21.08.2025. Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкорони саховатпешаи кишвар мутобиқ бо анъанаҳои меъморию фарҳангии тайи ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи миллати тамаддунофари тоҷик бо тарҳи басо зебову дилкаш бунёд ёфта, яке аз марказҳои муҳими илмӣ – таҳқиқотӣ ва таълимии кишвар ба ҳисоб рафта, он барои 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.
Иншоот дар майдони зиёда аз 2 гектар қомат афрохта, аз 7 бинои 6 ва 8 ошёна иборат аст. Масоҳати биноҳо 46 ҳазору 816 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири соҳавӣ ва ороиши зебои тоҷикӣ анҷом ёфтааст.
Дар ин иншоот маҷлисгоҳ бо 513 ҷойи нишаст, 90 синфхона, утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ҷойгир аст.
Дар ошёнаҳои болоии донишкада китобхонаи электронӣ, толори тестӣ, толори варзишӣ бо 168 ҷойи нишаст ва 2 ҳуҷраи тиббӣ ҷой дода шудаанд. Нуқтаи тиббӣ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 кас хизмат расонад. Ҳамзамон хобгоҳ барои 520 донишҷӯ омода шудааст.
Лозим ба таъкид аст, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит калонтарин донишкадаи исломӣ дар Осиёи Марказӣ аст.
О. Достиева, СССР
