Алии Хушвақт аз ш. Кӯлоб занг задаву гуфт, хабари барои ятимону сағирону маъюбони Кӯлобшаҳр ҷудо шудани ҳудуди 2 млн сомонӣ аз ҷониби Маҳмуд Муродзода ӯро такон додааст!
– Медонед, раҳмат бар 7 пушти ин мард, ки бо номи «Маҳмуди ургутӣ» дар Тоҷикистон маъруфу машҳур аст. Ин саховатмандиву ҷавонмардии Маҳмуд Муродозодаро дида, ба худ суол кардам, ки чаро бачаҳои пеши пеши серпули шаҳри ман, ки бо кӯлобӣ будан ин қадар ифтихор доранду бе шакку тардид ҳамин шаҳр онҳоро соҳиби неъмату сарват кардааст, ба мардум хайр намекунанд, дасти касеро намегиранд, Кӯлобро обод намесозанд? Фарзи мисол, садамаи мудҳише, ки дар Кӯлоб 14 кушта бар ҷой гузошт, оламро ларзонид, вале сарватмандони кӯлобӣ оё ба зарардидаҳо кумаке карданд? Неъ! Дар дигар самтҳо чӣ? Чаро дасти хайри ишонро намебинем? Куҷостанд, кӯлобиҳои сарватманд, ки бо ному насабу тахаллус дар миёни мардуми маҳаллӣ маъруфанд? Куҷост, Ҷумъа- «мускул», Мамасиддиқ, Бек Сабур, Алишери домсоз (Акрамов), Наврӯзи «молочка» (Комилов), Зафар Кенҷаи ДСУ (Шарипов), меросхӯрони Аптеки Ҳоҷӣ Ҷаббор, Саттори «заправшик», Абдусаттори «бадахшон» (раиси Маркази савдои Бадахшон), Зафар-Ҷаъфари бизнесмен, Бозорбойи Деҳқонбозор… Дар ҷамъ, то ҷое шунидаам, аз Кӯлоб 73 тан дар ҳукумат дар вазифаҳои калидӣ кору фаъолият мекунанд, бизнесменҳои маъруфу пулдоранд, вале онҳо дар ҳамин Соли Харгӯш, ки рафт, дар соли 2023, барои Кӯлоб чӣ карданд? Дуруст аст, ки дом месозанду бизнес-сентрҳо, дукону заправкаву ресторану нефтебазаву фермаҳо, вале ин ҳама барои пулкоркуниашон аст, на хайру сахо…
Барои ман чун кӯлобӣ айб аст, ки «Маҳмуди ургутӣ» омада, 2 млн сомонӣ ба кӯлобиҳо хайр кунаду 1 сарватманди кулобӣ дасти 2 ятиму 4 сағирро нагирад ва дар паҳлӯи ободкориҳои шаҳрдорӣ наистад. Дар оянда дар бораи инҳо алоҳида менависам. Мо метавонем!
