КИШТИ ЛАБЛАБУИ ҚАНД ЗАРУР!

Дар шумораи № 49 аз 14 декабри соли ҷорӣ, ҳафтанома дар мақолаи «Лаблабуи қанд» дар бораи чӣ дар даврони советӣ ва чӣ дар давраи Истиқлолият набудан ва сохта нашудани заводи истеҳсоли шакар муфассал маълумот додааст. Муаллиф хушхабар низ  додааст, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии охираш бо Президенти Россия Владимир Путин оиди ин масъала сӯҳбат карда, Россия дар рушди ин соҳа ҳиссагузории хешро иброз доштааст. Инчунин мутахассисони тоҷику рус масъалаи дар 2 вилоят ба роҳ мондани кишти онро баррасӣ доштаанд.

Дар солҳои советӣ колхозу совхоз ва хоҷагиҳо баҳри таъмини чорвои ҷамъият дар даҳҳо гектар лаблабуи қанд парвариш мекарданд. Ба ин кор бо роҳи ташкили бригадаҳои истеҳсолии хонандагон аз хонандагони синфҳои болоӣ, ки бо тариқи шартнома байни хоҷагӣ ва мактаб сурат мегирифт, мактаббачагон ҳам кумак мекарданд. Дар солҳои 80 – уми асри гузашта, маро ба 2 синфи 9 – и «а» ва «б» мактаби №29-и деҳа роҳбари бригадаи истеҳсолӣ таъин намуда, кишт ва парвариши 4 га лаблабуи қандро вобаста карданд. Ба мо сараграноми совози ба номи Карл Маркс, коммунисти поквиҷдон Ҳоҷӣ Умаров тарзи нигоҳубин, аз алафҳои бегона тоза ва ягонаву тарзи дурусти озуқадиҳиро давра ба давра омӯзонданд. Бобои Ҳоҷӣ такрор ба такрор ëдрас мекарданд, ки аз таги ниҳоли лаблабу 24 соат об нагузарад, аз ҳосили баланд умедвор шудан ғалат аст. Ҳамин тавр мо бо хонандагон шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта, меҳнат кардем. Меҳнати мо натиҷаи аъло дод. Мо ба ҷои 300 сентнерии план 600 сентнерӣ, ҷамъ аз 4 га 240 тонна лаблабу ба даст оварда, ба ферма бурда рехтем.  Хонандагон ҳамон сол аз ҳисоби меҳнати ҳалол ва музди гирифтаашон ба тамошои шаҳрҳои таърихии Самарқанду Бухоро рафтанд.

Ҷумъабой Яҳëев,

н. Деваштич

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube