Моҳи майи соли 2025 тамоми халқҳои тараққипарвари ҷаҳон 80-солагии хотима ёфтани бузургтарин ва даҳшатноктарин ҷанги ҷаҳонӣ дар таърихи инсоният – Ҷанги дуюми ҷаҳонро ёдоварӣ намуданд. Ин ҷанг дар таърих бемислу монанд буда, тибқи бархе аз сарчашмаҳо беш аз 70 миллион қурбониро аз тухмаи одамизод ба ҷой гузоштааст, ки дар муқобили 10 миллион қурбонии Ҷанги якуми ҷаҳон, ин рақам хело зиёду даҳшатбор аст.
Ҷанги дуюми ҷаҳон солҳои 1939-1945 (тибқи навишати бисёре аз муаррихони ҷаҳонӣ, ин ҷанг на соли 1939, чуноне, ки замони шуравӣ ба мо мактабачагон меомӯзонданд, балки соли 1937 шурӯъ гаштааст), чи тавре, ки дар мақолаи қаблии хеш бо номи «Мурофиаи Нюрнберг» қайд намуда будам, боиси қурбониҳои зиёд, азияту даҳшатҳои алими фарзанди инсоният, инҳисороти ҷуброннашаванда ба маънавиёт, истеҳсолот, фарҳангу тамаддуни башарият зада, инсони бошуури асри ХХ-ро ба фикр кардан водор сохт. Маҳз дар ҳамин асос, қарор қабул карда шуд, ки Трибунали байналмилалии ҳарбӣ дар муқобили саркардагони Олмони фашистӣ ва низоми ҳукумати фашистии онҳо ва ташкилотҳои гунногуни ин низом созмон дода шавад.
Дар ҳамин асос вобаста ба ташкил намудани Трибунали ҳарбии байналмилалӣ барои Шарқи Дур ва иҷрои банди 10-уми Эъломияи Потсдам, хонандаи закитабъи ман каме шарҳ додани таърихчаи ин конференсия ба манфиати кор хоҳад буд. Бояд гуфт, ки конференсияи зикршуда, сеюмин ва охирин конференсияи сарони “сегонаи бузург” – 3 абарқудрати бузурги коалитсияи зиддифашистӣ маҳсуб меёбад.
Дар кори конференсия раиси Шурои комиссарони халқи СССР, раиси Кумитаи мудофиаи СССР Иосиф Виссарионович Сталин, президенти ИМА Гарри Трумен, сарвазирони Бритониёи Кабир Уинстон Черчилл (то 25-уми июл) ва К.Эттли (аз 28-уми июл) ширкат намуданд. Конференсияи мазкур баъди ғалаба аз болои Олмони фашистӣ ва замони ҳамроҳшавии Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷанг ба муқобили Ҷопони миллитаристӣ доир гашта, мақсади гузаронидани он аз кор карда баромадани барномаи сулҳ ва бехатарӣ дар Аврупо ва ҷаҳон иборат буд. Конференсия дар шаҳри Потсдами наздикии Берлин аз 17-уми июл то 2-юми августи соли 1945 дар қасри Цицилиенхоф доир карда шуд.
Дар кори конференсия пеш аз ҳама масъалаи Олмони мағлубгашта, азнавсозии ҳаёти сиёсӣ дар доираи сулҳхоҳӣ ва асосҳои демократӣ, аз байн бурдани иқтисодиёти ҳарбӣ ва каму беш барқарор намудани зарари аз тарафи дигар кишварҳо расонида ба Олмон ва ҳамчунин ҷазо додани саркардагони Олмон, ки фаъолияти онҳо ба маҳрумият ва азиятҳои зиёди инсоният оварда расонид иборат буд, дарназар дошта шуда буд. Дар кори конференсия ҳамчунин дигар масъалаҳо вобаста ба қисмати кишварҳои аз тарафи Олмони фашистӣ ҷангида, ба монанди Италия, Булғория, Венгрия, Руминия, Финландия, ҳамчунин масъалаи Полша ва Югославия ва дигар мавзӯъҳои ба миёномада мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин конференсия ба масъалаи Ҷопон низ диққати ҷиддӣ дода шуд. Дар он Изҳорот (декларатсия) оиди Ҷопон қабул карда шуд. Дар ин Конференсия роҳбари СССР И.Сталин розигии худро оиди иштироки СССР ба ҷанги зидди Ҷопон расонаӣ кард, ки ин нуқтаи муҳим барои дигар иттифоқчиёни зидди Олмони фашистӣ низ буд.
Санаи 26-уми июли соли 1945 Изҳороти сиёсии Конференсияи Потсдам, аз тарафи ИМА, Британияи Кабир ва Чин пешниҳод шуда, аз ҳукумати Ҷопон даъват ба амал оварда шуд, ки фавран таслими бечунучарои худро дар асоси пешниҳодҳо ва шартҳои пешгузоштаи ин кишварҳо эълом намояд. Иттиҳоди Шуравӣ бо мақсади тезтар ба сулҳи деринтизор расидан, санаи 8-уми августи соли 1945 ба Изҳороти мазкур ҳамроҳ гашт.
Акнун каме ҳам бошад дар бораи Санад оид ба таслимшавии Ҷопон, ки дар асоси Изҳороти Потсдам қабул гашта буд, хоҳем гуфт.
“Санади таслимшавии Ҷопон” – ҳуҷҷати юридикиест, ки бо қабули ин ҳуҷҷат дар бораи ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон, аз ҷумла ҷанг дар марзҳои Уқёнуси Ором ва ҷанги Шуравӣ ва Ҷопон башорат медиҳад.
Бояд гуфт, ки санаи 26-уми июли соли 1945 Изҳороти Конференсияи Потсдам, ки аз тарафи коалитсияи зидди Ҷопони милитаристӣ: ИМА, Британияи Кабиру Чин пешниҳод ва ба ҳукумати Ҷопон ултиматум пеш гузошта буд, ки дар сурати розӣ нашудан бо шарту шароити пешниҳодгашта оид ба таслимшавии бечунучаро, абарқудратҳои иттифоқчӣ “ба таврӣ фаврӣ ва пурра ин кишварро маҳв хоҳанд кард”.
28-уми июли соли 1945 роҳбарияти сиёсии Ҷопон ба таври расмӣ аз шарти дар ултиматум овардашуда вобаста ба таслимшавии бечунучаро изҳори сарпечӣ кард.
Президенти ИМА Гарри Трумэн, чунин андеша дошт, ки акнун эшон ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки нисбати Ҷопон яроқи атомиро истифода барад. Вай қарори худро бо он асоснок карданӣ мешуд, ки истифодаи бомбаи атомӣ раванди сулҳро тезонида, пеши роҳи қурбониҳои зиёдро хоҳад гирифт.
Аз ҷониби ИМА 6-уми август ба шаҳри Хиросима ва 9-уми август ба шаҳри Нагасаки бомбаҳои атомӣ партоб карда шуд (агарчанде, ки ягон сабабе барои истифодаи яроқи қатли ом вуҷуд надошт, лекин доираи империалистии ИМА бо мақсади боло бурдани қадру манзалати худ ва тарсондани чашми роҳбарони дигар кишварҳо дар замони шурӯи давраи баъдиҷангӣ ва тақсимоти қарибулвуқуъи сиёсати ҷаҳонӣ байни абарқудратҳо, ба ин кор даст заданд на чизи дигар).
10-уми августи соли 1945 Ҷопон ба таври расмӣ оид ба қабули шартҳои дар санади потсдамӣ қабулгашта изҳороти хешро бо иловаи шарти худ дар бораи нигоҳ доштани низоми ҳукумати императорӣ пахш намуд. 11-уми август ИМА ислоҳи пешниҳоднамудаи Ҷопонро вобаста ба санади таслимшавӣ рад намуд. Санаи 14-уми август Ҷопон ба таври расмӣ (бо пешниҳоди нав оиди дахлнопазирии шахсии император) санади таслимшавиро пазируфт.
Қатъи назар аз он, амалиётҳои ҷангӣ то давраи имзои санади таслимшавӣ идома ёфт. Бояд гуфт, ки ба таври оммавӣ таслим шудани афсару сарбозони ҷопонӣ дар Манҷурия дар муқобили артиши Шуравӣ 16-уми август шуруъ гашт. Ишғоли Ҷопон аз тарафи ИМА 28-уми августи соли 1945 шурӯъ гашт.
Ба таври воқеӣ санади таслимшавии бечунучароии Ҷопон 2-юми сентябри соли 1945, соати 9:02 дақиқа ба вақти Токио, дар киштии америкоии “Миссури”, дар халиҷи Токио ба амал омад.
Намояндагони кишварҳои зерин ба санади таслимшавии Ҷопони милитаристӣ имзо гузоштанд:
- Ҷопон – вазири корҳои хориҷа Сигэмицу Мамору.
- Ҷопон – сардори Ситоди генералӣ Умэдзу Ёсидзиро.
- ИМА- Сарфармондеҳи артиши иттифоқӣ, генерали артиш Дуглас Макартур ва адмирали флот Честер.
- Ҷумҳурии Чин – генерали дараҷаи якум Сюй Юнчан.
- Британия Кабир – адмирал Брюс Фрэзер.
- СССР – генерал-лейтенант Кузма Николаевич Деревянко.
- Австралия – генерал Томас Блэми.
- Канада – полковник Лоренс Косгрейв.
- Фаронса – генерал Жан Филипп Леклерк.
- Нидерланд – лейтенант-адмирал Конрад Хелфрих.
- Зеландияи Нав – витсе-маршали авиатсия Леонард Изитт.
Дар имзои санади таслимшавии кишвари Ҷопон намояндагони 9 кишвар: ИМА,СССР, Британияи Кабир, Чин, Австралия, Фаронса, Канада, Нидерланд, Зеландияи Нав иштирок намуданд.
Агар ба таърихи мурофиаи судии байналмилалӣ назар афканем, Трибунали ҳарбии байналмилалӣ барои Шарқи Дур вобаста ба иҷрои банди 10-уми Эъломияи Потсдам, ки тибқи талаби он нисбати тамоми ҷинояткорони ҳарбӣ, аз ҷумла онҳое, ки нисбати асирон аъмоли ваҳшиёнаро анҷом додаанд, бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ҷазои вазнин мегирифтанд, таъсис дода шуда, мақсади он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони муқобили сулҳу ваҳдат, муқобили инсоният ва куштори оммавиро анҷом дода буд.
Кишвари Ҷопон ба санади таслимшавии ҳукумати вақти хеш ба шартҳои банди Эъломияи Потсдам розӣ шуда, уҳдадор гашт, ки тамоми талаботҳои пешовардаи Фармондеҳии қисмҳои ҳарбии ишғолгари иттифоқчиёнро ба иҷро хоҳад расонд.
Агарчи байни иттифоқчиён оид ба ташкили мурофиаи судии ҷинояткорони ҳарбӣ номувофиқӣ низ ҷой дошта бошад ҳам, лекин Сарфармондеҳи қушунҳои иттифоқӣ, генерал Дуглас Макартур 11-уми сентябри соли 1945 қарор намуд, ки гумонбарони ҷиноятҳои ҳарбиро ба ҳабс гирад ва дар ин асос ҷамъ 29 нафар, асосан аъзои ҳукумати генерал Хидэки Тодзидо ба ҳабс гирифта шуданд.
19-уми январи соли 1946 дар рӯзи таъсиси трибунали ҳарбӣ, аз тарафи Дуглас Макартур, Оинномаи трибунали байналмилалӣ доир ба Шарқи Дур тасдиқ карда шуд, ки он тартиби таъсиси трибунали ҳарбиву вазифаи он, ҷиноятҳоеро, ки ба тобеияти трибунали ҳарбӣ дохил мешуданд, муайян намуд. Ин оиннома низ асосан дар асоси таҷрибаи таъсиси трибунали барои мурофиаи Нюрнберг
25-уми апрели соли 1946 дар асоси моддаи 7-и Оинномаи қабулгашта, дастури қоидаҳои трибунали ҳарбии байналмилалӣ барои Шарқи Дур нашр гашт.
Генерал Дуглас Макарти гуруҳи иборат аз 11 нафар судяро, ки 9 – нафари онҳо аз кишварҳои ба санади таслимшавии Ҷопон имзо карда буданд, тасдиқ кард.
Чунончӣ: аз кишварҳои зерин судяҳо дар ин трибунали ҳарбии байналмилалӣ иштирок намуданд:
- Аз Австралия, Уилям Уэбб, судяи Суди Олии Австралия, ҳамчун раиси суди трибунали ҳарбии байналмилалии Токио.
- Аз кишвари Канада, Эдвард Стюарт Мак-Дугалл – судяи суди апелятсионии суди Квебек.
- Аз Ҷумҳури Чин, Мэй Жуа – аъзои Палатаи қонунгузории Юаня.
- Аз ҳукумати муваққатии Фаронса, Анри Бернар-сарпрокурори трибунали 1-уми ҳарбии шаҳри Париж.
- Аз Ҳинди Бритонӣ, Радхабинод Пал – омӯзгори факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи шаҳри Калкута.
- Аз Нидерланд, Берт Рёлинг – профессори ҳуқуқи Донишгоҳи Утрехт.
- Аз Зеландияи Нав, Эрима Харви Норткрофт – судяи Суди болоии Зеландияи Нав.
- Аз Филлипин, Делфин Хараниля – судяи Суди Олии Филиппин.
- Аз Бритониёи Кабир, Уилям Доналд Патрик – Судяи суди сесионии Шотландия.
- Аз ИМА, Ҷон Патрикс Хигтинс – сарсуди Суди олии Массачусетс (ӯро баъдан аз моҳи июли соли 1946 генерал – майор Майрон Крамер судяи генералӣ – адвокати артиши ИМА иваз намуд).
- Аз СССР, Зарянов Иван Михеевич – аъзои Коллегияи ҳарбии Суди Олии СССР, генерал – майор.
Дар ин асос 11 нафар айбдоркунандаҳо низ аз ҳисоби ҳамин кишварҳои ғолиб ва ё худ ба санади таслимшавии бечунучарои Ҷопони милитаристӣ имзо намуда, ҳамчунин Филиппин ва Ҳинди Бритониё (чун кишварҳои зарардида) интихоб ва тасдиқ карда шуданд.
Сарпрокурор, сарайбдоркунандаи трибунали ҳарбии байналмилалии Шарқи Дур аз тарафи шахсан президенти ИМА Гарри Трумэн интихоб ва тасдиқ карда шуд.
Онҳоро бо тартиб дар поён меоварем:
- Аз ИМА- сарайбдоркунандаи мурофиа Жозеф Кинан, муовини Прокурори генералии ИМА, директори парвандаҳои ҷиноятии Вазорати адлияи ИМА.
- Аз Австралия – судяи Суди Олии штати Квинселд.
- Аз Канада – Гери Нолан, муовини Суди генералӣ, адвокати Артиши Канада.
- Аз Ҷумҳурии Чин – Сян Чже Сюн – вазири адлия ва хориҷа.
- Аз ҳукумати муваққатии Фаронса – Роберт Онето.
- Ҳинди Бритонӣ – Панампилли Говинда Менон, Прокурори шоҳигарӣ ва судяи Суди Олии Ҳинд.
- Аз Нидерланд – Фридрик Боргерхофф – Малдер.
- Аз Зеландияи Нав – Роналд Генри Квиллам, муовини генерал-адютанти артиши Зеландияи Нав.
- Аз Филлипин – Педро Лопез, Прокурори Филлипин.
- Аз Бритониёи Кабир – Артур Коминс Карр, аъзои Палатаи ҷомеи парлумони Бритониёи Кабир.
- Аз СССР- Сергей Голунский- сардори шуъбаи шартномаю ҳуқуқи ВКХ СССР (баъдан эшонро прокурори шаҳри Москва, Александр Василев иваз намуд).
Дар санади айбдоркунӣ иборат аз 55 банд оид ба айбдоркунии ҳамаи айбдоршавандаҳо ва ҳамчунин гуноҳи онҳо дар алоҳидагӣ оварда шуд.
Дар хулосаи айбдоркунӣ оид ба ҷиноятҳои содирнамудаи ҳукумати императории Ҷопон, ки аз соли 1937 то соли 1945 зери сиёсати милитаристӣ ва шовинистӣ шуруъ (аз ҷанги Халхин – Гол) дар як қатор кишварҳо ба мисли Чин, Филлиппин, Бирма, Сингапур, Корея, Муғулистон ва ғайраҳо сиёсати забткорӣ ва қатлу куштори гӯшношунидро амалӣ намуда буданд, далелҳои зиёде оварда шуд.
Чунончӣ, ҳодисаи қатли омми сокинони шаҳри Нанкин, ки соли 1937 дар пойтахти онвақтаи Чин, ҳангоми Ҷанги дуюми Чину Ҷопон тибқи сарчашмаҳо аз 300 ҳазор то 500 ҳазор шаҳрвандони мулкӣ ва сарбозони таслимгаштаи беяроқ қатл карда шуда, аъмолҳои нангини таҷовуз ба номус зиёд рух дода, ҳодисаҳои ғасбу ғорати молу мулки шаҳрвандони мулкӣ зиёд рух дода буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ё худ дар шаҳри Манила – пойтахти Филиппин, дар моҳҳои феврал-марти соли 1945 аз 100 ҳазор то 240 ҳазор аҳолии осоишта аз тарафи артиши ҷопонӣ, махсусан занону кӯдакон ба таври даҳшатовар кушта шуда, занону ноболиғон мавриди таҷовузи зиёди сарбозону афсарони ҷопонӣ қарор мегирифтанд ё воқеаҳои «Марши Ботоани», ки дар моҳи апрели соли 1942 баъди асир гирифтани 78 ҳазор сарбозу афсари артишҳои Филлипин ва ИМА (67 ҳазор аз артиши Филиппин ва бештар аз 11 ҳазор нафар аз артиши ИМА) бар асари гуруснагӣ, беморӣ, азияти сахт аз тарафи ҳарбиёни ҷопонӣ зимни ба ҷои дигар бурдани онҳо, чанд ҳазор сарбозону афсарони асирафтода талаф гаштанд, рӯи об оварда шуданд.
Тибқи сарчашмаҳо дар марши ба истилоҳ Ботоани (нимҷазира дар кишвари Филиппин) ҷамъан аз 5 то 54 ҳазор сарбозону афсарони асирафтода ба ҳалокат расидаанд (генерали артиши императории Ҷопон Хомму аз тарафи комиссияи тафтишоти иттифоқчиён гунаҳгор дониста шуд (ин генерал ҳанӯз 3-юми апрели соли 1946 дар наздикии Манила – пойтахти Филиппин парронида шуд).
Ба замми ин отряди машҳур ба номи №731 дар ин давра озмоишҳои биологиро вобаста ба сохтани яроқи бактериологӣ бо роҳбарии генералҳои хизмати тиббӣ ва ветеринарии ҷопонӣ як қатор амалҳои ғайриинсониро дар бадани одамон, хосатан асирони ҳарбии аз Чин, СССР, Муғулистон ва кишварҳои истилогашта ва зери асораташон қарордошта таҷриба намудаанд. Тибқи сарчашмаҳо ва шаҳодати асирон ва худи сарбозони ҷопонӣ дар давраи солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар озмоишгоҳҳои санҷишҳои яроқи биологии Ҷопон бештар аз 12 ҳазор нафар асирони кишварҳои хосатан чинӣ, шуравӣ ва дигар кишварҳои осиёӣ истифода ва ба ҳалокат расонда шудаанд.
Ин ниҳод аз ниҳоди озмоиши тиббии фашистон бо номи «Аненербе», ки таҷрибаҳои гуногунро дар бадани инсонҳо дар соҳаҳои гуногуни тиббӣ анҷом медоданд, ягон камӣ низ бо ҷиноятҳои содиркардааш надошт (отряди дигари махсуси ҳарбии №100 созмон дода шуда буд, ки ба таҳқиқи ҳайвонот ва наботот бо мақсади сохтани яроқи бактериологӣ машғул буда, тариқи озмоишгоҳҳои ин отряд низ озмоишҳои зиёде зидди ҳайвоноту табиат низ анҷом дода шуда буд).
Мисли мурофиаи Нюрнберг, низ тамоми бандҳои айбдоркунӣ ба 3 категория, категорияҳои «А», «Б» ва «С» тақсим карда шудаанд.
Категорияи А (бандҳои 1-36) оид ба ҷиноятҳо дар муқобили сулҳ аз ҷумла: нақшабандӣ, тайёрӣ, ба ҷанг кашидан ва ё бурдани ҷанги истилогарона бо вайрон намудани меъёрҳои муйяннамудаи шартномаҳои байналмилалӣ;
Бо ин бандҳо танҳо амалҳои ҷинояткоронаи роҳбарияти олии Ҷопон басту банд мегардиданд.
Категорияи Б (бандҳои 37-52) оид ба айбдорӣ дар кушторҳои оммавӣ, ки он дар муқобили ходимони ҳарбӣ ва сиёсӣ корбаст мешуд.
Категорияи С (бандҳои 53-55) айбдоркунӣ дар содир намудани ҷиноятҳо дар муқобилӣ таомули ҷанг ва ҷиноятҳои муқобили инсоният, нисбати тамоми қишрҳои ҷиноятсодирнамудаи ҷомеаи Ҷопон корбаст карда мешуд.
Ба сифати айбдоршаванда ҳамагӣ 29 нафар шахс ба мурофиаи ҷиноятӣ фаро гирифта шуд.
Ба мисли Садао Араки, Кэндзи Доихар, Сэйсиро Итагак, Окинори Кая, Коити Кидо, Хэйтаро Кимураб,Куниаки Коисо, Иванэ Мацуи, Дзиро Минами, Акира Муто, Такадзуми Ока, Хироси Осима, Кэнрё Сато, Иванэ Мацуи, Дзиро Минами
Акира Муто, Такадзуми Ока, Хироси Осима ва дигарон.
Бояд гуфт, ки дар рафти мурофиаи судӣ нисбати 4 нафар айбдоршаванда тафтишоти судӣ қатъ карда шуд.
Нисбати вазири корҳои хориҷӣ Ёсука Макусука, ки дар ҳабсхона аз беморӣ бо марги табиӣ вафтид.
Нисбати адмирал Осами Нагано, ки дар ҳабсхона аз беморӣ бо марги табиӣ вафтид.
Нисбати Сюмей Окавӣ – файласуф ва идеологи милитаризми ҷопонӣ, ки номукаллаф дониста шуд.
Нисбати Фумимарро Коноэ- собиқ сарвазири Ҷопон дар солҳои 1937-1939 ва 1940-1941, ки дар ҳабсхона бо истифодаи заҳр худкушӣ кард.
Дар рафти мурофиаҳои судии трибунали ҳарбии байналмилалӣ дар шаҳри Токио, 7 нафар айдоршавандагон ба ҳукми қатл, тариқи ба дор овехтан сазовор дониста шуда, ҳукми онҳо дар саҳни бинои зиндони Сугамо 23 – юми деабри соли 1948 бо роҳи ба дор овехтан ба иҷро расонда шуд.
Ҳафт нафар ашхоси ҳукми қатл гирифта инҳоянд:
- Кендзи Доихара – генерали артиши императории Ҷопон.
- Сейэсиро Итагаки – генерал артиши императории Ҷопон.
- Хейтаро Кимра – генерали артиши императории Ҷопон.
- Иванэ Мацуи – генерали артиши императории Ҷопон.
- Акира Муто – артиши императории Ҷопон.
- Хидэки Тодзио – генерал, вазири ҳарбӣ.
- Коки Хирота – Сарвазир,вазири корҳои хориҷаи Ҷопон.
Ҳамчунин 15 нафар ҷинояткорони дигар ҳукми ҷазои маҳрумӣ аз озодии якумраро гирифта, 3 нафари дигар ба муҳлатҳои гуногун ба ҷазо сазовор дониста шуданд.
Бояд гуфт, ки 3 нафар ҳукми зиндонӣ гирифтагони зерин:
- Коисо – генерали артиши императории Ҷопон ва генерал – губернатори Корея.
- Сиратори – сафири Ҷопон дар Италияи фашистӣ.
- Улгеру – генерали артиши императории Ҷопон дар зиндон баъди ҳукм гирифтан бар асари беморӣ фавтиданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки 15 нафари ҷазо гирифта низ соли 1955 афв карда шуда, ба озодӣ баромаданд ва аз байни онҳо 2 нафарашон боз ба сиёсат баргашт. Яке аз онҳо Мимор Сигиэмицу то вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷопон ва якумин намояндаи Ҷопон дар СММ расид.
Окинори Кая, ки ба ҳукми ҷазои маҳрумии аз озодии якумра сазовор дониста шуда буд, дар ҳукумат Ҷопон ҳамчун вазири адлия иҷрои вазифа намуда, соли 1972 аз кори давлат канор рафт.
Аҳли хонаводаи императории Ҷопон ва озмоишгарони яроқи биологӣ дар тани беморон, бинобар ваколати дахлнопазириро соҳиб шуданашон аз таъқиби тафтишот ва суд дар канор монданд.
Дахлнопазирӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидани император Хирохито ба тамоми аъзои оилаи эшон низ таъсиргузор буд. Ҳангоми мурофиаи судӣ, америкоиҳо сайъ мекарданд, ки барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур намудани император ва аҳли оилааш тамоми чораҳоро андешанд.
Ҳангоми мурофиаи судӣ генерал Тозио чунин иброз дошт:
«Ягон шаҳрванди ҷопонӣ наметавонад дар муқобили император нишондод диҳад».
Ҳукумати ИМА бо дархости генерал Дуглас Макартур ба роҳбарони барномаи озмоиши яроқи биологӣ дар тани инсон Сироита Итми ва тобеонаш низ ваколатҳои дахлнопазириро арзонӣ дод (албатта дар ивази додани ахбори ниҳоят зарурӣ вобаста ба натиҷаи озмоишҳои яроқи биологӣ дар бадани инсон. Ҳол он, ки тафтишоти шуравӣ ҳамон давра ҷиноятҳои нисбати инсон даст задани ин отрядро муайян намудаву ахиран мурофиаи судии Хабаровск, соли 1949, 12 нафар асирони ҷопониро, ки вобаста ба озмошиҳои биологӣ, аз ҷумла 4 нафар генералро, ки ба гуноҳи худ иқрор гашта буданд.
Ба ҳамин тариқ трибунали ҳарбии байналмилалӣ оид ба Шарқи Дур, ки бо номи «Мурофиаи Токио» маъруф аст, аз 3-юми майи соли 1946 шуруъ гашта, то 12-уми ноябри соли 1948 идома ёфт.
Трибунал 4356 далелҳои ҳуҷатӣ, 1194 нафар шоҳидони ҳодисаҳои ҷиноят, ки аз онҳо 419 нафараш бевосита дар рафти мурофиаи судӣ даъват шуда шаҳодат доданд ва дигар далелҳои исботкуниро мисли фотосуратҳо, кинофилмҳоро фарогир буда, чеҳраи манфури милитаризму шовинизми ҷопониро дар ҳампоягӣ бо фашизми олмонӣ, ки иттифоқчии наздик буданд барои мардуми башарият ба намоиш гузошт. Ин мурофиаи ҷиноятии байналмилалӣ, ки хело маъруф аст, агарчанде, ки аз таҷриба ва маводҳои Оинномаи трибунали байналмилалии Нюрнберг истифода намудааст, аз он фарқи зиёде низ дорад.
Дар муроифаи судии Нюрнберг 3 ҳукми сафедкунӣ қабул гашта буд, дар мурофиаи судии Токио ҳукми сафедкунӣ ҷой надошт.
Яроқнокшавӣ ва ҳарбикунонии кишвари Ҷопон ва боло бурдани ваколатҳои ҳарбиён, дар ин замина таъсиси ҳукумати ҳарбикунонидашуда пеш аз ҳама аз ҷониби 2-3 насли императорҳои Ҷопон сарчашма мегирифт.
Ахиран, ин назарияи ғайрибашариву истилогаронаро солҳои 1937-1945 императори навбатии Ҷопон Сёва Хирохито (1901-1989), ки соли 1926 ба курсии императори Ҷопон такя зада буд, замони Ҷанги дуюми ҷаҳон то андозае амалӣ кард. Дар ин асос сиёсати мусаллаҳшавӣ бо ғояҳои миллатгароӣ, якҷоя бо таъсири ғояҳои Олмони фашистӣ ва ғояҳои динии ҷопонӣ (сентоизм) ба оқибатҳои ҷангсолорӣ ва ба як дарди сари кишварҳои осиёӣ табдил ёфт. Охир-ул амр барои мардуми кишварҳои осиёӣ, худи мардуми ҳунарманду меҳнатдӯст ва фарҳангии ҷопонӣ, башарият ин сиёсати императори вақт бо ҳукумати ҳарбикунонидааш як фоҷиаи азимеро илқо карданд.
Қатъи назар аз фарқиятҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти ин трибунал, мурофиаи байналмилалии Токио, ки барои баҳо ва ҷазо додан дар нисбати пеш аз ҳама ҷиноятҳои мудҳиши зидди башарият ва ҷиноятҳои ҳарбии аз тарафи мошинаи ҳарбии милитаристии ин кишвар (ҳукумати милитаристии Ҷопон) таъсис дода шуда буд, то андозае тавонист кори худро анҷом диҳад ва чеҳраи манфури ҳукумати вақти милитариситӣ, худхоҳ ва ишғолгарро, ки дар ҳавзаи Шарқи Дур, солиёни зиёде бо мақсади ишғолгаро ва ҳукмронӣ намудан ба як қатор кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором ҳуҷум овардаву қатлу куштору яғмогарӣ, таҷовуз ба номуси даҳҳо ҳазор занону духтаракону ноболиғонро амалӣ намудаву ҳазор ҷиноятҳои даҳшатоварро нисбати сокинони мулкӣ ва асирони ҳарбӣ анҷом дода, миллионҳо куштаву харобкорӣ ва гушнагиро аз ин амали нангини худ дар қораи Осиё ба вуҷуд овард, тавонист то андозае баҳои ҳуқуқӣ дар чорҷубаи қонунҳои пешқадами байналмилалӣ диҳад.
Ин мурофиа, якумин мурофиаи байналмилалиест, ки ҳукми худро баъди қабули санадҳои муҳими байналмилалӣ – Конвенсия оид ба пешгирии генотсид ва ҷазо барои содир намудани он аз санаи 9 -уми декабри соли1948 ва Эъломияи ҳуқуқи башарӣ СММ аз 10-уми декабри соли 1948, ки бо қабули онҳо расман генотсид чун поймолкунии сахти принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маънидод гашт, қабул ва ба самъи ҷаҳониён расонидааст.
Варқа
Зайниддинов
махсус бари СССР
