НАБИЕВ НУҲУМИН КОТИБИ ЯКУМИ КМ ПК ТОҶИКИСТОН

Раҳмон Набиев ба шумор нуҳумин котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Сарфи назар аз вазнинии рӯзгори кӯдакӣ, аз он ба баъд зиндагиаш маҷрои орому осударо касб кард. Ӯ бомаром аз поғундаҳои хизмати давлатӣ ва ҳизб рӯ ба боло гоми устувор ниҳод. Албатта, бо заҳмат ва иқболи накуяш. Таҳти тарбия ва дастгирии бевоситаи ходимони намоёни давлатии мамлакат орому осуда ба дастовардҳо ноил гашт. Бо ҳамин равиш ба зинаи олии давлатдорӣ расид. Сар аз соли 1946 то охири соли 1985, доманаи 39 сол фатҳу зафар ва комёбиҳо ҳамраҳи доимиаш буданд…

Аммо моҳи декабри соли 1985, пас аз сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ ва ширкат дар ҷаласае, аз паяш уфтоданд. Чи буду чи шуд, ба тафсилоти он рӯз дода намешавем. Пас аз бозгашт ба шаҳри Душанбе, албатта бо ризоияти Москва, котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Раҳмон Набиевро бо айби «барои майл ба айёшӣ ва майхӯрӣ» («за пристрастие к кутежам и и спиртному») аз кор гирифтанд.

Бо гузашти қариб як сол зарбаи сахт хӯрдаашро таҳаммул намуда, ба оҳистагӣ «аз ҷо хест» ва идомаи роҳи хешро дарёфт. Дар гирдаш бомаром ҳамфикрону пайравон ва умедбахшон курсиҳои холии ҳуҷраи кории ӯро пур карданд. Соли 1986 Раҳмон Набиев раиси Президиуми Шурои марказии Ҷамъияти ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ интихоб гардид. Кораш ҷоннок шуд ва умед ба оянда ӯро дилгарм кард.

 

НАБИЕВ

Раҳмон 5-уми октябри соли 1930 дар хонаводаи деҳқон, дар деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд)-и РСС Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик, узви Партияи коммунистӣ аз апрели соли 1960. Фаъолияти меҳнатиаш аз 16-солагӣ ҳамчун ҳисобчии колхози ба номи Жданови ноҳияи Хуҷанд оғоз гашт.

Техникуми хоҷагии қишлоқи Ленинобод (1946-1949), Институти инженерони ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкандро хатм мекунад (1949-1954).

Пас аз он ду сол ба симати сармуҳандиси МТС-и Исфисор (1954-1955) фаъолият менамояд.

 

ВЕТНАМ

Раҳмон Набиев солҳои 1955-1956 дар Ҷумҳурии Демократии Ветнам қарзи башардӯстонаи худро адо кардааст. Ду сол ҳамчун муҳандис-механики хоҷагии қишлоқ ба деҳқонони ветнамӣ дар баланд бардоштани хоҷагии қишлоқи бар асари ҷанги тулонӣ харобгаштаи ин давлат, дар тарбия ва омода намудани кадрҳои инженерӣ-техникӣ ва механизаторон бо сарфи неруи зиёд саҳм мегирад. Ин саҳифаи дурахшони рӯзгори вай дар баъзе маъхазҳо зикр наёфтааст.

Баъди бозгашт аз Ветнам Раҳмон Набиев ҳамчун саринженери МТС-и Исфисор, саринженер, баъд директори Стансияи таъмири техникии ноҳияи Хуҷанд ифои вазифа менамояд (1956-1960).

 

ДУШАНБЕ

Раҳмон Набиев соли 1950 сардори сарраёсати механизатсия ва татбиқи техникаи нави Вазорати хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон таъин мешавад. Соли 1961 муовини раиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикселхозтехника» буд.

Солҳои 1961-1963 ҳамчун муовини мудир, мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқ, баъд мудири шуъбаи саноат, коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва савдо, бюрои КМ ПК Тоҷикистон ифои вазифа намуд.

Соли 1963 Раҳмон Набиевро ба шаҳри Тошканд хонданд ва ӯ ҳамчун инспектори бюрои осиёимиёнагии КМ КПСС ба фаъолият пардохт. Пас аз барҳам хӯрдани ин ниҳод боз ба шаҳри Душанбе баргашта, ҳамчун инспектори шуъбаи ташкилотҳои партиявии КМ ПК Тоҷикистон корашро идома бахшид.  Солҳои 1965-1971 дар вазифаи мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқ масъулият дошт.

Солҳои 1971-1973 ба симати вазири хоҷаги қишлоқи ҷумҳурӣ кор кард. Баъдан, аз 20-уми июли соли 1973 то 20-уми апрели соли 1982 Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон (шашумин Сарвазир) буд. Ҳамзамон, дар ин давра, аз 20-уми июли соли 1973 то 9-уми декабри соли 1981, масъулияти вазири корҳои хориҷии РСС Тоҷикистонро низ бар зимма дошт.

 

КОТИБИ ЯКУМИ СЕКА

Раҳмон Набиев дар пленуми апрелии (20-уми апрели соли 1982) КМ ПК Тоҷикистон котиби якум интихоб шуда, то 14-уми декабри соли 1985 адои ин вазифа намуд.

Мавсуф дар ҳамаи вазифаҳо худро ҳамчун роҳбари кордон, рафиқи хубу ғамхор нишон дода, дар рушди саноат, хоҷагии қишлоқ, илм ва фарҳанги ҷумҳурӣ нақши созгор бозид.

Ба қавли ҳолдонҳо, аксар тағйироти куллии кишвар ба номи Раҳмон Набиев бастаги дорад. Дар зарфи 9 соли сарвазирӣ ва 4 соли роҳбари КМ ПК Тоҷикистон вай роҳбарии кишварро бар уҳда дошт. Давоми 13 сол стратегияи иқтисодии Тоҷикистонро муқаррар мекард.

 

«БОЗ ОМАДАМ…»

Соли 1986 Раҳмон Набиев ҳамчун раиси Президиуми Шурои марказии Ҷамъияти ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ба фаъолият пардохт ва то моҳи сентябри соли 1991 адои ин вазифа кард.

Соли 1991 беқарорҳо боз аз пушти бардор-бардори Раҳмон Набиев шуданд. Ба қавле, боз мурғи бахт болои сари ӯ пар-пар зад. Ҳамсафону пайравонаш кӯшиши ба сари қудрат овардани ӯро тарҳрезӣ намуданд…

Аммо вазъ дар кишвар, бахусус дар шаҳри Душанбе, нобасомон буд. Ҳар як ҳизб, ҳаракат, ҷамъият ё хайр барои ба сари қудрат омадан, талош мекарданд…

Пас аз вазифаи президентӣ даст кашидани Қаҳҳор Маҳкамов, ки дар сессияи Шурои Олии ҷумҳурӣ роҳбари давлат интихоб шуда буд, ин вазифаро Қадриддин Аслонов ба зимма гирифт. Яке аз фармонҳои нахустини Аслонов қатъ кардани фаъолияти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва аз хиёбон – майдони марказии пойтахт кандани ҳайкали В.И. Ленин буд. Тарз ва усули кандани муҷассамаро телевизиони ҷумҳурӣ намоиш медод. Харобкории ваҳшиёнаи осори санъат, рӯи ҳайкал шаттазаниҳои иддае аз мухолифин ғазаби ҳазорҳо сокини ҷумҳуриро овард…

24-уми сентябри соли 1991 коммунистон таҳти роҳбарии котиби КМ ПК Тоҷикистон Ваҳоб Воҳидов дар майдони марказии шаҳри Душанбе митинги серодам созмон дода, ба талабҳои қатъӣ дар маҷлиси Шурои Олии ҷумҳурӣ барои аз вазифаи раиси парлумон сабукдӯш кардани Қадриддин Аслонов (иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари давлат) муваффақ шуданд.

 

РАИСИ ШУРОИ ОЛӢ

Ҳамин тавр, ҳамсафонаш Раҳмон Набиевро 23-юми сентябри соли 1991 ба сари қудрат оварданд. Ин овоздиҳӣ ва қарори Шурои Олии ҷумҳурӣ ғазаби мухолифинро дучанд кард ва онҳо бо авҷи ғазаб ба майдонҳои пойтахт рехта, ба муқовимат  сар карданд.

Издиҳоми майдони «Озодӣ», ки мухолифин созмон дода буданд, қотеона талаб мекард, ки Раҳмон Набиев аз мансаби Раиси Шурои Олии кишвар истеъфо диҳад. Дар мамлакат рӯз ба рӯз вазъият нобоб гашта, шиддати даъвою талаби гирдиҳамомадагон меафзуд.

 

МИЁНАРАВИИ  МАСКАВИЁН

Ин ҳолат роҳбари вақти ҳизби коммунистии умумииттифоқро безобита кард. Бо супориши М.С. Горбачёв аз шаҳри Москва намояндаҳои котиби якуми КМ КПСС А. Собчак ва академик Ю. Велихов ба Душанбе омада, баъди гуфтушунидҳои серӯза байни тарафайн шартномае ба тасвиб расонданд. Дар асоси ин шартнома, Раҳмон Набиев аз иҷрои вазифаи Раиси Шурои Олӣ даст кашида, интихоботи Президенти Тоҷикистон аз 27-уми октябр ба 24-уми ноябри соли 1991 гузаронда мешуд.

Ҳамин тавр, пас аз се моҳ – 6-уми октябр, Раҳмон Набиев аз иҷрои вазифа даст кашид, аммо бекор нанишаст. Ӯ боз дасту остин барчида, бо ҳамсафон, пайравону вазифахоҳон ба интихоботи қарибулвуқуъ омодагӣ гирифтанд.

 

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Раҳмон Набиев дар интихоботи умумихалқии Президенти Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1991 аз байни 10 (-1) номзад бо гирифтани овози аз ҳама зиёд – 58,5 фоиз ғолиб омад. Давлат Худоназаров – 30 % ва Сайфиддин Тӯраев – 5 %овоз гирифтанд. 2-юми декабри соли 1991 Раҳмон Набиев расман ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд…

Аммо ин дафъа ҳам иқбол аз ӯ рӯ тофт, боз ҳам натавонист давлатро сарришта кунад. Ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии ба ном демократ ва ҷамоаҳои динӣ кишварро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, имкон надоданд, ки Раҳмон Набиев вазифаи хешро пеш барад…

 

ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

Марти 1992. Коршиносони масоили сиёсӣ оғози ҷанги шаҳрвандиро аз ҳамин моҳ, аз лаҳзаи ҳабси раиси шаҳри Душанбе, «оппозитсионер» Мақсуд  Икромов медонанд…

Дар аввал мухолифини ҳукумати феълӣ, гирдиҳамомадагон дар шаҳри Душанбе тағйироти куллӣ – демократӣ, қабули конститутсияи нав ва барқарор кардани генерал Мамадаёз Навҷувоновро ба вазифаи пешинааш-вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ талаб мекарданд. Президент Раҳмон Набиев ва Раиси Шурои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев маҷбур гаштанд, ки Навҷувоновро (бо дили нохоҳам) дар вазифааш барқарор намоянд.

Оппозитсия, ба қавли пирони кӯҳистон, «мазахурак» шуд ва акнун истеъфои Сафаралӣ Кенҷаев, парлумон ва андактар пас Президентро талаб кард. Дар ду майдони марказии шаҳри Душанбе, тарафдорони ҳукумат ва мухолифин, дар алоҳидагӣ гирдиҳамоии серодам ташкил карданд. Дар ҳар ду майдон силоҳи оташфишон пайдо шуд ва дар натиҷа бетартибиҳо рӯ заданд. Тарафдорони оппозитсия қасри Президент ва вокзали роҳи оҳанро ишғол намуданд.

Милитсия худро бетараф эълон кард. Дар асл онҳо ба ҷониби мухолифин майл доштанд, албатта на ҳама. Батезӣ созмон додани Гвардияи президентӣ таҳти роҳбарии генерал-майор Баҳром Раҳмонов ба дарди ҷомеа малҳам нашуд. Генерали хиёнаткор тамоми муҳимот, танку БТР-ҳои гвардияро ба дасти оппозитсия супурда, «дум хода кард». Раҳмон Набиев маҷбур шуд, ки 11-уми майи соли 1992 ба ташкили Ҳукумати коалитсионӣ ризоят диҳад.

Августи 1992. Вазъ дар кишвар якбора тезутунд гашт. Гирдиҳамомадагони мухолифин ва роҳпаймоиҳои онҳо аз ҳад зиёд шуд. Ниҳоят, кор ба задухӯрд рафт. Тазоҳуротчиён биноеро иҳота карданд, ки гӯё Набиев он ҷо панаҳ бурда бошад. КГБ аз ин ҳолат Президентро огоҳ намуд. Раҳмон Набиев базудӣ худро дар қароргоҳи фармондеҳи дивизияи 201-уми мототирандозии Россия генерал Муҳриддин Ашӯров гирифт. Президентро адъютанти фармондеҳ Рамазон Тӯраев ва чанде аз муҳофизин зери ҳимоят гирифтанд. Ва…

 

ИСТЕЪФО

2.9.1992. Раҳмон Набиев ба масири шаҳри Хуҷанд равонаи фурудгоҳ шуд, аммо дар наздикии аэропорти шаҳри Душанбе кортежи Президентро гурӯҳи саропо мусаллаҳи оппозитсия нигоҳ дошт. Аввал радду бадал, баъд тирпаронӣ шуд. Дар натиҷа, як милиса ҳалок ва се посдори президент Набиев захмӣ шуд.

Дар аэропорт таҳти фишори дастаи мухолифин, маслиҳати мушовирон ва наздикони Раҳмон Набиев бо шарти масунияти худ (неприкосновенность) ва аҳли хонаводааш ба аризаи истеъфо аз вазифаи Президенти Тоҷикистон имзо гузошт.

 

ГАШТ

Аксар бар он назаранд, ки баъди гузоштани имзои истеъфо аз вазифаи президентӣ Раҳмон Набиев аз аэропорт осонакак тавассути тайёра ба масири Хуҷанд парвоз кардааст. На, дар асл гашти номбурда ба дигар зайл аст.

Пас аз имзо Раҳмон Набиев ва ҳамроҳонашро ба хотири эминӣ ва пешгирӣ аз ҷазои хунин ба бӯстонсарои ҳукумати ҷумҳурӣ оварданд. Вазъ ҳамоно хатарзо буд…

 

ҶАВОНМАРДИИ РАМАЗОН МИРЗОЕВ

Муовини раиси Шурои Олии Тоҷикистон, узви Шурои Олии СССР (1991-1992), ходими давлатӣ ва дипломат (баъдан) Рамазон Мирзоев чун ҷавонмарди ростин дар ҳимоя ва амнияти Раҳмон Набиев рақам зад. Аз диди имрӯз метавон гуфт, ки Рамазон Зарифович бори сангин ва ҷавонмардонаеро бар дӯш гирифта буд.

Р. Мирзоев ба роҳбари ҳамонвақтаи Управленияи 6-ум (ГУБОП)-и ВКД Тоҷикистон, ки амалан ба ВКД СССР ва пас ВКД-и Россия итоат дошт, занг зада дархост то дар амнияти Раҳмон Набиев ва аҳли хонаводааш мусоидат намоянд. Онҳо базудӣ ду мошини сабукравро таҳти роҳбарии подполковники милитсия М. Маҳмудов ба бӯстонсарои ҳукуматӣ фиристод.

Бо истифода аз лаҳзаи муносиб, М. Маҳмудов дар се мошин Набиев ва ҳамроҳонашро пинҳонӣ аз бӯстонсаро бароварда, озими Хуҷанд шуданд. Ӯ сиҳату саломат онҳоро ба шаҳри Хуҷанд расонд. Сипос аз Рамазон Мирзоеву М. Маҳмудов ва бар садоқати хизмативу ҷавонмардиашон, ки онҳо аз рӯи масъулият ва садоқат ин амалро ба худ раво диданд…

Раиси Шурои Олӣ Акбаршо Искандаров ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи президентӣ пазируфта шуд.

Бо ҳамин равиш «Акбаршо Искандаров роҳбари рӯякии Тоҷикистон шуд, дар асл идоракунӣ дар дасти Ҳ.А. Тӯраҷонзода ва Д. Худоназаров қарор дошт» (Иброҳим Усмонов «Миростроительство Таджикистана).

Хабари истеъфои Раҳмон Набиев гирдиҳамомадагонро ба шӯр (димоғчоқӣ) овард.  Аз ин пас, мухолифин ба давраи (этапи) нави мубориза бо ҳукумати расмӣ кӯшиданд…

 

МАМОТ, ДАФН, ХОТИРА

Раҳмон Набиев баъди истеъфо ва дур шудан аз сиёсат, имкони ба зодбум баргаштанро молик гашт. Вай акнун бо аҳли оила дар хонаи якошёнааш, ки чанде зери ҳимояи низомиён ва милиса қарор дошт, зиндагӣ ихтиёр кард. Мавсуф ҳамагӣ дар Хуҷанд 9 моҳи дигар зиста, 11-уми апрели соли 1993, аз рӯи маълумоти расмӣ, бар асари сактаи васеи дил, дар 62-солагӣ аз олам гузашт…

Раҳмон Набиевро дар Хуҷанд ба хок супурданд. Маросими мотами давлатӣ бо иштироки қариб тамоми аъзои ҳукумат, Раиси Шурои Олии ҷумҳурӣ, амалан Сарвари давлат (вазифаи президентӣ 6 моҳ боз ихтисор шуда буд) Эмомалӣ Раҳмонов, ҳамчунон меҳмонони аҷнабӣ ва сафирони давлатҳои хориҷӣ доир шуд…

Раҳмон Набиев депутати Шурои Олии СССР (даъвати 9-11), Шурои Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 6-12) интихоб шудааст. Ҳукумати советӣ хизмати шоистаи ӯро бо орденҳои Ленин, Револютсияи Октябр, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо қадр кард.

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд як кӯча ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як хоҷагии кооперативӣ ба номи Набиев гузошта шудааст…

 

ОИЛА ВА ЗАВҚ

Ҳамсари Набиев Майрам Сайдуллоева (с. тав. 1.5.1939) 28-уми декабри соли 2017 дар хонааш, тахмин бар асари заҳролудшавӣ аз бӯи ғуборолуди газ дар натиҷаи сӯхтор фавтида.

Онҳо се фарзанд доштанд: Рашид (с.тав.1963), Рустам (1969) ва Мунаввара (1960). Писари калонии хонадон Рашид соли 1997, дар 33-солагӣ дар ҳолати номуайян фавтида…

Рустам дар шаҳри Москва зиндагӣ ва ба тиҷорат сари кор дорад. Мунаввара, номзади илми иқтисод, сокини шаҳри Душанбе аст.

Шодравон Раҳмон Набиев ба футбол завқ дошт ва мухлиси дастаи футболи «Помир» буд. Ӯ ҳаматарафа «Помир»-ро дастгирӣ мекард.

Ба забонҳои форсӣ ва дарӣ балад буд. Ба ашъори адабиёти классикии тоҷик рағбат дошт. Ба ҷуз забони тоҷикӣ, ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ озодона ҳарф мезад. Адабиёти русро нағз медонист…

 

 Умари ШЕРХОН

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube