10.11.2000. Расо 25 сол пеш, Мақсудҷон Ҳусейнови нозанин, журналисти варзида, репортёри нотакрор ва Инсон бо ҳарфи Бузург моро тарк кард…
Ёдам ҳаст, 1 рӯз пеш аз маргаш, дар таърихи 09.11.2000, дар Қарияи Боло, корпуси амрози қалб, бо Акбари Саттори раҳматӣ аёдаташ рафтем. Хандида мегуфт:
(айнан)…ин қишлоқиҳо фикр доранд, ман мемирам! Ман нахоҳам мурд!!!
…Воқеан ҳам пагоҳ бо олами арвоҳ пайваст, вале ҳаргиз намурдааст, то қаламу килку варақу газетае дар ҶТ ҳаст Мақсуд Ҳусайн аз зиндаҳо ҳам зиндатар аст.
Ҷот ҷаннат, дӯст, ҳамто ва ҳамкасби гиромӣ. Мо Метавонем!
Ҳамкор ва дӯстат
Сайёфи Мизроб
Мақсуди Ҳусайн
(28.02.1954 – 10.11.2000)
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро соли 1976 хатм намудааст.
Ҳанӯз аз овони мактабхонӣ навиштаҳои ӯ дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз»), «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), маҷаллаи «Машъал» (ҳоло «Истиқбол») ба табъ мерасиданд.
Солҳои зиёд дар шуъбаи ахбор ва варзиши рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») ба сифати мухбир фаъолият намуда, малакаи касбии хешро тақвият бахшидааст.
Соли 1991 ба рӯзномаи «Садои мардум» – нашрияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба кор даъват шуд ва то соли 1996 ба сифати хабарнигор ифои вазифа намуд. Солҳои 1996-2000 дар ҳафтаномаҳои «Ҳафтганҷ», «Сомон» ва «Чархи гардун» ба ҳайси мухбир фаъолият дошт.
Моҳи ноябри соли 2000 пас аз бемории тӯлонӣ дар шаҳри Душанбе, дар сини 46-солагӣ даргузашт.
Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон буд. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Умар Алӣ
