Суҳроб Қосимов 64 сола шуд!

02.09.2025. Агар умр вафо мекард, имрӯз маъруфтарин Генерали давраи қумандонсолории Тоҷикистон, Суҳроб Қосимов 64 сола мешуд.

Сӯҳроб Қосимов 2-юми сентябри соли 1961 дар ноҳияи собиқ Советскийи вилояти Кӯлоб (ҳозира Темурмалики вилояти Хатлон) дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, мактаби миёнаро дар ноҳияи Данғара ва Донишкадаи олиро дар шаҳри Москва ба анҷом расонда буд.

Дар барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон саҳми калони худро гузошт. Замони даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ қувваҳои зертобеи Генерал дар сангарҳои хати аввали ҷангӣ қарор дошта, барои таъмини осоишу амонии кишвар хидмати арзанда кардаанд. Маҳз ин генерал тавонист қувваҳои махуфи Ҷумъаи Намангонӣ-террористи байнулмилалӣ ва Хаттаби Сиёҳ-шогирди Усома бини Лоданро аз Рашту Тавилдара пеш кунад!

Генерал Суҳроб Қосимов ҳамчун омӯзгор ва устод дар тарбияи ҷавонон низ саҳми босазои худро гузошт. Айни замон шогирдони ӯ ба монанди Генерал Суҳроб Раупов, Генерал Хуршед Маҳмадшозода, полковник Баҳром Шокирзода, полковник Музаффар Ҷабборзода ва садҳо тани дигар дар сафи ниҳодҳои мухталифи қудратии кишвар ба Ватану Миллат содиқона хизмат карда истодаанд.

Сӯҳроб Қосимов, ки худаш варзишкор буд, дар пешрафти варзиши ватанӣ ҳам саҳми боризи худро гузошт. Аз соли 2002 то сол 2012 ба ҳайси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолият намуд. Дар ин давра, пеш аз ҳама дар футболи ватанӣ тартибу низом ҷорӣ шуда, инчунин дастаҳои футболи меҳан ба комёбиҳои варзишӣ ноил шуданд, ки бузургтаринаш роҳ ёфтани мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2007 мебошад.

Яке аз хислатҳои дигар ва вежаи генерал Қосимов ин буд, ки сахт мухлиси газетаи мардумии СССР буд ва рӯзномаро пурра мехонд. Маҳз бо дастгирии ӯ Ҷоми СССР оид ба футбол дар соли 2009 роҳандозӣ шуд ва шахсан худаш дар ҳар бозии ин Ҷом иштирок ва сухангӯӣ мекард.

 Дар бораи инсонияту ҷавонмардӣ, фидокориву ҳотамтабиатӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дигар хислатҳои накӯи Генерал соатҳо ҳам бигӯему асарҳо бинависем, кофӣ нест. Танҳо дуо мекунем, ки Худованд макони охираташро ҷаннат гардонад! 

Нуралӣ Хоркашев,

махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube