МУШКИЛ ДАР ГРАНТДЕҲ Ё ВАЗОРАТИ МОЛИЯ?

Имсол дар 16 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз ҷониби Вазорати молия грантҳо ҷудо шудааст, ки ба ин шумора ноҳияи Ҷайҳун ҳам ворид мегардад. Шералӣ Давлатзода, намояндаи ширкати грантӣ дар шуъбаи маориф изҳор дошт, ки ҳамасола чи барои таъмир ва чи азнавсозӣ аз муасисаҳои томактабӣ барои баҳогузорӣ ба Вазорати молия пешниҳод ирсол мегардад.

   – Баъди таъмир боз масъалаи таъмин бо таҷҳизот дида мешавад, яъне корҳои ҳам бунёдӣ ва ҳам азнавсозӣ марҳила ба марҳила анҷом меёбанд, таъкид кард Шералӣ Давлатзода.

Тавре ба намояндаи рӯзномаи СССР хабар доданд, ҳангоми маросими ифтитоҳи муасисаҳои томактабӣ намояндагони ҳам Вазорати маориф ва ҳам тандурустӣ дар он ҳамчун аъзои комиссия ширкат карда, оиди каму костии муассиса ба Вазорати молия хулоса пешниҳод кардаанд.

2 муассисаи томактабие, ки дар ноҳия фаъолият доранд, танҳо бо ҷудо шудани грантҳо андак қисматҳояшро бо рангу бори оддӣ оро додаанду халос. Таъмир танҳо ороишӣ буда, ширкатҳо ваъда додаанд, ки рӯзҳои наздик ба онҳо таҷҳизот ва лавозимоти лозима дастрас мекунанд. Ваъдаи ширкат ҳам гӯшти аспхӯрда набошад, боз? Мисле, ки ваъдаҳои Вазорати молия, тавре овозаҳо мегӯянд, чун умри одами ганда дароз аст, агар…миёнараве пайдо нашуд.

Воқеан ҳам дар бораи Вазорати молия гуфти Бобои Ғулом “гапу чак” зиёд аст ва қариб соҳае нест, ки аз ин вазорат наноладу дод нагӯяд. Ва ин дар ҳолест, ки масъулини баландпояаш бо пораву ришваи бузург ба даст меафтанду тани танҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мисле, ки вазири ин ниҳод дар олами руъёҳо ва афсонаҳо дар парвоз асту аз аъмоли масъулини баландрутбааш бехабар.

Мо пайгири мавзуъем ва хонанда низ агар шикояте аз ин вазоратхона дорад, марҳабо, дари мо кушода аст ва Мо Метавонем!

                                                             Маблағ ҳаст, аммо ку?

Проблемаи асосии боғчаҳо – ин надоштани майдончаҳои варзишӣ ва мизу курсиҳо барои машғулият, набудани ошхонаҳо ва хӯроки хушсифат аст. Маълум гардид, ширкатҳое, ки барои бунёди муассисаҳои томактабии ноҳияи Ҷайҳун саҳмгузорӣ мекунанд, барои мизу курсиҳо ҳам маблағи муайян пардохт кардаанд. Илова бар ин аз шуъбаи молияи ноҳия низ барои харидорӣ намудани мизу курсиҳо 47 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.  Вале роҳбарони 2 муасиса аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҳармоҳа барои хурду хӯроки кӯдакон аз шуъбаи молия 3,5 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад, лек дар шуъбаи молия мегӯянд, ки онҳо то 7 ҳазор сомонӣ танҳо барои 1 муассиса ҷудо менамоянд. Ба кӣ бовар кунем, роҳбарони муассиса ё сардори шуъбаи молияи ноҳия?

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳар шаҳру ноҳияи кишвар муваззаф аст, баҳри рушди соҳаи маориф кӯшиш ба харҷ дода, проблемаҳои мубрами соҳаро дар маҳалҳо ҳаллу фасл намояд, яъне ҳаллу фасли ин мушкилот бар дӯши ҳукумати н.Ҷайҳун ва раиси он Абдулҳафиз Одиназода вогузор мемонад. Мо Метавонем!

Қ. Нуриддин

махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube