Қиссаи хурд аз ҷавонмардии бузург…

Зарби дасти кӯҳканро теша медонад, ки чист,

Қиммати ҳампешаро ҳампеша медонад, ки чист!

Ҳамеша дар бораи ҳувияти мардиву маърифату адабу саховату одамгарии инсонҳо дертар менависам. Менависам? МенависЕЕЕмммм… Чаро ҷавонмардонро дар зиндагонишон ситоиш накунем? Минбаъд мекунем! Мо метавонем!!!

Сахӣ

… Акнун мешавад гуфт. Зеро 15 соли расо гузашт…

Сари мизи кориам 15 сол аст, ки ин 4 мисраъи Хайрандеш истодааст (ниг. ба акс):

Гар СССР ҷони ҳазор арзгар харид,

Арзон набуд, балки ба хуни ҷигар харид.

Сайёф, лутфу раҳми Худо буд, ки ҷони ту

Қиммат Асадуллоҳ ва Давлат Сафар харид!!!

15 сол пеш банда ҷарроҳии дил шудам. Ва ин шеъри шоири халқӣ, воқеан ҳам халқӣ ва мардумӣ, таърихчаи ҳамон дам аст, ки омаду навишту болои мизам партофту баромада рафт…

Рӯзе Давлат Сафар, шоири шӯрида, журналисти косиб, ки он замон дар ТВТ кор мекард, меҳмонам шуду ҳоли парешамро дида, ба зӯр гирифта, ба беморхонаи Сино бурд. Он ҷо доктори иронӣ Сомӣ ташхисам кардаву гуфт оҷил бояд ҷарроҳӣ кард!

Гуфтам чанд сомонӣ мешавад?

Гуфт: -…

Хуллас пуле гуфт, ки ба таъбире 7 пуштам онро надошт.

Гуфтам, намекунам!

Гуфт:

-Мемурӣ!!! Шуморо 30 сония, 30 дақиқа ва шояд дери дертар 3 соат пас сактаи дил кушад. Бигӯй, ки пул дорам, мо ҷарроҳӣ кардем, баъд қарзу қавола карда, онро бармегардонӣ (эрониҳои азиз бо Шумо сар карда, охири ҷумларо бо ту тамом мекунанд, ки вежагии лаҳҷаи онҳост).

Гуфтам:

– Маро Сайёф мегӯянд, ман мемураму зиндагонии ба қарзу қаволаро бар гардан намегирам…

 Хулоса аз рӯи мизи ҷарроҳӣ, таки хуну халаф, берунам карданду беҳушу ёд мехобидам, ки Асадулло Қимматович – журналисти номдор, дӯсти қадрдонам занг задаву гуфт, дар чӣ ҳолӣ ва ғ ва ҳ. Баъд фаҳмидам, ки Давлат Сафар моҷароро ба ӯ гуфтааст.

Асадулло Раҳмон гуфт, «дар Норак навори обшорон дорам ва дар наздиктарин фурсат пешат мешавам ва аммо то он дам ба ҷарроҳӣ розӣ шав, пулашро ман медиҳам…».

Хулласи калом нимашаб буд, ки худаш омад ва то субҳ сари болини ман нишаставу аз ҳар мавзуъ суҳбат мекард ва ба ман исми чандин нафарро меовард, ки чунин ҷарроҳӣ шудаву «зиндаанд!».

Субҳ маро ҷарроҳӣ карданд. Пулашро Асадулло Раҳмон аз ҷайби худ дод. Ва таъкид ҳам кард:

– Ин қарз нест, фарзи дӯстист!!!

Зимнан рӯзи дигар маълум шуд, ки боз каме пул лозим будааст. Ин бор ҳамсинфам Аламхон Қурбонов ва додари нозанинаш Ҳоҷӣ (ин ном аст на унвон!!!), пули боқимондаро, ки низ кам набуд (!!!) оварда доданду банда бо дили нав ба хона баргаштам.

Дар роҳ будам, ки Асадулло занг заду гуфт, куҷоӣ? Гуфтам хона меравам. Наздики Сирк қарор дорам. Гуфт наҷумб! Омад ва пои пиёда маро гирифта, то дари подъезд суҳбаткунон овард ва гуфт, ҳатман соз мешавӣ, парво накун. Лозим шавад то хориҷа худам мефиристам…

-Аммо, афзуд ӯ, -ба касе нагӯй, ин кӯмаки маро…

15 сол нагуфтам! Акнун, ки ин мисраъҳоро дидам, фикр кардам 15 сол кофист, то «ваъдахилофӣ» кардаву ин ҷавонмардии Асадулло Қимматовичро баён созам.

Мо Метавонем!

Воқеан ҳам, дар бораи ин моҷаро, ки танҳо ӯ тавонист ба 70 журналисти телевизион хона диҳад, аксарият медонанд. Вале ин фактро, ки то ҳанӯз мурдаву зиндаи журналистони тоҷикро ӯ сарришта мекунад, кам касе медонад. Шахсан ман шоҳид будам, ки ҷанозаи Бахтиёр Сафаров (писари Ашӯр Сафар), Темур Султонов-шоир ва журналисти ТВТ ва даҳҳо тани дигарро маҳз Асадулло Раҳмон ба диёри бобоишон гусел кардааст. Чандин журналистони солдидаро ӯ таҳти назорат ва табобат қарор додаст. Ва муҳимтар аз ин: дар овони раёсаташ ЯГОН журналисти касбиро аз кор пеш накард, коре, ки дигарон карданд…

Бо 1 ҳарф такягоҳи рӯзноманигорон аст, ки касбият ҳалолаш бод!!!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube