Ташкили Ҳукумати Бухорои Шарқӣ ва милитсия

Моҳи июли соли 1923 Шурои Ҳарбии Инқилобии Бухорои Шарқӣ бо сардории Файзулло Хоҷаев ва аъзоёни ШҲИ ба Душанбе омада, ба кори худ шуруъ намуданд. Бо қарори Шурои Ҳарбии Инқилобӣ тақсимоти нави маъмурии Бухорои Шарқӣ ба амал оварда шуд: Душанбе, Сари Осиё, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Ғарм ташкил карда шуд.

Ҳар яке аз ин вилоятҳо ба Туманҳо (ноҳияҳо) ва Кентҳо (ҷамоатҳои деҳот) тақсим карда шуданд. 30 июли соли 1923 вилояти Бойсун низ ба ҳайати Бухорои Шарқӣ ҳамроҳ карда шуд. Ҳамин тавр, ҳамаи мақомотҳои маъмурии аморат барҳам дода шуданд.

Барои барҳам додани амалҳои порахурие, ки дар байни кормандони мақомотҳои маъмурии ҳокимияти маҳаллӣ паҳн шуда буд, Ф.Хоҷаев 14 августи соли 1923 фармон баровард, ки мувофиқи он кормандони ин ниҳодҳо барои рафтори ношоистаашон ҷазои сахт мегирифтанд. Дар баробари ҳамин фармон аз сардорони милитсия талаб карда мешуд, ки ҳамкории зич ва кори самарабахши мақомотҳои милитсия ва комитетҳои инқилобиро таъмин намоянд. Дар вилоятҳо, туманҳо ва кентҳо, ки қисмҳои ҳарбӣ дар онҳо воқеъ гардидаанд, милитсия вазифадор буд, ки ба фармондеҳии ин қисмҳо итоат кунад. Ҳамаи ин тадбирҳои муваққатӣ бо муборизаи зидди босмачиён алоқаманд буданд.

Аъзоёни ШҲИ ба ҳамаи вилоятҳо рафта, дар бораи вазъияти ба амаломада ахбороти маҳаллиро мешуниданд. Ин чорабиниҳо боиси хеле кам шудани шумораи босмачиён гардид. Умуман аз моҳи июл то октябри соли 1923 дар ҳудуди ҶХШБ шумораи онҳо аз 5030 нафар то 2095 нафар кам шуд. Бисёр кормандони милитсия ва аскарони сурх, ки корнамоиҳои шоён нишон дода буданд, бо орденҳои ҶХШБ мукофотонида шуданд.

Котиби КМ РКП (б) Я.Е.Рудзутак ҳангоми ташриф ва буданаш дар ҶХШБ 22 июли соли 1923 оид ба вазъияти кунунӣ дар ҷумҳурӣ маҷлиси махсус барпо намуд. Бисёр комиссароне, ки дар вазифаҳои масъулиятнок кор мекарданд, аз вазифаҳояшон дур карда шуданд. Дар ин маҷлис Мухтор Саидҷонов бо хоҳиши худаш аз вазифаи нозири халқии корҳои дохилӣ озод карда шуд. Содиқ Муҳамадиев нозири нави корҳои дохилии ҶХШБ ва сардори Шуъбаи давлатии муҳофизаи ҷумҳурӣ таъин карда шуд.

Мувофиқи Низомномаи Президиуми Комитети Иҷроияи Марказӣ ва Совети Комиссарони Халқии ҶХШБ, ки аз 12 августи соли 1922 тасдиқ карда шуда буд сохтори Сарраёсати марказии Шуъбаи муҳофизаи ҷумҳурӣ аз 4 шуъба иборат буд:

1. Шуъбаи кофтукови сиёсӣ;

2. Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ;

3. Шуъбаи милитсия;

4. Шуъбаи ташкилӣ-нозиротӣ.

Аммо баъдтар, мувофиқи Қарори ШНХ ҶХШБ аз 16 июли соли 1923 ва фармони НКД аз 31 июли соли 1923 Сарраёсати муҳофизаи ҷумҳурӣ ба ду мақомоти мустақил: Раёсати давлатии сиёсӣ (РДС-ГПУ) ва Сарраёсати милитсияи ҷумҳурӣ табдил дода шуд.

Дар моҳҳои июл—августи соли 1922 қушӯнҳои инқилобӣ бо дастгирии дружинаҳои ихтиёрии милитсия ба дастаҳои Анвар-пошо зарбаҳои ҳалокатовар заданд, ки дар натиҷа худи ӯ низ дар наздикии Балҷувон кушта шуд. Босмачиён ҳамчун қувваи муташаккилона пароканда шудан гирифтанд. Дастаҳои босмачиҳои пароканда кардашуда характери ғоратгарона пайдо карданд.

Мақомотҳои ҳизбӣ ва милитсияи Бухорои Шарқӣ дар ин рӯзҳо дар байни аҳолӣ корҳои зиёди оммавӣ-фаҳмондадиҳӣ мебурданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар охири соли 1923 дар Лоқай ба босмачигарии оммавӣ хотима дода шуд.

Барои расондани ёрии амалӣ ва ба роҳ мондани фаъолиятҳои кофтуковӣ ҷиноятии милитсияи ҶХШБ ибтидои соли 1924 бо даъвати Нозири корҳои дохилии ҶХШБ корманди пуртаҷрибаи КХКД-и РСФСР И.М.Зайцев ба Бухоро меояд.

2 феврали соли 1924 дар байни НХКД-и ҶХШБ ва КХКД-и РСФСР шартнома «Дар бораи расондани ёрӣ ба Нозироти корҳои дохилии Ҷумҳурии Бухоро дар ташкили мақомотҳои кофтукови ҷиноятӣ» ба имзо расид. Шартномаи таърихӣ ба Раёсати марказии маъмурии (РММ) КХКД-и РСФСР ҳуқуқ дод, ки ба фаъолияти мақомотҳои кофтукови ҷиноятии ҶХШБ на танҳо аз ҷиҳати техникӣ, балки аз ҷиҳати ташкилӣ ҳам роҳбарӣ намояд.

Мувофиқи шартномаи мазкур КХКД-и ҶХШБ на танҳо сохтори ташкилии мақомотҳои кофтукови ҷиноятиро, ки дар РСФСР мавҷуд буданд, қабул кард, балки уҳдадор шуд, ки ҳамаи фармону супоришҳои РММ-и РСФСР-ро ба роҳбарӣ қабул намуда, онҳоро ба талаботи шароити маҳаллии Ҷумҳурии Бухоро мувофиқ гардонад.

Дар баробари ин, афзоиши умумии ҷинояткорӣ ва бандитизми бефосила дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва махсусан дар қаламрави Ҷумҳурии Бухоро, мавҷуд набудани роҳбарияти ягонаи умумӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, дур будани онҳо аз маркази РСФСР-ро ба инобат гирифта, тарафҳо зарур донистанд, ки барои муборизаи зидди ҷиноятҳои умумӣ ва муҳофизати тартиботи ҳуқуқӣ дар минтақа мақомоти якҷояи кофтукови ҷиноятии Бухоро, Туркистон ва Республикаи Хоразм ташкил карда шаванд.

Баъд аз он ҳукумати Россияи Советӣ бо хоҳиши ҳукумати ҶХШБ дар торумор намудани дастаҳои боқимондаи давлатҳои хориҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ, дар ташкил кардан ва мустаҳкам намудани Комиссияи Фавқулоддаи Диктатории Комиҷроияи ҶХШБ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ иштирок кард. Дар мувофиқа бо дастурамали қабулкардаи КФД ҳуқуқ ва вазифаю уҳдадориҳои комиссия дақиқ муайян карда шуда буданд.

Ҳанӯз ибтидои соли 1924 дар маърӯзаи раиси трибунали инқилобии ҶХШБ Сабихотдинов ва сардори Раёсати муҳофизаи марказии Бухорои Шарқӣ кори ғайриқаноатбахши мақомотҳои муҳофиза қайд карда шуда буд: «Ҳайати трибунал ва милитсия хеле суст ва нодуруст интихоб шудааст. Дар милитсия одамони беэътимод фаъолият доранд. Бо вуҷуди чанд ваъдаҳои ҳукумати Бухоро кормандони милитсия бо сару либос таъмин нестанд ва маошашонро сари вақт намегиранд ва аз ин ру, мисолҳое ҷой доранд, ки корманди милиса бо яроқ ба тарафи босмачиён мегузаранд».

Раёсати марказии муҳофиза (РММ) Бухорои Шарқӣ ҳамчун яке аз 12 шуъбаи КФД 29 июли соли 1923 ба вуҷуд омада, ҳамаи масъалаҳои марбут ба милитсия дар ихтиёри он буданд. РММ 7 июни соли 1924 якҷоя бо КФД барҳам дода шуд ва он дигар дар назди Комитети Иҷроияи Марказии Шуроҳои Бухорои Шарқӣ вуҷуд надошт.

То соли 1924 КФД вазифаҳои худро иҷро кард. 5 май соли 1924 Ҳизби Коммунистии Бухоро дар бораи барҳам додани КФД ва ташкил намудани Комитети иҷроияи Бухорои Шарқӣ қарор кабул кард. Дар қарор аз ҷумла гуфта мешавад:

Ҳудуди Бухорои Шарқӣ ба вилоятҳои: Душанбе, Қӯрғонтеппа, Ғарм, Кӯлоб ва Сари-Осиё тақсим карда шавад.

Нозироти корҳои дохилӣ бояд мувофиқи Конститутсияи ҶХШБ низомномаро дар бораи Комиҷроияи Бухорои Шарқӣ ва Комиҷроияҳои вилоятӣ омода намуда, ба Комитети Иҷроияи Марказии Умумибухороӣ пешниҳод намояд ва фавран барои гузаронидани анҷумани Бухорои Шарқӣ омодагӣ бинад.

Маҷлиси якҷояи КФД-и Бухорои Шарқӣ, Комиҷроияи Душанбе, кормандони масъули муассисаҳои низомӣ ва граждании Бухорои Шарқӣ, намояндагони Ҳукумати Бухоро 7 июни соли 1924 қарор қабул карданд, ки мувофиқи он Комитети Иҷроияи Марказии Советҳои Бухорои Шарқӣ ва 7 Шуъбаҳо ташкил карда шуд.

Ҳамин тавр, Комитети Иҷроияи Марказии (КИМ) Советҳои Бухорои Шарқӣ органи олии Ҳокимияти давлатии Бухорои Шарқӣ гардид.

Бухорои Шарқӣ, ки аз 5 вилояти калон: Душанбе, Кӯлоб, Ғарм, Қӯрғонтеппа ва Сари Осиё иборат буд, аз рӯи мавқеъи ҷуғрофӣ амалан як воҳиди худмухтори маъмурӣ-ҳудудӣ буда, дорои ҳокимияти олӣ, фармондеҳии ҳарбӣ ва амнияти ҷумҳуриявӣ буд.

Шуъбаи ташкилӣ-маъмурии Комитети иҷроияи марказӣ (КИМ) бевосита ба сохтмони мақомотҳои милитсия машғул шуда, дар баробари ин бар зидди унсурони душмане, ки ба муассисаҳои шуравӣ сар дароварда буданд, муборизаи қатъӣ эълон кард ва мақомотҳои давлатиро аз ин унсурон тамоман тоза кард.

7 июни соли 1924 бо таъсиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Бухорои Шарқӣ дар баробари он ба ҷои собиқ Раёсати муҳофизаи Бухорои Шарқӣ ду Раёсати мустақил – Раёсати милитсияи Бухорои Шарқӣ ва Раёсати сиёсии Бухорои Шарқӣ таъсис дода шуд.

Дар шароити душвори он замон дар бобати тарбия ва тайёр кардани мутахассисон барои кори милитсия тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Маркази асосии тайёр кардани мутахассисон Университети Коммунистии Осиёи Миёна, ки дар он кадрҳо барои хизмат ба хоҷагии халқ ва мактабҳои (курсҳои) махсуси тайёр кардани командирони сурх буд. Ғайр аз ин, тобистони соли 1924 аз Бухорои Шарқӣ 100 нафар барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Тошкент, Москва ва Ленинград фиристода шуд, ки дар байни онҳо кормандони ояндаи милитсияи Тоҷикистон низ буданд.

Комиссариатҳои халқии корҳои дохилии РСФСР ва РАСС Туркистон шароит ва хусусиятҳои душвори маҳаллӣ ва ҳудудҳои ҶХШБ ва махсусан Бухорои Шарқиро ба назар гирифта, дар кори аз ҷиҳати ташкилӣ мустаҳкам намудани милитсия ёрии калон расонданд. КХКД-и ин ҷумҳуриҳо на танҳо мунтазам санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мефиристонданд, балки кормандони касбӣ Г.Турсунхоҷаев, А.Поносюк, А.Умаров, М.Бауров, А.Ярмухамедов, Г.Ильин, Н.Бедин, Н.Мурелиро низ фиристода буданд. Онҳо барои мустаҳкам намудани қувваи ташкилотчигии мақомотҳои милитсияи ҶХШБ дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ чорабиниҳои зиёдеро татбиқ намуданд.

5 августи соли 1924 Комитети Иҷроияи Марказии Бухоро низомнома «Дар бораи съездҳои Советҳои депутатҳои халқии Бухорои Шарқӣ ва комитетҳои иҷроияи онҳо»-ро тасдиқ кард. Тобистони соли 1924 дар ҳамаи звеноҳои Советҳои маҳаллии вакилони халқӣ интихобот барпо гардид.

1 сентябри соли 1924 Съезди 1-уми Советҳои вакилони халқии Бухорои Шарқӣ доир гашт, ки дар он масъалаҳои сохтмони якҷояи чорабиниҳои хоҷагию фарҳангӣ, дар бораи мубориза бар зидди босмачиён, дар бораи тақсимоти ҳудудӣ-миллии Осиёи Миёна, масъалаҳои андоз, сиёсӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.

Хулоса гуфтан мумкин аст, ки ғалабаи инқилоб дар Бухоро ва дигаргунсозиҳои минбаъдаи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳудуди ҶХШБ боиси мустаҳкам шудани сохти халқӣ – демократӣ гардид. Эълон карда шудани ҶХШБ дар Конститутсияи он, ки дар анҷумани 2-юми Бухороӣ сентябри соли 1921 қабул шуда буд, ба таври қонунӣ инъикос ёфт. Дар баробари озод карда шудани ноҳияҳои Бухорои Шарқӣ Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ ғалаба карда мустаҳкам гардид.

Дар ташкил ва инкишофи милитсияи Бухорои Шарқӣ Ҳукуматҳои ҶХШБ, РСФСР ва РАСС Туркистон ёрии калон расонданд. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар шакли Указҳо, Низомномаҳо, фармонҳо, қарорҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ин ҷумҳуриҳо барои аз ҷиҳати ташкилӣ мустаҳкам шудани милитсия, ташкилотҳои ихтиёрии он ва ҳалли бисьёр масъалаҳои дигар таъсири судбахш расонданд.

ҶХШБ то 27 октябри соли 1924 вуҷуд дошт ва бинобар тақсимоти миллӣ-ҳудудии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна барҳам дода шуд. Ҳудуди он дар ниҳоят ба ҳайати ҷумҳуриҳои ташкилшудаи Узбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон дохил шуд.

Назарзода Носир Ҷобир –

д.и.ҳ., полковники милитсия

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube