Аз оғози моҳи октябри соли ҷорӣ тоҷикони муқими шаҳри Москва эълони рӯзи 4 ноябр гузаронидани базми масхарабоз (стендайпер) Аслишо Акимбековро дида буданд. Рӯзи 18 октябр ана ин суратро дар саҳифаи “BAZM”-и Аслишо дидем, ки баромади гурӯҳи ӯ дар толори “ARBAT HOLL”-и Москва мебошад. Хулоса ин стендайпер шоми 4 ноябр баромади худро гузаронида, рӯзи 6 ноябр дар саҳифааш: “Были на нашем концерте? Нам нужно ваше мнение!»-навиштааст.
100-ҳо миллион АФСӮС-и ин ҷаҳони нозанин, ки мухбири мо фавқулода дар ин консерт иштирок карда, дар ҳақиқат “масхарабозии машҳур”-и замонро дида, ин сутурро бароятон навишт, ки ҳамчун тамошобин сабти садо карда, ҳаққи хулосабарории худро низ нишон медиҳад. Барои чӣ бошад, ки аз оғоз то ба анҷом стендайперчиён ба ғайр аз вожаи “тоҷик”, “Тоҷикистон ба пеш!” дигар сухане ба забони модарӣ – давлатӣ нагуфтанд. Ҳама ба забони қабеҳи пур аз дашному ҳақорату хеле пасти русӣ буд. Барои чӣ? Кӣ медонад? Ҳеҷ нафаҳмидем. Боз ҳам аз хонандаи муҳтарам хоҳиш, ки барои овардани сухани ҳақоратдори ин “санъаткорони бесавод” малол нашавед. Барои он, ки баъди хомталош кардани СССР дар даҳони 90-95% ҷавони тоҷик ҳақорати аз домон поини тоҷикӣ ва русиро мисли забони модарӣ карда мебинем. Масалан, ана ҳамин Аслишоҳ мегӯяд, ки зиёда аз 15 сол аст, ки дар саҳнаву тӯю тамошоҳо баромад карда аст, ки дар поин калимаҳои “фаъоли ҳақорат”-и ӯро бароятон менависем. Хулоса бароред, ки барои чӣ бе ягон сабаб ин ҷавони хатмкардаи Донишгоҳи олии фарҳанги шаҳри Москва, ин қадар ҳақоратзада шудааст???
Стендайпери 1- Амир Шамсиев
(дар расм аз тарафи чап)
Аз соати эълони базм ним соат гузашт. Ин ноэҳтиромии бузург аз тарафи масхарабозон буд. Ба саҳна ҳаҷвнигор (стендайпер) Амир Шамсиев баромад. Намедонист бо мардуми омада, дар бораи чӣ баромад кунад. Баъдан худи Аслишоҳ ҳам чанд маротиба ишор кард, ки ин консерти мо бе тайёрӣ буд. Агар ба баромади Амир гӯш кунем, чунин ибораҳои ғайриодобӣ: “Кайфанут”, “Ни х-я себе”, “Пошёл на х-й”, “Иди на х-й”, “По ночам воровали еду”, “Ваша задача, просто слушать и кайфанут” ва ғайраро бисёр мешунавед. Барои чӣ навори ин намоишро дар ягон ҷо намебинем? Аз ходими фарҳанги Сафорат дар Москва муҳтарам Суҳроб Абдуллоев бояд пурсид, ки яке аз ташкилкунандагони ин ҳақоратконсерт буд. Низ аз эшон бо эҳтироми бузург хоҳиш карда мешавад, ки навори ин консертро дар ВАО гузоранд, то мардум бинад, шунавад, ки гурӯҳи Аслишоҳ бо кадом бетамизиҳои забонӣ пеши мардум то кай чунин масхарабозӣ мекунад???
Стендайпери 2- Мунир
(Дар расм аз рост)
Дар баромади худ исбот карданӣ шуд, ки тоҷикон: “Самый умный и красивый народ. Статья 1-я, Конституция РТ” мебошанд.
Бародари муҳтарам! Ҳаҷвнигорӣ аз сиёсатмадорӣ аз замин то осмон фарқ дорад. Пеш аз муқоиса, маротибае ба ин Сарқонун назар кунед. Ба ин ҷумлаи Мунир нигоҳ кунед: “Якубович “Поле чудес” тоже таджик. Знаете почему? Халяву любит”. Ин барандаи машҳур, яке аз муътабартарин корманди ВАО Россия мебошад, ки агар ин суханатро шунавад, аҳволи Мунирро ба танг хоҳад овард. Бигирем ҷумлаи дигари Мунир, ки: “Всё придумали на свете таджики. Не верьте, вот “Камасутра”. Всё его сложные позы были придуманны в таджикских маршрутках”. Ба ин ҳақорат нигаред, ки: “ВБ” придумали таджики. Значит Во бл.я.яяя…д”. Ҷои дигар гуфт, ки: “Оказывается говорят, что я чурка”. Ин чӣ масхарабозист???
Стендайпери 3- Толис Ортиқов
(Дар расм аз рост)
Бояд гуфт ки дар баромади Толис ҳақорати қабеҳ дида нашуд. Ӯ бештар ҳуҷаттгузории ВКД-и шаҳру ноҳияи Тоҷикистонро хеле хуб ва моҳирона, аз рӯи далели қотеъ, нусха аз расми шиносномаро оварда, зери тозиёнаи танқид гузошт, ки ҷойи аҳсан мебошад. Ин марди ҳаҷвнигор, бо тайёрии махсус омада хотироти моро дар ҳақиқат шод намуд. Дар 1 ҷо номи Толисро ба Толстой тарҷума кард, ки ғалат буд, дигар ба мушоҳидаи холисонаи ин ҳаҷвнигор нигаред.
Дар рафти кори хеш бо ин нафарон шинос шудааст. Бахтиёров Олуболу Зардолуевич. Худатон тарҷума кунед.
Расми дигар, ки шаҳрванди Қирғизистон аст номаш Сталинбек аст. Нигаред ба сурат, ки рӯзи гузаронидани ин ҳаҷвнигорӣ 4-уми ноябр зодрӯзаш будааст, ки ҳамагӣ табрикаш карданд. Маълум мешавад, ки ин Сталинбек писари Шомил будааст.
Дигар корманди ӯ Муслима Кукурузовнаи тоҷик аст. Чӣ хел мумкин 50-60 сол пеш кадом 1 падаре писарашро Кукуруз ном дода, ки имрӯз таъсир ба ин духтарак мерасад. Худатон қазоват кунед. Ин одамон бо Толис кор мекунанд. Шумо бовар мекунед, ки Сталинбек бо Кукурузовна мешинанд, суҳбат мекунанд.
Ба шиносномаи дигар менигарем. Онро ШКД шаҳри Исфара додаст, ки номи шаҳрванд Роналдо мебошад. Гӯё ин футболбози машҳур дар Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Корманди дигар ӯ Абдукабирзода Вандам аз ноҳияи Конибодом аст. Ана баъд фарзандони ин одам мегӯянд, ки ман писари Вандам ҳастам.
Ин машҳуртарин шаҳодатномаи тамоми давру замони Тоҷикистон аст. Аз тарафи кормандони ВКД шаҳри Хоруғ дода шудааст. Намедонам чӣ гӯям. Ҳам ҷои ханда асту ҳам ҷои мотам, ки рафтори на ягон шаҳрванд, балки баъзе аз кормандони давлати моро бунед. Чӣ масхарабозиву чӣ бепарвойӣ? Мумкин ҷойӣ хушбахтӣ бошад, ки номи одамро номи кишвари бузурги СССР гузоштанд, ё ин қаҳрамонист? Гӯё ин духтараки СССР дар қуллаи баланди Боми ҷаҳон-Помир ба дунё омадааст.
Умуман баромади Толис аз дигарон дида, ҳаҷви тозаи замона буд, ки офаринаш бод! Тамоман сухани аз домон поинро нагуфта, фарҳанги зебои худро ба забони рӯсӣ гуфта дод, ки толор офаринаш хонд. Ин марди ҳаҷвнигор ояндаи хуб дорад, ки ҳамагӣ интизори эҷодиёти тозаи ӯ ҳастем.
Аслишо-оригинальный царь
Соати 21:30 дақиқа, ба саҳна Аслишо пайдо шуда, Амир, Мунир ва Толисро шогирдони худ хонд. Худро ин тавр муаррифӣ кард: “Меня зовут не Аслиддиншоҳ, не Афзалшох, не Асёлшоҳ, а Аслишоҳ. Это значит асл-оригинал, шо-это царь. Аслишо-оригинальный царь”. Хулосаи кор ин, ки дар баромади худ Аслишоҳ 100-ҳо маротиб ҳақорату сухани аз домон поинро баланд гуфту шармаш ҳам наомад, ки саҳна ҷои паст задани мухлис нест. Ба мани мухбир шарм омад, ки то охири намойиш бишинам.
Пешниҳоди СССР
Замони он омада, ки фаъолияти ин Аслишоҳ ва шогирдони ҳақоратпарасти ӯро манъ кард, то замоне, ки аз кӯчаи одобу сухани покиза нагузаранд. Баъдан, ӯро вазифадор кард, ки ҳар 1 баромади дар тӯю саҳнаҳо кардаи худро ба идораҳои дахлдор барои пеши қонун гузоштан омода созад.
Доимо аҳли эҷодӣ ва сармуҳарири ҳавтавори СССР аз хонандаву шаҳрванд ва аҳли ҳунар бахшиши зиёд пурсида, таъкид дорем, ки пеши мардум (публично) ҳақорат карданро намегузорем, зеро ягон қонуни ҷаҳон иҷоза надодааст. Аз Аслишо бояд пурсид, кӣ ба ӯ ин ҳуқуқро кӣ додааст???
Боз ҳам аз корманди фарҳанги Сафорат дар Россия бародари муҳтарами мо, Суҳроб Абдуллоев хоҳиш карда мешавад, то ин навори Аслишоро дар сомонаи Сафорат гузорад, низ ба роҳбарияти вазорати дохилӣ, хориҷӣ, фарҳанг ва маъориф низ равон созад, то онҳо ва мардум бубинад, ки аз куҷо ин қадар нафрату бадбинӣ ба забони русиву забони модарӣ доранд. Агар аз шармандагӣ ин корро накунанд, дар бойгонии СССР садои ҳақоратконсерти Аслишоҳ ҳаст. Ба дилхоҳ мансабдору марди забондӯст барои назархоҳӣ равон кунем, ки Мо Метавонем!
Шамсиддини Муқим,
СССР, Москва
