Лаҳзаҳои хурд аз ҳаёти бузург

Дар бораи классики тоҷик-узбек Садриддин Айнӣ (1876- 1954)

Дар замони зиндагиии устод Садриддин Айнӣ атрофаш бисёр нақлҳо паҳн гардида буданд, ки на ҳамаашон ҳақиқат доранд.

Аз он қиссаҳо симои нависанда ва олими машҳур, инсон, дар маҷмӯъ, инсоне бо гузаштаи фоҷиабор, ҳаёти сахти нависандаи дигари машҳури рус Максим Горкий ёд меояд, ки албатта дар муқоиса бо азобҳои Айнӣ қариб, ки ҳеҷанд. Қисматро бинед, ки ин ду шахсияти бузургро соли 1934 нахустин Анҷумани нависандагони шуравӣ бо ҳам шинос ва дӯсти қарин гардонд.

– Аз Раҳим Раҷабович қиссаи тарабхонаро пурсон шудам?

-Ман ӯро хуб мешиносаму медонам, – табассум кард ҳамсӯҳбати ман.

– Барои пешниҳоди ҳисобот ба бухгалтерияи донишгоҳ Айнӣ барои чеки Симонов ва Фиш расм талаб карда буду халос. Он вақт ҳамин хел талабот буд. Вале дар бораи ҳеҷ гуна баргардонидани пул сухан намерафт. Лаққиён дар ҳама давру замон буданд. Ҳамин тавр, сафари корӣ ба як ҳаҷв табдил ёфт.

Ман дар бораи маркаби Айнӣ низ хуб медонистам. Домулло ҳамеша меҳнати худ ва дигаронро қадр мекард. Ба ҳама чиз эҳтиёткорона муносибат мекард. Зеро барои мо, ҳамзамонон, фаҳмидани шахсе, ки дар Бухорои қадим дар замони феодалӣ зиндагӣ дошту дар зиндони амирӣ буд ва ба таври мӯъҷиза аз қатл раҳид, дар кӯдакӣ ва ҷавонӣ азоби гушнагиро аз сар гузаронд, хеле душвор ва номумкин ҳам ҳаст. Дигар ин ки табиист, мардум дар бораи шахсиятҳои бузург ҳамеша чизе аз худ бофта мебароранд, ки низ аз бузургии ӯ далолат мекунад!

Баръакс, Айнӣ дар асарҳои худ «Марги судхӯр”, «Дохунда», «Ғуломон» симоҳои мумсику ҳарис ва муфтхӯрро ба таври хеле барҷаста тасвир намудааст. Кӣ будани онҳоро ба мардум бо нафрат шиносондааст.

Инак, он қиссаҳо:

 Ҳар кас пули хӯрдаи худро супорад!

Дар охири солҳои 40-уми асри гузашта, ҳини сафари корӣ дар Маскав, Айнӣ ба нишони эҳтиром нависанда К.Симонов ва тарҷумон Р. Фишро ба тарабхона даъват кард. Хуб, тавре ки маъмул аст, Симонову Фиш аз ҳисоби Айнӣ, муфт пиндошта, ба ғайри гунаҳкори ҷашн шикамсерӣ хуб нӯшиданду газакҳои хуб хӯрданд, сӯҳбати хуб карданд ва ба хонаҳояшон рафтанд…

Тақрибан як моҳ пас ба Симонов ва Фиш аз ш. Душанбе аз номи Айнӣ ҳисоби тарабхона омад. Нависанда хароҷотро ба се нафар тақсим ва аз онҳо хоҳиш кард, ки онро бо тариқи почта баргардонанд.

Хар ба ҷои мошин

Садриддин Айнӣ аллакай академик буд, дар донишгоҳи Самарқанд дарс мегуфт ва аз рӯи штат ба ӯ мошини «Зим» таъин карда шуда буд, ки дар он ронанда се маротиба дар як ҳафта домуллои бонуфузро ба ҷои кор мерасонд. Аммо Айнӣ бо ягон сабаб аз мошин даст мекашид ва аз рӯи одати кӯҳнаи ҷавонӣ савори хари сафед худро ба донишгоҳ мекашид.

Зоҳиран шояд аҷоиб намояд, ки нависандаи машҳур, академикро бинед, ки Хоҷа Насриддинро мемонад!

Ба саволи ҳамкорони кунҷков, ки “Оё дар асл, харакӣ рафтан нисбат ба рафтан дар мошини сабукрави «Зим» бароҳаттар ҳаст?” ҳамеша ҷавоб медод, ки “Мошин метавонад дар роҳ вайрон шавад, аммо хар ҳеҷ гоҳ! Ба ғайр аз ин, барои мошин бензин-пензин лозим аст, ки ин пулест, ки ба танӯр партофта мешавад!”

Хотира – дафтарча

Сафари Айнӣ ба вилояти Ленинобод, ҳоло Суғд барои мулоқот бо хонандагон низ барои ман хотирмон буд. Вохӯрӣ дар донишкадаи педагогӣ баргузор гардид. Донишҷӯён ба ҳаёти нависанда дар Бухоро замони Амир Саид Алимхон, дар бораи рӯзгор ва одоби он замон таваҷҷӯҳ доштанд. Аз нависанда дар бораи лабораторияи эҷодии ӯ низ пурсиданд, ки ӯ чӣ гуна менависад, оё ӯ рӯзнома менависад?

– Не, – гуфт Айнӣ, – ман ҳеҷ гоҳ чизе наменависам. Инак дафтарчаи ман, – ва ӯ кафи дасташро ба пешониаш расонд. – Он чизе, ки муҳим аст, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва он чизе, ки фаромӯш мешавад, муҳим нест.

Фотограф – матограф

Сипас, дар ҳамин вохӯрӣ дар яке аз ҳуҷраҳо хабарнигори рӯзномаи маҳаллӣ Айниро муддати дароз аксбардорӣ кард. Аз ӯ хоҳиш кард, ки гоҳ ба назди тиреза бархезад, гоҳ ба назди миз равад, гоҳ дар сари миз нишинад… Ниҳоят, аксбардорӣ ба охир расид.

– Суратҳо кай омода мешаванд? – пурсид Айнӣ.

– Домулло, – гуфт хабарнигор боадабона, – ман онҳоро бо рӯзнома тавассути почта ҳамроҳ бо газета ба шумо мефиристам…

– Э, ин тавр намешавад, – гуфт Айнӣ, ман фотограф – матографонро хуб мешиносам. Онҳо мисли пойафзолдӯзону дигар дӯзандагон дар ваъдаашон намеистанд. Ё фиреб медиҳанд ё фаромӯш мекунанд.

– Пас шумо чӣ пешниҳод мекунед? – гуфт ранҷида суратгир.

– Суратҳо бояд то бегоҳ тайёр шаванд, – ҷавоб гардонд Айнӣ ва аз кисаи кителаш пул бароварда, ба хабарнигор пешниҳод намуд.

Суратгир аз гирифтани маблағ қатъиян даст кашид, вале аксҳо дар вақти муайяншуда расонида шуданд.

Устод Айнӣ чун крисстал инсони пок буданд

Пас аз сӯҳбати ман бо Раҳим Мукумов (1922-2000) олим – адабиётшинос бисёр чизҳо ошкор шуданд. Дар аввали солҳои 50-ум ӯ дар Самарқанд зиндагӣ мекард ва дар аспирантура таҳсил мекард. Роҳбари кори илмии ӯ бевосита Садриддин Айнӣ буд. Мукумов дар тӯли якчанд сол хушбахт буд, ки дар назди патриархи адабиёт ва илм ҳасту ӯро дар сафарҳояш ба Узбекистон ва Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунад.

-Ин як одами кристаллӣ буд», — нақл кард Раҳим Раҷабович. – Ман меҳмоннавозии устод Айниро дар хонааш дар Самарқанд, дар кӯчаи Регистон, хуб дар ёд дорам. Аз ҳавлии ҳамсоя болои девор ба тарафи ҳавлии устод шохаи ғарқи зардолу кашол буд. Домулло ҳар дафъа духтарашро барои чида гирифтани зардолуҳои ҳамсоя сарзаниш менамуд. Меваҳои чидаро дар сатил гирифта, ба ҳамсояаш бармегардонд. Ҳатто ба он нигоҳ накарда, ки ҳамсоя аз гирифтани меваҳо “Ҳақи ҳамсоя бо ҳақи Худо баробар аст”, мевагии бисёр дорем, гуфта, аз гирифтан даст кашид, ҳамоно устод ба духтараш таъкид мекард, ки ҳамсоя фарзандони зиёд ва илова бар ин, гӯсфандон дораду мо, набояд ба ҳосили ранҷи дигарон шарик шавем!

 Дар ёди ман лаҳзаи дигаре мондааст. Ман рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя кардам, ки дар ин кор саҳми устод Айнӣ хеле зиёд буд. Домулло одате дошт, ки ҳаргиз ба зиёфатҳои ба чунин муносибат ороста, яъне шӯстан намерафтанд. Бинобар ин, бо мақсади сипос, аз рӯи одаму одамгарӣ туҳфаи гаронбаҳо харида, дар соати таъиншуда ба назди он кас рафтам. Айнӣ, чун ҳамеша, маро бо хушнудӣ қабул карда, ба утоқи кории худ, ки аз китобҳо пур буд. Дар паси мизи кӯҳна, ки замоне ба генерал Куропаткин тааллуқ дошт, нишастем. Муддати дароз дар бораи ҳаёт, ояндаи ман, адабиёт суҳбат кардем… Сипас Айнӣ аз ҷевони дар девор сохташуда як шиша коняки гаронбаҳо баровард. Ба ман пиёлае ва ба худ пиёлае рехт. Азбаски устод умуман, шароб наменӯшинданд, ба эҳтироми ман онро боло карда, ба ман муваффақиятҳо хост ва коняки пиёлаашро дубора ба шиша рехту бар ҷояш гузошт ва бо ишора ба май аз фармудаи Абӯали ибни Сино ёдовар шуд:

Май душмани масту дӯст бо ҳушёр аст,

Андак тарёку беш заҳри мор аст.

Дар бисёраш музаррати андак нест,

Дар андаки у манфиати бисёр аст.

Маълум ки ман бо туҳфаи қимати худ ба хона рафтам, чунки домулло аз гирифтани он қатъиян сарпечӣ кард.

Николай Красилников 

(Тарҷумаи М. Рустамзода)

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube