МИФ Ё ҲАҚИҚАТИ АВБОШИИ ЯКОВ ОХОТНИКОВ
21.12.2023. Аз зодрӯзи собиқ роҳбари олии СССР Иосиф Виссарионович Сталин 144 сол (с.т.1879) ва аз соли даргузашташ 70 сол (1953) сипарӣ шуд. Аз лаҳзаи расонаӣ шудани номи инқилобчии советӣ (гурҷӣ-русӣ) дар миқёси давлат (106 сол, аз соли 1917) расонаҳои подшоҳии рус, хориҷӣ, душманони Ҳокимияти Советӣ, ҳарифони ҳасуду нокомаш дар боби рӯзгор, шахсият, хотираи қавӣ, донишу қобилият, тарзу услуби корбарӣ ва ҳоказои Котиби генералии КМ КПСС Сталин (1922-1953) ончунон гуфтанду навиштанду наҳ заданд (ҳоло ҳам идома дорад), ки ҳисобаш гум аст. Аз он ҳама нигоштаҳову миф (ривоят)-ҳо гумон аст, ки қисми зиёдаш саҳеҳ бошад.
Худо ба ҳар кас инсоф диҳад!
Охотников Яков Осипович
Соли таваллуд: 1897
Ҷойи таваллуд: хутори Новая Романовка, губернияи Бессарабия
Миллат: яҳудӣ
Шаҳрвандӣ: СССР
Маъулмот: олии нопурра
Касаба/ҷойи кор: сардори «Гипроавиапром» (1932). Сардори автобазаи №1-и Институти «Гиправиа» (1936), маҳсуб, зиндонӣ (1937).
Макони зист: шаҳри Москва, ш. Магадан.
Ҳизбият: узви ВКП (б) аз соли 1918. Соли 1932 ҳамчун тротскист аз ҳизб хориҷ карда шуд. Пас аз марг барқарор гардид.
Таърихи паррондан: 8.3.1937.
Ҷойи фавт: шаҳри Москва.
АЗ БОФТАВУ ТОФТАҲО
Яке аз чунин мифҳо, дар хусуси авбошии курсанти Академияи ҳарбии ба номи М.В. Фрунзе, командири сурх Яков Охотников мебошад. Ин ҳодисаро тули 90 сол ба ҳар навъ шарҳу эзоҳ медиҳанд. Куҷои ин қисса рост асту куҷояш дуруғ ба ҷуз Офаридгор дигар касе намедонад.
Он чун аст. 7-уми ноябри соли 1927, ҳангоми тантанаи 10-солагии Револютсияи Октябр Яков Охотников (яке аз муридон-тарафдорони Л. Тротский, аз миёни муҳофизони сардори давлат ҷаста, дар болои Мавзолей ба қавле, ба буни гардани И. В. Сталин муште мезанад. Хулосаи гап ҳамин аст…
Боиси зикр аст, ки Яков Охотников дар давраи Ҷанги гражданӣ адъютанти яке аз фармондеҳони Армияи Сурхи коргару деҳқон Якир буд…
ШАРҲИ ВОҚЕА
Рӯзи парад Яков Охотников ва ҳамсабақонаш Владимир Петенко ва Аркадий Геллерро сардори Академия Р.П.Эйдман барои тақвияти назорат ба Мавзолей сафарбар менамояд. Онҳо аз вақти муқаррарӣ дер мемонанд. Вақте курсантҳо ба Мавзолей наздик мешаванд, посдорони ОГПУ аллакай ҳама ҷойро печонда буданд.
Яков Охотников хоҳони ба ҷойи муайяншудаи худ рафтанро мекунад. Муҳофиз – гурҷӣ ба онҳо иҷозат намедиҳад. Ҷавонони хунгарм, иштирокчиёни Ҷанги гражданӣ ба густохии муҳофиз тоб наоварда, ӯро як тараф партофта, ба пеш ҳаракат мекунанд. Сенафара болои Мавзолей, пушти нафарони дар трибуна буда пайдо мешаванд.
Муҳофизон ба нафарони навомада дармеафтанд. Истифодаи силоҳ номумкин буд. Аз ин рӯ, яке аз муҳофизон бо корд ба дасти Яков Охотников зарба зада, ӯро захмдор мекунад. Ҳарбиёни ҳузурдошта алангаро фурӯ менишонанд. Ба Яков ёрии аввалия расонда мешавад. Пас аз он сенафара дар як лаҳза аз назарҳо нопадид мегарданд…
НАХУСТИН ХОТИРАҲО
Дар бораи Яков Охотников Л.Д. Тротский дар китоби худ «Сталинская школа фальсификаций: поправки и дополнения к литературе эпигонов» (Берлин: Грант, 1932, 291 с.) зикр мекунад. Л. Тротский яқинан шарҳи ҳоли Яков Охотниковро аз ҳуҷҷат – шарҳи ҳоли хизматии навиштаи худи Охотников рӯбардор кардааст.
Ёддоштҳои нахустин дар бораи ҳодисаи мазкур дар навиштаҳои Виталий Рапопорт ва Юрий Алексеев ба назар мерасад. Бори якум китоби онҳо «Измена Родине» бо забони англисӣ дар Амрико чоп мешавад.
Муаллифи якум В.Н. Рапопорт соли 1937 дар Днепропетровски Украина ба дунё омадаву соли 1990 ба Амрико ҳиҷрат кардааст. Дар бораи муаллифи дувум-Ю.Алексеев то ба чандин сол маълумот набуд. Алексеев ин тахалусси муайян будаву замони чопи китоб дар СССР мезист.
Муҳаррири китоби мазкур устоди Университети Дюк В.Г. Тремл барҳақ хонандаро огоҳ менамояд, ки ҳар ду муаллиф ҳам шоҳиди бевоситаи ҳодисаи болозикр ва ё гувоҳ набуданд. Профессор Тремл ба кори онҳо баҳои баланд дода, ҳамзамон андешаи хешро эҳтиётан дар бораи баъзе лаҳзаҳои дар китоб дарҷёфта, баён медорад. Ба иқрори ӯ мумкин баъзе ҳодисаҳо умуман дар асл рух надодаанд. Китоби мазкур соли 1988 бо забони русӣ дар Лондон ба табъ мерасад, аммо дар он пешгуфтори профессор Тремл ҷой дода нашудааст.
Пас аз пош хӯрдани СССР ин китоб соли 1995 дар Россия нашр гардид. Маълум гашт, ки Алексеев, дар асл ин Ю.А. Геллер, солҳо боз дар Бойгонии марказии давлатии Армияи Советӣ кор мекардааст. Яке аз иштирокчиёни ҳодисаи нанговари соли 1927 Аркадий Самойлович Геллер бародари падари муаллифи дувум будааст.
ЯКОВ НЕКАК ҲАМ НАБУД
Аниқ маълум аст, ки Яков Охотников яке аз ҷонибдорони сахт-муътақиди мухолифи ҳукумати СССР буд. Бори якум барои ақидаи мухолиф, моҳи феврали соли 1927 ҷазои ҳизбӣ мегирад. 9-уми июн дар митинги зидди маъмурияти бадарғаи Смилги дар Хабаровск иштирок мекунад. Баъди ин ӯро аз Академияи ҳарбии ба номи М.В. Фрунзе хориҷ менамоянд. Аз ин ду маврид Тротский дар ҷаласаи ЦКК, моҳи июни соли 1927 ишора карда буд.
Моҳи сентябр Яков Охотников ҳангоми иҳотаи типографияи махфии оппозитсия, ки дар хонаи яке аз тарафдорони мухолифин воқеъ буд, мавқеи худро нишон медиҳад. Ҳангоме, ки гумошта (агент)-ҳои ГПУ хонаро муҳосира мекунанд, командири сурх Яков Охотников бо ҳукми худ дидбонӣ (назорат)-ро аз миён мебардорад.
Ин амали ӯ боис ба он гашт, ки қисме аз маводи чопшуда аз таҳти назар ғайб мезанад. Ин хабар то Бюрои сиёсии КМ ВКП (б) мерасад. Он лаҳза бо кадом роҳе Охотников худро дар назди МКК ВКП (б) сафед карда, ҷонашро бо «строгий выговор» мераҳонад.
ЁДДОШТИ ПИРОЖКОВА
Дар бораи ҳодисаи мазкур ёддошти А.Н. Пирожкова то ба замони мо расида. Пирожкова дар бораи шавҳараш, нависанда Бабел ва дӯсти ӯ Охотников ва ҳамкораш дар «Гипромез» бисёр ёдовар мешавад.
Пирожкова зикр менамояд, ки дар ҳабси якуми Яков воқеаи дигаре низ боиси мегардад. Дар ҷашни Револютсияи Октябр ҳангоми маърӯзааш дар назди кормандони «Гипромез» вай дар бораи Тротский «ноэҳтиётӣ» карда, чанд сухани ҳимоявӣ-таърифӣ изҳор менамояд.
Тавсифи Яков ба котиби ташкилоти партиявӣ писанд намеояд, чун ин гуфтаҳо баъд аз бадарға кардани Тротский буд (Л.Тротский 27.9.1927 аз вазифа дар Коминтерн сабукдӯш гардида, беш аз 600 нафар тарафдоронаш аз ҳизб хориҷ карда шуданд). Баъд ҳамин ҷаласа Охотниковро аз ҳизб хориҷ мекунанд…
Ба қавли Пирожкова моҳи январи соли 1933 (аз рӯйи дигар гуфта 2-юми феврали соли 1932 Охотников бо делои «Гурӯҳи контрреволютсионӣ-тротскистии И.Н. Смирнов, В.А. Тер-Ваганян, Е.А. Преображенский ва дигарон» маҳкум гардидааст.
ҚАЙСАР
Яков Охотников пурра ё қисман ба гуноҳаш иқрор мешавад ва ӯро 4-уми апрели соли 1933 ба муҳлати 3 сол равонаи зиндон мекунанд. Дар маҳбас гуруснанишинӣ эълон менамояд. Баъди ҷавоб шудан вай дар озодӣ бисёр наистод.
7-уми июни соли 1936 барои фаъолияти тротскистӣ Охотниковро ба муҳлати 5 сол ҳабс карда, ба лагер интиқол медиҳанд. Ҳамин хел дигар ба озодӣ баргаштан ба ӯ муяссар намегардад. То ба анҷоми вақти озодшавӣ Яковро дар маҳбас боз маҳкум мешавад…
7-уми марти соли 1937 бо айби иштирок дар ташкилоти контрреволютсионии террористӣ Яков Осипович Охотников ба ҷазои олӣ-паррондан ҳукм мегирад…
Ба ҷуз ин, ҳамчунон ёддошти Пирожкова дар бораи шахсияти Охотников мавҷуд аст. Пирожкова иқрор меояд, ки вай дар бораи «бунигарданӣ задан» (подзатыльник) чизе намедонист. Ҳол он ки Яков дӯсти наздики шавҳари вай буду худ бо Яков дар як идора фаъолият мекарданд Ба ҷузъ ин онҳо ошноҳои қарин буданд?!
Қазоват шуморост!
ХУЛОСА
Дар хусуси авбошӣ, ҷинояти курсанти Академияи ҳарбӣ Яков Охотников ёд овардан пас суоле ба миён меояд, ки рафтаву имрӯз дар дилхоҳ давлат нафаре чунин амалро бар зидди президенте раво бинад. Эҳ-ҳа!…
Ё сафи муҳофизини роҳбари давлатеро рахна зада, ба сари Президенте даст бардорад, ҳолаш ба чӣ меанҷомад? Маълум, ки дар 100 фоизи маврид ҷо ба ҷо маҳв мегардад. Ё ҳини зарурат чанд магазини автоматро ба аъзои баданаш мерезанд. Ё на?!…
Ба гунаи мисол, воқеаи чанде қабл др Амрико рухдодаро бигирем. Полис барои аз мошин набаромадан як тан аз шаҳрванди сиёҳпӯст чӣ хел ӯро дар ҷояш парронданд…
Авбошӣ (сӯиқасд?!) ба ҷони Сардори давлати абарқудрати олам – СССР содирнамудаи Яков Охотников дар соли 1927 аз тарафи Сардори давлат бахшида шуда буд. Ва гӯё бо гузашти 10 сол Сталин аз ӯ қасд гирифтааст. Куҷост мантиқ? Ё Сталин он лаҳза аз ким-кие метарсиду баъди даҳ сол мавриди муносиб ёфт. Ин андеша сафсатае беш нест!!!
Умари ШЕРХОН
