Спитамен – пахтакори №1 дар вилояти Суғд

Зимни сафари ахир ба вилояти Суғд ба мухбири СССР муяссар шуд дар маросими ҷамъбасти бистрӯзаи сеюми маъракаи пахтачинӣ дар вилоят, ки дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гашт, ширкат намояд. Бояд гуфт, ки чунин ҷамъомад ҳар сол дар мавсими пахтачинӣ танҳо дар вилояти Суғд сурат гирифта, аз ҷониби роҳбарияти вилоят пешқадамон ва беҳтаринҳо ҳавасманд гардонда мешаванд.

Дар ҷамъомад, ки бо ҳузури раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, масъулони соҳа ва пахтакорони пешсаф доир шуд, натиҷаҳои меҳнати заҳматкашон дар бистрӯзаи сеюми маъракаи пахтачинӣ ҷамъбаст ва ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ муайян карда шуданд.

Ноҳияи Спитамен сазовори ҷойи аввал, ноҳияи Ашт соҳиби ҷойи дуюм гардид ва дар байни ҷамоатҳо Ҷамоати деҳоти Хуррамзамини ноҳияи Спитамен ғолиби мусобиқаи меҳнатӣ дониста шуд.

Нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Спитамен 14 ҳазору 291 тонна муқаррар шуда, то имрӯз 14 ҳазору 305 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба 101% нақша баробар мебошад. Барои иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта ба ноҳияи Спитамен, ки аввалин шуда байни 18 шаҳру вилояти Суғд нақшаро иҷро намуд, автомашинаи BYD туҳфа карда шуд. Ин ҷоиза ба кишоварзони ноҳияи Спитамен муборак бод!

На танҳо нақшаи “тиллои сафед”, балки нақшаи даъвати тирамоҳиро низ дар ин ноҳия пеш аз ҳама иҷро намуданд, ки офаринашон бод!

Аз фурсат истифода бурда, мо низ раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзодаро бо чунин натиҷаҳои назаррас табрик намуда, хостем меҳмони ноҳия шавем. Темурҷон Нӯмонзода аз пешниҳоди мо истиқбол намуда, гуфтанд ҳамин ҳоло метавонем ноҳия рафта, меҳмон шавем.

635 иншооти ҷашнӣ

Зимни сафар ба ноҳия мо бо Темурҷон Нӯмонзода бобати рушду пешрафти соҳаҳои мухталиф дар ноҳия ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар суҳбат намудем. Тавре раис таъкид дошт, бахшида ба ин санаи муҳим дар ноҳия бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 635 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шудааст. 

-Аз ин шумора ба Ҷамоати шаҳраки Навкат – 130 иншоот, Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев – 130 иншоот, Ҷамоати деҳоти Куруш – 130 иншоот, Ҷамоати деҳоти Истиқлол – 75 объект, Ҷамоати деҳоти Тағояк – 75 объект, Ҷамоати деҳоти Сарбанд – 55 банд ва Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин 40 банд рост меояд. Ба ҳолати 1 октябри соли 2025 аз 635 банди ба нақша гирифташуда 641 адад, ё ин ки 101 % нақша иҷро карда шудааст ва дар ин самт корҳо идома дорад, – гуфт раиси ноҳия.

Ҳамзамон дар беморхонаи марказии ноҳия корҳои таъмиру навсозӣ идома доранд. Беморхонаи мазкур, ки соли 1960 сохта шудааст, имрӯз бо дастгирии МИҲД ноҳия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҷдид мегардад. Пас аз анҷоми корҳои навсозӣ муассиса бо таҷҳизоти муосир таъмин хоҳад шуд, ки ин ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат мекунад.

Фаъолияти 63 корхонаи саноатӣ

Баҳри рушди ин соҳа ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар давоми 9 моҳи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмӯъ мувофиқи ноҳия ба маблағи 537 млн. 23,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати соли 2024 ба андозаи 102 фоиз таъмин гардидааст.

-Айни ҳол дар ноҳия 63 адад корхонаҳои саноатӣ ва сехҳои хурди иловагӣ фаъолияти бомаром дорад, ки фаъолияти онҳо ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар онҳо таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки дар нӯҳ моҳи соли 2025 дар ноҳия 5 корхона, аз ҷумла ҶДММ “Илҳомиён” бо истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, ҶДММ “Куркат-2015” бо истеҳсоли хишти хом ва пухта, ҶДММ “Элбек” бо истеҳсоли хишти бетонӣ, ҶДММ “ПМК НАУ” бо истеҳсоли хишти хом ва пухта ва ҶДММ “Аҳмад мебел” бо истеҳсоли мебел ба истифода дода шуда, дар доираи он 50 нафар ҷойи кории нав таъсис ёфт, – таъкид дошт раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода.

Барномаи рушд

Зимни суҳбат Темурҷон Нӯмонзода дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Спитамен барои солҳои 2021-2025, ки аз 8 боб иборат буда, дар доираи барнома 181 лоиҳа ба маблағи 264,4 миллион сомонӣ амалӣ карда мешавад, нақл намуд.

Тибқи иттилои раиси ноҳия, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ 94,7 миллион сомонӣ, саноат ба маблағи 3,1 миллион сомонӣ, соҳибкории хурду миёна ба маблағи 82 миллион сомонӣ, соҳаи сохтмон ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ, маориф ба маблағи 9,1 миллион сомонӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба маблағи 8,1 миллион сомонӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ ба маблағи 4,6 миллион сомонӣ, соҳаи варзиш 10 миллион сомонӣ, обтаъминкунӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ба маблағи 2,9 миллион сомонӣ, барқтаъминкунӣ ба маблағи 7,7 миллион сомонӣ, нақлиёт ва роҳ ба маблағи 18,9 миллион сомонӣ, ҳифзи муҳити зист ва холатҳои фавқулодда ба маблағи 3,6 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки то охири соли 2025 амалӣ карда мешавад.

Вақте ҷамоатҳо шаҳрак мешаванд

Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Спитамен раиси ноҳия маро бо сармеъмори ноҳия Нозирҷон Дадобоев ошно намуда, пешниҳод карданд, ки якҷоя аз дилхоҳ ҷамоату деҳот дидан намоем. Мо 2 ҷамоатро интихоб намудем – Истиқлол ва Куруш.

 Бояд гуфт, ки дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо ташаббуси соҳибкор Фурқат Абдуҷабборов бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд гардида, дар ошёнаи якуми он маркази хизматрасонӣ ҷойгир хоҳад шуд. Масалан, ман ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки дар чунин деҳоти дурдаст биноҳои баландошёна рӯзе қомат меафрозанд, вале бунёд шуда истодаанд!

 Дар паҳлӯи бино инчунин коргоҳи истеҳсоли пойафзол ва сехи дӯзандагӣ сохта мешаванд, ки пас аз ба истифода супоридани онҳо даҳҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Инчунин, бо ташаббуси соҳибкор Акмал Юлдошев дар ҷамоат кӯдакистони нав сохта мешавад, ки баъди ба истифода додан беш аз 200 нафар дӯстрӯякон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар Ҷамоати деҳоти Куруш низ корҳои сохтмонӣ дар бинои нави кӯдакистон идома дошта, ин муассиса барои 300 кӯдак пешбинӣ шудааст. Беҳтарин иқдом!

Лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва самараи он

Ба ҳолати то 1 октябри соли 2025 дар ноҳияи Спитамен 5 лоиҳаи сармоягузории давлатии зерин амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо 9 271,8 ҳазор доллари ИМА азхуд карда шуд:

  1. Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи “CASA-1000”;
  2. Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” маблағгузории дуюми иловагӣ;
  3. Лоиҳаи “CASA-1000 – дастгирии ҷомеа”;
  4. Лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4”
  5. Барномаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ.

Лоиҳаҳои сармоягузории ноҳияи Спитамен, ки дар доираи маблағгузории ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ амалӣ мегарданд, чунин мебошад:

  1. Барномаи «CASА-1000» тибқи лоиҳаи «CASА-1000 дастгирии ҷомеа» барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ва таъмиру азнавсозии биноҳои куҳна, пешниҳод карда шудааст.
  2. Дар доираи лоиҳаи соҳилмустаҳкамкунӣ аз тарафи Ташкилоти ғайридавлатии АКТЕД дар вилояти Суғд корбарӣ рафта истодааст.
  3. Тибқи дастгирии барномаи ЮНИСЕФ шуъбаи таваллудхона, шуъбаи ҷарроҳӣ, шуъбаи бачагона ва ошхонаи беморхонаи марказии ноҳия таъмири куллӣ гузаронида шуда истодааст.
  4. Бонки умумиҷаҳонӣ тибқи “Барномаи АСИСТ” кӯмаки яквақтаина ба оилаҳои камбизоат ва дорои кӯдакони то синни 3-сола расонида истодааст
  5. Оид ба татбиқи «Барномаи Озуқаи Ҷаҳонӣ» мувофиқи созишномаи байни БОҶ СММ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар таълимгоҳҳои ноҳия бо маводи хӯрокаи орд, равған, нахӯд аз тарафи БОҶ таъмин карда шудааст.
  6. Бо дастгирии ташкилоти Фонди байналмилалӣ таъмири куллии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 оғоз гардидааст, ки маблағи умумии лоиҳа 14 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Саҳми мардум дар ободии маҳал

Дар ноҳия мазкур низ таъмиру азнавсозии роҳҳо вусъати нав гирифтааст. Дар ҳудуди ноҳия  639,6 км роҳҳо мавҷуд буда, аз он 183,1 км роҳҳо дар мувозинати Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия қарор дорад. Аз ҷумла 18,6 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 164,5 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллӣ дошта, ки дар тӯли ин роҳҳо 64 адад пул ва 401 адад қубурҳои обгузар мавҷуд мебошанд.

Дар давраи 9 моҳи соли 2025 дар роҳҳои маҳаллии ноҳия 53 адад аломатҳои роҳ иваз ва таъмир карда шуда, таъмири чуқурчагии фарши роҳ бо асфалти гарм 325 м2, ҳамвор намудани канори роҳ 4,5 км, рангубор намудани элементҳои роҳ 1157 м2, тоза намудани канори роҳ ва ҷӯйборҳои канори роҳ аз партовҳо ва селовард 162 м3 иҷро карда шуда, дар ин самт корҳо бомаром идома доранд.

Боиси таъкид аст, ки дар ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти он асфалтпӯшкунии роҳҳои дохилӣ бомаром ҷараён дошта, сокинон бевосита баҳри ободонии маҳалли зисти худ саҳмгузоранд. Дар 9 моҳи соли 2025 кӯчаҳои Б. Ғафуров, Каримов, Ю. Маҳкамов, Ҷ. Румӣ, Ҳомидов, А. Бозоров, Н. Қаробоев, Сомониён, Спитамен ва Ваҳдати Ҷамоати шаҳраки Навкат ба масофаи 6 км, кӯчаҳои С.Айнӣ, Деҳқонбоев, А.Ғоибов, Шермуродов, Истиқлол, Н. Юлдошева, У. Ҳусанбоев, У. Олимов, Б. Ғоибови Ҷамоати деҳоти Сарбанд ба масофаи 15 км,  ҳамчунин 15 км кӯчаҳои ҳудуди деҳаи Лангар ва Тағояки Ҷамоати деҳоти Тағояк, 5 км кӯчаҳои деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол ва 11 км кӯчаҳои дохилии деҳаи нови Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев пурра асфалтпӯш карда шуд.

 Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Душанбе – Хуҷанд – Спитамен – Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube