Касбу ҳунар – сарбаландии инсон

 Касбу ҳунар боиси сарбаландии инсон, афзояндаи ризқу рӯзӣ ва баланд бардоштани мавқеу мартабаи он дар ҷомеа мебошад. Саъдии бузургвор беҳуда дар «Гулистон»-и худ моҳияти ҳунаромӯзиро чунин баҳо надодааст: «Ҳунар – давлати пояндаву чашмаи зоянда аст».

Бале, баракати ҳунар боиси идомаи зиндагӣ ва ҳавасмандии инсон нисбат ба ҳаёт мебошад. Ҳамчунин гузаштагонамон таъкид намудаанд, ки тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургии инсон ба ақл аст, на ба сол. Дар зиндагӣ борҳо шоҳиди он мешавем, ки бархе аз ҷавонон илму ҳунаромӯзӣ ва аз худ намудани касбро зарурӣ напиндошта, ба корҳои беҳуда машғул шуда, даст ба кирдори ношоиста мезананд. Аксари ҷавононе, ки нисбати ояндаи худашон бепарвоиву беандешагӣ зоҳир менамоянд, билохира ба гирдоби ҳодисот рӯ ба рӯ гардида, барои падару модарони худ мушкилҳо эҷод менамоянд. Дар замони муосир барои интихоби касбу ҳунари ҷавонон тамоми шароит муҳайё карда шудааст.

 Имрӯз ҷомеаи мо ба мутахассисини баландихтисосу ҳирфаӣ ниёз дорад. Бисёре аз ҷавононеро мебинем, ки барои соҳиби ҳунар шудан ва касб омӯхтан ба дигар давлатҳои абарқудрат сафар мекунанд ва аз он ҷо соҳибихтисос шуда бармегарданд. Мутахассисини баландихтисос на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар дигар кишварҳо низ қадр карда мешаванд.

Шӯҳрати Мустафо,

ш. Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube