо таҷрибаи ҷолиб шуд — дидани зиндагии ҳаррӯзаи шаҳр аз нигоҳи 1 мусофир.
Тартиб — нишондиҳандаи фарҳанг
Дар Душанбе соатҳои муайян барои ҳаракати мошинҳои гаронвазн муқаррар шудааст. Чаро дар Бохтар чунин набошад? Ҳатто дучархаҳои электрикиро манъ карданд, зеро ҳаракатро халалдор месозанд. Ин тадбирҳои оддианд , вале самаранок. Чунки дар ин чораҷӯиҳо бехатарии ҷони ронандаву мусофирон андешида шудааст. Дар кӯчаҳои марказии Бохтар, махсусан дар соатҳои авҷи ҳаракат, дучархасаворон байни мошинҳо ҳаракат карда, барои ронандагон монеа эҷод мекунанд. Бисёр вақт дида мешавад, ки онҳо қоидаҳои роҳро риоя намекунанду аз роҳҳои мошингард мегузаранд ба пиёдагузар ва баракс. Онҳо бидуни рақами давлатӣ, тартибу низом, аз куҷое хоҳанд ба роҳ мебароянду ҷони худу дигаронро зери хатар мегузоранд. Агар вазъ ҳамин гуна идома ёбад, хуб мешуд, ки мақомоти маҳаллӣ мисли пойтахти кишвар нисбати ин масъала чораҷӯӣ намоянд ва ё ҷойҳои махсус барои дучархасаворон ҷудо кунанд, ё ҳаракати онҳоро дар кӯчаҳои серодам маҳдуд созанд. Зеро амният ва танзими дурусти ҳаракат аз ҳама муҳимтар аст.
Дар шаҳр таксиҳои фарсуда бисёранд
Тирезаҳои калони автобус чунон ҳама ҷоро нишон медод, ки гӯё ҳолатҳои мушоҳида дар ягон флеш- корт сабт мегашта бошанд. Ва чизи дигаре, ки боиси нигаронии мусофирон гаштааст, ин ҳаракат кардани мошинҳои соли бароришашон асри гузашта буд. Магар чунин мошинҳои фарсуда ба симои муосири Бохтар мувофиқанд? Тоҷикистон ба кишваре табдил ёфтан дорад, ки одамони асри пор орзу доштанд, аммо дар роҳҳои Бохтар ҳанӯз мошинҳои солҳои 1970-90 ба ҳайси таксӣ ҳаракат мекунанд!
Вақти навсозӣ расидааст!
Дар шаҳри Бохтар имрӯз мушоҳида мешавад, ки шумораи нақлиёти кӯҳна зиёд аст. Ин гуна мошинҳо, ки солҳои зиёд истифода шудаанд, на танҳо ба муҳит зарар мерасонанд, балки ба ҳаракати роҳ низ монеа эҷод мекунанд. Бисёр вақт чунин мошинҳо дар миёни роҳ вайрон мешаванд ва сабаби асосии тамбашавӣ мегарданд. Ҳол он ки шаҳр рӯз аз рӯз рушд мекунад ва ҳаракати нақлиёт зиёдтар мешавад. Агар ин ҳолат идома ёбад, танзими ҳаракат дар роҳ душвортар мегардад. Хуб мешуд, агар мақомоти дахлдор барои чунин нақлиёти кӯҳна чора бинанд, масалан, муайян кунанд, ки мошинҳои аз як синну соли муайян боло дигар ҳаққи фаъолият дар роҳҳои марказиро надоранд. Бо ин роҳ метавон ҳаракати роҳро сабуктар ва муҳити зистро тозатар нигоҳ дошт. Шаҳри Бохтар ба симои замонавӣ ва роҳҳои озод ниёз дорад. Барои ин, навсозии парки нақлиёт ва хориҷ кардани мошинҳои фарсуда қадами муҳим ба ҳисоб меравад.
Бенизомӣ — душмани пешрафт
Назди бозорҳо пур аз мошинҳои бенизом аст. Як қатор, ду қатор — рост дар миёнаи роҳ. Ҳаракат душвор мегардад. Гоҳо медидам, ки кормандони БДА пайдо мешаванду тартиб то ҷое ҷойи худашро мегирад. Аммо ҳамин ки онҳо рафт, боз ҳолати аввала рӯй медиҳад. Мо бо автобуси ҷамъиятӣ 1 даври пурра чарх задем — 1 соату 14 дақиқа ва 16 сомонӣ сарф шуд. Таҷриба ҷолиб буд. Мардум бо хушмуомилагӣ менишастанд, мусиқӣ ором садо медод. Аммо агар ҳамаи ронандагон талаботи қоидаи роҳро мисли пойтахт риоя мекарданд — мушкил намемонд.
Умед ба роҳбарияти шаҳр
Автобусҳои ҷамъиятӣ имрӯз хатсайрҳои зиёд доранд, ҳатто байниноҳиявӣ. Вале барои он ки шаҳр зеботару муосир гардад, 1 чиз лозим аст — низом! Соҳибкороне, ки биноҳои баландошёна месозанд, бояд дар ошёнаҳои поёнӣ таваққуфгоҳҳо бунёд кунанд. Роҳбандӣ асосан 2 бор рух медиҳад: субҳ ҳангоми ба кор рафтани мардум, ва бегоҳ ҳангоми бозгашт. Агар ҳар саҳар 1 намояндаи БДА дар нуқтаҳои калидӣ навбатдор монад, бисёр кор осон мегардад. Таксиҳои “3333”, “4545” ва “олучаву чакан”-ҳо қоидаи роҳро намешиносанд. Онҳо бояд танзим ва контрол шаванд.
Хулласи калом, вақти он расидааст, ки ҳар сокин хоҳ ронанда бошад, хоҳ мусофир ҳис кунад, ки шаҳр хонаи мост ва ободӣ аз тартиб оғоз меёбад! Дар ниҳояти кор ба хонандаи ҳамешагии газетаи мардумии СССР ва редаксия рапорт медиҳам: Супориш иҷро шуд, нишастем, дидем, навиштем, хулосабардорӣ кардем. Мо Метавонем!
Қосимзода Нуриддин,
ш. Бохтар
