Духтари маҳбуби меҳан

Бо ҳамин ном рӯи саҳифа овардани ин мавод таърихи худро дорад. Аслбӣ Шарипова боре қисса кард, ки баъди адои мактаби олӣ дар корҳои давлатӣ банд буда, қариб ҳамарӯза дер ба хона меомадааст. Зиндаёд Шарифхӯҷа Абдураҳимов – падари бузургвораш, ки солҳои дароз дар корҳои ҳизбию ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекарданд, ин ҳолати ӯро дида, «ту Духтари Ҳукумат шудаӣ», духтарам, – гуфтааст.

 Ана, хонандаи азиз, ҳамон «Духтари Ватан» – Аслбӣ Шарипова – Ҳоҷӣ-Бибӣ, дар таърихи 16 сентябр аз насли Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба хости Худои муътаол имсол 85-сола мешавад.

Духтаре аз Боғгаӣ

Аслбӣ Шарипова, соли 1940, дар деҳаи Боғгаии Поёни ноҳияи Муъминобод, дар оилаи хизматчӣ, ба олами ҳастӣ омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, дар соли 1955 ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуда, то соли 1959 мехонад. Худи ҳамон сол ба Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба факултети филология, забон ва адабиёти тоҷик дохил мешавад.

 Баъди бобарор супоридани санҷишҳои ҷориву давлатӣ ва сазовор гаштани дипломи дараҷаи аъло, барои ибтидои фаъолияти меҳнатии омӯзгор ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб ба кор фиристода шуд. Пас аз 1 соли фаъолияти меҳнатӣ, Аслбӣ Шариповаро ба вазифаи мудири кӯдакистони № 2-и шаҳри Кӯлоб тариқи гузариш таъин менамоянд. Дар ин мансаб ӯ аз соли 1967 то соли 1975 кору фаъолият мекунад. Масъулиятшиносӣ, маҳорату истеъдоди тарбиявӣ, дараҷаи дониш, такмили ҳамарӯзаи сатҳи илму саводнокӣ тариқи корбарӣ аз болои худ ва таҷрибаи хаётию оиладориашро ба инобат гирифта, ӯро роҳбарияти шаҳру вилояти Кӯлоби РСС Тоҷикистон аввал ба ҳайси директори китобхонаи вилоятӣ, сипас директори мактаби № 11-и ноҳияи Кӯлоб таъин карданд. Дар соли 1979 мудири шӯъбаи маорифи кумитаи иҷроияи Ҳукумати шаҳри Кӯлоб таъин гашт. Ин мансабро Аслбӣ Шарипова бо дуои нек аз дасти мубораки устодаш Шариф Саидов – Ҳоҷӣ Сайид Шариф қабул карданд.

Аз мудири маориф то муовини раиси шаҳр

Мутаасифона, он замон мактабу кӯдакистонҳо камшумор буданд. Барои эҳтиёҷоти мардумро қонеъ гардондан адади муассисаҳои таълимию тарбиявии соҳаро изофа додан зарур буд. Ва ӯ таҳлили воқеии соҳаро амиқ, бе ягон шаку шубҳа дар назди роҳбарияти аввали шаҳру вилоят масъалагузорӣ мекард. Меҳнати ҳалол, кӯшишу ғайрати беандоза, натиҷаҳои айёни меҳнати содиқонааш ба ӯ баъдан шӯҳрати хосае бахшид. Ба қобилияту кордониву ташкилотчигии ӯ эътимод карда, роҳбарияти шаҳру вилояти Кӯлоб соли 1980 ӯро ба мансаби боз пурмасъултар – муовини раиси Ҳукумати шаҳри Кӯлоб таъин карданд, ки дар симои зан-модари тоҷик сарпарасти коргузориву амалисозии чораҳои амаливу сиёсии соҳаи иҷтимоии кумитаи иҷроияи шаҳри Кӯлоб, аз қабили мақомоти идеология, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, кор бо ҷавонон, занон, оила, дин, мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ ва амсоли онҳоро ба душ гирифта буд.  Ӯ дар ин мансаби нав то соли 1986 бо муваффақият кор карда, боз ба кори таълиму тарбия баргашт. Ӯро ба ҳайси директори мактаби № 9 шаҳри Кӯлоб таъин карданд. Дар ин мансаб то соли 1992 то баромадан ба нафақаи меҳнатӣ адои вазифа кардааст.

Қадршиносӣ

Хизматҳои Аслбӣ Шариповаро ба эътибор гирифта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 ба ӯ нафақаи меҳнатии дараҷаи «Барои хизматҳои махсус дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» доданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, сохторҳои марбутаи он бо собиқадори варзидаи соҳаи маорифу маданияти кишвар Аслбӣ Шарипова доимо дар тамос буда, маслиҳатҳо мекунанд, шахсан ба ҷойи иқоматашон барои аёдат рафта, баҳри пешварии кору амали созандаашон аз дасти бобаракаташон дуои нек мегиранд. Ҳамаи шогирдонаш, муридонаш ба ӯ бо алфози устод, пирам, апа, модар, очаҷон, хоҳарҷон, духтарҷон гуфта муроҷиат мекунанд.

 Қайд кардан ба маврид аст, ки табиатан устод Аслбӣ Шарипова бо ҳарфи калон УСТОД, МУАЛЛИМА, МОДАР ҳастанд. Ӯ дар радифи занҳои номӣ – Низорамоҳ Зарипова, Ибодат Раҳимова, Биҳоҷал Раҳимова, Робия Аллаёровна Тағоева, Гулҷаҳон Бобосодиқова меистад. Ҳукумати мамлакат хизматҳои ин зани оқила, модари мушфиқ, омӯзгори варзида, мураббии оилаҳои ҷавонро ба инобат гирифта ӯро ба «Ифтихорномаи Президуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон», медалҳои «Барои меҳнати шоён», «Барои меҳнати шуҷоъ», «Барои меҳнати бисёрсолаи боинсофона», «Собиқадори меҳнат», унвонҳои «Аълочии маорифи Республикаи Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Республикаи Тоҷикистон» ва медалҳои ҳизбӣ «100 солагии В.И.Ленин», «100-солагии Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр», «130-солагии В.И.Ленин», «140-солагии И.В.Сталин» қадрдонӣ намудаанд. Ба Модари гиромӣ, бо ин мисраъҳо таманниёти худро иброз медорам:

Гар аҳду вафо барам ман аз ёд,

Он шири сафедат заҳри ман бод.

Мелоди накӯят ҳамеша фархундаву муборак бодо, Модари меҳрубону Очаҷони азиз!

Бахтиёр РАҲМОНОВ,

писаратон, раиси Кумитаи ҷанговарони башардӯсти Кӯлоб, полковники мустаъфӣ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube