Дар деҳаи Қалъаи Пуштқоқ ин бозёфти нодир, яъне харитаи дар рӯи санг ғайримуқаррарӣ аксшуда, ки ба харитаи дунёи қадим монанд аст, пайдо шуд. Вазни санги мазкур 500 грамм, дарозиаш 8,2 см, паҳноиаш – 8,5 см, қутраш – 5,5 см, шаклаш тухммонанд (эллипс)-и бо рангҳои сафед, зард, сиёҳ, хокистарранг бо тасвирҳои дутарафаи фарқкунанда, ситораҳо, ниммаҳтоб, ҳафриётҳои ба мо номаълум, роҳҳо, дарёҳо, муҷасама ва ҷангалҳо ба назар мерасад, ки ин аксҳо гӯё аз осмон гирифта шуда бошанд, дар санг ҳакокӣ карда шудаанд.
Аз хулосаи олимоне, ки ин бозёфтро дидаанд, маро танҳо доктори илмҳои таърих, профессор Камол Ҳамза қаноатбахш кард, ки гуфтанд, «ин бозёфт хеле нодир буда, монанд ба харитаи дунёи пеш аз исломӣ мебошад!». Гарчанде 2 моҳ пеш аз ин бозёфт ба шабакаҳои интернетии Фейсбук ва Ватсап хабар дода бошам ҳам, аз олимони соҳаи бостоншиносии тоҷик садое набаромад.
Мехоҳам ин бозёфт зери омӯзиши дақиқ аз тарафи олимони тоҷик ва хориҷи кишвар қарор гирад, зеро мумкин он муаррифгари миллати тоҷик дар арсаи дунёи пеш аз милодӣ гардад.
Зайнулло Раҷабалиев,
бостоншиноси мардумӣ,
деҳаи Қалъаи Пуштқоқ,
н. Фархор
тел: 900-32-45-32, 100-32-45-32
