Мо ва парчами мо…

24.11.2025. Ин рӯз вежа аст. Зеро он Рӯзи Парчами давлатдории мост. Миллате парчам надорад-Миллат нест! Давлате парчам надорад-давлат нест!  Вале дар зимн набояд фаромуш кунем, ки Ҷумҳурии мо то ин дам 7 парчам дошт ва ҳамаи онҳо БОЯД барои мо муқаддас бошанд. Мо Метавонем!!!

Нахустин Парчами давлатдории мо дар соли 1924 роҳандозӣ шуда, дар он бо забони лотинӣ, русӣ ва арабии форсӣ навиштаи  “Таджикская советская  социалистическая автономная республика» ва “Ҷумҳурии сусиёлистии шӯравии мухтори Тоҷикистон»  ҳаккокӣ шуда буд. Шиори “Пролетарии всех стран соединяйтесь” – “Пролетарҳои ҳамаи ҷаҳон як шавед!” аз коргару деҳқон даъват ба инқилоб менамуд, то сарҷамъона капиталисту империалисту феодалҳоро зада пеш кунанду давлатҳои халқӣ-коргарии хешро бунёд созанд. Ин Парчам то соли 1931, байрақи расмии нахустин давлати мо, РАСС ва сипас РСС Тоҷикистон будӣ. Ин парчам минбаъд 7 бор тағйири шакл намуда, то бар имрӯза Парчами хеле диданиву дӯстдош­тании мо табдил ёфт.

 1931-1935.Парчами сонии мо суп-сурхи бенамуд буд ва бо ҳуруфи лотинасос чунин навиштаҷот дар он банду баст шуда буд: C.I.S. Toc

Ба ин маъно, ки Ҷумҳурии Иттифоқии Советии Тоҷикис­тон.

1935-1936. Камтар аз 1 сол парчами мо суп-сурхи ҳамонгуна нодиданӣ, вале бо навиштаҷоти зер гардид: С.S.S. Tocikiston- Ба лотинӣ: Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон.

Воқеан ҳам насли бузургсол, ки шумораашон хеле кам мондааст, медонанд, ки дар он даврон ҷои алифбои арабиасос алифбои лотинӣ корбаст мешуд. 1 қисса ёдам омад:

-Худораҳматии момаи Садаф, завҷаи бобои Ғуломи таърихиву тавсифӣ, хатти сириликро балад набуд, вале англисиро ба ҳадди аъло мехонд. Боре, писараш Алии Беҳудуд аз раҳматӣ мепурсад, ки забони англисӣ аз куҷо медонӣ оча, ки момаи Садаф мегӯяд:

-Кадом анлисӣ? Ин алифбои худамон, забони модарӣ! Дар мактаб мехондем…

1936-1938. Парчами мо бо ранги сурх ва ҳуруфи хонои лотиниву сирилик ва навиштаи CSS Tojikiston ва Таджикская ССР арзи вуҷуд дошт. Хонанда мутаваҷҷеҳ шав, ки дар парчами мо ва тамомии республикаҳои шӯравӣ ҳарфи арабиасосро нест карданд: мефаҳмиданд, ки оқибаташ бад аст!

1938-1940. Дар матоъи сурхи алвонӣ бо навиштаи RSS Tojikiston ва Таджикская ССР парчами нав ба тобиш омад. Хонандаи закӣ дарк намуд, ки чаро парчам тағйир хӯрд?

Зеро ҳамакнун идеологҳои шӯравӣ аз вожаи арабии «Ҷумҳур» дур шудаву калимаи оммафаҳми байнулмилалии «Республика»-ро корбаст намуданд

1940-1953. Беш аз 13 сол парчами мавсум бар «Сталинӣ» дар овони ҶБВ ва баъди он маркази пойтахт ва кишвари моро зеб медод. Матоъи сурх ва навиштаи «РСС Точикистон» ва «Таджикская ССР».

Ҳамакнун аз парчами мо ва куллияи байрақҳои шӯравӣ навиштаи лотиниву англисиву арабӣ ҳазф гардид!

1953-1991. Аз фавти Сталин то фавти худи СССР парчами мо хеле зебо, бо рангҳои сурх, сабз, сафед ва сурх партавафшон буд.

Зери ин парчам давлати шӯравии тоҷик ба бисёр пирӯзиву муваффақиятҳо ноил гардид.

24.11.1992. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 май 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Бар асоси Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:

-Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи росткунҷаест, ки дар рӯи он 3  рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ кашида ва дар болои он 7 ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. 4 унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Рӯзи Парчам муборак ҳамватан!!!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube